×

ВАҚТҲОИ ДУЪО ВА ОДОБУ ШАРТҲОИ ОН (тоҷикӣ)

Таҳия: Муҳаммад ибни Иброҳим Алҳамад

Description

Дуъо неъмати бузурге ҳаст ки Худованд онро барои мо арзони доштааст, ва аз мо хостааст ки уро анҷом бидиҳем ва ваъда додааст ки онро аз мо бипазирад. Дуъо ҷойгоҳи баланде дар дин дорад, ҳеҷ неъмате нест, ки магар бо сабаби дуъо наомада бошад, ва ҳеҷ балое нест ки бо сабаби дуъо дур нашуда бошад, чунки дуъо далолат бар ягонапарасти ва ягона шинохтани Худованд мекунад.

Download Book

    ВАҚТҲОИ ДУЪО ВА ОДОБУ ШАРТҲОИ ОН

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Муҳаммади ибни Иброҳим ал-Ҳамад

    Тарҷума: Мисбоҳиддин Ҳомидов

    2011 - 1432

    ﴿الدعاء أوقاتها و مواضعها و آدابها و شروطها﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    محمد بن إبراهيم الحمد

    ترجمة: مصباح الدين حميدوف

    2011 - 1432

    بســــــم الــله الرحـــمن الرحــــيم

    ВАҚТҲОИ ДУЪО ВА ОДОБУ ШАРТҲОИ ОН

    Дуъо неъмати бузурге ҳаст ки Худованд онро барои мо арзони доштааст, ва аз мо хостааст ки уро анҷом бидиҳем ва ваъда додааст ки онро аз мо бипазирад.

    Дуъо ҷойгоҳи баланде дар дин дорад, ҳеҷ неъмате нест, ки магар бо сабаби дуъо наомада бошад, ва ҳеҷ балое нест ки бо сабаби дуъо дур нашуда бошад, чунки дуъо далолат бар ягонапарасти ва ягона шинохтани Худованд мекунад.

    Яъне дуъо асли дин мебошад, ва дуъо ибодати Худованд ва тавакал кардан ба у мебошад, ва дуъоро Худованд бисёр дуст медорад, ва мукарамтарин ибодат дар назди у мебошад, дуъо яке аз сабабҳои асосии дилкушои, ва дур шудани ғаму андуҳ, ва дур шудани ғазаби Худованд мебошад, ва дуъо дастгирандаи мазлумон ва умеди заъифону сарпаноҳи тарсандаҳо мебошад, ва дуъо сабаби дафъи бало пеш аз омаданаш мебошад, чуноне ки рафъи он баъди омаданаш мебошад, ҳаргоҳ агар банда шартҳо ва одоби дуъоро баҷо биёрад самараи он замонат хоҳад дошт, ё инки чунин дуъо дар ҳол иҷобат хоҳад шуд, ё ин ки ба он дуъо балои бузурге аз сараш дур хоҳад шуд, ё ин ки барояш захира карда мешавад ва савобашро рузи қиёмат хоҳад гирифт.

    Эй кош бандаҳо бидонанд ки чи қадар ба дуъо эҳтиёҷ доранд! Ва эй кош медонистанд ки дуъо аз умури заруриёти ҳаёти онҳо мебошад!

    Нишонаҳои иҷобати дуъо дар ҳаҷ

    Ҳаҷ яке аз фурсатҳои азимест барои дуъо кардан, ва исрор варзидан дар талабу илҳоҳ аз Худованд, чунки имкониёти иҷобати дуъо дар рузҳои ҳаҷ бисёр зиёд аст, ҷойҳо ва вақтҳо ва ҳолатҳое ки дар он, дуъо рад намешавад аз дигар вақтҳо дида дар рузҳои ҳаҷ хело зиёд аст.

    Сабабҳое ки умед аст ба хотири он дуъои ҳоҷи қабул гардад

    Ҳоҷи мусофир аст: Ва дуъои мусофир мустаҷоб аст, чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Се дуъое ҳастанд ки мустаҷоб мебошанд: дуъои мазлум, ва дуъои мусофир, ва дуъои падар барои фарзандаш". (Ривояти Бухори).

    Дуъои ҳоҷи мустаҷоб аст: Паёмбар (с) мефармояд: «Муҷоҳиди дар роҳи Худо ва ҳоҷи ва умра кунанда намояндагони Худованд мебошанд, онҳо Худовандро дуъо карданд, дуъои онҳоро иҷобат намуд, ва аз у суол карданд, онҳоро икром кард». (Ривояти ибни Моҷа).

