×

شهادة أن لا إله إلا الله (طاجيكي)

إعداد: Гуруҳе аз Олимон

الوصف

شهادة أن لا إله إلا الله: مقالة تحتوي على بيان معنى كلمة التوحيد، وما تقتضيه من طاعة الله - سبحانه وتعالى -، والابتعاد عن كل ما نهى عنه - جل وعلا -.

تنزيل الكتاب

    ШАҲОДАТ БА ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ

    ] Тоҷикӣ – Tajik – طاجيكي [

    2011 - 1432

    ﴿ شهادة أن لا إله إلا الله ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    2011 – 1432

    Ин калима шомили ду рукн аст:

    Аввал: "Ло илоҳа" ва маънояш нафӣ (инкори) улуҳияти ҳақиқи аз ғаӣри Худованд.

    Дувум: "Илла ллоҳ" ва маънояш исботи ягонаги ба Худованд. Худованд мефармояд: "Ва ҳангомеки Иброҳим ба падараш ва қавмаш гуфт: ман безорам аз он чи ки шумо ибодат мекунед, магар онеки манро халқ кард у манро ҳидоят хоҳад кард" Ал Анъом ояти 4.

    Пас кифоят намекунад танҳо ибодати Худованд, балки бояд ибодат танҳо барои у бошад, ва дуруст намешаванд тавҳид магар бо ҷамъ кардан баӣни ягона донистани Худованд ва баӣни безори аз ширк ва мушрикон.

    Дар ривояте омадааст: “Анна мифтоҳал ҷаннати Ло илоҳа иллаллоҳ”[1], яъне “Ло илоҳа иллаллоҳ калиди ҷаннат аст”. Аммо дар ин ҷо ин пурсиш пеш меояд, ки чунончи ҳар кас онро гуфт, истеҳқоқи онро пайдо мекунад, ки дари биҳишт бар рўйи вай кушода шавад? Ба Ваҳб ибни Мунаббиҳ гуфта шуд: Магар “Ло илоҳа иллаллоҳ” калиди вуруд ба биҳишт нест? Гуфт: Чаро? Ҳаст. Аммо ҳеҷ калиде бидуни дандона нест. Агар аз калиди дорои дандона истифода намоӣ, дари он ба рўят кушода мешавад, дар ғайри ин сурат он дар боз намегардад.

    Аз Расулаллоҳ (с) аҳодиси бисёре ривоят шуда, ки маҷмўъи дандонаҳои ин калидро мушаххас мекунанд, монанди ин фармудаи эшон, ки “Ҳар кас содиқона ва мухлисона Ло илоҳа иллаллоҳро бигўяд… қалбаш ба-он яқин дошта бошад” ба ин маъно, ки ин аҳодис ва амсоли онҳо дари вуруд ба биҳишти Худовандро ба шинохти маънои “Ло илоҳа иллаллоҳ” ва устувору собитқадам боқӣ мондан бар он то дами марг ва таслим дар баробари муқтазои он машрут намудаанд. Уламо аз маҷмўъи он далоил шартҳоеро бардошт карданд, ки ба ҳади кофӣ бояд вуҷуд дошта бошанд ва дар айни ҳол мавонеъ муртафеъ шаванд, то “Ло илоҳа иллаллоҳ” калиди биҳишт бигардад ва барои аҳли он судманд воқеъ шавад. Он шартҳо дар воқеъ дандонаҳои ҳамон калид ҳастанд, ки иборатанд аз:

    uИлм. Ҳар калимае дорои маънои хоси хеш аст. Лозими маънои “ло иллоҳа иллаллоҳ” ин аст, ки улуҳиятро аз ғайри Худованд нафӣ ва онро барои Ў исбот менамояд, яъне ҳеҷ маъбуди ҳақиқӣ ва ростине ба ғайри Худованд машруъият надорад. Худованди мутаъол мефармояд: “Ба ҷуз касоне, ки огоҳона ба ҳақ ва ҳақиқат шаҳодат медиҳанд”(Аз зухруф 86).

