Ҳукми намози ҷамоъат
حكم صلاة الجماعة
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Муҳаммад ибни Солеҳ Усаймин
محمد بن صالح العثيمين
Тарҷума: Абдураҳмони Абдусаттор
ترجمة: عبد الرحمن عبد الستار
Ҳукми намози ҷамоъат
Савол: Ҳукми намози ҷамоъат чист ?
Ҷавоб: Намози ҷамоъат бо иттифоқи уламои ислом яке аз бузургтарин ибодатҳо ва тоъатҳо мебошад, ки барои он Аллоҳ таъоло дар китоби покаш борҳо ёд карда аст. Ва Худованд ҳатто дар ҳолати хавф ҳам барои барпо доштани ҷамоъат амр карда аст.
﴿وَإِذَا كُنتَ فِيهِمۡ فَأَقَمۡتَ لَهُمُ ٱلصَّلَوٰةَ فَلۡتَقُمۡ طَآئِفَةٞ مِّنۡهُم مَّعَكَ وَلۡيَأۡخُذُوٓاْ أَسۡلِحَتَهُمۡۖ فَإِذَا سَجَدُواْ فَلۡيَكُونُواْ مِن وَرَآئِكُمۡ وَلۡتَأۡتِ طَآئِفَةٌ أُخۡرَىٰ لَمۡ يُصَلُّواْ فَلۡيُصَلُّواْ مَعَكَ وَلۡيَأۡخُذُواْ حِذۡرَهُمۡ وَأَسۡلِحَتَهُمۡۗ وَدَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوۡ تَغۡفُلُونَ عَنۡ أَسۡلِحَتِكُمۡ وَأَمۡتِعَتِكُمۡ فَيَمِيلُونَ عَلَيۡكُم مَّيۡلَةٗ وَٰحِدَةٗۚ وَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ إِن كَانَ بِكُمۡ أَذٗى مِّن مَّطَرٍ أَوۡ كُنتُم مَّرۡضَىٰٓ أَن تَضَعُوٓاْ أَسۡلِحَتَكُمۡۖ وَخُذُواْ حِذۡرَكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ أَعَدَّ لِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٗا مُّهِينٗا ١٠٢﴾ [النساء : ١٠٢]
“Ва чун ту ҳамроҳашон бошӣ ва барояшон иқомаи намоз кунӣ, бояд, ки гурӯҳе аз онҳо бо ту ба намоз биистанд ва силоҳҳои хешро бо худ дошта бошанд. Ва чун саҷда баҷой оваранд, дар баробари душман шаванд ва бояд, ки биёянд гурӯҳи дигаре, ки ҳануз намоз нагузоридаанд ва бо ту намоз бихонанд ва ҳушёриашон муроъот ва аслиҳаашонро бо худ дошта бошанд, зеро кофирон дӯст доранд, ки шумо аз силоҳҳо ва матоъи худ ғофил шавед, то якбора бар шумо битозанд. Ва гуноҳе муртакиб нашудаед, ҳар гоҳ аз борон дар ранҷ будед ё бемор будед, силоҳҳои худ бигзоред, вале ҳушёрона мувозиби душман бошед. Албатта, Худо барои кофирон азобе хоркунанда омода сохтааст!".
Сураи Нисо, ояти 102
Ва дар суннати Паёмбари Худо (Салому дуруди Худо бар ӯ бод) ҳадисҳои зиёде омада аст, ки далолат бар воҷиб будани намози ҷамоъат мекунад. Аз он ҷумла Паёмбари Худо (Салому дуруди Худо бар ӯ бод) мефармояд:
يقول – صلى الله عليه وسلم - : "لقد هممت أن آمر بالصلاة فتقام, ثم آمر رجلا فيصلي بالناس, ثم أنطلق برجال معهم حزم من حطب إلى قوم لا يشهدون الصلاة, فأحرق عليهم بيوتهم بالنار" أخرجه البخاري في كتاب الأذان.
Паёмбари Худо (Салому дуруди Худо бар ӯ бод) мегӯяд: “Хостам амр кунам барои хондани намоз то инки ҷамоъат қоим шавад, ва сипас мардеро амр кунам то инки намозро дар ҷамоъат барояшон бихонад, сипас бо гуруҳе аз мардҳо, ки ҳамроҳашон дарзаҳои ҳезум дошта бошанд, биравам ба назди касоне, ки намозро намехонанд ва хонаҳояшонро оташ бизанам".
Ривояти Бухорӣ, китоби Азон
Дар ҳадиси дигаре мефармояд:
يقول – صلى الله عليه وسلم - : "من سمع النداء فلم يجب فلا صلاة له إلا من عذر" أخرجه ابن ماجه في المساجد.
“Касе, ки овози азонро шунид ва онро иҷобат накард пас намозаш қабул нест, магар узре дошта бошад".
Ривояти ибни Моҷаҳ, китоби Масоҷид
Инчунин дар ҳадиси дигаре омада аст, ки яке аз асҳоби киром нобино буд ва аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Худо бар ӯ бод) талаб кард, ки ӯро аз хондани намози ҷамоъат рухсат диҳад, то инки намозҳоро танҳо дар хонааш бихонад. Паёмбари Худо барояш гуфт: Оё овози азонро мешунави? Гуфт: Бале. Сипас барояш гуфт: Пас азонро иҷобат кун. Яъне намозро дар масҷид бо ҷамоъат бихон.
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р.з) мегӯяд: Касе аз асҳоби Паёмбари Худо аз намози ҷамоъат қафонишини намекард, магар мунофиқе, ки нифоқаш ошкор аст ва ё ин ки инсони маризе, ки узр дошт. Назари дуруст тақозои воҷиб буданаш мекунад.
Уммати ислом як уммати бо ҳам часпида аст, ва ин якҷоягияш баҷо оварда намешавад, магар бо якҷо будани пайравонаш дар ибодат, ва бузургтарин ва беҳтарини ибодатҳо намоз аст. Пас барои пайравони уммати ислом воҷиб аст, ки дар адои ин ибодати бузург бо ҳам якҷо шаванд. Уламои аҳли ислом баъд аз он, ки дар бузургтарин ва беҳтарини ибодатҳо буданаш бо ҳам иттифоқ карданд, дар он ихтилоф намуданд, ки оё ҷамоъат шарти дуруст будани намоз аст ё не? Ва оё намоз агар бе ҷамоъат гузошта шавад бо гуноҳ дуруст мегардад ва ё не? (Яъне намоз дуруст аст, вале соҳибаш барои бо ҷамоъат нахонданаш гунаҳгор мешавад) Дар ин масъала бо ҳам ихтилоф карданд. Ва дурусташ он аст, ки бо ҷамоъат хондани намоз воҷиб аст, вале шарти дуруст будани намоз нест. Аммо касе таркаш кунад гунаҳгор мешавад, магар дар ҳолате, ки узри шаръи дошта бошад, ва далили шарт набуданаш дар сиҳҳати намоз он аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Худо бар ӯ бод) намози ҷамоъатро аз намози танҳои беҳтар донист, ва беҳтар донистани намози ҷамоъат бар намози танҳои далолат бар он мекунад, ки намози танҳои ҳам дуруст аст ва фазле дорад ва ин чиз намешвад магар ин, ки дуруст бошад.
Ба ҳар ҳол барои ҳар як мусалмони оқили мард, ва дар синни балоғат расида, воҷиб аст, ки дар намози ҷамоъат ҳозир шавад, чи дар ҳолати сафар бошад ва чи дар ҳолати иқомат.
Фатвоҳои аркони Ислом, Шайх Муҳаммад ибни солеҳ Усаймин.