×
New!

Bayan Al Islam Encyclopedia Mobile Application

Get it now!

Хулафои Рошидин (тоҷикӣ)

Таҳия: Одил ибни Али аш-Шиддӣ

Description

Хулафои рошидин китоби мухтасаре аст, ки барои хонандагон гиромӣ зинагонии мухтасари халифаҳо:Абубукр, Умар, Усмон,Али – худованд аз онҳо розӣ бод- ро тақдим мекунад.

Download Book

Тарҷумаҳои дигар 2

Хулафои Рошидин

Одили Шиддӣ

Аҳмади Мазид

Мутарҷим: Мисбоҳиддини Ҳомид

Одили Шиддӣ, Аҳмади Мазид

Хулафои

рошидин

Душанбе

"Паёми ошно" -2012

ББК 86,38+87,717

О-29

Номи китоб: Хулафои рошидин

Муаллиф: Одили Шиддӣ, Аҳмади Мазид

Мутарҷим: Мисбоҳиддини Ҳомид

Муҳаррир: Саидаҳмади Қаландар

Ҷои чоп:ҶММ "Паёми ошно"

Соли нашр 2007

«Агар ман касеро халили худ мегирифтам пас Абубакрро мегирифтам»

Абубакри Сиддиқ(р)

Пешгуфтор

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду сано Худованди бузургро ва салавоту салом бар беҳтарини паёмбарон Муҳаммад (с) ва аҳли байту асҳобаш.

Cухани мо дар атрофи шахсест, ки офтоб ба касе беҳтар аз ӯ баъди паёмбарон натобида буд.

Ин шахс ҳамон шахсест, ки вақте ки имони ӯро ва имони тамоми умматро дар тарозу гузоштанд, имони ӯ бар имони тамоми уммат вазнин (ғолиб) омад.

Ин шахс ҳамон шахсест, ки чун тамоми молашро дар роҳи Худо хайр кард, аз ӯ пурсиданд, ки оё барои аҳли оилаат чизе боқӣ мондаӣ? Дар ҷавоб гуфт: «Барои аҳли оилаам Худову паёмбарашро мондам».

Ин шахс Абубакри Сиддиқ (р) мебошад.

Номи ӯ Абдуллоҳ ибни Усмон ибни Омири Қурайшии Тайимӣ мебошад.

Ӯ як марди бисёр кариму шуҷоъу соҳиби фикри расо буд. Дар қабилаи Қурайш шахси бузургу бообрӯ ва ба ҳама маҳбубу аз насабҳо ва аҳволу таърихи Араб бохабар буд. Ва мардум бо Абубакри Сиддиқ барои соҳиби ақл ва илму эҳсон будани он ҳазрат дӯстӣ ва муомилаи нек мекарданд. Бинобар ин ягон маротиба Қурайшиҳо ҳазрати Абубакрро ҳатто дар замони ҷоҳилият, бо ягон айбе ё нуқсоне айбдор накарда буданд ва ин хусусият дар дигар касе ғайри Абубакр ёфт намешуд.

Ибни Ҷавзӣ мегӯяд: «Бидон ки халил будани Абубакр (р) аз парҳезгорӣ ва тавозӯъу зоҳидиву тарси зиёдаш аз Худованд маълум буд, вақте, ки ӯ халифа шуд, субҳи ҳамон рӯз ба сӯи бозор барои кор кардану пайдо кардани ризқу рӯзиаш рафт.

Пеш аз халифа шуданаш гӯсфандони мардуми маҳалларо барояшон меҷӯшид, вақте ки халифа шуд, духтараке аз он маҳалла гуфт: «Акнун кӣ гӯсфандони моро меҷӯшида бошад?! Ҳазрати Абубакр (р) гуфт: «Бале, ин ман ҳастам, ки гӯсфандони шуморо бароятон меҷӯшам ва аз Худованд умедворам, ки дар он чи ки ман дохил шудам (роҳбарии мардум) тағйирам надиҳад».

Ва тамоми саҳобагон ба фазлу бузургии ӯ эътироф доштанд.

***

Ҷавонмардӣ ва соҳиби фазл будани Абубакр (р)

Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) ҷавонмарди соҳиби ақли расову нишонрасе буд, ҳатто дар замони ҷоҳилият (пеш аз ислом) арақ наменӯшид, ба хотири ин ки шояд ақлашро аз даст диҳаду кори баде анҷом диҳад.

Ибни Ҷавзӣ мегӯяд: «Бидон, ки Абубакр (р) ҳам дар замони ҷоҳилият марди боэҳтирому бофазилат буд ва ҳам дар Ислом».

***

Аввалин марди мусалмон

Вақте, ки Худованди бузург ҳазрати Муҳаммадро паёмбар гардонид ва барои расонидани дини ислом ӯро амр кард, ҳазрати Абубакр аввалин шуда ба қабул кардани дини муқаддаси ислом шитоб кард ва ба ин дин имон овард. Ва барои қабул кардани дини ислом шакку шубҳае накард, балки муддате ҳам фикр накард, ки оё ин дини навро қабул кунам ё не. Ва бе ягон пурсише аз паёмбар (с) дар бораи ин дин, аввалин шуда номи мусулмониро аз худ кард.

Барои ҳамин тамоми уммати ислом ӯро "Сиддиқ" мегӯянд ва маънои "Сиддиқ", яъне ростгӯейтарини ростгӯйҳо.

Ислом овардани ҳазрати Абубакр (р) ба ислому мусулмонон манфиатҳои зиёде бахшид. Чунон, ки ислому мусулмонон аз ҳазрати Абубакр (р) фоидаву манфиат диданд, аз дигарҳо чунин манфиатро надида буданд, чунки ба сабаби ислом овардани ҳазрати Абубакр (р) бисёре аз бузургон ва саҳобагони машҳур ислом оварданд. Мисли ҳазрати Усмон (р), Абдураҳмон ибни Авф (р), Саъд ибни Абиваққос (р), Зубайр ибни Аввом (р) ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р). Хулоса, ҳамаи ин бузургони саҳоба ва дигарон аз дасти ҳазрати Абубакр (р) мусулмон шуданд.

Вакте, ки ҳазрати Абубакр (р) мусулмон шуд, чиҳил ҳазор дирҳам дошт, ҳамаи онҳоро дар роҳи Худо хайр кард.

Ва бисёре аз ғуломони заиферо, ки ба сабаби мусулмон шуданашон азобу шиканҷа медиданд, мисли ҳазрати Билол (р), ҳазрати Абубакр (р) аз пулу моли худаш харида озод кард.

Паёмбар (с)-ро ҳама вақт ҳамроҳӣ мекард: дар Макка ҳамроҳи ӯ буд, дар ғор ҳамроҳаш буд, дар ҳиҷраташ ба сӯи Мадинаи мунаввара ҳамроҳаш буд, дар худи Мадина низ ҳамроҳаш буд, инчунин дар ҳама ҷангҳое, ки миёни мусулмонону мушрикон шуда буд, мисли ҷанги Бадр, Уҳуд ва Хандақу Фатҳ, Ҳунайну Табук ва ба сабаби он меҳру муҳаббати зиёде, ки ба паёмбар (с) дошт, тамоми кӯшишҳояшро сарф мекард, ки аз ӯ лаҳзае ҳам ҷудо набошад.

***

Фазилатҳои ҳазрати Абубакр (р)

Дар фазилату бузургии ҳазрати Абубакр (р) оятҳо ва ҳадисҳои зиёде ворид шудааст.

Аз ҷумлаи оятҳои Қуръонӣ дар фазилати Абубакр (р) ин оятҳо мебошанд.

Худованд мефармояд:

ﭽوَسَيُجَنَّبُهَا ٱلۡأَتۡقَى ١٧ ٱلَّذِي يُؤۡتِي مَالَهُۥ يَتَزَكَّىٰ ١٨ وَمَا لِأَحَدٍ عِندَهُۥ مِن نِّعۡمَةٖ تُجۡزَىٰٓ ١٩ إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ وَجۡهِ رَبِّهِ ٱلۡأَعۡلَىٰ ٢٠ وَلَسَوۡفَ يَرۡضَىٰ ٢١ ﭼ [الليل: ١٧ – ٢١]

«Ва дур хоҳад шуд аз ин оташ парҳезгортарини мардум. Он ки медиҳад моли худро дар роҳи хайр то ки нафсаш пок гардад. Нест ҳеҷ касро назди ӯ неъмате, ки подош дода шавад. Лекин медиҳад моли худро танҳо барои ба даст овардани хушнудии Парвардигори худ. Албатта ин парҳезгор аз мукофоти Худованд, ки ҷаннат аст хушнуд хоҳад шуд».

(Сураи Лайл, ояти 17 - 21)

Ибни Ҷавзӣ мегӯяд: «Иҷмоъи тамоми уламо бар ин аст, ки ин оятҳо дар шаъни ҳазрати Абубакр (р) нозил шудаанд. Худованд дар ин оятҳо ошкоро хабар медиҳад, ки ҳазрати Абубакр (р) ботақвота-рини уммат аст ва чунон ки Худованд хабар меди-ҳад, мукаррамтарин инсон дар назди Худованд ботақвотарин инсон аст, чунон, ки Худованд мефармояд:

ﭽإِنَّ أَكۡرَمَكُمۡ عِندَ ٱللَّهِ أَتۡقَىٰكُمۡ١٣ ﭼ [الحجرات: ١٣]

«Албатта гиромитарини (мукаррамтарини) шумо назди Худо парҳезгортарини (ботақвотари-ни) шумост».

(Сураи Ҳуҷурот, ояти 13)

Ва ин оят далолат бар ин мекунад, ки ҳазрати Абубакр (р) баъди паёмбар (с) беҳтарини уммат ба ҳисоб меравад.

Худованд мефармояд:

ﭽثَانِيَ ٱثۡنَيۡنِ إِذۡ هُمَا فِي ٱلۡغَارِ إِذۡ يَقُولُ لِصَٰحِبِهِۦ لَا تَحۡزَنۡ إِنَّ ٱللَّهَ مَعَنَاۖ فَأَنزَلَ ٱللَّهُ سَكِينَتَهُۥ عَلَيۡهِ وَأَيَّدَهُۥ بِجُنُودٖ لَّمۡ تَرَوۡهَا ٤٠ ﭼ [التوبة: ٤٠]

«Дуввумини ин ду кас, он гоҳ ки ин ду кас дар ғор буданд (Паёмбару Абубакр) он гоҳ (паёмбар) мегуфт: «Ба соҳибаш (яъне Абубакр) ғам махӯр, Худо бо мост, пас Худованд оромие бар паёмба-раш нозил карду онҳоро бо лашкарҳое қуввату нусрат дод, ки бо чашмашон надиданд (яъне бо малоикаҳо)».

(Сураи Тавба, ояти 40)

Бо иттифоқи тамоми мусулмонон мурод аз (соҳиб) дар ин оят ҳазрати Абубакр (р) аст.

Дар ояти дигар Худованд мефармояд:

ﭽوَٱلَّذِي جَآءَ بِٱلصِّدۡقِ وَصَدَّقَ بِهِۦٓ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُتَّقُونَ ٣٣ ﭼ [الزمر: ٣٣]

«Он касе, ки (яъне Муҳаммад) овард дини ростро (яъне ҳақро) ва тасдиқ кард (яъне бе ягон шаку шубҳа) онро (яъне Абубакр) пас инҳо ҳастанд аз аҳли тақво».

(Сураи Зумар, ояти 33)

Имом Баззор ва ибни Асокир ривоят мекунанд, ки ҳазрати Алӣ (р) дар тафсири ин оят гуфт: мақсад аз:

ﭽوَٱلَّذِي جَآءَ بِٱلصِّدۡقِ ٣٣ ﭼ [الزمر: ٣٣]

«Оне, ки сидқу ростиро овард» Муҳаммад (c) аст.

Ва мақсад аз:

ﭽوَصَدَّقَ بِهِۦٓ ٣٣ [الزمر: ٣٣]

«ӯро тасдиқ кард» ва росташ шумурд ва қабулаш кард, Абубакр аст.

Баъзе ҳадисҳое, ки дар фазилати ҳазрат Абубакр (р) ворид шудаанд

Ҳадиси аввал:

عن عمرو بن العاص رضي الله عنه أنه سأل النبي صلى الله عليه وسلم فقال: أي الناس أحب إليك؟ قال: "عائشة" فقلت من الرجال؟ فقال: "أبوها".

Аз Амр ибни Ъос (р) ривоят шудааст, ки аз паёмбар (с) пурсид: «Эй Расули Худо, дӯстдоштатарини мардум дар назди шумо кист?» паёмбар (с) гуфт: «Оиша».

Пурсида шуд: «Аз мардҳо чӣ?» паёмбар (с) гуфт: «Падараш (яъне Абубакр (р))».

(Муттафақун алайҳ, 3/1339)

Ҳадиси дувум:

عن محمد ابن الحنفية قال: قلت لأبي- يعني علي رضي الله عنه- أي الناس خير بعد رسول الله صلى الله عليه وسلم ؟ قال: أبو بكر, قلت: ثم من؟ قال ثم عمر, وخشيت أن يقول عثمان, قلت ثم أنت؟ قال ما أنا إلا رجل من المسلمين.

Аз Муҳаммад ибни Ҳанафия ривоят шудааст, ки гуфт: «Аз падарам (ҳазрати Алӣ) пурсидам, ки беҳтарини мардум баъд аз паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) кист? Дар ҷавоб гуфт: «Абубакр». Гуфтам: «Сипас кист?» Гуфт: «Умар». Сипас фикр кардам, ки агар боз пурсам шояд Усмон мегуяд, ба ӯ гуфтам: «Сипас шумо ҳастед?» Дар ҷавоб гуфт: «Ман ҷуз як марди мусалмон касе нестам».

(Ривояти Бухорӣ 3\1342)

Ҳадиси сеюм:

عن أبي سعيد الخدري رضي الله عنه قال أن النبي صلى الله عليه وسلم قال: "إن من أمن الناس علي في صحبته وماله أبا بكر ولو كنت متخذا خليلا لاتخذت أبا بكر خليلا, ولكن أخوة الإسلام ومودته لا يبقي في المسجد باب إلا سد إلا باب أبي بكر.

Аз Абусаъиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Дилпуртарин ва бовариноктарин инсон дар сӯҳбату молаш барои ман Абубакр аст. Агар ман касеро халили худ мехондам, пас Абубакрро мехондам, лекин дар ислом бародариву меҳрубо-нӣ аст.

Дар масҷид, ягон дар намонда ҳамаи дарҳо баста шаванд, магар дари Абубакр, баста нашавад».

(Муттафақун алайҳ 3\1337)

Мақсад аз ин сухани паёмбар (с) ин буд, ки дар он вақт баъзе аз саҳобаҳое, ки ҳамсояи масҷид буданд аз хонаҳояшон ба дохили масҷид дар кушода буданд, паёмбар (с) амр кард, ки ҳамаи дарҳо баста шаванд, магар дари Абубакр ба хотири манзилату баланд мартабагии ҳазрати Абубакр (р) дар назди паёмбар (с).

Аммо мақсад аз Халил: «Яъне маҳбубтарин шахсе, ки ба ӯ касеро дар муҳаббат наздик ва баробар карда намешавад».

Ҳадиси чаҳорум:

عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: "ما لأحد عندنا يد إلا وقد كافأناه بها, ما خلا أبا بكر, فإن له عندنا يدا يكافئه الله بها يوم القيامة, وما نفعني مال أحد قط ما نفعني مال أبي بكر, ولو كنت متخذا خليلا لاتخذت أبا بكر خليلا, إلا وأن صاحبكم خليل الله".

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Касе набуд, ки ба мо хубӣ накарда бошаду хубияшро нагардонда бошем, магар Абубакр. Абубакр ба мо хубиҳое кардааст, ки Худованд онҳоро рӯзи қиёмат хоҳад гардонд, моли касе ба ман фоида нарасонд, чунон ки моли Абубакр ба ман фоида расонд, агар ман касеро халил мегирифтам, бешак Абубакрро халил мегириф-там, магар ин ки соҳиби шумо халили Худост».

(Ривояти Тирмизӣ)

Ҳадиси панҷум:

عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول: "من أنفق زوجين في سبيل الله دعي من أبواب الجنة: يا عبدالله هذا خير لك فمن كان من أهل الصلاة دعي من باب الصلاة, ومن كان من أهل الجهاد دعي من باب الجهاد, ومن كان من أهل الصيام دعي من باب الريان, ومن كان من أهل الصدقة دعي من باب الصدقة.

فقال أبو بكر: وهل يدعى أحد من تلك الأبواب كلها يا رسول الله؟ قال: نعم وأرجو أن تكون منهم".

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Касе, ки дар роҳи Худо ду ҷуфтеро садақа кунад аз дарҳои ҷаннат хонда мешавад, ки эй бандаи Худо ин беҳтар аст барои ту. Касе, ки аз аҳли намоз бошад, аз дарвозаи намоз хонда мешавад. Ва касе, ки аз аҳли ҷиҳод бошад, аз дарвозаи ҷиҳод хонда мешавад. Ва касе, ки аз аҳли рӯзадорон бошад, аз дарвозаи Раён, ки махсус барои рӯзадорон аст, хонда мешавад. Ва касе, ки аз аҳли садақа бошад, аз дарвозаи садақа хонда мешавад». Ҳазрати Абубакр (р), ки дар ин маҷлис ҳузур дошт, аз Паёмбар (с) пурсид: «Эй Расули Худо, оё шахсе ҳаст, ки аз ҳамаи ин дарвозаҳо хонда шавад?» Паёмбар (с) гуфт: «Бале ва ман умед дорам, ки ту, эй Абубакр, аз онҳо бошӣ».

(Муттафақун алайҳ, 3\1340)

Ҳадиси шашум:

عن أبي بكر الصديق رضي الله عنه أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال له و هما في الغار: "يا أبا بكر ما ظنك باثنين الله ثالثهما".

