×

تفسير سورة الفاتحة (طاجيكي)

إعداد: Мусъаби Ҳамза

الوصف

تفسير سورة الفاتحة: كثير من الناس يقرؤون سورة الفاتحة في الصلاة - فضلاً عن غيرها من السور - وكأن ذئبًا يُلاحقهم، ولم يقِفوا متدبِّرين لمعانيها وتفسيرها. وفي هذه المقالة عرضٌ موجز لبعض الوقفات مع سورة الفاتحة التي بدونها لا تصح صلاة العبد.

تنزيل الكتاب

    Сураи Фотиҳа

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳия ва тарҷума: Мусъаби Ҳамза

    2011 - 1432

    تفسير سورة الفاتحة

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد وترجمة: مصعب حمزة

    2011 - 1432

    Сураи Фотиҳа

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨﭽ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭰ ﭱ ﭲ ﭳ ﭴ ﭼ الفاتحة: ١ - ٧

    1. Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

    2.Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.

    3.Бахшояндаи меҳрубон.

    4.Фармонравои рӯзи ҷазо.

    5.Танҳо Туро мепастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем.

    6.Моро ба роҳи рост ҳидоят кун:

    7.Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон.

    Бисёре аз мардум сураи фотиҳаро дар намоз бо шитоб мехонанд гуё касе ё даррандае онҳоро таъқиб дорад, ки бо ин саросемаги мехонанд, ва нмедонанд дар у чи ҳаст, чи маъно дорад, ва чи чизҳоро дар бар гирифтааст ин сураи бузург ва пурмаъно, ки бо баъзе ривоятҳо аз беҳтарин сураҳои Қуръон аст.

    Дар ҳадиси қудси омадааст:

    عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ الله عَنْهُ قَالَ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: (قَالَ اللَّهُ تَعَالَى: قَسَمْتُ الصَّلَاةَ بَيْنِي وَبَيْنَ عَبْدِي نِصْفَيْنِ وَلِعَبْدِي مَا سَأَلَ فَإِذَا قَالَ الْعَبْدُ: الْحَمْدُ لِلهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ (قَالَ اللَّهُ تَعَالَى: حَمِدَنِي عَبْدِي وَإِذَا قَالَ: الرَّحْمَنِ الرَّحِيم (قالَ اللَّهُ تَعَالَى: أَثْنَى عَلَيَّ عَبْدِي وَإِذَا قَالَ: مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ (قال: مَجَّدَنِي عَبْدِي وَقَالَ مَرَّةً: فَوَّضَ إِلَيَّ عَبْدِي فَإِذَا قَال: إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِين (قَالَ: هَذَا بَيْنِي وَبَيْنَ عَبْدِي وَلِعَبْدِي مَا سَأَلَ فَإِذَا قَالَ: اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا الضَّالِّينَ ( قَالَ: هَذَا لِعَبْدِي وَلِعَبْدِي مَا سَأَلَ)."(مسلم 359)

    Дар ҳадиси қудси аз Абуҳурайра (р.з) ривоят аст ки гуфт: Расули худоро (Дуову дуруд бар у бод) шунидам ки гуфт: Худованд мефармояд: Намозро байни худам ва бандаам ба ду нисф тақсим кардаам.

    Ки як нисфи он аз они ман ва нисфи дигараш аз они бандаам мебошад, ва ба бандаам (дар он нисфе ки соҳибаш аст ва он дуъо аст) ҳар чизе ки бихоҳад дода мешавад" (Муслим 359)

    Мақсад аз намоз дар ин ҳадис сураи Фотиҳа аст, бинобарин сураи Фотиҳа дар намоз байни банда ва худояш тақсим шудааст, ки ин азамат ва бузургии ин сураро мефаҳмонад.