    Дар рузҳои ҳаҷ ихлос зиёд мегардад: ва ин аз бузургтарин сабабҳои иҷобати дуъо мебошад.

    Дар ҳаҷ ҷойҳо ва вақтҳое вуҷуд дорад ки дар он дуъо кардан машруъ аст:

    Мисли дуъо дар Сафо, чуноне ки дар ҳадиси Ҷобир омадааст Паёмбар (с) аз Сафо шуруъ кард, ва бар у боло шуд, то ин ки хонаро (Каъбаро) дид ва руяшро суи қибла карду Худовандро ягона ва такбир гуфту, ва сипас гуфт:

    لا إله إلا الله وحده لا شريك له، له الملك، وله الحمد، وهو على كل شيء قدير، لا إله الله وحده، أنجز وعده ونصر عبده، وهزم الأحزاب وحده.

    «Ло илоҳа илл аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул мулку, ва лаҳул ҳамду, ва ҳува ъало кулли шайъин қадир, ло илоҳа илл аллоҳу ваҳдаҳу, анҷаза ваъдаҳу ва насара абдаҳу, ва ҳазамал аҳзоба ваҳдаҳу».

    Дуъо дар назди Марва: Инчунин дар давоми ҳадиси боло зикр шуда омадааст, ки сипас ба Марва поён шуд, то ин ки пойҳояш байни води мустақир шуд….

    Ва чуноне ки дар Сафо карда буд ҳамон тавр дар Марва низ анҷом дод.

    Дуъо дар рузи Арафа: Пасёмбар (с) фармуд: «Беҳтарин дуъо, дуъои Арафа аст, ва беҳтарин чизе ки ман ва паёмбарони гузашта гуфтанд, ин калима аст:

    «لا إله إلا الله وحده لا شريك له»

    «Ло илоҳа илл аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу»

    Дуъо дар назди машъари ҳаром: (дар Арафа ҷойгир аст) чуноне ки дар давоми ҳадиси боло зикр шуда омадааст, сипас савор шуд (қасворо) ва худро ба назди Машъари ҳаром расонид, ва руяшро тарафи қибла карду дуъову такбиру таҳлил намуд, ва ин корро то боқи мондани зардии офтод анҷом дод.

    Дуъо баъди санг задани ҷамароти суғро (хурд):

    Чуноне ки дар саҳеҳ Бухори омадааст: Ҳангоме ки Паёмбар (с) ҷамаротеро ки пушти масҷиди Мино ҷойгир буд, бо ҳафт санча мезад, ва баъди ҳар як сангчае ки мепартофт такбир мегуфт, сипас аз назди он мегузашту руяш ба суи қибла меистоду дастонашро боло мекард ва дуъо мекард, ва истоданаш дар ин ҷо бисёр тулони буд.

    Дуъо баъди санг задани ҷамароти вусто (миёнаги): Чуноне ки дар давоми ҳадиси бологи омадааст: Сипас Паёмбар (с) ба назди ҷамароти вусто омада онро бо ҳафт сангча мезаду баъди ҳар як сангпартои такбир мегуфт, сипас ба тарафи чапи води поён меомаду руяшро ба суи қибла намуда дастҳояшро боло мекарду дуъо мекард, ва сипас ба назди ҷамратул ақаба омада онро бо ҳафт сангча мезаду баъди ҳар як сангпартои такбир мегуфту баъди он мунсариф мешуд на дар наздаш меистод ва на дуъо мекард.

    Дуъо ҳангоми нушидани оби Замзам: Паёмбар (с) мефармояд: «Оби Замзам барои ҳар чи ки нушида шавад, барои ҳамон аст». (Ривояти Аoмад ва ибни моҷа).

    Инчунин ҷойҳо ва маконҳое низ ҳастанд ки ҳоҷи ё ғайри ҳоҷи агар дар он вақтҳо ё маконҳо дуъо кунад умед аст ки дуояш иҷобат мешавад.

    Мисли: дуъо дар нисфи шаб ё ҳангоми саҳар, ва баъди ҳар намози фарзи ва байни азону қомат, ва ҳангоми боридани борон, ва дар саҷда, ва баъди таҳорат, ва баъди салавот бар Паёмбар (с) ва дар ташаҳуди охир.

    Ва инчуни ҳангоми мулоими дил, ва дуъои шахси ночору нотавон, ва дуъои мазлум, ва дуъои падар барои фарзандаш, ва дуъои фарзанд барои падараш.

    Шартҳои дуъо

    Ҳоҷии муҳтарам! Бидон ки ҳарки бихоҳад дуъо кунад бояд аз ин ҳолатҳо берун набошад:

    Бояд яқинан бидони ки танҳо Худованд қодир аст ки дуъои туро иҷобат менамояд.