Аз ҳазрати Абубакр (р) ривоят шудааст, ки вақте, ки ӯ ҳамроҳи паёмбар (с) дар Ғор буд, паёмбар (с) ба ӯ гуфт: «Эй Абубакр, ту чӣ фикр дорӣ, нисбат ба ду шахсе, ки Худованд сеюмини онҳо бошад».

(Муттафақун алайҳ, 4\1854)

Ҳадиси ҳафтум:

عن أنس -رضي الله عنه- عن النبي -صلى الله عليه وسلم- "أرحم أمتي بأمتي أبوبكر.........."

Аз Анас (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Бораҳм-тарини умматам бар умматам Абубакр аст»

(Ривояти имом Аҳмад ва Тирмизӣ)

Ҳадиси ҳаштум:

عن أنس بن مالك رضي الله عنه قال: صعد النبي صلى الله عليه وسلم وأبو بكر وعمر وعثمان أحدا, فرجف بهم فضربه النبي صلى الله عليه وسلم برجله و قال: "اثبت أحد, فإنما عليك نبي وصديق وشهيدان".

Аз Анас (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) ва Абубакру Умару Усмон ба болои кӯҳи Уҳуд баромаданд, дар ин ҳол кӯҳи Уҳуд ба ларза даромад. Паёмбар (с) пояшро дар замин куфту гуфт: «Ором бош, эй Уҳуд, дар болои ту Паёмбару Сиддиқу ду шаҳид истодааст».

(Ривояти Бухорӣ, 3\1344)

Ҳадиси нӯҳум:

عن أبي الدرداء -رضي الله عنه- قال: كنت جالسا عند النبي - صلى الله عليه وسلم- إذ أقبل أبو بكر فسلم وقال إني كان بيني وبين ابن الخطاب شيء فأسرعت إليه ثم ندمت فسألته أن يغفر لي فأبى علي فأقبلت إليك فقال: "يغفر الله لك يا أبا بكر, يغفر الله لك يا أبا بكر, يغفر الله لك يا أبا بكر" . ثم إن عمر ندم فأتى منزل أبي بكر فسأل أثم أبو بكر فقالوا لا فأتى إلى النبي - صلى الله عليه وسلم- فسلم فجعل وجه النبي صلى الله عليه وسلم يتمعر حتى أشفق أبو بكر فجثا على ركبتيه فقال يا رسول الله والله أنا كنت أظلم, أنا كنت أظلم, فقال النبي صلى الله عليه وسلم إن الله بعثني إليكم فقلتم كذبت وقال أبو بكر صدقت . وواساني بنفسه وماله فهل أنتم تاركوا لي صاحبي؟ فهل أنتم تاركوا لي صاحبي؟ فما أوذي أبوبكر بعدها.

Аз Абудардо (р) ривоят шудааст, ки дар назди паёмбар (с) нишаста будааст, ки Абубакр омада салом дода гуфтааст: «Миёни ману Умар нофаҳмие шуд, ман пешдастӣ кардам, сипас пушаймон шудаму аз ӯ бахшиш пурсидам, вале манро набахшид. Инак, пеши шумо омадам». Паёмбар (с) гуфт: «Худо туро бибахшад эй Абубакр! Худо туро бибахшад эй Абубакр! Худо туро бибахшад, эй Абубакр! Яъне паёмбар (с) ин калимаро се бор такрор кард. Аз тарафи дигар Умар пушаймон шуду хост, ки аз Абубакр бахшиш пурсад, ба хонаи Абубакр рафту ӯро пайдо накард ва ӯ ҳам ба назди паёмбар (с) омад ва салом дод. Вақте, ки паёмбар (с) ӯро дид дар рӯяш осори хашмгини пайдо шуд, то ба дараҷае, ки раҳми Абубакр ба Умар омад. Баъд аз он Умар (р) назди паёмбар (с) дузону нишасту гуфт «Эй Расули Худо, гуноҳ бештар аз ман буд, гуноҳ бештар аз ман буд» (мисли ин ки мегуянд, айби ман шуд, айби ман шуд). Сипас паёмбар (с) гуфт: «Вақте, ки Худо маро ба сӯи шумо фиристод, ба ман гуфтед, ки дурӯғгӯ ҳастӣ, аммо Абубакр гуфт, ки ростгӯ ҳастӣ ва маро бо ҷону молаш дастгирӣ кард». Оё мешавад, ки дӯстамро бароям вогузоред, оё мешавад, ки дӯстамро бароям вогузоред, аз он рӯз ва баъд Абубакр (р) мавриди азияти касе қарор нагирифт».

(Ривояти Бухорӣ, 3/1339)

Ҳадиси даҳум:

Аз имом Муслим ривоят аст, ки паёмбар (с) Абубакрро ба ду паёмбар монанд мекард, ба Иброҳим ва ба Исо.

(Ривояти Муслим)

Ҳадиси ёздаҳум:

Паёмбар (с) гуфт:

"أما إِنك يا أبابكر أول من يدخل الجنة من امتي"

«Бидон, эй Абубакр! Ту аввалин шахсе ҳастӣ, ки аз уммати ман ба ҷаннат медароӣ!»

(Ривояти Абудовуд)

Огоҳӣ: Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ дар китоби «Савоиқи муҳриқа» дар фазилати Абубакр (р) зиёда аз яксаду даҳ ҳадис зикр кардааст. Пас, оё дар ҳаққи Абубакр чизе гуфтан мумкин аст?.

***

Аввалин даъваткунанда ба дини ислом

Ҳазрати Абубакр (р) аввалин шахсе буд, ки ба дини Ислом мардумро даъват кард. Аз дасти Абубакри Сиддиқ панҷ нафар аз даҳнафараи ваъдашудагон ба ҷаннат исломро қабул кардаанд. Онҳо Усмон ва Талҳа, Саъд ва Зубайру Абдурраҳмон ибни Авф (р) мебошанд. Худованд аз ҳамаи онҳо розӣ шавад.

Аввалин шахсе буд, ки паёмбар (с)-ро аз мушрикон ҳимоя кард ва аввалин шахсе буд, ки баъди паёмбар (с) дар роҳи даъват ба дини ислом азият дода шуд, то ин ки аз Макка ҳиҷрат карданд.

Ҳазрати Абубакр ҳамроҳи паёмбар (с), аз он рӯзе, ки паёмбар шуд, то рӯзи вафоташ ӯро ҳамроҳиву ҳамсӯҳбатӣ кард.

Аниси паёмбар (с) дар ғор буд ва ҳамсафари паёмбар (с) аз Макка ба Мадина буд ва куҷое, ки паёмбар (с) мерафт, албатта, ӯ ҳамроҳаш буд ва ҳама вақт кӯшиш мекард, ки дар ҳама корҳои хайр аввалин бошад ва тамоми дороияшро дар роҳи Худову нусрати дин сарф карда буд.

Паёмбар (с) дар шаъни Ӯ мегӯяд: «Аз ягон мол, мисли моли Абубакр фоида надидам».

Нафақаҳои Абубакри сиддиқ (р) барои таому либоси паёмбар (с) набуд ва ӯ эҳтиёҷ ба моли касе ҳам надошт, зеро ки Худованди бузург паёбарашро намегузошт, ки ба моли мардум мӯҳтоҷ шавад. Аммо нафақаҳои Абубакр (р) бошад, барои нусрати дини мукаддаси Ислом буд. Ба мусалмонон нафақа ва хайрот мекард, ва дуртарин шахс аз миннати мардум буд.

***

Далелҳое, ки бар дуруст будани халифагии ҳазрати Абубакр (р) далолат мекунанд

Ибни Ҷавзӣ мегӯяд: «Ҳазрати Абубакр ягона саҳо-бае буд, ки дар ҳузури паёмбар (с) фатво медод ва ҳукм мекард, ва паёмбар (с) Абубакрро дар ин кораш иқрор мекард. Ва ин мартаба дар касе ғай-ри Абубакр ёфт намешуд ва ягона шахсе буд, ки ӯро паёмбар (с) дар намоз пеш дароварда буд».

Ва ҳадисҳое, ки далолат бар саҳиҳ будани хилофати ҳазрати Абубакр (р) мекунанд, инҳо ҳастанд:

Ҳадиси якум:

عن جبير بن مطعم -رضي الله عنه- قال: أتت إمرأة إلى النبي- صلى الله عليه وسلم- فأمرها أن ترجع إليه, فقالت: أرأيت إن جئت و لم أجدك؟ كأنها تقول: الموت. قال: إن لم تجدني, فأتي أبا بكر.

Аз Ҷубайр ибни Мутъим (р) ривоят аст, ки гуфт: «Зане назди паёмбари Худо (с) омад, паёмбар (с) ба вай амр кард, ки боз ҳам ба наздаш биёяд, он зан гуфт: «Агар омадам ва шуморо надидам, гӯё маргро дар назар дошт. Паёмбари Худо (с) гуфт: «Агар омади манро наёфтӣ, назди Абубакр бирав».

(Муттафақун алайҳ, 3\1338)

Ин ҳадис бо сароҳат бар ҷонишинии Абубакр (р) баъд аз паёмбар (с) далолат мекунад.

Ҳадиси дуюм:

عن عائشة -رضي الله عنها- قالت: قال لي رسول الله صلى الله عليه وسلم في مرضه الذي مات فيه: ادعي لي أباك وأخاك حتى أكتب كتابا, فإني أخاف أن يتمنى متمن, ويقول قائل: أنا أولى ويأبى الله والمؤمنون إلا أبا بكر.

Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбар (с) дар вақти беморие, ки баъди ӯ аз дунё гузашта буд, ба ман гуфт: «Эй Оиша, падару бародаратро ба назди ман бихон, то ки ман чизе навишта кунам, чунки ман метарсам, ки таманнокунандае пайдо шаваду таманно кунаду бигӯяд, ки ман авлотарам ва Худованду муъминон қабул надо-ранд магар Абубакрро».

(Муттафақун алайҳ, 4\1857)

Ҳадиси сеюм:

عن أبي موسى الأشعري -رضي الله عنه- قال: مرض النبي صلى الله عليه وسلم فاشتد مرضه فقال: "مروا أبا بكر فليصلي بالناس" قالت عائشة: يا رسول الله: إن أبا بكر رجل أسيف, إذا قام مقامك لم يستطع أن يصلي بالناس. فقال: "مروا أبابكر فليصلي بالناس" .

Аз Абумусои Ашъари (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «Вақте, ки бемории паёмбар (с) шиддат гирифт, гуфт: "Абубакрро бигӯед, ки ба мардум имомати кунад, ҳазрати Оиша гуфт: «Эй Расули Худо! Абубакр мардест, дили нозук дорад, наметавонад ба ҷои шумо истода, намози мардумро бихонад». Паёмбар (с) дубора суханашро такрор карда гуфт: «Абубакрро бигӯед, то намози мардумро бихо-над».

(Муттафақун алайҳ)

Аз ин кори паёмбар (с) фаҳмида мешавад, ки агар Абубакр аз дигарон илми баланд ва лоиқи имомати-ро намедошт, имоматиро ба Абубакр намесупорид.

Ва дар ҳадиси ибни Замъа омадааст, ки паёмбар (с) мардумро амр кард, ки намозро барпо доранд. Дар ин ҳангом ҳазрати Абубакр (р), ки ғоиб буд, ҳазрати Умар (р) хост, ки намози мардумро бихонад. Паём-бар (с) гуфт: «На, на, на, Худованду мусулмонон қабул надоранд магар Абубакрро».

Дар ривояти ибни Асокир омадааст, ки ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Паёмбар (с) Абубакр (р)-ро амр кард, ки намози мардумро бихонад ва ман шоҳиди ин ҳол будам, на ғоиб будам ва на мариз будам».

Пас мо розӣ ҳастем барои дунёамон пешвоии касеро, ки паёмбар (с) барои динамон пешвояш кард.

Инчунин паёмбар (с) соли аввале, ки ҳаҷ фарз шуд, Абубакр (р)-ро пешво карда, ба ҳаҷ фиристод. Ибни Абдулҳалим раҳматуллоҳи алайҳ гуфт:

"و علم المناسك أَدق ما في العبادات, و ليس في مسائل العبادات أشكل منها, و لولا سعة علمه لم يستعمله"

«Илми ҳаҷу умра, аз нозуктарини ибодатҳо аст ва дар масоили ибодот ягон масъала мисли масоили ҳаҷ мушкилтар нест. Ва агар Абубакри Сиддиқ (р) илми баланд намедошт, паёмбар (с) ӯро ба ҳаҷ пешво карда намефиристод».

Ва дар намозу ҳаҷ паёмбар (с) ғайри Абубакр (р) касеро халифа нагузошта буд.

***

Суханони саҳобаҳо ва аҳли байт ва уламо дар фазилати ҳазрати Абубакр (р)

Саҳобагони киром, ҳазрати Абубакрро бузург мешу-моранд ва ӯро дӯст медоштанд. Умар (р) вақте шу-нид, ки касе Умарро аз Абубакр беҳтар мешуморад, гуфт:

"والله لليلة من أبي بكر و يوم, خير من عمر و آل عمر"

«Қасам ба номи Худо, ки як шабонарӯзии Абубакр, беҳтар аст аз Умар ва оли Умар».

Ҳазрати Умар (р) дар назди саҳобагон мегуфт:

"أبو بكر سيدنا و خيرنا و أحبنا إلى رسول الله"

«Абубакр сайиди моcт ва беҳтарини моcт ва маҳбубтарини мо дар назди Паёмбар аст».

(Ривояти Бухорӣ)

Ва касе ин суханро инкор намекард.

Ибни Умар (р) гуфт:

"كنا زمن النبي لا نعدل بأبي بكر أحدا".

«Мо дар замони паёмбар (с) касеро ба Абубакр баробар намекардем».

(Ривояти Бухорӣ)

Аммо саҳобагон аз дӯст доштани зиёдашон Абубакр-ро, фарзандони худро бо номи Абубакр ном мегу-зоштанд. Ҳазрати Алӣ (р) яке аз фарзандонашонро Абубакр ном гузошт ва дигареро Умар.

Ҳазрати Алӣ (р) гуфт:

"لا يفضلني أحد على أبي بكر و عمر, إلا جلدته حد المفتري"

«Маро касе аз Абубакр ва Умар беҳтар намешумо-рад, магар ин ки ӯро ҳадди дуруғгӯӣ мезанам, яъне агар касе маро аз Абубакру Умар беҳтар гӯяд, ӯро ба ҳадди дуруғгӯӣ дурра мезанам».

(Ривояти Ибни Аби Осим)

Ҳазрати Умар (р) гуфт: «Абубакр сайиди (сарвари) мост ҳамчуноне, ки сайиди моро озод кард, яъне Билол».

(Ривояти Бухорӣ)

Инчунин гуфт: «Эй кош мӯйе дар сари синаи Абубакр мебудам».

(Бо ихроҷи Мусаддад)

Ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Беҳтарини мардум баъди паёмбар (с) Абубакру Умар ҳастанд, дӯстдории ману буғзу кина бо Абубакру Умар дар дили муъмин якҷоя намешавад».

(Ривояти Табаронӣ дар Авсат)

Яъне муъмин касе нест, ки маро дӯст бидораду Абубакру Умарро бад бинад.

Абу Саъиди Худрӣ гуфт:

"كان أبو بكر أعلمنا"

«Абубакр олимтарини мо буд».

(Муттафақун алайҳ)

Дорулқутнӣ ривоятеро ихроҷ кардааст, ки дар он имом Ҷаъфари Содиқ аз падараш Муҳаммад Боқир ривоят мекунад, ки марде ба назди падараш Зайналобиддин Алӣ ибни Ҳусейн омаду гуфт: «Маро дар бораи Абубакр хабар бидеҳ». Зайналобиддин гуфт: «Мехоҳӣ дар бораи Сиддиқ хабарат биди-ҳам?» Мард гуфт: «Оё ту ӯро Сиддиқ меномӣ?» Зайналобиддин гуфт: «Модарат дар мотамат нишинад, чӣ тавр ман ӯро Сиддиқ нагӯям, ки паёмбар (с) ӯро Сиддиқ ном гузоштааст. Муҳоҷи-рину ансор ӯро Сиддиқ мегуфтанд, ҳар касе, ки ӯро Сиддиқ намегӯяд, Худованд дар дунёву охи-рат ростгӯяш нашуморад, бирав Абубакру Умар-ро дӯст бидор».

Ибни Ҷавзӣ аз Зайд ибни Алӣ ривоят мекунад, ки гуфт: «Бидон, ба Худо қасам, ки безорӣ аз Шай-хайн, (Абубакру Умар), безорӣ аз Алӣ аст, пас худат фикратро бикун».

Хусусиятҳои ҳазрати Абубакр (р)

Аз имом Шаъбӣ ривояте ҳаст, ки Худованд барои Абубакр (р) чаҳор хусусият додааст, ки ба каси дигаре чунин хусусиятҳоро надода буд:

Якум: ин ки ӯро Сиддиқ ном гузошт, ин номро ба каси дигаре нагузошта буд.

Дуввум: ин ки ӯро шарики паёмбараш дар Ғор гардонд.

قال : "أبوبكر صاحبي و مونسي في الغار"

Паёмбар (с) гуфт: «Абубакр соҳибу анисам дар ғор буд».

(Ривояти имом Аҳмад)

Паёмбар (с) ва Абубакр дар ғор ду шахсе буданд, ки сеюмини онҳо Худованди бузург буд. Вақте ки мушрикон дар ҷустуҷӯи онҳо буданду ба дари ғор наздик шуданд, Абубакр гуфт:

"يا رسول الله لو أن أحدهم نظر تحت قدميه لأبصرنا"

«Эй паёмбари Худо! Агар якеи аз онҳо ба зери қадамаш назар кунад моро мебинад».

