×
New!

Bayan Al Islam Encyclopedia Mobile Application

Get it now!

Ислом дини паёмбарони Аллоҳ аст

Ислом яъне таслим шудан дар баробари Худованди Офаридагор ва тадбиркунандаи коинот ва таслим дар баробари Ӯ Таъоло аз рӯйи муҳаббат ва бузургдоштӣ аст. Асоси дини Ислом имон овардан ба Аллоҳ Таъоло аст ва инки Ӯ Офаридгор аст ва тамоми ҳастӣ ҷуз Ӯ офаридаи Ӯ Таъоло ҳастанд. Ӯ Таъоло ягона ва танҳо шоистаи парастиш аст, ҷуз Ӯ маъбуди барҳақ нест, зеботарин ва волотарин ном ва сифатҳо азони Ӯст, соҳиби камоли мутлақ ва бидуни нуқс аст, на аз Ӯ фарзанд зоида мешавад ва на зода шудааст ва на ҳамто дорад, дар ҳеҷ як аз офариниши худ маҳлул ва таҷассум намеёбад.

Ислом ҳамон дине аст, ки Аллоҳи Мутаъол ҷуз он дини дигар намепазирад ва ин ҳамон дине аст, ки ҳамаи паёмбарон (Алайҳимус-салом) овардаанд.

Яке дигар аз усули Ислом имон овардан ба тамоми паёмбарон аст, ва инки Худованд паёмбароне фиристод ва ба онҳо китоб нозил фармуд то дастуроташро ба бандагонаш бирасонанд, ки охирини онҳо Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст. Худованд ӯро бо охирин шариати илоҳӣ, ки насхкунандаи шариатҳои паёмбарони пешин аст, фиристод ва ӯро бо мӯъҷизаҳои бузург, ки бузургтарини онҳо Қуръони Карим аст, таъйид фармуд. Қуръони Карим бузургтарин китобе аст, ки башарият шинохтааст, дар мазмун ва лафзу назми он муъҷиза аст, шомили ҳидоят ва роҳнамоӣ ба сӯи ҳақ аст, ки саодати дунё ва охиратро дар пай дорад. Қуръони Карим то имрӯз ба ҳамон забоне, ки нозил шудааст мавҷуд ва маҳфуз аст, ҳеҷ ҳарфе аз он дучори тағйир ва табдил намешавад.

Яке дигар аз усули Ислом имон ба фариштагон ва имон ба рӯзи қиёмат аст, ки Худованд дар он рӯз мардумонро аз қабрҳо бармеангезад, то барои амалҳое, ки дар дунё анҷом додаанд муҳосаба кунад. Пас ҳар кӣ муъмин аст ва амалҳои нек анҷом дода аст дар неъмат ва биҳишти ҷовидон хоҳад буд, ва ҳар кӣ куфр варзидааст ва амалҳои бад анҷом додааст, барои ӯ азоби сахт ва дар ҷаҳаннам хоҳад буд. Яке дигар аз усули Ислом имон доштан ба тақдири илоҳӣ, нек ва бади он аст.

Мусалмон бар ин бовар аст, ки Исо банда ва фиристодаи Аллоҳ аст, на фарзанди Ӯ, зеро сазовори Ӯ Таъоло нест, ки барои Ӯ зан ва фарзанд бошад. Худованд дар Қуръони карим хабар додааст Исо як паёмбар буд, ки Худованд ба ӯ муъҷизаҳои зиёд додааст ва ӯро барои даъвати қавмаш фиристода буд то танҳо Аллоҳро бипарастанд ва касеро ба Ӯ шарик қарор надиҳанд. Ҳамин гуна Қуръони Карим мефармояд, ки Исо аз мардум даъват накарда буд то ӯро ибодат кунанд, балки ӯ худ Офаридгорро ибодат мекард.

Дини Ислом як манҳаҷ ва равиши фарогир ва мутобиқ бо фитрат ва ақли солим аст, ки Офаридгори бузург барои хилқати худ машрӯъ гардонид, дине, ки дар он хайр ва саъодат барои башарият дар дунё ва охират аст, дине, ки қавм ва рангро намешиносад, мардум дар он ҳама баробар ҳастанд ва касе бар дигаре бартарӣ надорад, магар ба андозаи амалҳои неки худ.

Ҳар инсони оқил бояд ба Аллоҳ ҳамчун Парвардигор, ба Ислом ҳамчун дин ва бар Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамчун паёмбар имон дошта бошад, ва инсон дар ин маврид чора ва ихтиёр надорад, зеро дар рӯзи қиёмат дар бораи посухаш ба паёмбарон мавриди пурсиш қарор хоҳад гирифт, агар муъмин аст пирӯзӣ ва растагории бузург ва агар кофир буд зиёни ошкор насиби ӯ хоҳад шуд.

Ҳар кӣ бихоҳад Ислом бипазирад, бояд бигӯяд "Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ" (Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ нест, ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст.) Маънои калимаи шаҳодатро бидонад ва ба он имон биёрад мусалмон мешавад, сипас боқӣ қонунҳои шариатро меомӯзад, то битавонад ончи Аллоҳ бар ӯ воҷиб гардонидааст анҷом диҳад.

Барои маълумоти бештар: byenah.com

Ислом дини паёмбарони Аллоҳ аст


معلومات المادة باللغة العربية