    Дар дуъоят бо Худованд касеро шарик қарор надеҳ, чунки ин кор ширк ва гуноҳи бузургест.

    Дар дуъоят номҳо ва сифатҳо ва амалҳои некатро васила қарор бидеҳ.

    Аз василаҳои номашруъу бидъати, худро дур нигоҳ бидор.

    Баъди дуъо, иҷобати онро бо саросемаги интизор нашав.

    Нисбати Худованд гумони нек дошта бош.

    Дуъоят бояд аз самими дилат бошад.

    Хурдану ошомиданат аз моли ҳалол бошад

    Дар дуъоят бо дигарон бадгумон набош

    Одоби дуъо

    Дуъоро бо ҳамду сано бар Худованд ва салавот бар Паёмбар (с) шуруъ намо.

    Гуноҳонатро дар назди Худованд иқрор бишав.

    Эҳтиёҷмандиятро ба Худованд изҳор намо.

    Худро дар назди азамати Худованд залилу хоксор бисоз.

    Исроромез дуъоятро такрор бикун.

    Руятро ба суи қибла намо.

    Дуъоятро се бор такрор намо.

    Дастҳоятро ҳангоми дуъо боло кун.

    Бо садои нарму мулоим дуъо кун.

    Ҳарчиро ки ба он эҳтиёҷ дори, хоҳ хурд бошад ва хоҳ бузург аз Худовҷанд талаб намо.

    Барои бародарони мусулмонат дуъо кун.

    Намунае аз дуъоҳои ихтиёр шуда аз Қурону суннат

    Бародару хоҳари ҳоҷиям! бисёр хуб мешавад ки ҳангоми дуъо, дуъоҳоеро бигуи ки аз Қурону суннати Паёмбар (с) гирифта шудаанд, чунки дар ин дуъоҳо хайру баракат ва пайравии аз Паёмбар (с) ва саҳобаҳояш ва дур будан аз хатову нуқсон мебошад.

    Дуъоҳои ихтиёр шуда аз Қурони Карим

    ﴿رَبَّنَآ ءَاتِنَا فِي ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٗ وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِ حَسَنَةٗ وَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ ٢٠١﴾ [البقرة 201]

    «Эй Парвардигори мо! моро ҳам дар дунё хайре бубахш ва ҳам дар охират, ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор» (Бақара 201)

    ﴿رَبَّنَا تَقَبَّلۡ مِنَّآۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ١٢٧﴾ [البقرة 127]

    «Эй Парвардигори мо! аз мо бипазир, ки ту шунаво ва доно ҳастӣ» (Бақара 127)

    ﴿رَّبِّ ٱغۡفِرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيَّ وَلِمَن دَخَلَ بَيۡتِيَ مُؤۡمِنٗا وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ٢٨﴾ [نوج 28]

    «Эй Парвардигори ман, марову падару модарамро ва ҳар киро бо имон ба хонаи ман ворид шавад ва низ мардони мӯъмину занони мӯъминро бибахшо» (Нуҳ 28)

    ﴿رَبِّ ٱجۡعَلۡنِي مُقِيمَ ٱلصَّلَوٰةِ وَمِن ذُرِّيَّتِيۚ رَبَّنَا وَتَقَبَّلۡ دُعَآءِ ٤٠﴾ [لإبراهيم 40]

    «Эй Парвардигори ман! манро ва фарзандони манро барпой дорандагони намоз гардон. Эй Парвардигори мо! дуъои манро бипазир» (Иброҳим 40)

    ﴿قَالَ رَبِّ هَبۡ لِي مِن لَّدُنكَ ذُرِّيَّةٗ طَيِّبَةًۖ إِنَّكَ سَمِيعُ ٱلدُّعَآءِ ٣٨﴾ [آل عمران 38]

    «Эй Парвардигори ман! манро аз ҷониби худ фарзанде покиза ато кун, албатта Ту дуъоро мешунавӣ» (Оли Умрон 38)

    ﴿لَّآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنتَ سُبۡحَٰنَكَ إِنِّي كُنتُ مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ ٨٧﴾ [الأنبياء 87]

    «Хеҷ худое ҷуз Ту нест, Ту пок ҳасти ва ман аз ситамкорон ҳастам» (Анбиё 87)

    ﴿قَالَ رَبِّ ٱشۡرَحۡ لِي صَدۡرِي ٢٥ وَيَسِّرۡ لِيٓ أَمۡرِي ٢٦﴾ [طه 25-26]