Сипас Паёмбар гуфт:

"ما ظنك يا أبابكر باثنين الله ثالثهما"

«Ту чӣ гумон дорӣ, эй Абубакр, ба он ду шахсе, ки сеюмини онҳо Оллоҳ таъоло аст».

(Ривояти Бухорӣ)

Ва ин фазилат хос ба Абубакр аст, ки касе аз саҳобаҳо ба ӯ шарик нестанд ва Паёмбар (с) дар ғор, вақте ки ғамгинии Абубакрро дид, гуфт:

"لا تحزن ان الله معنا"

«Ғамгин машав! Худованди бузург ҳамроҳи мост».

Ва дар он ҷо ғайри паёмбар (с) ва Абубакр касе набуд ва ногуфта намонад, ки ғамгинии ҳазрати Абубакр аз тарси ҷони худаш набуд, балки ӯ аз ин ғамгин буд, ки ба паёмбар (с) аз мушрикон ягон осебе нарасад.

Сеюм: ин ки ӯро рафиқи ҳиҷрати паёмбараш гардонд.

Чаҳорум: ин ки Паёмбар (с) дар ҳаёташ ӯро амр кард, ки пеш даромада, намози мардумро бихонад ва худаш ҳам аз пушти ӯ намоз хонд, дар ҳоле ки тамоми мусалмонон шоҳиди ин ҳол буданд.

Панҷум: ин ки дар ҳаёташ ягон маротиба арақ нанӯшида, дар ҳоле ки арақнӯшӣ пеш аз ислом, дар миёни мардуми Араб як одати маъмулӣ буд.

Шашум: ин ки дар ҳаёташ ягон бут ё санамеро ибодат накарда буд, агарчӣ бутпарастӣ дини аҷдоди он мардум буд ва аз забонаш ягон бор сухани дурӯғ шунида нашуда буд, балки ростгӯю ростқавл буд. Ин сифатҳо дар касе ғайри Абубакр (р) ёфт намешуд.

Имом Ҳоким аз имом Мусайяб низ ривоят мекунад, ки гуфт: Абубакр (р) барои паёмбар (с) мисли вазир буд, дар ҳама корҳояш аз ӯ машварат мегирифт.

Ва аввалин марди мусулмон баъди паёмбар (с) Абубакр (р) буд.

Ва аввалин шахсе, ки паёмбар (с)-ро дар ғор ҳамроҳи кард, Абубакр (р) буд.

Аввалин шахси ҳамсафари паёмбар (с) аз Макка ба Мадина буд.

Ва аввалин шахсе, ки дар рӯзи ҷанги Бадр дар Ъариш (Хайма) паёмбар (с)-ро ҳамроҳи кард, Абубакр (р) буд.

Ва аввалин шахсе, ки дар паҳлӯи паёмбар (с) ба хок супорида шуд, Абубакр (р) буд.

(Таърихи хулафо, аз имом Суюти, саҳ. 56)

***

Бузургтарин рӯйдодҳо дар замони хилофати

ҳазрати Абубакр (р)

1) Омода сохтани лашкари Усома (р).

2) Ҷанг бо муртадҳо ва манъкунандагони закот.

3) Ҷанг бо Мусайламаи каззоб (дурӯғгӯй).

4) Ҷамъи Қуръон.

5) Оғози фатҳи шаҳрҳои Шому Ироқ.

***

Аввалин корҳое, ки Абубакр (р) анҷом дода буд

Аввалин марде, ки мусалмон шуд ва мардумро ба дини ислом даъват кард аз ҷумлаи касоне, ки ба дасти ӯ мусалмон шуданд, Усмон ва Талҳа ва Саъд ва Зубайру Абдурраҳмон ибни Авф, мебошанд, ки Худованд аз ҳамаи онҳо розӣ бошад.

Аввалин шахсе, ки Қуръонро ҷамъ карда буд.

Аввалин шахсе, ки Қуръонро Мусҳаф ном гузошт, бинобар ин ҳазрати Алӣ (р) мегуфт:

"أعظم الناس أجرا في المصحف أبوبكر"

«Бузургтарин шахс аз рӯи аҷру савоб, дар ҷамъ кардани мусҳаф, Абубакр ҳаст».

(Ривояти Абуяъло дар Муснад)

Аввалин шахсе, ки байтулмолро ташкил дод (вазора-ти молия).

Аввалин шахсе, ки Халифа номида шуд ва барои мардум аз байтулмол ҳақ таъин кард.

Аввалин шахсе буд, ки дар ислом лақабаш гузоштанд, ӯро лақаби Ъатиқ (озод) гузоштанд. Яъне халос ёфта аз оташи дӯзах ва дар ривояти дигаре ба хотири ин ки ғуломонро мехариду озод мекард.

(Таърихи хулафо, саҳ. 72 - 74)

Аввалин шахсе буд, ки баъди паёмбар (с) дар роҳи даъват ба дини ислом азият дода шуд, то ин ки аз Макка ҳиҷрат карданд.

***

Шуҷоъати Абубакр (р)

Аз Ъурва ибни Зубайр ривоят аст, ки аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос аз бадтарин коре, ки ба паёмбар (с) карданд, пурсидам, дар ҷавоб гуфт: «Вақте, ки паёмбар (с) намоз мехонд, дидам, ки Ъақаба ибни Муъит омаду ридоашро (рӯймолашро) ба гардани паёмбар (с) андохту ӯро бошиддат аз ду тарафаш кашид, дар ин ҳангом Абубакр омаду ӯро бошид-дат тела доду гуфт: «Оё мардеро, ки мегӯяд Пар-вардигорам Аллоҳ аст мекушед? Ӯ аз назди Пар-вардигоратон суханони ӯро бароятон овардааст».

(Ривояти Бухорӣ)

Инчунин ҷангаш бо муртаддону манъкунандагони закот низ далолат бар шуҷоъати ӯ мекунад. Ҳазрати Абубакр (р) гуфта буд, ки ба Худо қасам, агар ресмо-ни уштуре, ки ба паёмбар (с) закоташ медоданд, барои ман манъаш кунанд, барои ин ресмон ман ба онҳо меҷангам.

Парҳезгорӣ ва канорагирии Абубакр (р)

аз лаззатҳои дунё ба хотири охират

Имом Табарони дар Муснадаш аз ҳазрати Ҳасан ибни Алӣ (р) ривоят мекунад, ки вақте ки Абубакр (р) бемор шуд, ба Оиша (р) гуфт: «Духтарам, уштуре, ки аз ӯ шир менӯшидем ва тағорае, ки дар он ли-босшӯӣ мекардем ва ҷомаеро, ки ӯро мепӯшидем, мо аз онҳо дар ҳоле фоида мебурдем, ки зимоми роҳбарии мусулмонон дар дасти мо буд. Вақте ки ман аз дунё гузаштам, ҳамаи онҳоро ба Умар бисупор».

Вақте, ки Абубакр аз дунё гузашт, ҳазрати Оиша, модари муъминон, ҳамаи онҳоро ба Умар (р) равон кард. Умар (р) вақте онҳоро дид, гуфт: «Бешак, ки ояндагони баъд аз худатро хаста кардӣ». Яъне, ин парҳезгориву хоксорие, ки ту доштӣ, эй Абубакр, ояндагон тоқати чунин парҳезгориву хоксориро надоранд.

Хоксории Абубакр (р)

Ибни Асокир аз Абу Солеҳи Ғаффорӣ ривоят меку-над, ки Умар ибни Хаттоб (р) пиразани нобиноеро, ки дар атрофи Мадина зиндаги мекард, доимо хабар мегирифту ба ӯ об медоду эҳтиёҷоти ӯро бароварда месохт.

Бисёри вақтҳое мешуд, ки меомад, лекин медид, ки пеш аз ӯ касе омада, эҳтиёҷоти ин пиразанро баро-вардаасту дигар пиразан ба ӯ эҳтиёҷе надорад. Умар (р) ҳайрон шуду қасд кард, то бидонад, ки кист ғайри ӯ ин корро мекунад. Вақте ки поида нишаст, дид ки Абубакр (р) аст, ки пиразанро кумак мекунаду ҳоҷат-ҳои ӯро бароварда месозад, вақте, ки Умар (р) ин ҳодисаро дид гуфт: «Кист, ки ба ғайр аз ту ин корро бикунад, эй Абубакр».

Ин кор дар замоне буд, ки Абубакр (р) халифа буд.

***

Баландҳимматии Абубакр (р)

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) гуфт: «Кадоме аз шумо имрӯз рӯзадор аст?»

Абубакр (р) гуфт: «Ман».

Боз пурсид: «Кадоме аз шумо имрӯз дар ҷанозае иштирок кардааст?»

Абубакр (р) гуфт: «Ман».

Боз пурсид: «Кадоме аз шумо имрӯз мискинеро таъом додааст?»

Абубакр (р) гуфт: «Ман».

Боз пурсид: «Кадоме аз шумо имрӯз маризеро хабар гирифтааст?»

Абубакр (р) гуфт: «Ман».

Паёмбар (с) гуфт: «Ҳар касе, ки ҳамаи ин амалҳоро ба ҷо биёрад, бешубҳа дохили ҷаннат мешавад».

(Ривояти Муслим)

***

Cадақаҳои Абубакр (р)

дар роҳи Худо

Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбари Худо (с) моро амр кард, ки дар роҳи Худо садақа кунем ва ин амри паёмбари Худо (с) ба ҳолате рост омад, ки ман хеле моли бисёр доштам ва бо худам гуфтам, ки агарчи дар ягон кори хайр аз Абубакр пеш набудам, акнун имрӯз аз ӯ пеш хоҳам шуд, сипас нисфи тамоми молҳоямро ба назди паёмбар (с) овардам. Паёмбар (с) ба ман гуфт: «Оё ба аҳли оилаат чизе боқӣ мондӣ?» Гуфтам: «Бале, нисфи моламро хайр кардаму нисфашро ба онҳо боқи мондам».

Сипас Абубакр омаду тамоми пулу молашро дар назди паёмбар (с) гузошт. Паёмбар (с) ба ӯ гуфт: «Оё барои аҳлу оилаат чизе боқӣ мондӣ?» Гуфт: «Бале, Худову Расулашро ба онҳо боқӣ мондам, (яъне онҳоро ба Худо супоридам)». Ҳазрати Умар вақте ин ҳодисаро дид, гуфт: «Қасам ба Худо, ки аз Абубакр ба ягон амал пеш гузашта намешавад».

(Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ ва гуфтааст, ки ин ҳадис ҳасану саҳиҳ аст)

***

Хотима

Дар охир чанд сухане барои онҳое, ки бо Абубакр (р) буғзу кинаварзи мекунанд.

Бигӯед!

Кӣ буд, ки муҳоҷирину ансор дар байъаташ иҷмоъ (иттифоқ) карданд?

Кӣ буд, ки паёмбар (с)-ро аз ҷавонияш то охири умраш дӯстӣ карду ҳамеша ҳамроҳаш буд?

Кӣ буд, ки аввалин шуда, бе ягон шаку тардид даъвати паёмбар (с)-ро қабул карду ислом овард?

Кӣ буд, ки дар ҳаёти паёмбар (с) фатво медоду паёмбар (с) инкораш намекард?

Кӣ буд, ки аввалин бор бо паёмбар (с) намоз хонд?

Кӣ буд, ки бар паёмбар (с) намоз (ҷаноза) хонд?

Кӣ буд, ки ҳатто баъди вафоташ дар паҳлӯи паёмбар (с) ба хок супурда шуд?

Пас, ҳаққи ӯро бидонед, ҳаққи ӯро поймол накунед. Ба Худо қасам, ки дӯстдории мо нисбати Абубакр (р) ба хотири ҳавову ҳавасамон нест, балки мо фақат пайравии сухани Алӣ (р)-ро мекунему бас.

Чунон ки ҳазрати Алӣ (р) гуфта буд: вақте ки паёмбар (с) Абубакр (р)-ро барои динамон ихтиёр карду дар намозамон ӯро имом кард, пас чаро мо ӯро барои дунёямон ихтиёр накунем, (яъне, ба халифагӣ байъаташ накунем).

***

Фатво

Ҳасани Басриро пурсиданд, ки оё муҳаббати Абубак-ру Умар суннат аст?

Ҳасани Басрӣ гуфт: «На, балки фарз аст».

***

Вафоти

Абубакри Сиддиқ (р)

Ҳазрати Абубакр (р) дар сини 63-солагӣ, дар синни вафоти паёмбар (с) вафот кард. Ва дар ҳуҷраи Оиша ҳамроҳи паёмбар (с) ба хок супурда шуд.

(Ривояти Ибни Саъд)

Худованд аз Абубакр розӣ бод!

Парвардигоро, мо шаҳодат медиҳем, ки ҳазрати Абубакрро ва инчунин ҳамаи халифаҳои рошидин ва тамоми саҳобагонро дӯст медорем. Парвардигоро, аз ҳамаи онҳо розӣ бош!

Салавоту дуруд бар набии мо ва олу асҳобаш.

***

«Худованд ҳақро дар дилу забони Умар гузоштааст»

Умар ибни Хатто (р)

Пешгуфтор

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду сано Худованди бузургро ва салавоту салом бар беҳтарини паёмбарон Муҳаммад (с) ва аҳли байту асҳобаш.

Беҳтарини саҳобагон, яъне беҳтарини фарзандони Одам, баъди паёмбарону баъди Абубакр ва маҳбуб-тарини саҳобаҳо ба паёмбар (с) баъди Абубакр.

Ин мард касест, ки ҳама вақт дар баробари гирифтани номаш, лақаби шуҷоъу ҳақпарасту одил ҳамроҳ карда мешавад. Ҳар куҷо, ки номи ӯ гирифта мешавад, ҳар сифати хубе, ки дар баробарии номаш ҳамроҳ карда мешуд, мувофиқ меомад. Мисли пар-ҳезгор, зоҳид, хоксор ва бисёр гирякунанда аз тарси Худо, инчунин бисёр донову бофаросат ва дурандеш, душмани ҳавову ҳавас буд, ҳамаи ин сифатҳое буданд, ки номи ин шахс онҳоро дар бар мегирад.

Ин мард Умари Форуқ (р) мебошад

Ӯ аз қабилаи Қурайши Адавӣ мебошад. Паёмбар (с) ба ӯ кунияи Абуҳафсро гузошта буд.

Ибни Ҷавзӣ мегӯяд: «Бидонед, ки Умар (р) ҳам дар замони ҷоҳилият (пеш аз ислом) марди боэҳти-рому бузург буд ва ҳам дар ислом».

(Табсира 1\415)

Ибни Касир мегӯяд: «Умар (р) бисёр як марди хоксору парҳезгоре буд, зиндагии оддитарин дошт, таъомҳояш низ аз ҳама таъомҳои одди буданд, таъомҳое мехӯрд, ки шояд камбағалон тоқати зиндагиро бо чунин таъомҳо надоштанд, инчунин ягон либосаш низ бе порги набуд.

Бо ҳамаи он бузургиву азимҷӯса буданаш, сатилҳои обу таъомро барои мардуми камбағал дар сари китф ё сари пушташ мекарду мерафт.

Ба сабаби он ки, чизе надошт болои хар ё уштур бимонаду савор шавад, ба онҳо пушти луч савор мешуд.

Дар лабони ӯ бисёр кам ханда дида мешуд ва бо касе ҳам шухӣ намекард.

Нақше, ки дар ангуштарияш буд, чунин навишта шуда буд: «Эй Умар! Барои ибрату ёдоварии қиёмат марг басанда аст».

***

Ислом овардани Умар (р)

Ҳазрати Умар (р) дар соли шашуми аз биъсат исломро қабул кард, умраш дар ин вақт бисту ҳафт сол дошт.

Исломи Умар баъди 39 ё 40 марду 11-зан буд. Ба сабаби ислом овардани Умар (р) марҳалаи дуввуми даъват ба ислом шурӯъ шуд, ки он ҳам ошкор кардани ислом ва ошкоро даъват кардан ба сӯи яктопарастӣ буд.

Ҳазрати Умар (р) соҳиби ҳайбати бузурге буд.

Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мегӯяд:

"ما زلنا أعزة منذ أسلم عمر" [رواه البخاري]

«Аз рӯзе, ки Умар (р) ба ислом рӯ овард, сари мо баланд шуду соҳиби иззат шудем».

(Ривояти Бухорӣ)

Яъне, пеш аз исломи Умар (р) саҳобагон аз ҷониби душманони Худо бисёр азият медиданд ва мусалмонон аз тарси мушрикон наметавонистанд, ки пеш аз исломи Умар Худовандро ошкоро ибодат кунанд.

Абдуллоҳ ибни Масъуд мегуяд:

"و لقد رايتنا وما نستطيع أحدنا أن نصل إلى البيت حتى أسلم عمر"

«Мо мусалмонон ба хонаи Каъба расида наметавонистем, то он вақте ки Умар исломро қабул кард».

Хонандагони азиз! Бубинед, ки дар муддати 6-соли паёмбари панҷоҳ нафар мусалмон шуда буд. Ва вақте ки ҳазрати Умар (р) исломро қабул кард, мусалмонон хеле хурсанд шуданд ва ислом дар Макка зоҳир шуд.

Ҳамроҳи паёмбар (с) дар ҷангҳои Бадр, Уҳуд, инчунин ғайр аз ин ҷангҳо дар дигар ҷангҳо низ иштирок карда буд, ки паёмбар (с) дар онҳо набуд ва ҳатто дар баъзе ин ҷангҳо сарлашкар буд.

Ва аз ҷумлаи касоне буд, ки рӯзи ҷанги Уҳуд ҳамроҳи паёмбар (с) устуворона истода ва аз Ӯ дифоъ карда буд.

Яке аз собиқин ва аз даҳнафараи ба ҷаннат башоратдодашудагон буд.