    Расулаллоҳ(с) фармудаанд: “Касе, ки бидонад ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ғайр аз Худованд вуҷуд надорад ва дар он ҳол бимирад, ба биҳишт меравад" (Муслим).

    vЯқин. Бад-ин маъно, ки ба маъно ва муқтазои он яқин дошта бошӣ, зеро маънои он ба ҳеҷ ваҷҳ шак ва занну дудилагӣ ва гумонбардорӣ нест, балки бояд бар пояи яқин қотеъ ва ҷозим бошад. Худованди мутаъол дар мақоми баёни авсофи аҳли имон мефармояд: “Мўъминони воқеъӣ танҳо касоне ҳастанд, ки ба Худо ва расулаш имон овардаанд, сипас ҳаргиз шак ва тардиде бахуд роҳ надода ва бо амвол ва ҷонҳои худ дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд. Онҳо ростгўёнанд.”(Ҳуҷурот 15)

    Талафуз ба он ба танҳоӣ кофӣ нест, балки бояд яқини қалбӣ вуҷуд дошта бошад, агар яқини қалбӣ ҳосил нашавад, талафуз ба он нифоқи маҳз аст, зеро Расулаллоҳ (с) фармудаанд: “Шаҳодат медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ғайри Худованд вуҷуд надорад ва ба ҳақиқат ман паёмбари Худовандам.Ҳеҷ кас нест, ки ба ҳузури Худованд бирасад ва дар ин маврид шаку дудилагӣ надошта бошад, магар ин ки ба биҳишт ворид мешавад” (Муслим)

    wҚабул. Ҳаргоҳ илм ва яқине пайдо кардӣ, бояд он илми яқин пайомади хоси худро дошта бошад ва ин аз роҳи пазириши қалбӣ ва забонӣ муқтазои ин ҷумла ҳосил мешавад, ки ҳар кас нидои тавҳидро рад кунад ва онро қабул накунад, кофир аст. Фарқе намекунад, ки он напазируфтан аз рўйи такаббури ва ҳақнопазирӣ бошад ва ё аз руйи ҳасад.

    Худованди мутаъол дар мавриди кофиронеки, ки аз рўйи такаббур ва худхоҳӣ ҳозир ба пазируфтани он нашуданд, мефармояд: “Чаро ки вақте ба онҳо гуфта мешавад маъбуде ба ҳақ ҷуз Худо вуҷуд надорад, такаббур ва саркашӣ мекарданд”(Соффот 35).

    x Побандӣ. Ба талаботи тавҳид итоат ва побандии комил бояд дошт.

    Ин маҳак ва меъёри ҳақиқӣ ва мазҳари амалии имон аст ва ин ба василаи амал намудан мувофиқи шариати Худованд ва тарки он чи аз он наҳй фармуда, таҳақуқ пайдо менамояд, ҳамон гуна ки Худованди мутаъол мефармояд: “Касе, ки рўйи худро таслими Худо кунад, дар ҳоле ки некўкор бошад, ба дастгираи маҳкаме чанг зада (ва ба такягоҳи мутмаине такя карда аст) ва оқибати ҳамаи корҳо ба сўйи Худост”(Луқмон 22)

    . Ин ба маънои илтизом ва фармонбардории комил аст.

    y Сидқ. Садоқат дар гуфтани он, садоқате, ки дар нуқтаи муқобили кизб қарор дорад, зеро ҳар кас танҳо онро ба забон биёварад ва аз дил онро дурўғ бишуморад, мунофиқ маҳсуб мешавад. Далели он ин фармудаи Худованд дар мазаммати мунофиқин аст, ки: “Чизҳоеро бар забон меоваранд, ки дар дилҳояшон вуҷуд надорад”(Алфатҳ 11)

    zМуҳаббат. Инсони мўъмин ин калимаро дўст медорад ва ба амал кардан ба он ишқ меварзад ва касонеро низ, ки ба он амал менамоянд, дўст медорад. Нишонаи ишқи инсон ба Парвардигори хеш ин аст, ки он чиро Худованд дўст медорад, муқаддам бидорад, ҳарчанд бо ҳавои дурунаш созгорӣ надошта бошад ва бо дўстдорони Худованд ва Паёмбар (с) дўстӣ кунад. Бо душманони онҳо аз дари душманӣ дарояд. Аз Паёмбар (с) пайравӣ намояд ва бар роҳи ў роҳӣ шавад ва масири ҳидояташро дар пеш гирад.

    { Ихлос. Бад-ин сурат, ки ҳадафи ў аз гуфтани он танҳо касби ризоияти Худованд бошад ва бас. Худованд мефармояд: “Ва ба онҳо дастуре дода нашуда буд, ҷуз ин ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои Ў холис кунанд ва аз ширк ба тавҳид бозгарданд”(Албаӣна 5

    Расулаллоҳ (с) низ мефармояд: “Касе, ки танҳо ба хотири касби ризоияти Худованд ло илоҳа иллаллоҳро бар забон биёварад, Худованд оташи дўзахро бар ў ҳаром мегардонад”.

    Бо таҳақуқи комили ин шурут бояд барои барпо намудани калимаи тавҳид талош кард ва бар он то поёни умр устувор ва собитқадам монд.

    [1] Ло илоҳа иллаллоҳу калиди биҳишт аст.

    معلومات المادة باللغة الأصلية