    Пайғамбар (Дуову дуруд бар у бод) дар давоми ҳадис мефармояд "Худованд мефармояд: Вақте ки бандаам ( Алҳамду лиллоҳи раббил лоламин - Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст) мегуяд. Худо мефармояд: Бандаам манро ситоиш кард. Ва ҳангоме ки банда мегуяд (Ар раҳмонир раҳим - Бахшояндаи меҳрубон), Худо мефармояд: Бандаам бар ман сано гуфт, Ва ҳангоме ки банда мегуяд (Молики явмиддин-Фармонравои рӯзи ҷазо) Худо мефармояд: Бандаам манро тамҷид намуд, Ва ҳангоме ки банда мегуяд (Иёока наъбуду ва иёока настаъин - Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем), ( Ин оят ҷудокунанда байни ҳаққи Худо ва бандааш аст) Худо мефармояд: Ин байни ман ва бандаам аст ва бандаам ҳарчи бихоҳад бароварда мешавад, Ва ҳангоме ки банда мегуяд( Иҳдинас сиротал мустақим, сиротал лазина анъамта алайҳим, ғайрил мағзуби алайҳим ва лаз золлин - Моро ба роҳи рост ҳидоят кун: Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон ), Худо мефармояд: Ин ҳаққи бандаам аст, ва бандаам ҳарчи бихоҳад бароварда мешавад. (Муслим 359)

    Имом Навави дар шарҳи ин ҳадис мегуяд: Сухани Худованд: Бандаам манро тамҷид намуд. Маънояш ин аст: Бандаам манро бузург шуморид.

    Ва сухани Худованд: Намозро байни худам ва бандаам ба ду нисф тақсим кардаам.

    Олимон мегуянд: Мақсад аз намоз инҷо сураи Фотиҳа аст. Ва сураи Фотиҳа инҷо ба хотири он намоз номида шуд, ки намоз саҳеҳ намегардад магар бо ин сура.

    Аммо тақсими ин сура аз лиҳози маъно аст. Вақто ба маънои ин сура назар мекуни мебини ки қисми аввали сура ба маънои ҳамду сано ва бузургшумории Худованд аст, ва қисми дигараш ба маънои суолу талаб ва дуъову тазарруъ ва ифтиқор ба суи Худованд аст.

    Дар охир ин сура бо муҳимтарин чизе ки банда дар умури дин ва дунёаш эҳтёҷ дорад хатм шудааст.

    Зеро эҳтиёҷи банда ба инки худованд уро ба роҳи рост ҳидоят кунад бештар аз ҳоҷаташ ба обу нону руҳаш аст. Пас у муҳтоҷу музтарр аст ба мақсуд ва натиҷаи ин дуъо.

    Ва наҷоти банда аз азоб, ва расиданаш ба хушбахтии дунё ва охират бастаги ба ин ҳидоят дорад.

    Ин бузургтарин матлаб ва беҳтарин пурсида шуда аст, ки агар дуъокунанда қадри онро бидонад, ҳама дуъову талабу суолаш ҳамин талаби ҳидоят ба роҳи рост мешавад.

    Зеро агар Худованд бандаро ба роҳи рост ҳидоят кунад, пас у хайри дунё ва охиратро соҳиб мешавад.

    Пас ин ҳадис барои мо сирре аз асрори ихтиёри Худованд ин сураро барои бандааш ошкор мекунад, то инки бандаи муъмин дар як шабонаруз 17 маротиба ин сураро такрор кунад ё аз ин зиёдтар чиқадаре ки худованд хоҳад.

    Зеро бандаи муъмин чигунае ки дар намоз муноҷот ва дуъо ва зори мекунад, дар ғайри намоз наметавонад. Инчунин дуъо дар мақоми намоз мартабааш баландтару хубтар аз дигар мақомҳост.

    Худованд ҳамаи муъминонро ба роҳи рост ҳидоят кунад, ва онҳоро дар дунё ва охират сарбаланду саъодатманд гардонад, омин.

    معلومات المادة باللغة الأصلية