Дуввумин халифаи рошидину яке аз хусурони паёмбар (с) ва яке аз уламои бузурги саҳоба буд.

Мусулмон шудани Умар (р) ба сабаби дуъои паёмбар (с) буд.

Аз ибни Умар (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Парвардигоро, исломро бо яке аз ин ду марде, ки кадоме аз онҳо дар наздат дӯстдоштатар аст, нусрат бидеҳ ё бо Абуҷаҳл ё бо Умар ибни Хаттоб, баъди ин дуъои паёмбар (с) ҳазрати Умар (р) мусалмон шуд».

(Ривояти имом Аҳмад ва Тирмизӣ ҳасану саҳеҳаш гуфтааст)

***

Ҳиҷрати Умар ибни Хаттоб (р)

Ҳазрати Умар (р) дар ҳиҷраташ қавитарин мард буд. Ҳазрати Алӣ (р) мегӯяд: «Касеро аз муҳоҷирин надидам, ки ошкоро ҳиҷрат карда бошад, магар Умар».

Вақте ки Умар хост ҳиҷрат кунад, шамшерашро дар миён карду дар як дасташ найзааш ва дар дигар дасташ тирҳои найзаашро гирифта ба сӯи Каъба равон шуд, мардуми Макка дар гирди хона ҷамъ шудан гирифтанд. Аммо ҳазрати Умар бошад, дар гирди хона ҳафт бор тавоф карда, ду ракаъати намози тавофро хонду ба назди ҳар як гурӯҳе, ки дар назди хона ҷамъ шуда буданд, яко-як истоду ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо шоҳид бошед, Худованд залил намекунад ва ба замин намезанад, магар чеҳраҳои шуморо. Ҳар касе, ки хоҳад модараш дар мотамаш нишинаду фарзандаш ятиму занаш бева монад, пас пеши роҳи манро бигирад, ман аз роҳи пушти ҳамин кӯҳ ҳиҷрат мекунам».

Ҳазрати Алӣ мегӯяд: «Касе ҷуръат накард, ки аз пушташ равад».

Ибни Ҷавзӣ мегӯяд: «Аз рӯзе, ки Умар (р) ислом овард, рӯз ба рӯз қуввату шидаташ ба хотири дин зиёд шудан гирифт. Вақте ки мардум бо тариқи пинҳони ҳиҷрат мекарданд, Умар (р) бо сари баланд ва устувор қадам зада, вақти ҳиҷраташ эълон мекарду мегуфт, ки бидонед, ман аз пушти фалон кӯҳ мегузарам. Ҳар касе, ки мехоҳад бо ман мулоқот кунад, дар онҷо ҳозир шавад».

(Китоби табсира, 1\419.)

***

Фазилатҳо ва маноқиби ҳазрати Умар (р)

Марде аз аҳли ҷаннат

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Вақте ки ман хоб будам, дидам, ки дар ҷаннатам ва зане дар назди қасре дар лаби об таҳорат карда истодааст. Пурсидам: «Ин қасри кист?» Гуфтанд: «Аз Умар аст». Дар ин ҳангом ғайрати Умар ба ёдам омаду аз он ҷо пуштамро гардондаму ҳаракат кардам. Вақте ки ҳазрати Умар ин суханро аз Паёмбар (с) шунид, гиря карду гуфт: «Наход ки ман бар шумо ғайрат кунам, эй Расули Худо?».

(Муттафақун алайҳ)

Паёмбар (с) дар шаъни ҳазрати Умар гуфта буд:

"عمر في الجنة" [رواه الترمذي]

«Умар дар ҷаннат аст».

(Ривояти Тирмизӣ)

Илми Умар ибни Хаттоб (р)

Аз ибни Умар (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Ман дар хобам дидам, ки шир менӯшам ва чунон менӯшидам, ки дидам шир ба нохунҳоям расид ва ташнагиям шикаст, сипас пиёларо ба Умар додам».

Аз паёмбар (с) пурсида шуд, ки ин хобашро чи таъвил кардааст, дар ҷавоб гуфт: «Илм».

(Муттафақун алайҳ)

***

Диндории

Умар ибни Хаттоб (р)

Аз Саъд ибни Абуваққос (р) ривоят аст, ки рӯзе ҳазрати Умар хост, ки назди паёмбар (с) дарояд, дар ин вақт занҳо аз паёмбар (с) суол мекарданд ва садоҳояшонҳам баланд буд. Вақте ки онҳо фаҳми-данд, ки ҳазрати Умар омада истодааст, садоҳояшон хомӯш шуда, аз назди паёмбар (с) дур истода пинҳон шуданд. Аз ин кори занҳо паёмбар (с) ба ханда омад. Сипас, Умар ба занҳо гуфт: «Эй душманони ҷонҳоя-тон, барои чӣ аз ман ҳайбат мекунеду аз паёмбар (с) ҳайбат намекунед?

Паёмбар (с) ба Умар гуфт: «Эй Умар! Қасам ба он Худое, ки ҷони ман дар дасти ӯст, дар роҳе, ки ту меравӣ, шайтон он роҳро монда, ба дигар роҳ мегурезад».

(Муттафақун алайҳ)

Инчунин аз Абусаъиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки гуфт: «Аз паёмбар (с) шунидам, ки мегуфт: «Рӯзе ман дар хобам дидам, ки мардумеро ба ман нишон доданд, ки дар баданҳояшон куртаҳои мухталиф аст. Дарозии баъзеашон то сина ва баъзашон аз ин ҳам дарозтар. Дар ин вақт ба ман Умарро нишон доданд, ки дар баданаш куртае буд, ки аз бисёр дароз буданаш ӯро мекашиду роҳ мерафт».

Паёмбарро (с) пурсиданд, ки эй Расули Худо инро чӣ таъвил мекунӣ? Гуфт: «Диндорӣ».

Имом Муслим ривоят мекунад, ки паёмбар (с) ҳазрати Умарро ба ду паёмбар монанд мекард, ба Нӯҳу ба Мӯсо алайҳиму салом.

(Ривояти Муслим)

Инчунин ибни Аббос мегӯяд: «Рӯзе паёмбар (с) ба тарафи Умар табассумкунон назар кард».

Паёмбар (с) гуфт:

يا ابن الخطاب!! أتدري لم تبسمت إليك؟"، قال: الله و رسوله أعلم، قال: "إن الله عز وجل نظر إليك بالشفقة و الرحمة ليلة عرفة و جعلك مفتاح الإسلام".

«Эй Умар! Оё фаҳмидӣ, ман барои чӣ табассум кардам?» Умар гуфт: «Худову Расулаш донота-ранд». Паёмбар (с) гуфт: «Худованди бузург шаби Арафа ба ту бисёр бо раҳмату шафқат нигоҳ карда ва туро калиди ислом гардонид».

(Ин ҳадисро Абуяъло ривоят кардааст)

Фаҳму фаросати Умар ибни Хаттоб (р)

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт:

" لقد كان فيمن كان قبلكم من الأمم محدثون, فإن يكن في أمتي أحد فإنه عمر" [رواه البخاري]

«Дар умматони гузашта касоне буданд, ки бидуни ин, ки паёмбар бошанд, барои онҳо илҳом мешуд, агар аз уммати ман касе чунин бошад Умар аст».

(Муттафақун алайҳ)

Дар ин ҳадис калимаи "агар" маънои таъкидро дорад, чунки агар чунин одамҳо дар умматони гузашта вуҷуд дошта бошанд, пас уммати Муҳаммад (с) авлотар аст, ки чунин шахсият дошта бошад, ба хотири он ки уммати Муҳаммад (с) беҳтарини тамоми умматон аст.

***

Баландии манзилати Умар ибни Хаттоб (р)

Аз Уқба ибни Ъомир (р) ривоят аст, ки гуфт: «Аз паёмбар (с) шунидам, ки мегуфт: «Агар баъди ман паёмбаре фиристода шавад, пас Умар аст».

(Ривояти имом Аҳмад ва Тирмизӣ, ҳадиси саҳеҳ).

Ин ҳадисро шоири бузург Аттори Нишопури дар назм даровардааст.

Сипеҳри дин Умар хуршеди Хаттоб,

Чароғи ҳашт ҷаннат шамъи асҳоб.

Расулаш гуфт: гар будӣ дигар кас,

Набӣ ҷуз ман, набудӣ ҷуз Умар кас.

***

Ростии Умар (р)

Аз ибни Умар (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Худованд ҳақро дар дилу забони Умар нақш кардааст».

(Ривояти имом Аҳмад ва Тирмизӣ, ҳадиси саҳеҳ)

***

Пайравии бодиққати Умар (р) аз паёмбар (с)

Аз ибни Умар (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Раҳмдилтарини умматам бар умматам Абубакр аст ва сахтгиртарини уматам дар дини Худо Умар аст».

(Ривояти Абӯяъло, ҳадиси саҳеҳ)

Аз Ҳузайфа (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Баъд аз ман ба ду кас иқтидо кунед, (яъне пайравӣ кунед) ба Абубакр ва Умар».

(Ривояти Тирмизӣ, ҳадиси саҳеҳ)

***

Шаҳид шудани Умар (р)

Аз Анас (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «Паёмбар (с) бо ҳамроҳии Абубакру Умару Усмон (р) болои кӯҳи Уҳуд баромаданд, ногаҳон кӯҳ ба ларза даромад. Паёмбар (с) бо пои муборакаш бар болои кӯҳ кӯбиду гуфт: «Ором бош, эй Уҳуд дар болои ту паёмбару Сиддиқу ду шаҳид аст».

(Ривояти Бухорӣ)

Мақсади паёмбар (с) аз ду шаҳид ҳазрати Умару Усмон (р) буд.

***

Мувофиқати суханони Умар (р) бо Қуръон

Имом Бухориву имом Муслим аз ҳазрати Умар (р) ривоят мекунанд, ки гуфт: «Суханони ман бо Қуръон дар се ҷо мувофиқ омаданд».

Аввал ин ки вақте ки ба паёмбар (с) гуфтам, ки чӣ мешавад, ки мақоми Иброҳимро ҷои намозхонӣ таъин кунем? Баъди ин суханам ин оят нозил шуд:

ﭽوَٱتَّخِذُواْ مِن مَّقَامِ إِبۡرَٰهِۧمَ مُصَلّٗى١٢٥ ﭼ [البقرة: ١٢٥]

«Мақоми Иброҳимро ҷои намозгузорӣ таъин кунед».

(Сураи Бақара, ояти 125).

Дуввум ин ки гуфтам. Эй Расули Худо! Ба назди занҳои шумо ҳар намуд одамҳои баду нек медароянд. Чӣ мешавад, ки онҳоро амр кунӣ то ки ҳиҷоб пӯшанд? Баъди ин суханам ояти ҳиҷоб нозил шуд.

Сеюм ин ки вақте, ки занҳои паёмбар (с) бадрашкӣ карданду паёмбар (с) дар ғазаб омад, ман ба онҳо гуфтам: «Шояд шуморо талоқ диҳаду Худованд барояш аз шумо ҳам занҳои беҳтар насибаш кунад». Мувофиқи ин суханам оят нозил шуд.

Дар ривояти Муслим омадааст, ки ҳазрати Умар (р) гуфт: «Суханони ман бо оятҳои Қуръони дар се ҷой мувофиқат кардаанд».

Якум: дар бораи ҳиҷоб.

Дуюм: дар бораи намоз хондан дар мақоми Иброҳим.

Сеюм: дар бораи асирҳои ҷанги Бадр.

Дар ин ҳадис чаҳорум мувофиқатияшро низ зикр кардааст, ки он ҳам дар бораи асирони ҷанги Бадр аст.

***

Суханони саҳоба ва аҳли байту уламо дар таърифу тавсифи ҳазрати Умар (р)

Ҳазрати Абубакр (р) мегӯяд:

"ما على وجه الأرض أحد أحب إلي من عمر" [أخرجه ابن عساكر]

«Дар рӯи замин, касе маҳбубтар аз Умар дар назди ман нест».

Вақте, ки ҳазрати Абубакр (р) бемори сахт шуд, ба ӯ гуфтанд:

"ماذا تقول لربك و قد وليت عمر؟"

«Барои он ки Умарро халифа кардӣ, дар назди Худо чӣ мегӯӣ?»

Гуфт:

"أقول له, وليت لهم خيرهم" [اخرجه ابن سعد]

«Мегӯям, ки беҳтарини онҳоро барояшон халифа кардам».

Ҳазрати Алӣ (р) мегӯяд: «Вақте ки мардони солеҳ номбар мешаванд, номи Умар (р) дар аввали онҳост, мо бовар доштем ки оромӣ ва сукунат бо забони Умар сухан мегӯяд».

Ибни Масъуд мегӯяд: «Умар (р) олимтарини мо ба китоби Худованд буд ва бофаҳмтарини мо дар дини Худованд буд».

Имом Ҷаъфари Содиқ (р) мегӯяд: «Ман безорам аз касе, ки Абубакру Умарро ба бадӣ ёд мекунад».

Суфёни Саврӣ мегӯяд: «Касе даъво кунад, ки Алӣ (р) авлотар бар хилофат аз Абубакру Умар буд, бе шаку шубҳа хато кардааст ва Абубакру Умару муҳоҷирину ансорро хатокор гуфтааст».

Аллома Шурайк мегӯяд: «Касе, ки Алӣро аз Абубак-ру Умар (р) боло бидонад, дар ӯ хайре нест».

Аллома Абӯусома мегӯяд: «Оё медонед, Абубакру Умар (р) киҳоянд? Онҳо падару модари Исломанд».

Бузургтарин рӯйдодҳо дар замони хилофати ҳазрати Умар (р)

Умар (р) аввалин шахсе буд, ки "Амирулмуъминин" хонда шуд.

Умар (р) аввалин шахсе буд, ки "таърихи ҳиҷрӣ"-ро навишта кард.

Умар (р) аввалин шахсе буд, ки мардумро дар намози таровиҳ ҷамъ кард.

Умар (р) аввалин шахсе буд, ки мардумро шабҳо посбонӣ мекарду аз ҳоҷатмандон хабар мегирифт.

Умар (р) аввалин шахсе буд, ки лашкаркашӣ карду шаҳрҳои зиёдеро фатҳ кард.

Умар (р) аввалин шахсе буд, ки қози таъин кард.

Умар (р) аввалин шахсе буд, ки арақнӯшро ҳаштод дурра зад.

Умар (р) аввалин шахсе буд, ки бо дурра адаб медод, ҳатто баъд аз вафоташ мегуфтанд, тарси дурраи Умар аз шамшер ҳам зиёдтар буд.

Умар (р) аввалин шахсе буд, ки дар масҷидҳо чароғҳо овезон кард, ҳатто ки ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Худованд қабри Умарро равшан созад, хамчунон ки ӯ масҷидҳои моро равшан сохт».

Ибни Саъд мегӯяд: Умар (р) дар замони хилофаташ дар сари роҳи миёни Маккаву Мадина анборе сохт, ки дар он орду гандуму хурмову мавизу дигару дигар чизҳои эҳтиёҷоти мардумро ҷамъ мекард, то ки агар касе дар нимароҳа монду ба ин чизҳо эҳтиёҷ пайдо кард, ба ӯ бидиҳанд.

Умар (р) аввалин шахсе буд, ки масҷиди паёмбар (с)-ро васеъ сохту дар заминаш фаршҳо андохт.

Умар (р) аввалин шахсе буд, ки яҳудиҳои Ҳиҷозро ба сӯи Шом берун кард ва мардуми Наҷронро ба сӯи Куфа.

(Таърихи хулафо, саҳ.127)

***

Кишварҳо ва шаҳрҳое, ки дар замони ҳазрати Умар фатҳ шуданд

Шаҳрҳое ки дар минтақаи Шом озод шуда буданд: Димишқ, Урдун, Байсон, Алҷобия, Раммуллоҳ, Асқалон, Ғазза, Савоҳил, Қудс, Баълабак, Ҳимс, Қинасрин, Ҳалаб, Антокия.

Шаҳрҳое, ки дар минтақаи Миср озод шуда буданд: Искандария, ҷиҳати Ғарбии Тароблус, Бурқа.

Шаҳрҳое ки дар минтақаи ҷазираи Фурот озод шуда буданд: Ҳарон, Руҳо, Риққа, Нассибин, Раъсу Ъайн, Шамшот, Ъайну Варда, Диёрбакр, Диёррабиъа, шаҳри Мавсил бо гирду атрофаш.

Шаҳрҳое ки дар минтақаи Мисру Машриқ озод шуда буданд: Қодисия, Наҳрусайр, Субот, Мадоини Кисро, Курату-л-Фурот, Даҷла, Басра, Аҳвоз, Форис, Наҳованд, Ҳамазон, Рай, Қавмус, Хуросон, Истахр, Исфаҳон, Савс, Марв, Нишопур, Гургон, Озарбойҷон ва ғайраҳо. Чандин бор лашкари ҳазрати Умар дарёи Ҷайҳунро (Панҷ) убур карда буданд.

(Аз «Тартиб ва таҳзиб» ва «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя», 9\8)

Мадҳу санои ҳазрати Алӣ (р) ба ҳазрати Умар (р)

Аз ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: «Баъд аз он ки Умар (р)-ро Абулӯълӯъи маҷусӣ бо кордаш захмдор кард. Ӯро дар болои тахти хобаш гузоштанду мардум дар атрофаш ҷамъ шуданду ӯро хабар мегирифтанду аз аҳволаш мепурсиданд. Дар инҷо ягон кас манро ба ҳайрат наовард, магар марде, ки дасташро дар китфам гузошта буд, вақте ба пушт назар кардам, дидам, ки Алӣ ибни Абутолиб (р) аст. Ӯ барои ҳазрати Умар раҳмдили карду гуфт: «Таманнои касеро намекардам, ки бо амалҳое мисли амалҳои ӯ бо Худо рӯ ба рӯ шавам, магар бо мисли амалҳои ту, қасам ба Худо, ки дар фикри ман доимо меомад, ки Худованд туро бо он ду соҳибат (Паёмбар (с) ва Абубакр) ҳамроҳ мекунад, чунки ман доимо аз паёмбар (с) мешунидам, ки мегуфт: «Ману Абубакру Умар ба фалон ҷо рафтем, ману Абубакру Умар ба фалон ҷо дохил шудем, ману Абубакру Умар аз фалон ҷо хориҷ шудем».