    «Эй Парвардигори ман, синаи маро барои ман кушода гардон. Ва кори маро осон соз» (То ҳо 25 то 26)

    ﴿رَبَّنَآ أَفۡرِغۡ عَلَيۡنَا صَبۡرٗا وَثَبِّتۡ أَقۡدَامَنَا وَٱنصُرۡنَا عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٢٥٠﴾ [البقرة 250]

    «Эй Парвардигори мо! бар мо сабр бидеҳу моро собитқадам гардон ва бар кофирон пирӯз соз» (Бақара 250)

    ﴿رَبَّنَا لَا تُزِغۡ قُلُوبَنَا بَعۡدَ إِذۡ هَدَيۡتَنَا وَهَبۡ لَنَا مِن لَّدُنكَ رَحۡمَةًۚ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡوَهَّابُ ٨﴾ [آل عمران 8]

    «Эй Парвардигори мо! аз он пас, ки моро ҳидоят кардаи, дилҳои моро ба ботил моил масоз, ва раҳмати худро бар мо ато бикун, ки ту бахшояндаӣ» (Оли Умрон 8)

    ﴿رَبَّنَا ٱغۡفِرۡ لَنَا وَلِإِخۡوَٰنِنَا ٱلَّذِينَ سَبَقُونَا بِٱلۡإِيمَٰنِ وَلَا تَجۡعَلۡ فِي قُلُوبِنَا غِلّٗا لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ رَبَّنَآ إِنَّكَ رَءُوفٞ رَّحِيمٌ ١٠﴾ [الحشر 10]

    «Эй Парвардигори мо! мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, бибахшо ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо! ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!» (Ҳашр 10)

    ﴿رَّبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنۡ هَمَزَٰتِ ٱلشَّيَٰطِينِ ٩٧ وَأَعُوذُ بِكَ رَبِّ أَن يَحۡضُرُونِ ٩٨﴾ [المؤمنون 97-98]

    «Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шайтон ба ту паноҳ меоварам.

    Ва ба Ту паноҳ меоварам, эй Парвардигори ман, агар назди ман ҳозир оянд!» (Муъминун 97 ва 98)

    ﴿وَقُل رَّبِّ زِدۡنِي عِلۡمٗا ١١٤﴾ [طه 114]

    «Эй Парвардигори ман, ба илми ман бияфзой» (Тоҳо114)

    ﴿رَبِّ هَبۡ لِي حُكۡمٗا وَأَلۡحِقۡنِي بِٱلصَّٰلِحِينَ ٨٣﴾ [الشعراء 83]

    «Эй Парвардигори ман! маро ҳикмат бахш ва маро ба шоистагон бипайванд» (Шуъаро 83)

    ﴿رَبَّنَا هَبۡ لَنَا مِنۡ أَزۡوَٰجِنَا وَذُرِّيَّٰتِنَا قُرَّةَ أَعۡيُنٖ وَٱجۡعَلۡنَا لِلۡمُتَّقِينَ إِمَامًا ٧٤﴾ [الفرقان 74]

    «Эй Парвардигори мо! аз ҳамсарону фарзандонамон дилҳои моро шод гардон ва моро пешвои парҳезгорон гардон!» (Фурқон 74)

    ﴿رَبَّنَا وَلَا تَحۡمِلۡ عَلَيۡنَآ إِصۡرٗا كَمَا حَمَلۡتَهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِنَاۚ رَبَّنَا وَلَا تُحَمِّلۡنَا مَا لَا طَاقَةَ لَنَا بِهِۦۖ وَٱعۡفُ عَنَّا وَٱغۡفِرۡ لَنَا وَٱرۡحَمۡنَآۚ أَنتَ مَوۡلَىٰنَا فَٱنصُرۡنَا عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٢٨٦﴾ [البقرة 286]

    «Эй Парвардигори мо! агар фаромӯш кардаем ё хатое кардаем, моро бозхост макун, Эй Парвардигори мо! он гуна ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи вазнин ниҳодӣ, таклифи вазнин бар мо манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо таклиф макун! Гуноҳи моро бубахш ва моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар! Ту сарвари мо хастӣ. Пас моро бар гурӯҳи кофирон ғолиб гардон!» (Бақара 286)

    Дуъоҳои ихтиёр шуда аз суннати Паёмбар (с)

    «اللهم إني أسألك الهدي، والتقى، والعفاف والغنى»

    «Худоё аз ту ҳидояту тақво ва покиву бениёзи хоҳонам»

    «اللَّهُمَّ مُصَرِّفَ الْـقُلُوبِ، صَرِّفْ قُلُوبَنَا عَلَى طَاعَتِكَ»

    «Худовандо! Эй гардонандаи дилҳо! Дилҳои моро ба суи тоъати худ бигардон».

