×

الهدف من إرسال الرسل (طاجيكي)

إعداد: Мусъаби Ҳамза

الوصف

الهدف من إرسال الرسل: مقالة مأخوذة من كتاب عقيدة أهل البيت، مفادها أن الله خلق الجن والإنس ليعبدوه، قال تعالى: ﴿وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ ٥٦﴾ الذاريات 56

تنزيل الكتاب

    Ҳадаф аз фиристодани Паёмбарон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳия: Мусъаби Ҳамза

    Китобӣ: «Ақидаи аҳли байт»

    2012 - 1433

    ﴿ الهدف من إرسال الرسل ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: مصعب حمزة

    كتاب: «عقيدة أهل البيت»

    2012 - 1433

    Ҳадаф аз фиристодани Паёмбарон

    Худованд инсону ҷинҳоро офарид, то Ӯро ибодат кунанд. Худованд ин ҳадафро дар Қуръон баён намуда, мефармояд:

    ﴿وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ ٥٦﴾ الذاريات 56

    «Ман париҳо ва инсонҳоро фақат барои парастиши худам офаридаам» Зориёт 56

    Инчунин мефармояд:

    ﴿وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُ ٢٣﴾ الإسراء 23

    «(Эй, инсон) Парвардигорат фармон додааст, ки ҷуз Ӯро напарастед». Исро, 23

    Ҳамчунин Паёмбаронро дар миёни онҳо барангехт ва китобҳои осмониро барои онҳо нозил фармуд, то бандагонашро ба сӯи тавҳид раҳнамоӣ кунанд. Худованд фармудааст:

    ﴿وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَۖ ٣٦﴾ النحل 36

    «Мо дар ҳар уммате расуле барангехтем, ки Худои якторо бипарастед ва аз тоғут дурӣ ҷӯед» Наҳл, 36

    Пас ҳамаи Паёмбарон аз Нӯҳ (алайҳиссалом) то хотами паёмбарон Муҳаммад (алайҳиссалом) даъваташонро бо фаро хондани мардум ба ягонагии Парвардигор оғоз намуданд.

    Худованд мефармояд:

    ﴿لَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ فَقَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓ إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٖ ٥٩﴾ الأعراف 59

    «Мо Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем. Ӯ ба онон гуфт: Эй қавми ман, (танҳо) Худованди ягонаро парастиш кунед, ки маъбуде ба ҳақ ҷуз Ӯ барои шумо нест (ва агар ғайри Ӯро ибодат кунед) ман бар шумо аз азоби рӯзи бузурге метарсам» Аъроф, 59

    Худованди бузург ҳамчунин фармудааст:

    ﴿وَإِلَىٰ عَادٍ أَخَاهُمۡ هُودٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۚ أَفَلَا تَتَّقُونَ ٦٥﴾ الأعراف 65

    «Ва ба сӯи қавми Од бародарашон Ҳудро (фиристодем) гуфт: Эй қавми ман, (танҳо) Худоро парастиш кунед, ки ҷуз Ӯ маъбуде ба ҳақ барои шумо нест. Оё парҳезгорӣ пеша намекунед?» Аъроф, 65

    Инчунин фармудааст:

    ﴿وإِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمۡ صَٰلِحٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ ٧٣﴾ الأعراف 73

    «Ва ба сӯи (қавми) Самуд бародарашон Солеҳро (фиристодем) гуфт: Эй қавми ман, Худоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуде ба ҳақ надоред». Аъроф 73

    Муҳаммад (с) хотами паёмбарон 13 сол дар Макка монд ва қавмашро ба сӯи тавҳид ва парҳез аз ширк даъват кард.

    Худованд дар ин бораи мефармояд:

    ﴿قُلۡ تَعَالَوۡاْ أَتۡلُ مَا حَرَّمَ رَبُّكُمۡ عَلَيۡكُمۡۖ أَلَّا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡ‍ٔٗاۖ ١٥١﴾ الأنعام 151

    «Бигӯ: Биёд ончиро Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам: ин ки чизеро шарики Худо қарор надиҳед». (Анъом, 151).

    Ҳоҷи мир Саид Алии Ҳоирӣ мегӯяд: Худованд дар ибтидо аз тавҳид сухан гуфта ва мардумро бад-он даъват намуда, сипас онҳоро аз ширк варзидан наҳйи кардааст, зеро ширк дар раъси ҳамаи муҳаррамот қарор дорад. Ва Худованд ҳеҷ амалеро бо ҳамроҳии ширк нахоҳад пазруфт. (Тафсири муқтанаёти дурар, 4, 284).

    Паёмбарон (а) худовандро он гунае, ки лозим аст, ибодат мекарданд ва ҳеҷ чизеро ба унвони шарик барои Ӯ қарор намедоданд. Имомони аҳли байт ва ёрони бузургвори Паёмбар (с) аз ин роҳ ба таври комил пайравӣ мекарданд. Ҳама асҳоби Паёмбар (с) пиру ҷавон, зану мард, бандаву озод ақидаи даъват ба сӯи тавҳидро, ки Худованди таборак ва таъолоро ба шоистагӣ бузург медорад, посух доданд. Ин амре буд, ки Паёмбар (с) дар ҳар макону замон ёронашро бар он асос тарбият менамуд ва муҳаббати Худовандро ва хавфи аз Ӯро дар дилҳои онон ҷой дода буд.

    Аз Маъоз ибни Ҷабал (р.з) ривоят шудааст: Пушти сари Расули Худо (с) дар маркаб нишаста будам. Паёмбар (с) фармуд: «Эй Маъоз, оё медонӣ ҳаққи Худованд бар бандагон чист? - Ва се бор онро такрор намуд -Маъоз мегӯяд, гуфтам: Худованд ва Паёмбараш медонанд. Паёмбар (с) фармуд: Ҳаққи худованд бар бандагонаш он аст, ки чизеро шарики Ӯ қарор надиҳанд.

    Сипас фармуд: Оё медони агар бандагон чунин кунанд чи ҳаққе бар парвардигор доранд? Маъоз мегӯяд: Гуфтам: Худованд ва Паёмбараш медонанд. Паёмбар фармуд: Ин ки онҳоро азоб надиҳад, -ё фармуд-: Инки онҳоро вориди оташи (дӯзах) нанамояд».(Тавҳид 28, Биҳоруланвор 3/10).

    Мебинед, ки Худованд махлуқотро барои он офаридааст, ки Ӯро ибодат кунанд ва барои Ӯ шарике қарор надиҳанд ва ононро ба ин кор дастур додааст.

    Худованд ҳамаи паёмбаронро мабъус ва фиристодааст то мардумро ба ибодат ва парастиши худованди якто даъват кунанд.

    Пас ҳар касе ки аз авомири Худованд итоъат кунад подошу ҷазои ӯ биҳишт аст. Ва касе ки аз фармони илоҳи сарпечи кунад , сазояш оташи ҷаҳаннам аст.

    Аз азоби оташ ба худованд паноҳ мебарем.

    معلومات المادة باللغة الأصلية