(Муттафақун алайҳ)

Ва дигар далелҳое, ки бар дӯстдориву эҳтироми ҳазрати Алӣ (р) ҳазрати Умарро (р) мекунад, ин аст, ки ӯ духтараш Умми Кулсумро (р), ки духтари Фотима (р) буд, ба никоҳи Умар (р) даровард. Умар (р) ӯро ба зани гирифта, аз ӯ соҳиби як бачаву як духтар шуд, ки номҳояшон Зайду Руқия буданд.

***

Хоксори ва адолати ҳазрати Умар (р)

Ибни Ҷавзӣ мегӯяд: «Вақте ки ҳазрати Умар (р) хилофатро ба даст гирифт, миёнашро сахт басту корашро ҷидди гирифт ва ҳалқаи лаҷомро дар даҳони ҳавову ҳавасаш андохту дар роҳи Худо аз қуввату тоқаташ зиёд таҳаммул кард.

Дунёро пушти сар гузошта, борашро барои мусобиқа барои ёфтани ризогии Парвардигораш сабук сохт.

Вақте ки барои мардум хутба мехонд, дар эзораш дувоздаҳ порги дида мешуд, дасташро аз соҳиб шудани пулу мол кашида буд, ҳатто аҳли оилааш аз ин феъли ӯ ба танг омада буданд».

Рӯзе духтаракеро дар бозор дид, ки аз бисёр харобу лоғар буданаш шамол ӯро ба ҳар сӯ мебурд.

Ҳазрати Умар (р) гуфт: «Инро ки мешиносад?» Фарзандаш Абдуллоҳ (р) гуфт: «Ин яке аз духтаронат ҳаст, падар». Гуфт: «Кадом духтарам?» Фарзандаш Абдуллоҳ (р) гуфт: «Набераат, падарҷон, духтарӣ ман».

Ҳазрати Умар (р) гуфт: «Чи чиз ӯро ба ин рӯз оварда расонд?» Фарзандаш Абдуллоҳ (р) гуфт: «Бо сабаби сарф накардани пулу моле, ки дар назди шумост». Ҳазрати Умар (р) гуфт: «Сарф накардани ман он пулу моле, ки дар наздам дорам, ки пеши роҳи туро гирифтааст, ки мисли мардум кор куниву барои фарзандонат ризқу рӯзи пайдо кунӣ? Ба Худо қасам, эй Абдуллоҳ, ҳамон қадаре, ки мусулмонон аз пулу моли байтулмол ҳақ доранд, ту ҳам ҳамон қадар ҳақ дорӣ, агарчи кифоятат бикунад ё на, миёни ману ту китоби Худост».

(Табсира, 1\420)

***

Тарси ҳазрати Умар аз Худо

Дар рӯи ҳазрати Умар (р) аз сабаби бисёр гиря карданаш аз тарси Худо ду хати сиёҳе намоён буд.

Мешуд вақтҳое, ки оятеро мешунид ва ба гиря меомад, то дараҷае ки ба замин беҳуш меафтод, мардум фикр мекарданд, ки ӯ бемор шудааст ва хабаргирияш меомаданд.

Вақте ки беморияш вазнин шуд гуфт: «Эй вой бар ҳоли Умар, агар Худояш ӯро набахшад».

Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст, ки гуфт: «Рӯзе ҳамроҳи Умар ибни Хаттоб ба кӯча баромадаму ӯ пушти деворе рафт, ман аз дигар тарафи девор мешунидам ки Умар худ ба худ мегуфт: «Оббо, Умар! Умар ибни Хаттоб! Амирулмӯъминин! Чӣ аҷаб марди бузурге ҳастӣ! Эй Умар, ту мағрур машав, ба Худо қасам, ки агар аз Худо натарсӣ ва гуфтаҳои ӯро ба ҷо наёри, туро азоби сахте медиҳад, ки на бо чашми сар ва на бо гӯш нашунидаи».

Меҳрубонии ҳазрати Умар (р)

ба мардуми одди

Аз Авзоъи ривоят шудааст, ки гуфт: «Рӯзе Умар (р) дар шаби торик берун баромад, Талҳа (р) ӯро дид, ки дар хонае даромад. Баъд аз чанд муддате аз он хона баромаду ба хонаи дигаре даромад, вақте ки субҳ дамид, ҳазрати Талҳа (р) ба он хона омада дид, ки пиразани нобинои оҷизе нишастааст. Ҳазрати Талҳа (р) аз ӯ пурсид: «Ин мард барои чи хонаи ту меояд?» Пиразан гуфт: «Ин мард муддати дарозе аст, ки ҳоҷатҳои лозимиямро меораду хонаамро тоза мекунад азбаски ҳоҷатхона рафта наметавонам, наҷосатамро аз хона берун мекунад». Вақте ки ҳазрати Талҳа (р) инро шунид, ба худ гуфт: «Эй Талҳа, модарат дар мотамат нишинад, ту аз пушти ки мепои?»

(«Маноқиби Умар ибни Хаттоб», аз таълифоти ибни Ҷавзи, саҳ. 68.)

Ибодатҳо ва иҷтиҳодоти ҳазрати Умар (р)

Аз Саъид ибни Мусайяб ривоят аст, ки гуфт: «Умар (р) намозро дар торикии нисфи шаб бисёр дӯст медошт».

Инчунин ибни Аббос (р) мегӯяд: «Вафот накард Умар ибни Хаттоб, магар ин ки аз сабаби бисёр рӯзадорияш рангаш ба сиёҳи табдил ёфта буд».

Ҳазрати Умар (р) дар намози бомдодаш сураи Юсуфро то охираш мехонд, вақте ки ба ин оят мерасид:

ﭽقَالَ إِنَّمَآ أَشۡكُواْ بَثِّي وَحُزۡنِيٓ إِلَى ٱللَّهِ ٨٦ ﭼ [يوسف: ٨٦]

«Ҳамоно ғами сахту андӯҳи сангини худро наздӣ Худованди бузургам шикоят мекунам».

(Сураи Юусуф, ояти 86)

Баъди хондани ин оят чунон гиря мекард, ки садои гиряааш аз сафи охири намоз шунида мешуд.

Шаҳодати ҳазрати Умар (р)

Ибни Касир мегӯяд: «Вақте Умар (р) соли бисту сеюми ҳиҷри аз сафари ҳаҷ бо ҳамроҳи модарони муъминон (занони Паёмбар (с) баргашт, дар минта-қаи Абтаҳ фуруд омад. Ҳазрати Умар (р) дар онҷо дастҳояшро ба сӯи осмон бардошту гуфт: «Парварди-горо, умрам рафт, қувватам заъиф шуд, иморатам бузург шуд, метарсам кӯтоҳие кунам, Худоё манро ба наздат бигир ва манро дар Мадинаи паёмбарат ба шаҳодат бирасон».

(Маноқиби Умар ибни Хаттоб, саҳ. 168 то 169.)

Баъди ин талаби Умар (р), Худованд дуои ӯро мустаҷоб гардонд.

Имом Бухорӣ дар қиссаи шаҳодати Умар (р) аз Амр ривоят кард, ки Амр (р) гуфт: «Мо дар саф, дар намози бомдод ҷамъ шуда будем ва байни ману байни Умар Абдуллоҳ ибни Аббос буд. Ва Умар байни сафҳо гузашта мегуфт: ((استووا яъне сафҳоро рост гиред!»

Ва вақте дид, ки сафҳо рост аст, пеш мегузашт ва Аллоху акбар гуфта, ба хондани намоз шурӯъ мекард ва гоҳо сураи Юсуф, Наҳл ё ба монанди инҳо сураҳои дарозро қироат мекард. Вақте ки он рӯз Аллоҳу акбар гуфт, сукут кард, ҳатто шунидам, ки гуфт:

"قتلني أو أكلني الكلب"

«Маро саг хӯрд, ё ба қатл расонид».

Намози бомдод дар торикӣ буд ва дар он замон чароғ набуд. Абулӯълӯъи маҷусӣ -лаънатуллоҳи алайҳ- бо як ханҷар (як корде, ки 2-тарафаш тезу мобайнаш ҷои даст буд,) ҳазрати Умарро бо баробари Аллоҳу акбар гуфтанаш зад. Ва баъд аз он, ки ин маҷусӣ ҳазрати Умарро (р) бо зарбаҳояш аз пой афтонд, баргашту дар миёни сафи намозхонон даромад, ва ҳар касе ки аз пешаш меомад, ӯро бо корди дудамааш мезаду мегузашт, ҳатто ки 13 нафарро корд зад, 7 нафари онҳо вафот карданд ва онҳое, ки ҷароҳатдор шуданд, ҳама дар намоз буданд. Яке аз мусалмонон ба болои он маҷусӣ (лаънатуллоҳи алайҳ) ҷомаи худро партофт. Маҷусӣ гумон кард, ки ӯро мусалмонон дастгир карданд ва дарҳол ба худаш корд зада, худашро ҳалок кард, то ин ки азоби дунёро пеш аз азоби охират чашад.

Лаънати Худо бар ӯву дӯстдоронаш бод.

Баъд аз он ки ҳазрати Умар (р) печида ба замин афтод, Ӯро дар ҳолате ба хонааш мебурданд, ки аз ҷароҳатҳояш хун мерехт ва гоҳо беҳуш мешуду гоҳо ба ҳуш меомад. Вақте ки намозро ба ёдаш меоварданд, мегуфт, бале касе ки намозро тарк мекунад барои ӯ насибе дар ислом нест, мегуфту боз беҳуш мешуд.

(Ал-бидоя ва-н- ниҳоя, 7/137 то 138)

Худо раҳмат кунад Умарро (р) чӣ шахсияте буд дар ислом!

Вақте ки Умар (р)-ро ба хонааш оварданд, фарзандаш Абдуллоҳ (р) сари ӯро аз замин бардошта, дар бағалаш гузошт. Ҳазрати Умар (р) ба ӯ гуфт: «Сарамро ба замин бигузор, сипас ҳазрати Умар (р) рӯи муборакашро ба хок молиду гуфт: «Эй вой бар ҷони Умар, эй вой бар ҷони Умар, эй вой бар ҷони Умар, агар Худояш ӯро набахшад».

Умар (р) дар синни 63-солагӣ дар синни Паёмбару Абубакр вафот кард ва ҳамроҳии онҳо ба хок супурда шуд.

Вақте ки ҳазрати Умар (р) аз дунё гузашт, саҳобии ҷалил Саъид ибни Зайд (р) гиря кард. Аз ӯ пурсиданд: «Барои чӣ гиря мекунӣ?» Гуфт: «Барои ислом гиря мекунам, ки бо шаҳид шудани Умар сӯрохе дар ислом пайдо шуд, ки то рӯзи қиёмат ҷояш пур намешавад».

(Табақоти ибни Саъд)

Худованд аз Умар (р) розӣ бошад.

Парвардигоро, мо шаҳодат медиҳем, ки ҳазрати Умарро ва инчунин ҳамаи халифаҳои рошидин ва тамоми саҳобагонро дӯст медорем,

Парвардигоро аз ҳамаи онҳо розӣ бош.

Салавоту дуруд бар набии мо ва олу асҳобаш.

***

«Оё ҳаё накунам аз марде, ки малоикаҳо дар осмон аз ӯ ҳаё мекунанд?»

Усмон писари Аффон (р)

Пешгуфтор

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду сано Худованди бузургро ва салавоту салом бар беҳтарини паёмбарон Муҳаммад (с) ва аҳли байту асҳобаш.

Сеюмин мард дар ислом баъди паёмбар (с) ва чароғе аз чароғҳои роҳи ҳидоят, боҳаётарин ва саховатманд-тарин шахс ва ҷавонмарди бошараф ҳазрати Усмон Зиннурайн (р) мебошад.

Ӯ Усмон ибни Аффон ибни Абулъос ибни Умар мебошад. Аз қабилаи Қурайш аз шохаи Уммавиҳо мебошад.

Ибни Ҷавзӣ мегӯяд: «Бидон, ки Усмон (р) аз ҷумлаи касоне буд, ки пеш аз ин ки паёмбар (с) дохили Дору-л- Арқам шавад, мусалмон шуда буд.

Вақто ки мусалмон шуд, амакаш Ҳакам ибни Абулъос ӯро бо ресмонҳо баста, азобу шиканҷа медод, то замоне ки аз ин кораш хаста шуду фоидае надид, ва дид, ки Усмон (р) дар динаш устувор аст ӯро тарк кард».

(Савоъиқи муҳриқа 1/313)

Ҳазрати Усмон (р) бо ҳамроҳии ҳамсараш Руқайя (р) духтари паёмбар (с), ду бор ҳиҷрат кардааст.

(Табсира, 1/428)

Ҳиҷрати аввалаш ба сӯи Ҳабаша, ҳиҷрати дуюмаш ба сӯи Мадинаи мунаввара.

Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ мегӯяд: Ҳазрати Усмон (р) аз ҷумлаи мусалмонони аввалине буд, ки бо даъвати ҳазрати Абубакр (р) мусалмон шуда буд.

Ҳазрати Усмон (р) духтари паёмбар (с) Руқайяро (р) пеш аз ин ки паёмбар (с) мабъус шавад, ба зани гирифта буд.

Руқайя (р) дар шабҳои ҷанги Бадр аз дунё гузашта буд, ҳазрати Усмон (р) ба сабаби ин ки паёмбар (с) ӯро амр карда буд, ки духтарашро бемордорӣ кунад ва барои ҳамин дар ҷанги Бадр иштирок карда натавонист, вақте ки ӯ аз адами иштирокаш дар ин ҷанг ба паёмбар (с) шикоят кард, паёмбар (с) ба ӯ гуфт: «Эй Усмон, савоби ҷанги Бадр ба ту мерасад ва инчунин аз ғаниматҳояш низ ҳаққи ту ҷудо шудааст». барои ҳамин ӯ яке аз иштирокчиёни ҷанги Бадр ба ҳисоб меравад.

Баъд аз он ки Руқайя (р) аз дунё гузашт, паёмбар (с) духтари дигараш Умми Кулсум (р), хоҳари Руқайяро ба зании ҳазрати Усмон (р) даровард ва Умми Кулсум (р) соли нуҳуми ҳиҷри аз дунё гузашт.

Уламо мегӯянд: Дар ягон таърих сабт нашудааст, ки касе ду духтари паёмбареро ба занӣ гирифта бошад, магар ҳазрати Усмон (р), барои ҳамин ӯро Усмони Зиннурайн мегуфтанд, яъне соҳиби ду нур.

Ҳазрати Усмон (р) яке аз собиқини аввалин аст ва аз аввалини муҳоҷирин аст, яке аз даҳнафараи башорат-додашудагон ба ҷаннат аст ва яке аз шаш нафарае, ки паёмбар (с) аз дунё гузашту аз онҳо розӣ буд.

Ва яке аз саҳобагоне, ки дар ҷамъи Қуръон иштирок карда буданд, мебошад, чунон ки дар гузашта гуфта будем, ҳазрати Абубакр (р) низ Қуръонро ҷамъ карда буд, лекин фарқ миёни ҷамъи Абубакру Усмон (р) дар ин буд, ки ҳазрати Усмон (р) Қуръонро бо қироати як ҳарфаш аз миёни дигар қироатҳо ҷамъ карда буд.

Инчунин паёмбар (с) ҳазрати Усмонро (р) дар вақти ҷанги Зоту-р-риқоъ ва Ғатафон амири Мадина таъин карда буд.

Ибни Исҳоқ мегӯяд: Аввалин марди мусалмон баъди Абубакру Аливу Зайд (р) ҳазрати Усмон (р) буд ва дар ҷамолу зебои ҳамтое надошт.

Ибни Касир мегӯяд: «Ҳазрати Усмон (р) касе буд, ки аз миёни шаш нафар бо иттифоқи муҳоҷирину ансор халифа таъин шуд ва касе буд, ки паёмбар (с) амр ба пайравӣ ва иқтидо ба ӯ карда буд».

***

Ахлоқи ҳазрати Усмон (р)

Ҳазрати Усмон (р) бисёр марди кариму саховатманде буд, хело боҳаё буд. Барои нарм кардани дилҳои аҳлу ақрабо ва дигар мардум пулу молашро дареғ наме-дошт. Ӯ мехост бо ин сабаб дилҳои онҳоро нарм сохта, барои қабул кардани дини ҳақ омодаашон созад, то ки онҳоро аз азоби абадиии рӯзи қиёмат наҷот диҳад, чигунае ки паёмбар (с) бо мардум ин коро мекард, аз тарси ин ки ба азоби сахти Худованд гирифтор нашаванду имону ихлосу тақворо дар дилҳои онҳо ҷори созад.

Қурайшиҳо ҳазрати Усмонро хеле дӯст медоштанд, ҳатто занҳо, вақте ки мехостанд бо кӯдаконашон изҳори муҳаббат кунанд ба онҳо хитоб карда мегуфтанд:

"أحبك و الرحمن حب قريش لعثمان"

Қасам ба Худо, ки дӯстат медорам,

ҳамонанди дӯстдории Қурайш Усмонро.

***

Ҷангҳое, ки ҳазрати Усмон (р)

иштирок карда буд

Ҳазрати Усмон (р) дар ҷангҳои Уҳуд, Хандақ, Ҳудайбия, Фатҳ, Ҳавозин, Тоиф ва Табук иштирок кардааст, инчунин дар байъати Ризвон паёмбар (с) дасташро болои дигар дасташ гузошта, ин ба ҷои дасти Усмон аст гуфта, байъат кардааст.