    «يَا مُقَلِّبَ الْـقُلُوبِ، ثَبِّتْ قَلْبِي عَلَى دِينِكَ».

    «Эй тағийр диҳандаи дилҳо! Дили манро дар дини худ собит бигардон».

    «اللَّهُمَّ إنَّكَ عَفُوٌّ كَرِيمٌ تُحِبُّ الْـعَفْوَ فَاعْفُ عَنِّي».

    «Худовандо туи ки бо неки аз гуноҳон гузашт мекуни, пас манро биёмурз».

    «رَبِّ اغْفِرْ لِي، وَتُبْ عَلَيَّ، إِنَّكَ أَنْتَ التَّوَّابُ الْـغَفُورُ».

    «Парвардигоро манро биёмурз ва тавбаамро бипазир ки ту тавба пазиро ва омурзандаи».

    «اللَّهُمَّ أَنْتَ رَبِّي، لاَ إِلَهَ إِلاَّ أَنْتَ خَلَقْتَنِي وَأَنَا عَبْدُكَ وَأَنَا عَلَى عَهْدِكَ وَوَعدِكَ مَا اسْتَطَعْتُ، أَعُوذ بكَ مِنْ شَرِّ مَا صَنَعْتُ، أَبُوءُ لَكَ بنِعْمَتِكَ عَلَيَّ، وَأَبُوءُ بذَنْبي فَاغْفِرْ لِي فَإِنَّهُ لاَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلاَّ أَنْتَ».

    «Худовандо ту парвардигори мани, ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз ту нест, манро офаридаи ва ман бандаи ту ва то он ҷое ки тавонои дорам бар ъаҳду паймонам бо ту пойбандам. Аз тамоми бадиҳои кирдорам ба ту паноҳ мебарам. Ва неъматҳои туро ва гуноҳони худро эътироф менамоям, пас манро биёмурз ки ту танҳо омурзандаи гуноҳони».

    «اللهم إني أعوذ بك من زوال نعمتك، وتحول عافيتك، و فُجَاءة نقمتك وجميع سخطك».

    «Худовандо! Ман аз завол ва нест шудани неъмати ту ва аз даст додани тандурустиям, ва аз нохушиҳои ногаҳони, ва аз хашму ғазаб бар ту паноҳ мебарам».

    «اللهم إني أعوذ بك من العجز، والكسل، والجبن، والهرم، والبخل، وأعوذ بك من عذاب القبر، ومن فتنة المحيا والممات».

    «Худоё ба ту паноҳ мебарам аз нотавони ва танбали ва тарсончаки ва аз пирии барҷомонда ва аз бахили, ва ба ту паноҳ мебарам аз азоби қабр ва аз фитнаи зинда шудану мурдан».

    «اللهم أعني على ذكرك، وشكرك، وحسن عبادتك».

    «Бор, Худоё, маро ба ёди хеш ва сипос ва шукр ва некўии ибодатат ёри бидеҳ!».

    «Бор, Худоё, биёмурз бароям он чиро ки дар гузашта ва оянда ва пинҳон ва ошкор анҷом додам (ва медиҳам) ва он чи азҳадгузари намудам ва он чи ту аз ман ба он донотари ту сабқатдиҳанда ва ҷилавбаранда ва ҳам ақибандозандаи ва маъбуди барҳақе ҷуз ту вуҷуд надорад».

    Ҳоҷии муҳтарам! Агар ҳоли ту бо дуъо чунин бошад, пас ту мустаҳақи он ҳасти ки Худованд дуъои туро мустаҷолб гардонад Худованд мефармояд:

    ﴿وَقَالَ رَبُّكُمُ ٱدۡعُونِيٓ أَسۡتَجِبۡ لَكُمۡۚ ﴾ [غافر 60]

    «Ва гуфт парвардигори шумо манро дуъо кунед дуои шуморо иҷобат хоҳам кард» (Ғофир 60)

    Ва дар охир Худовандро бо номҳои некуяш ва сифатҳои аълояш дуъо мекунам ки ҳаҷ ва амалҳои солеҳи тамоми мусулмононро қабул фармояд, ва онҳоро аз ҷумлаи ҳидоятгарон ва ҳидоят ёфтагон гардонад на аз ҷумлаи гумроҳону гумроҳ кунандагон ва салавоту салом бар Паёмбарамон ва аҳли байту асҳобаш.

    معلومات المادة باللغة العربية