Инчунин яке аз ҷавонмардие, ки Усмон (р) карда буд, ин буд ки лашкари Ъусраро бо сесад уштур ва бору банду силоҳу муҳиммот омода сохта буд.

Инчунин дар Ҳаҷҷатулвидоъ ҳамроҳи паёмбар (с) буд, дар ҳоле паёмбар (с) аз дунё гузашт, ки аз Усмон (р) розӣ буд, ҳамчунин Абубакрро (р) низ дӯсти бовафое буд ва Абубакр (р) низ дар ҳоле аз дунё гузашт, ки аз Усмон (р) розӣ буд.

Дар дӯстиву бовафои бо Умар (р) камбудие надошт ва Умар (р) низ дар ҳоле аз дунё гузашт, ки аз Усмон (р) розӣ буд ва ӯро яке аз аҳли шӯро интихоб карда буд.

***

Хилофати

ҳазрати Усмон (р)

Ҳазрати Усмон (р) баъди шаҳодати ҳазрати Умар (р) бо иттифоқи тамоми муҳоҷирину ансор халифа ва амири мӯъминон таъин шуд ва бисёре аз кишварҳову шаҳрҳо дар замони хилофати Усмон (р) фатҳ шуда ба давлати исломӣ даромаданд.

Ҳазрати Усмон (р) хилофати исломиву давлати Муҳам-мадиро хело васеъ сохта буд, рисолати Муҳамадиро аз машриқ то мағриб расонида буд, чунон ки ин суханони Худо бо он воқеаҳо бисёр мувофиқ меомаданд:

ﭽوَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنكُمۡ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَيَسۡتَخۡلِفَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ كَمَا ٱسۡتَخۡلَفَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمۡ دِينَهُمُ ٱلَّذِي ٱرۡتَضَىٰ لَهُمۡ وَلَيُبَدِّلَنَّهُم مِّنۢ بَعۡدِ خَوۡفِهِمۡ أَمۡنٗاۚ يَعۡبُدُونَنِي لَا يُشۡرِكُونَ بِي شَيۡٔٗاۚ وَمَن كَفَرَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ ٥٥ ﭼ [النور: ٥٥]

«Ваъда додааст Худо онҳоеро, ки имон оварданд аз шумо ва амалҳои шоиста карданд, албатта халифа созад, онҳоеро дар рӯи замин чуноне ки халифа сохта буд, онҳоеро ки пеш аз инҳо буданд, албатта муҳкам кунад барои ин мӯъминон динашонро, ки писандида аст барояшон (яъне исломро). Ва албатта бадал кунад барои онҳо баъд аз хавфу тарсашон (дар Макка) эминиву хотирҷамъиро (дар Мадина). Ин мӯъминон ибодат мекунанд манро ва шарик наёранд бо ман чизеро (дар ибодатҳои худ). Ва ҳар ки ношукрӣ кунад баъд аз ин, пас онҳо фосиқонанд (мисле ки қотилони ҳазрати Усмон аз неъматҳои Худо ношукри карданду ӯро куштанд)».

(Сураи Нур, ояти 55)

ﭽهُوَ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ رَسُولَهُۥ بِٱلۡهُدَىٰ وَدِينِ ٱلۡحَقِّ لِيُظۡهِرَهُۥ عَلَى ٱلدِّينِ كُلِّهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡمُشۡرِكُونَ ٩ ﭼ [الصف: ٩]

«Ӯст он Худое, ки паёмбари Худро ҳамроҳ бо ҳидоят ва дини ростин фиристод, то ӯро бар ҳа-маи динҳо ғолиб гардонад, ҳарчанд мушриконро нохуш ояд».

(Сураи Саф, ояти 9)

Ва чунон, ки паёмбар (с) гуфта буд: «Агар Қайсар ҳалок шавад, дигар Қайсаре нест ва агар Кисро ҳалок шавад, дигар Кисрое нест, (яъне мулкашон ба охир мерасад), қасам ба он зоте, ки ҷони ман дар дасти ӯст канзҳоӣ (хазинаҳои) онҳоро дар роҳи Худо садақа хоҳед кард».

(Ривояти Муслим)

Ҳамаи ин воқеъаҳо ва амали шудани ин оятҳо дар замони ҳазрати Усмон (р) рӯй дода буданд.

(Тартиб ва таҳзиб, Ал-бидоя ва-н-ниҳоя, 9 то 13)

***

Усмони хайр (р)

Имом Ҳасани Басрӣ ҳоли мардумро дар замони хилофати ҳазрати Усмон (р) барои мо нақл карда мегӯяд: «Дар замони хилофати Усмон (р), рӯзе набуд, ки мардум миёни худ хайру саховатро тақсим накунанд, ба мардум гуфта мешуд: «Эй мардум, боз фардо биёед хайру хайротро бигиред». Меомаданд онҳоро бо тамоми фаровонӣ дарёфт мекарданд, боз дар ҳамон ҷо эълон мешуд, боз фардо биёед асалу равғану дигару дигар хайротро бигиред, меомаданд онҳоро фаровон дарёфт мекарданд ва ин кор тақрибан ҳар рӯз давом меёфт, инчунин тинҷиву амонӣ чунон замини хилофатро фаро гирифта буд, ки касе аз касе тарсу ҳарос надошт, вақте ки вохӯрии мардумро бо ҳамдигар медидӣ, фикр мекардӣ, ки ҳамаи онҳо фарзандони як падару модаранд.

Яке аз меҳрубониҳои ҳазрати Усмон (р) ба мардум ин буд, ки ба онҳо аҳд карда буд, ки ҳеҷ гоҳ шамшерҳо ба сари мусалмонон аз ғилофҳо берун кашида намешаванд, лекин ҳайҳоту ҳайҳот, ки ин худи мусалмонон буданд, ки сари ҳамдигар шамшеркашӣ карданд ва ҳамдигарро куштанд ва то имрӯз ин кор давом дорад ва агар ҳол чунин бошад, ба Худо қасам, ки шояд то рӯзи қиёмат шамшерҳо ба ғилофҳояшон андохта нашаванд.

(Тартиб ва таҳзиб, Ал-бидоя ва-н-ниҳоя, саҳ. 50)

(Имом Табарони ривояташ кардааст ва Ҳайсамӯ ӯро дар «Муҷаммаъ», ҷ.9/94 ҳасан гуфтааст)

***

Фазилатҳои ҳазрати Усмон (р)

Дар фазлу бузургии ҳазрати Усмон (р) ҳадисҳои саҳе-ҳи зиёде ворид шудааст, ки ба ғайр аз мутакаббири кинаварзе, ки мехоҳад рушноии офтобро бо ғирбол бипӯшонад, дигар касе онҳоро инкор карда наметаво-над ва ҳоло мехоҳам чанд ҳадис дар мавриди фазила-ти ҳазрати Усмон (р) зикр кунам.

Ҳадиси аввал: сеюмини беҳтарини уммат.

Аз ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: дар замони паёмбар (с) мо касеро аз Абубакру Умару Усмон беҳтар намегуфтем, аммо боқимондаи саҳобаҳо-ро ба ҳоли худашон мегузоштем ва онҳоро аз ҳамдигар беҳу боло намегуфтем.

Ҳадиси дуюм: Усмони шаҳид.

Аз Анас (р) ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбар (с) бо ҳамроҳиии Абубакру Умару Усмон, болои кӯҳи Уҳуд баромаданд, ногаҳон кӯҳи Уҳуд ба ларза даромад, Паёмбар (с) гуфт: «Ором бош эй Уҳуд, дар болои ту паёмбару Сиддиқу ду шаҳид аст, (яъне Умару Усмон)».

Ҳадиси сеюм: Усмон аз аҳли ҷаннат аст.

Аз Абумӯсои Ашъарӣ ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбар (с) дохили боғе шуду маро амр кард, ки дарбон шавам, дар ин вақт касе дарро кӯфт. Паёмбар (с) гуфт: «Ӯро иҷозат бидеҳ ва башораташ бидеҳ, ки аз аҳли ҷаннат аст, пас дидам, ки Абубакр будааст, башорати паёмбарро ба ӯ расондам, боз каси дигаре омад паёмбар (с) гуфт: ӯро иҷозат бидеҳ ва башораташ бидеҳ, ки аз аҳли ҷаннат аст, пас дидам ки Умар аст, ба ӯ низ башорати паёмбарро расонидам, сипас чанде нагузашта буд, ки боз дар куфта шуд. Паёмбар (с) каме сукут карду гуфт: «Ӯро иҷозат бидеҳ ва башораташ бидеҳ, ки аз аҳли ҷаннат аст ба омадани балое, ки ба сараш хоҳад омад». Вақто дарро боз кардам, дидам, ки Усмон аст, башорати паёмбарро ба омадани балое, ки ба сараш меояд, ба ӯ расонидам. Усмон дар ҷавоб гуфт: «Худованд дар он рӯз кӯмаккунанда аст».

(Муттафақун алайҳ)

Ҳадиси чаҳорум: аз Усмон (р) малойкаҳо ҳаё мекунанд.

Аз Оиша, модари мӯъминон (р) ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбар (с) дар хонаи ман дар ҳоле такя зада буд, ки пойҳояш то зону ё болотар луч буданд, дар ин ҳол Абубакр (р) иҷозаи вуруд хост. Паёмбар (с) ба ӯ иҷозат дод ва ҳолаташро тағйир надод. Умар (р) иҷозаи вуруд хост, ба ӯ ҳам иҷозат доду ҳолаташро дигар накард, сипас чанде нагузашта Усмон (р) иҷозаи вуруд хост. Паёмбар (с) дар ҷояш рост нишаста, пойҳояшро бор карду сипас ба Усмон иҷозати вуруд дод, вақте ки онҳо баромаданд, ҳазрати Оиша (р) ба паёмбар (с) гуфт: «Эй расули Худо, чаро вақте ки Абубакр даромад, ҳолататро тағйир надодӣ, инчунин вақте ки Умар даромад, ҳолататро тағйир надодӣ, лекин ба муҷарради иҷоза хостани Усмон ба ҷоят нишастию пойҳоятро пушонда сипас ба ӯ иҷозати вуруд додӣ?» Паёмбар (с) гуфт: «Эй Оиша, оё аз марде ҳаё накунам, ки малоикаҳо дар осмон аз ӯ ҳаё мекунанд?».

(Ривояти Муслим)

Инчунин дар ривояти дигар омадааст, ки паёмбар (с) гуфт: «Бораҳмтарини умматам бар умматам Абубакр аст ва сахтгиртарини умматам дар амри Худо бар умматам Умар аст, ва содиқтарини умматам дар ҳаёаш Усмон аст».

(Ривояти Аҳмад ва Тирмизӣ)

Ҳадиси панҷум: Усмони саховатманд.

Аз Абуабдураҳмони Суламӣ (р) ривоят аст, ки вақте, ки ҳазрати Усмон (р) муҳосира шуд, ба мардум нидо карду гуфт: «Ин нидои ман фақат ба асҳоби паёмбар (с) аст, шуморо ба Худо қасам медиҳам, бигӯед: «Оё ба ёд доред, вақте ки паёмбар (с) гуфт, ки ҳар кӣ лашкари Ъусраро омода созад, ҷаннатӣ аст» Сипас ман ин лашкарро омода сохтам?! Оё медонед, ки паёмбар (с) гуфт, ки ҳар кӣ чоҳи Румаро биканад, ҷаннатӣ аст. Сипас ман чоҳро кандам?! Тамоми саҳобаҳое, ки онҷо буданд, гуфтанд: «Бале, рост мегӯӣ!»

(Ривояти Бухорӣ)

Инчунин аз Абдураҳмон ибни Хабоб (р) ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбарро дидам, ки мардумро даъват мекард, ки лашкари Ъусраро омода созанд. Усмон (р) гуфт, ки эй Расули Худо, ман омода кардани сад уштурро бо тамоми муҳимоташ дар роҳи Худо ба ӯҳда мегирам». Сипас Паёмбар (с) боз барои омодасозии лашкар нидо кард, Усмон боз гуфт: «Эй Расули Худо, сесад уштур бо тамоми муҳимоташ дар роҳи Худо ба ӯҳдаи ман». Паёмбар (с) аз минбар поён омаду гуфт: «Аз ин рӯз баъд ба Усмон зараре намерасад, ҳар коре, ки бикунад (яъне, аз ин рӯз баъд Усмон коре намекунад, ки аз ӯ бахшида нашавад)». (Ба дигар маъно, Паёмбар (с) барои ҳазрати Усмон ҷаннатро замонат дод).

(Ривояти Тирмизӣ)

Аз Абдураҳмон ибни Самра (р) низ ривоят аст, ки гуфт: барои омода сохтани лашкари Ъусра Усмон (р) ҳазор динор дар бағали паёмбар (с) оварда рехт. Паёмбар (с) онҳоро ба ҳар сӯ рӯйгардон мекарду мегуфт: «Аз ин рӯз ва минбаъд ба Усмон зараре намерасад», (яъне, агар гуноҳе ҳам кунад, Худо ӯро мебахшаду ба ӯ зарар намерасад).

(Ривояти имом Аҳмад ва имом Тирмизӣ)

Адли ҳазрати Усмон (р)

Аз намунаҳои адли Усмон (р) ин буд, ки амр мекард то тамоми мансабдорону вазифадорони аркони хилофат дар мавсими ҳаҷ дар Макка ҷамъ шаванд ва ба мардуме, ки дар таҳти хилофаташ зиндагӣ мекар-данд, нома менавишт. Дар нома навишта буд, ки ҳар кассе, ки чӣ шикояте аз волиёну амирон дорад, ба ман хабар бидиҳад, ман ҳаққашро меситонам.

(Тартиб ва таҳзиб, Ал-бидоя ва-н-ниҳоя, саҳ. 51)

Инчунин аз намунаҳои адли Усмон (р) ин буд, ки ҳукми Худоро ҷорӣ мекард, агарчи маҳкум аз хешовандонаш ҳам бошад, ҳамченон ки ҳукми нӯшидани арақро дар Валид ибни Уқба (р), ки фарзанди модараш буд, ҷорӣ карда буд.

***

Тарси Усмон (р) аз Худованд

Ҳазрати Усмон (р) вақте назди қабре меистод, чунон гиря мекард, ки аз оби дида ришаш тар мешуд. Аз ӯ пурсиданд: «Эй амири муъминон, вақте ки ҷаннату дӯзахро ба ёдат меоранд, гиря намекунӣ, аммо вақте ки қабрро ба ёдат биёранд, гиря мекунӣ?» Ҳазрати Усмон (р) гуфт: «Қабр аввалин манзилатест, аз манзилатҳои охират. Агар инсон аз азоби он наҷот ёбад, ончи ки пас аз он меояд, осон аст ва агар аз азоби он наҷот наёбад, он чи ки баъд аз ӯ меояд мушкилтар аст». Ва илова намуд, ки аз паёмбар (с) шунидааст: «Манзараеро надидам дар қиёмат, магар ин он чи ки дар қабр аст, аз ӯ гаронтар буд».

(Ривояти Тирмизӣ)

***

Ибодатҳои ҳазрати Усмон (р)

Вақте ки ҳазрати Усмон (р) кушта шуд, ҳамсараш ба қотилон гуфт: «Шумо Усмонро дар ҳоле куштед, ки Қуръонро ҳангоми шаб дар як ракъати намозаш мехонд». Инчунин вақте ки кушта шуд, Қуръон дар оғӯшаш буд.

(Асҳобу-р-расул, 1\170)

Меҳрӯбонии ҳазрати Усмон (р) ба мардум

Ҳазрати Усмон (р) нисбат ба мардум марди бисёр ҳалиму меҳрӯбону дилсӯзе буд. Бисёр боҳаёву хоксор буд. Маҳз ҳалими ва хоксории ӯ буд, ки дар фосиқон бар ҳазрати Усмон (р) ҷуръати ҳамла кардан пайдо шуд.

Ибни Умар (р) ба он фосиқону нохалафоне, ки ҳазрати Усмонро кушта буданд, мегӯяд: «Шумо бар Усмон чизҳоеро айб гирифтед, ки агар Умар ин корҳоро мекард аз Ӯ айб намегирифтед».

Аз ин гуфтаи ибни Умар (р) фаҳмида мешавад, ки фосиқон аз ҳилму меҳрубонии ҳазрати Усмон (р) сӯиистифода карда, ӯро иҳота карданду мазлумона куштанд.

Меҳрубониҳои ҳазрати Усмон (р) ба мардум дар он зоҳир мегардид, ки ҳама вақт аз аҳволашон бохабар буду беморҳояшонро хабар мегирифт. Намегузошт, ки нарху наво боло раваду зиндагӣ ба сари мардум вазнин ояд. Лекин ҳайҳоту ҳайҳот, то замоне, ки инсон неъмат дорад, қадри онро намедонад. Акнун бо чашми сар дида истодаем, ки мусалмонон дар кадом ҳолат зиндаги доранд.

***

Кушта шудани ҳазрати Усмон (р)

Аз Ҳузайфа (р) ривоят аст, ки гуфтааст: «Аввалин фитна, кушта шудани ҳазрати Усмон (р) будааст ва охирин фитна баромадани Даҷҷол аст. Қасам ба он зоте, ки ҷони ман дар дастӣ ӯст, агар касе дар дилаш аз кушта шудани Усмон (р) заррае розӣ гардида бошад, (яъне касе аз кушта шудани ҳазрати Усмон розӣ бошад), агар ин шахс намира-ду бо Даҷҷол вохӯрад, ӯро пайравӣ хоҳад кард».

Аз ибни Асокир аз Ҳасан (р) ривоят аст, ки гуфт: «Усмон вақте кушта шуд, Алӣ дар он ҷо набуд ва вақте кушта шудани Усмонро шунид, гуфт: «Парвардигоро, ман на аз кушта шудани Усмон розӣ ҳастам ва на таманои онро доштам»

Абдураҳмон ибни Маҳдӣ мегӯяд: «Ду хислате Усмон (р) дар ниҳод дошт, ки Абубакру Умар (р) надоштанд: якум, сабри Усмон (р) бар ҷонаш, то ин ки кушта шуд, дуввум, ҷамъ кардани мардум дар як қироати Қуръон.

Аз ибни Умар (р) ривоят аст ки гуфт: «Усмон аз фосиқоне, ки ӯро муҳосира карда буданд, мушфиқона пурсид: «Барои чӣ маро мекушед? Ман аз Паёмбар (с) шунидаам, ки гуфтааст: «Рехтани хуни мусалмон ҳалол намешавад, магар ба се сабаб: аввал марди зандоре, ки зино кунад, ӯ сангсор мешавад; дуввум, касе касеро қасдан бикушад, аз ӯ қасос гирифта мешавад; саввум, касе, ки муртад шавад (яъне баъд аз ин ки мусалмон буд, кофир шавад) кушта хоҳад шуд.

Ман ба Худо қасам мехӯрам, ки на дар замони ҷоҳилӣ ва на дар замони ислом зино накардаам ва касеро низ ноҳақ накуштам. Ва аз рӯзе, ки мусал-мон шудаам, муртад нашудаам. Ман шаҳодат медиҳам, ки Худо якка ва ягона аст ва Муҳаммад расули Ӯст». (Ривояти Аҳмад ва Тирмизӣ)

Усмон (р) саҳобаҳоро аз дахолат кардан

манъ мекунад

Фосиқон ҳазрати Усмонро (р) муҳосира карданд ва аз ӯ обу таъомро манъ карданд, саҳобаҳои паёмбар (с) хостанд, ки онҳоро бо зӯри силоҳ манъ кунанд. Ҳазрати Усмон (р) онҳоро аз ин кор боздошт ва гуфт: «Аз ҳама зиёд итоаткунандаи шумо аз ман, касе аст, ки даст ба силоҳаш назанад».

Инчунин ҳазрати Усмон (р) ба ҷавонони саҳоба мисли ҳазрати Ҳасану Ҳусейну ибни Умару ибни Зубайру (р) дигарҳо гуфт: «Шуморо ба хотири Худо ва ба Ӯ қасаматон медиҳам, ки коре накунед, ки ба хотири ман қатрае хун рехта шавад». Ҳазрати Алӣ (р) низ барои кӯмак ва нусрати ӯ омад. Ҳазрати Усмон (р) ба ӯ гуфт: «Ман эҳтиёҷ ба ҷангу хунрезӣ надорам!!!»

Балки ҳазрати Усмон (р) аз он фосиқон хост, ки бидуни рехтани хуне баргарданду аз ин корашон даст кашанд.

Ин корро низ ҳазрати Усмон (р) ба хотири он кард, ки ба сабаби ӯ хуни мусалмоне ноҳақ нарезад ва фитнае рӯй надиҳад.

Лекин тақдири ҳазрати Усмон (р) ҳамин будааст, бояд аз дунё шаҳид гузарад. Чунки паёмбарро дар хоб дида буд, ки ба ӯ гуфт:

"أفطر عندنا الليلة يا عثمان"

«Эй Усмон ин бегоҳ дар назди мо ифторатро бикун».

(Ривоят бо тасҳеҳи Ҳоким ва Заҳабӣ ӯро мувофиқат кард)

Субҳи ҳамон рӯз дар ҳоле, ки рӯзадор буд, кушта шуд.

***

Лаҳзаҳои охири ҳаёти Усмон (р)

Ҳазрати Усмон (р) дар лаҳзаҳои охир бист ғуломро озод кард ва талаб кард, ки барои ӯ эзоре биёранд, ки бипӯшад, зеро ҳангоме ки ӯро мекушанд, авраташ на-моён нашавад. Чунки бисёр марди боҳаёе буд, ҳатто шарм дошт, ки авраташ баъди вафоташ намоён ша-вад, хушо ба ҳолат, эй Усмон! Сипас Қуръонро дар байни дастонаш гузошту шурӯъ кард ба тиловат кардан ва ба тақдири Худо тан доду дасташро аз куштор бардошт.

Қотилони худро насиҳат кард ва ба онҳо ки будану фазлашро дар ислом фаҳмонд, лекин онҳо аз куштор даст набардоштанд, бар сараш ҳуҷум карданду ӯро куштанд.

Дар ривояти дигар омадааст, ки аввалин қатраи хуни ҳазрати Усмон (р) дар болои ин оят чакида буд:

ﭽفَسَيَكۡفِيكَهُمُ ٱللَّهُۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ١٣٧ ﭼ [البقرة: ١٣٧]

«Пас зуд бошад, ки кифоят кунад Худо бо инти-қоми ту ононро ва Ӯст шунавову доно».

(Сураи Бақара, ояти 137)

Ҳазрати Усмон (р)-ро дар синни ҳаштодсолагӣ ва дар ривояти дигаре дар синни ҳаштоду чаҳорсолагӣ ба шаҳодат расонидаанд.

Чигунае ки васият карда буд, ҳазрати Зубайр ибни Ъаввом (р) ҷанозааш карду ӯро дар гӯристони Бақиъ, дар паҳлӯи масҷиди паёмбар (с) ба хок супориданд.

Худованд аз Усмон розӣ бошад.

Парвардигоро! Мо шаҳодат медиҳем, ки ҳазрати Усмонро ва инчунин ҳамаи халифаҳои рошидин ва тамоми саҳобагонро дӯст медорем, Парвардигоро, аз ҳамаи онҳо розӣ бош!

Салавоту дуруд бар набии мо ва олу асҳобаш.

«Оё намехоҳи ки манзилати ту дар наздӣ ман ҳамонанди манзилати Ҳорун дар назди Мӯсо бошад магар ин ки баъди ман Паёмбаре нест»

Алӣ ибни Абутолиб (р)

Пешгуфтор

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду сано Худованди бузургро ва салавоту салом бар беҳтарини паёмбарон Муҳаммад (с) ва аҳли байту асҳобаш.

Сӯҳбати мо дар бораи чаҳорумин ва охирин халифаҳои рошидин ва яке аз даҳнафараи башорат додашуда ба ҷаннат ва аввалин мусалмон аз хурдсолон ва наздиктарини насаб ба паёмбар (с) аз халифаҳои рошидин буд ва домоди паёмбар (с) шавҳари ҳазрати Фотима, (р) Абулҳасан Алӣ ибни Абутолиб (р) мебошад.

Ҳазрати Алӣ (р) дар миёни саҳобаҳо яке аз уламои машҳуру ботақво ва дар майдони ҷанг яке аз қаҳрамонону далерони майдон ба ҳисоб мерафт.

Ӯ парчамбардори рӯзи хайбар буд ва шамшераш ҳамавақт барои одоб додани душманони ислом ва гирифтани ҳаққи заъифон омода буд.

Дар тарбияти Паёмбар (с)

Ҳазрати Алӣ (р) дар хонаи Паёмбар (с) тарбият ёфта буд, пеш аз биъсати паёмбар (с) дохили хонаи ӯ шуда буд ва то охири умри паёмбар (с) дар тарбияти ӯ буд.

Аз ибни Исҳоқ аз Муҷоҳид ибни Ҷибр ривоят шудааст, ки гуфт: «Яке аз неъматҳои Худованд бар ҳазрати Алӣ (р) ин буд, ки қабилаи Қурайш ба мушкилоти қаҳти дучор шуда буданд ва Абутолиб, падари ҳазрати Алӣ фарзандони зиёде дошт. Паём-бар (с) ба амакаш Аббос (р), ки сарватмантарини бани Ҳошим буд, пешниҳод кард, ки дасти кумак ба Абутолиб дароз кунанду ҳар бародараш як фарзанди ӯро ба кафолати худ дарорад. Аббос (р) ин пешниҳо-ди паёмбарро пазируфту ба назди Абутолиб рафтанд ва ба ӯ ин пешниҳодро (кӯмакро) иброз доштанд. Абутолиб ин пешниҳодро қабул карду ба онҳо гуфт: «Барои ман аз фарзандонам Ақилро бигузореду сипас ҳар чиро ки маслиҳат медонед, бикунед».

Паёмбар (с) аз фарзандони Абутолиб ҳазрати Алиро ба кафолату тарбияти худ дароварду ҳазрати Аббос (р) Ҷаъфарро, вақте ки паёмбар (с) аз ҷониби Худо-ванд ба Паёмбарӣ ихтиёр шуд, ҳазрати Алӣ (р) аз хурдсолон аввалин шуда исломро қабул кард.

***

Ислом овардани ҳазрати Алӣ (р)

Ҳазрати Алӣ (р) мегӯяд: «Паёмбар (с) рӯзи душанбе ба паёмбарӣ фиристода шуд ва ман рӯзи чаҳоршанбе имон овардам».

Ӯ аввалин мусалмон аз хурдсолон буд, вақте ки имон овард, ҳаштсола буд.

Ба сабаби хурдсолияш ва тарбият диданаш дар хонаи Паёмбар (с) беҳтарин ва олитарин ахлоқро аз худ карда буд, дар тӯли умраш, ба буте саҷда накарда буд ва арақ нанӯшида буд, ҳатто роҳи майхонаро ҳам намедонист.

***

Ҷонфидоии ҳазрати Алӣ (р) ба хотири паёмбар (с)

Паёмбар (с) мехост, ки ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кунад ва мушрикони Макка бошанд, ҳама иттифоқ карда буданд, ки дар вақти хобаш ҳама бо як зарба бо шамшерҳояшон бояд паёмбарро бикушанд.

Мушрикони Макка бо шамшерҳои аз ғилоф берун, пушти дарвоза интизори дохил шудану куштани паёмбарро доштанд.

Аммо ҳазрати Алӣ (р) бошад, ҷонашро фидои паём-бар (с) карда, дар бистари паёмбар (с) хобид, то ки ҳар нохушие меояд, бигузор бар сари ӯ биёяду паёмбар (с) солим аз миёни онҳо баромада, ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кунад.

Чи хушо ба ҳоли касе, ки ҷонашро фидои беҳтарини халқ дар назди Худо кунад.

***

Адои амонат

Вақте ки паёмбар (с) ба сӯи Мадина ҳиҷрат кард, ҳазрати Алиро амр кард, ки муддате дар Макка бимонаду амонатҳои мардум, ки назди паёмбар (с) буданд, ба соҳибонаш баргардонад ва сипас ба Мадина биёяд. Агарчи ин кор хеле хатари бузург дошт, ҳазрати Алӣ (р) беягон мамонеъату тардид иҷро кард.

***

Ҷангҳое, ки ҳазрати Алӣ иштирок карда буд

Ҳазрати Алӣ (р) дар ҷанги Бадр иштирок карда буд ва яке аз қаҳрамонони он ҷанг шинохта мешуд.

Дар ҷанги Уҳуд дар тарафи рости лашкар буд, баъди Мусъаб ибни Умайр байрақи ислом дар дасти ӯ буд.

Дар ҷанги Хандақ ҳам иштирок карда буд ва дар он ҷанг яке аз паҳлавонон ва қаҳрамонони мушрикон Амр ибни Вудди Омириро ба қатл расонида буд.

Дар Ҳудайбия ва байъати Ризвон низ иштирок карда буд.

Яке аз қаҳрамонони ҷанги Ҳайбар буд. Дар ин ҷанг қаҳрамониҳои зиёде нишон дод, то ки Худованд бо дасти ӯ мусулмононро дар ин ҷанг пирӯз гардонд.

Дар Умратулқазо (умраи қазо шуда) иштирок карда буд. Паёмбар (с) дар он ҷо ба ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Ту аз ман ҳастӣ ва ман аз ту ҳастам».

(Ривояти Бухорӣ)

Инчунин дар фатҳи Ҳунайну Тоиф низ иштирок карда, дар он ҷойҳо қаҳрамониҳои зиёде нишон дода буд.

Паёмбар (с) ӯро бо ҳамроҳии Холид ибни Валид (р) ба сӯи Яман ҳамчун амир ва ҳоким равон карда буд, сипас вақти ҳаҷҷатулвадоъ, нияти ҳаҷ карда ба Макка омад ва ҳамроҳи паёмбар (с) якҷоя ҳаҷ карданду қурбонӣ карданд.

***

Оё паёмбар (с) васият карда буд, ки ҳазрати Алӣ (р) баъд аз ӯ халифа шавад?

Чун паёмбар (с) мариз шуд, ҳазрати Аббос (р) ба ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Бирав аз паёмбар (с) бипурс, халифаи ӯ кист?» Ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Валлоҳи намепурсам, чунки агар халифагиро барои мо манъ кунад, пас мардум дигар онро барои мо намедиҳанд».

Ҳадисҳои саҳеҳу сареҳу возеҳ зиёд аст, ки паёмбар (с) касеро бо таври ошкор халифа ё васият накарда буд, ки баъд аз сараш халифа шавад, балки ишораи хафи (ғайри сариҳ ё ошкор) ва мафҳуме ба сӯи Абубакр (р) карда буд, он ҳам ин буд, ки ӯро дар зиндагияш дар намоз пеш даровард, то ки мардум бифаҳманд, ки ҷонишини ӯ чуноне ки дар умури дини Абубакр (р) аст, ҳамин хел дар умури дуняви низ бояд Абубакр (р) бошад.

Аммо он ривоятҳое, ки ҷоҳилону дурӯғгӯён бофандагон мекунанд, ки гӯё паёмбар (с) васият карда бошад, ки ҳазрати Алӣ (р) бояд баъд аз ӯ халифа шавад, инҳо ҳама ифтироҳову дурӯғҳои бофташуда мебошанд. Чунки агар ҳамаи ин ривоятҳо рост бошанд, пас гӯё саҳобаҳои паёмбар (с) хиёнат карда ва васияти паёмбарро ба ҷо наоварда бошанду дигар касро ба ҷои ҳазрати Алӣ (р) халифа интихоб карда бошанд. Ҳамаи ин хиёнатҳо ҳам ба фоидаи кӣ? Ба фоидаи ҳеҷ кас ва ин ҳеҷ маъное надорад!

Ҳар як муъмине, ки ба Худову Расулаш имон дораду дар ҳақ будани дини ислом шак надорад, бе ягон шаку шубҳа мефаҳмад, ки ҳамаи ин ривоятҳо бардурӯғ ҳастанд ва саҳобаҳои паёмбар (с) беҳтарини халқ баъд аз паёмбарон мебошанд ва асри сипаркар-даи онҳо беҳтарини асри ин уммат аст.

Мувофиқи гуфтаҳои Қуръону паёмбару иҷмоъи сала-фу халаф тамоми саҳобаҳои паёмбар (с) дар расони-дани дин ба мардумони баъдияшон ягон кӯтоҳӣ ё хиёнате накардаанд. («Ал-бидоя ва-н-ниҳоя», 7\236)

Инчунин ҳар касе ки даъво мекунад, ки паёмбар (с) васият карда буд, ки Алӣ (р) баъд аз ӯ халифа шаваду боз ҳазрати Алӣ (р) халифагиро талаб накард, балки ба халифаҳои пеш аз худаш ҳамчун вазир шуду боз онҳоро зан доду аз онҳо зан гирифт. Ин як таъна ва як иттиҳоми бузурге дар шаъни ҳазрати Алӣ (р) аст, чунки ин кор маънои онро дорад, ки гӯё ҳазрати Алӣ (р) ҳақро медонисту лекин сукут кард.

Аммо мо аҳли суннат бошем, ҳаргиз чунин таънаро дар шаъни ҳазрати Алӣ (р) ҷоиз намедонем, балки ҳазрати Алӣ (р) дар назди мо ҳамчун як қаҳрамону далере буд, ки ба хотири баёни ҳақиқат аз касе тарсу ҳаросе надошт ва ба хотири изҳори ҳақ хотири касеро ҳам намедид.

***

Назари ҳазрати Алӣ (р) аз халифаҳои пеш аз худаш

Вақте ки паёмбар (с) аз дунё гузашт, ҳазрати Алӣ (р) аз ҷумлаи касоне буд, ки паёмбарро шустушӯй кардаанду кафан карда, ба хок супориданд... Вақте, ки ҳазрати Абубакрро рӯзи Сақифа ба халифагӣ байъат карданд, ҳазрати Алӣ (р) ӯро мисли дигарон байъат кард, ва тоати ӯро воҷиб донист.

Вақте ки Абубакр (р) аз дунё гузашт ва ҳазрати Умарро ба халифагии баъд аз худаш таъин кард, дар ин ҷо низ ҳазрати Алӣ (р) бе ягон мамониат ба ҳазрати Умар (р) даст доду байъат кард, ва ҳазрати Алӣ (р) аз ҷумлаи касоне буд, ки ҳазрати Умар (р) доимо аз ӯ машварат мегирифт.

Ва дар ривояти дигар омадааст, ки ҳазрати Алӣ (р) дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) қозӣ буд ва дар сафараш ба сӯи Шом ӯро ҳазрати Алӣ (р) ҳамроҳӣ карда буд ва шоҳиди хутбаи ҳазрати Умар (р) дар Ҷобия буд.

Инчунин, баъд аз он ки ҳазрати Умар (р) аз ҷониби Абулӯълӯъи маҷусӣ захмдори шадид гашт, ҳазрати Алиро аз ҷумлаи шаш нафаре, ки бояд яке аз онҳо халифа мешуданд, таъин карда буд. Сипас аз ин шаш нафар ҳазрати Усмон (р) халифа таъин шуд, ҳазрати Алӣ (р) бо ҷону дил ба ӯ дасти байъат доду тоати ӯро воҷиб донист.

Вақте ки ҳазрати Усмон (р) шаҳид шуд, мардум ҳама ба ҳазрати Алӣ (р) рӯй оварданду хостанд, ки ба ӯ байъат кунанд, лекин ҳазрати Алӣ (р) розӣ нашуд, вақте ки мардум исрор варзиданд, ҳазрати Алӣ (р) аз онҳо пинҳон шуду дар боғи Амр ибни Мабдул даромада, дарро аз дохил баст. Мардум бошанд ӯро таъқиб карда, омада дари ӯро зада, аз ӯ талаб карданд, ки берун ояд ва халифаи мусалмонон шавад. Ҳазрати Алӣ (р) қабул накард, то ки Талҳаву Зубайр-ро ҳамроҳи худ оварданд ва ба ҳазрати Алӣ (р) боисрор гуфтанд, ки ин ҳеҷ гоҳ мумкин нест, ки мардум бидуни халифа зиндагӣ кунанд, хулоса баъди исрорварзиҳо ҳазрати Алӣ (р) даст дод ва ӯро ба халифагӣ байъат карданд.

***

Фазилатҳои ҳазрати Алӣ (р)

Ҳазрати Алӣ (р) соҳиби фазилатҳо ва маноқиби зиёде аст, ҳатто ки имом Аҳмад ибни Ҳанбал мегӯяд: «Он чи ки дар фазилати ҳазрати Алӣ (р) омадааст, дар ғайри ӯ наомадааст ва ин ҳам далолат бар муҳаббати аҳли суннат ва ҷамоат ба ҳазрати Алӣ (р) ва аҳли байти паёмбар (с) мекунад, чунки ҳамаи ин ҳадисҳо ва ривоятҳоро аҳли суннат ва ҷамоат ривоят карданд ва то имрӯз беягон каму зиёду нуқсон онҳоро ҳифз карда ва чизе аз онро пинҳон накарда, ба дигарон расониданд.

Имоми Аъзам, имом Абуҳанифа раҳматуллоҳи алайҳ дар "Фиқҳи акбар" чунин мегӯяд:

Афзалтарини инсонҳо баъди паёмбарон Абубакри Сиддиқ мебошад, сипас Умари Форуқ ва сипас Усмон ибни Аффон ва сипас Алии Муртазо.

Тартиби фазилати онҳо айнан чи гунае ки тартибашон дар хилофат аст, ҳамон хел мебошад. Аввал Абубакр, сипас Умар, сипас Усмон, сипас Алӣ.

Яке аз уламои бузурги ислом Абулаббос мефармояд:

"من طعن في خلافة أحد من هؤلاء, فهو أضل من حمار أهله"

«Касе ба хилофати якеи онҳо таъна занад, пас ӯ гумроҳтар аз хари хонааш аст».

Ба хилофати онҳо таъна задан мисли ин аст ки, агар бигӯянд ки Абубакр ба халифагӣ сазовор нест ё ин ки бояд фалонӣ ба ҷои Ӯ халифа мешуд ва ба монанди ин суханҳо таъна ба хилофати онҳо аст.

Худованд аз ҳамаи онҳо розӣ шавад.

***

Баъзе ҳадисҳое, ки дар фазли ҳазрати Алӣ (р) омадаанд

Ҳадиси аввал: «Алӣ аз аҳли ҷаннат аст».

Паёмбар (с) фармуд: «Абубакр ҷаннати аст, Умар ҷаннати аст, Усмон ҷаннати аст, Алӣ ҷаннати аст…»

(Ривояти имом Аҳмад ва Тирмизӣ, ҳадиси саҳеҳ)

Ҳадиси дувум:

Аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят аст, ки гуфт: «Қасам ба он Худое, ки донаро рӯёнд ва руҳро офарид. Паёмбар (с) ба ман ъаҳд кард, ки дӯст намедорад маро, магар мӯъмин ва бад намебинад маро магар мунофиқ».

(Ривояти Муслим)

Ҳадиси сеюм: Манзалати Алӣ (р)

Аз Саъд ибни Абуваққос (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) ҳазрати Алиро дар Мадина волӣ монду бо саҳобаҳо, ба ҷанги Табук рафт, ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Эй Расули Худо, оё манро ҳамроҳи занҳову кӯдакон мегузорӣ?» Паёмбар (с) гуфт: «Оё намехоҳӣ, ки манзилати ту дар назди ман ҳамонанди манзилати Ҳорун дар назди Мӯсо бошад? Магар ин ки баъди ман паёмбаре нест».

(Муттафақун алайҳ)

Ҳадиси чаҳорум:

Аз Саъд ибни Абуваққос (р) ривоят аст, ки гуфт: вақте ки ин оят нозил шуд:

ﭽفَقُلۡ تَعَالَوۡاْ نَدۡعُ أَبۡنَآءَنَا وَأَبۡنَآءَكُمۡ وَنِسَآءَنَا وَنِسَآءَكُمۡ وَأَنفُسَنَا وَأَنفُسَكُمۡ ٦١ﭼ [آل عمران: ٦١]

«Пас бигӯ биёед то бихонем фарзандони худро ва фарзандони шуморо ва занони худро ва занони шуморо ва шахсиятҳои худро ва шуморо…»

(Сураи Оли Умрон, ояти 61)

Паёмбар (с) ҳазрати Алӣ ва Фотимаву Ҳасану Ҳусейн-ро ба наздаш хонду гуфт: «Парвардигоро, инҳо ҳастанд аҳли ман».

(Ривояти Муслим)

Ҳадиси панҷум:

Аз Саҳл ибни Саъд (р) ривоят аст, ки рӯзи Хайбар, паёмбар (с) гуфт: «Фардо байрақро ба касе меди-ҳам, ки Худованд бо дастӣ ӯ пирӯзи меорад ва ӯ Худову расулашро дӯст медорад ва Худову расу-лаш ӯро дӯст медоранд». Мардум тамоми он шаб дар ин бора гуфтугӯ мекарданду бесаброна интизор буданд, ки он шахс ки бошад. Вақте ки субҳ дамид, ҳама ба назди паёмбар (с) рафтанд ва ҳар яки аз онҳо хоҳиш мекарданд, ки байрақро ба онҳо бидиҳад. Па-ёмбар (с) гуфт: «Алӣ дар куҷост?» Гуфтанд: «Чашмонаш дард мекунанд». Гуфт: «Ӯро ба назди ман бихонед». Вақте ки ба назди паёмбар (с) омад, паёмбар (с) аз оби даҳонаш ба чашмони ӯ молид ва дуо кард. Чашмонаш чунон ӯ шифо ёфтанд, ки гӯё маризиеро надида буданд. Сипас байрақро ба дасти ӯ дод ва Худованд ба дасти ҳазрати Алӣ (р) мусулмононро пирӯз гардонд».

(Муттафақун алайҳ)

Ҳадиси шашум:

Аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят аст, ки гуфт: «Вақте ки паёмбар (с) маро ба сӯи Яман ҳамчун амир равон кард, ба ӯ гуфтам: «Эй Расули Худо, шумо маро ба сӯи қавме равон мекунед, ки онҳо аз ман калонсоланд. Ман чӣ гуна миёни онҳо ҳукм кунам?» Паёмбар (с) гуфт: «Бирав эй Алӣ, Худованд ҳақро дар забонат устувор мегардонад ва дилатро ҳидоят мекунад».

(Ривояти имом Аҳмад ва Насои дар «Хасоис»)

Ҳадиси ҳаштум:

Аз Бароъ ибни Ъозиб (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) ба Алӣ (р) гуфт: «Ту аз ман ҳастӣ ва ман аз ту ҳастам».

(Ривояти Бухорӣ)

Аз Ҳабаш ибни Ҷанода (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Алӣ аз ман аст ва ман аз Алӣ ҳастам, касе кореро накунад ба ҷои ман, магар ман ё Алӣ».

(Ривояти имом Аҳмад ва Тирмизӣ)

***

Мадҳу санои саҳоба ва уламо бар ҳазрати Алӣ (р)

Ҳазрати Умар (р) гуфт: «Алӣ дар қазоват аз беҳта-рини мост».

Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Агар муътамаде барои мо фатвои Алиро нақл кунад, мо ҳаргиз ӯро намегу-зорему дунболи дигар фатвоҳо гардем».

Ибни Саъд аз Саъид ибни Мусаяб ривоят мекунад, ки гуфт: «Касе аз саҳобаҳо намегуфт аз ман бипурсед, магар Алӣ (р)».

Ибни Масъуд (р) мегӯяд: «Олимтарин шахс дар фароиз ва қозитарини мардуми Мадина Алӣ (р) буд».

Аз ҳазрати Оиша, модари мӯъминон (р) ривоят аст, ки гуфт: «Касе олимтар ба суннати паёмбар (с) мисли Алӣ боқӣ намондааст».

Масруқ мегӯяд: «Умару Аливу ибни Масъуд (р) илми тамоми саҳобаро доранд».

Ҳазрати Умар (р) мегӯяд: «Барои Алӣ се хислате дода шудааст, ки агар яке аз онҳо барои ман дода мешуд, бароям маҳбубтар аз шутури сурх (ҳумри наъам) буд. Аз ӯ пурсиданд, кадомҳо ҳастанд он хислатҳо? Гуфт: «Паёмбар (с) ба ӯ духтарашро дод ва ӯро дар масҷид иҷозаи сукунат дод ва байрақро рӯзи Ҳайбар ба ӯ дод».

Ҳазрати Алӣ (р) мегӯяд: «Ба Худо қасам, ояте нозил нашудааст, ки ман надонам, барои чӣ нозил шудааст ва дар куҷо нозил шудааст ва барои ки нозил шудааст. Худованд барои ман дили дорои ақли расо ва забони буррое арзонӣ доштааст».

***

Зоҳидӣ ва хоксории ҳазрати Алӣ (р)

Ҳазрати Алӣ (р) байтулмолро мерӯфту дар он ҷо намоз мехонд, ба умеде, ки рӯзи қиёмат шоҳиди би-диҳад, ки молеро аз мусулмонон пинҳон накардааст.

Вақте ки ҳазрати Алӣ (р) зимоми хилофатро ба даст гирифт, зоҳидиву хоксорияшро тамоман аз даст на-дода, қабул накард, ки дар қасри хилофат бишинад, балки ӯро пушти сар карда мерафту мегуфт: «Ман дар ин қасрӣ Хибол сукунат намекунам».

Ҷурмуз мегӯяд: «Алиро дидам, ки ду либоси қатарӣ ба тан дошт. Яке куртаи хашину шох ва эзори аз зону каме поёнтар ва ридои сараш низ шол бофтаву кӯтоҳе буд ва дар даст тозиёнае дошт. Дар бозорҳо мегашту мардумро ба тарси Худо амр мекарду онҳоро насиҳат мекард, ки муомилаи хуб кунанду ҳамдигарро дар хариду фурӯш фиреб надиҳанд».

(Табсира, 1/444)

***

Адолати ҳазрати Алӣ (р)

Ҳазрати Алӣ (р) дар Сифин сипарашро гум кард. Баъд аз чанд муддате ӯро дар дасти яҳудие пайдо кард. Ҳазрати Алӣ (р) сипарашро аз ӯ талаб кард, яҳуди бошад, даъво кард, ки сипар аз ӯст. Ҳазрати Алӣ (р) яҳудиро ба назди қозӣ Шурайҳ бурд, қозӣ Шурайҳ аз ҳазрати Алӣ (р) талаб кард, ки шоҳид биёрад, ки сипар аз ӯст. Ӯ барои шоҳидӣ ғуломашро бо ҳамроҳии фарзандаш ҳазрати Ҳасан (р) овард. Қозӣ Шурайҳ гуфт: «Шоҳидии фарзанд дар ҳаққи падар ҷоиз нест, барои ҳамин ҳукми ман ин аст, ки сипар аз они яҳуди аст». Яҳуди вақте ин ҳукми одилонаро мушоҳида кард, дар ҳайрат монду гуфт: «Амирулмӯъминин манро ба назди қозияш бурд, аммо қозияш ба фоидаи ман ҳукм кард! Шаҳодат медиҳам ки Худо якка ва ягона аст ва Муҳаммад паёмбари ӯст».

Сипас ба ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Эй амирулмӯъми-нин, ин сипар сипари шумост, ҳазрати Алӣ (р) сипарашро ба ӯ бахшид».

***

Васфи Зирор ибни Замра ҳазрати Алӣро

Ҳазрати Муъовия (р) аз Зирор ибни Замра талаб кард, ки ҳазрати Алӣро дар наздаш васф кунад. Зирор гуфт: «Маро бубахшед, эй Муъовия». Ҳазрати Муъовия гуфт: «Туро ба Худо қасам медиҳам, Алиро барои ман васф кун». Зирор гуфт: «Ба Худо қасам, ки Алӣ бисёр марди дурандешу қавие буд, одилона ҳукм мекард, чашмаи илм буд, суханони бо ҳикмат мегуфт, аз дунёву кайфу сафояш ҳамеша дар гурез буд, ҳамеша шабзиндадор буд, ба Худо қасам, ки ҳамеша аз тарси Худо оби дидааш мерехт, либоси дӯстдоштааш либосҳои хашину кӯтоҳ буд ва таъоми дӯстдоштааш таъоми хушку хашин буд.

Дар миёни мо мисли мо буд, худро аз ҳеҷ кас боло намедонист. Вақте ки аз ӯ суол мекардем ҷавобамон медод, вақте ки ӯро даъват мекардем, даъвати моро мепазируфт ва ба Худо қасам, ки бо вуҷуди ин ки ӯ яке аз мо буд, аз ҳайбаташ метарсидем, ки бо ӯ сухан гӯем.

Ва ман шаҳодат медиҳам, ки ман ӯро гоҳо медидам, ки дар нимашабҳои торику беситора, аз ришаш мегирифту, чунон гиряву нолиш мекард, ки фикр мекардӣ, ки аз дарди неши хазандае гиря мекунад ва мегуфт: «Эй дунё, маро бигузор, бирав дигар касро мағрури худ кун, эй дунё, оё ту худатро барои ман зиннат медиҳӣ? Мехоҳӣ манро мағрур кунӣ? Ҳайҳоту ҳайҳот, ки ман туро се талоқи бебозгашт кардам, умри ту кӯтоҳ аст ва хатарат бузург аст, оҳ, оҳ, ки сафар дароз асту роҳ пурхатар аст ва тӯшаи роҳ кам аст».

Ҳазрати Муъовия (р) вақте ки ин васфҳоро аз Зирор шунид, гиря карду гуфт: «Худованд раҳмат кунад Абулҳасанро, ба Худо қасам, ки чунин буд.

(Савоъиқи муҳриқа, 2/ 375, 384)

***

Шаҳид шудани ҳазрати Алӣ (р)

Чун ихтилоф миёни ҳазрати Муъовия (р) ва ҳазрати Алӣ (р) бисёр тӯл кашид, се нафар аз хавориҷ иттифоқ карданд, ки бояд ҳазрати Алӣ ва Муъовияву Амр ибни Ъосро бикушанд.

Масъули куштани ҳазрати Алӣ (р) Абдураҳмон ибни Мулҷам бо ёрии Шабиб ибни Ъаҷра буданд.

Дар шаби ҷумъаи ҳабдаҳуми моҳи рамазони соли чиҳилуми ҳиҷрӣ ҳазрати Алӣ (р) аз хобаш бедор шуд, дар ин вақт азонгу омаду гуфт: «Вақти намоз шудааст, эй амирулмӯъминин, ҳазрати Алӣ (р) аз хона баромаду нидо кард: «Эй мардум, вақти намоз шуд, эй мардум, вақти намоз шуд». Дар ин ҳангом, ин ду хабиси лаънати, ки пинҳон шуда буданд, Шабиб ӯро ба сӯи худаш кашиду бо шамшераш зарбае зад, лекин шамшераш ба дари хона хӯрд. Шабиб вақте дид, ки ба мақсадаш нарасид, гурехта ба хонае дохил шуд, лекин марде аз бани Умайя (аз қабилаи ҳазрати Муъовия) (р) ӯро дастгир карду кушт, сипас Абдураҳмон ибни Мулҷам бо шамше-раш зарба зад. Шамшери ӯ ба чеҳраи ҳазрати Алӣ (р) хурда, устухони сарашро шикаста, ба димоғаш (мағзи сараш) расид. Абдураҳмон ибни Мулҷам роҳи гурез-ро пеш гирифт, лекин мардум ӯро аз ҳар тараф муҳосира карда, дастгир карданд ва ӯро ба назди ҳазрати Алӣ (р) оварданд. Ҳазрати Алӣ (р) ба ӯ нигоҳ карду гуфт: «Агар ман аз дунё гузаштам, хун дар муқобили хун аст, ӯро бикушед, аммо агар зинда мондам, ба ӯ даст назанед, ман медонам бо ӯ чӣ кор кунам».

Ҳазрати Алӣ (р) то шаби якшанбе зинда монд, сипас аз дунё гузашт, Худованд раҳматаш кунаду аз ӯ розӣ бошад.

Ҳазрати Ҳасан (р) бошад, бо амри падараш ҳазрати Алӣ (р) ибни Мулҷами хабисро бо шамшер гардан зад.

Худованд аз Алӣ (р) розӣ бошад

Парвардигоро, мо шаҳодат медиҳем, ки ҳазрати Алиро ва инчунин ҳамаи халифаҳои рошидин ва тамоми саҳобагонро дӯст медорем.

Парвардигоро, аз ҳамаи онҳо розӣ бош.

Хонандагони азиз! Ин буд баъзе аз фазилатҳои чаҳор ёрони Паёмбар (с) пас ёрони паёмбарро бидонед ва ҳурмати онҳоро баҷо оред.

Салавоту дуруд бар набии мо ва олу асҳобаш.

Дар матбааи ҶММ "Паёми ошно"

Ба табъ расидааст.

Теъдоди нашр 500 нусха.

Суроға Борбад 54 А

معلومات المادة باللغة العربية