×

Аҳамияти Ихлос (тоҷикӣ)

Таҳия: Абдуллоҳ Ҳайдарӣ

Description

Ихлос амри боаҳамиятест ва тарки он хатаре бас бузург аст, зеро Аллоҳи мутаъол амали солеҳро қабул намекунад, магар ин, ки аз рӯйи ихлос ва барои ризояти Аллоҳи мутаъол бошад.

Download Book

    Аҳамияти Ихлос

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таълиф: Абдуллоҳи Ҳайдарӣ

    2012 - 1433

    ﴿ أهمية الإخلاص ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    تأليف: عبد الله الحيدري

    2012 - 1433

    Аҳамияти Ихлос

    Ихлос амри боаҳамиятест ва тарки он хатаре бас бузург аст, зеро Аллоҳи мутаъол амали солеҳро қабул намекунад, магар ин, ки аз рӯйи ихлос ва барои ризояти Аллоҳи мутаъол бошад ва ҳар кас кореро анҷом диҳад, ки дар он шарике барои Аллоҳи мутаъол қоил шудааст, Аллоҳи мутаъол онро намепазирад, ҳар чанд, ки он амал боарзиш ва бузург бошад ва агар касе кореро фақат барои Аллоҳи мутаъол анҷом диҳад, Аллоҳи мутаъол онро мепазирад, ҳар чанд, ки амали бисёр кӯчак бошад.

    "Ва амр нашуданд, магар ин ки Аллоҳро дар ҳоле парастиш кунад, ки тамоми дин (ихлос)-ро барои ӯ холис карда бошанд".

    Ва мефармояд:

    ﴿فَٱعۡبُدِ ٱللَّهَ مُخۡلِصٗا لَّهُ ٱلدِّينَ ٢﴾ [الزمر 2]

    «Пас ӯро парастиш кун дар ҳоле, ки дин (ибодат)-ро барои ӯ холис гардонӣ, огоҳ бош, ки дин (ибодат) холис фақат барои ӯст».

    Аз халифаи рошид ва адолатгустари беҳамтои таърихи башар (пас аз Паёмбарон (а) ), Умари Форӯқ (р.з) ривоят аст, ки фармуд: аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд:

    «إِنَّمَا الأَعْمَالُ بِالنِّيَّاتِ، وَإِنَّمَا لِكُلِّ امْرِئٍ مَا نَوَى، فَمَنْ كَانَتْ هِجْرَتُهُ إِلَى الله و رسوله،فهجرته الی الله ورسولی ومن کانت هجرته لدُنْيَا يُصِيبُهَا أَوْامْرَأَةٍ يَنْكِحُهَا فَهِجْرَتُهُ إِلَى مَا هَاجَرَ إِلَيْه» بخاري 1 , و مسلم 1907

    «Дору мадори аъмол бар ният аст ва бо ҳар шахс мутобиқ бо нияташ амал мешавад, пас касе, ки ҳиҷраташ ба сӯи Аллоҳ ва Расулаш бошад, муҳоҷири Аллоҳ ва Расул аст ва касе, ки ҳиҷраташ барои касби дунё ё издивоҷ бо зане бошад, пас ӯ муҳоҷири ҳамон чизест, ки барои он ҳиҷрат кардааст». (Бухорӣ 1 ва Муслим 1907).

    Маънои ихлос инаст, ки мӯмин нияту амалашро пок карда ва онро аз ҳар гуна палидӣ ва шоибае, ки нияту амалро ботил мекунад ва ё дар камоли онҳо айбу эроде ворид мекунад, дур нигоҳ дорад, монанди риё ва шуҳратталабӣ ва худхоҳӣ ва бидъатгузорӣ ва ғайра.

    Аллоҳи мутаъол дар ситоиши Саҳоба ва ёрони мухлиси Расули Худо (с) мефармояд:

    ﴿لَٰكِنِ ٱلرَّسُولُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ جَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلۡخَيۡرَٰتُۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ٨٨ أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ ٨٩﴾ [التوبة 88-89]

    «Вале паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо молу ҷони худ дар роҳи Худо ҷиҳод карданд. Некиҳо аз они онҳост ва онҳоянд, наҷотёфтагон! Худо барояшон биҳиштҳое, ки ҷӯйҳо дар он равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд, омода кардааст. Ин аст наҷоти бузург!».

    Аз тарафи дигар, мунофиқин буданд, ки гар чӣ зоҳир бо Паёмбар (с) намоз мехонданд ва ҷиҳод мекарданд, аммо аз ихлос ва имони воқеъӣ дӯр буданд. Инҳо дар бадтарин вазъият қарор доранд. Аллоҳи мутаъол дар бораи онон мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ فِي ٱلدَّرۡكِ ٱلۡأَسۡفَلِ مِنَ ٱلنَّارِ وَلَن تَجِدَ لَهُمۡ نَصِيرًا ١٤٥﴾ [النساء 145]

    «Яқинан мунофиқон дар поёнтарин табақоти дӯзах қарор доранд ва ҳар гиз барои онон ёру мададгор нахоҳӣ ёфт».

    Пас эй бародарони мусалмон! Диққат кунед бо ин, ки шакли зоҳирии амал яке ҳаст. Мухлисон муқарраб ва растагоранд ва риёкорон рондашуда ва зиёнкор.

    Ин ҷост, ки таъсири ният дар амал дида мешавад, чун амали Саҳобаи Расули Худо (с) ва мунофиқин дар зоҳир яке буда, аммо амали Саҳоба ҳамроҳ бо ихлос ва амали мунофиқин ҳамроҳ бо риё будааст ва мебинем, чӣ фарқест миёни подоши ин гурӯҳ ва ҷазои гурӯҳи дуввум.

    Аз Абӯҳурайра (р.з), саҳобае, ки бештарини аҳодисро ривоят карда ва ровии ҳудуди 5376 ҳадис аз аҳодиси Расули Акрам (с)) ривоят аст, ки фармуд: Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд:

    «إنَّ أوَّلَ النَّاسِ يُقْضَى يوْمَ الْقِيامَةِ عَليْهِ رجُلٌ اسْتُشْهِد، فَأُتِىَ بِه، فَعرَّفَهُ نِعْمَتَه، فَعَرفَهَا، قال: فَمَا عَمِلْتَ فِيها؟ قَال: قَاتَلْتُ فِيكَ حَتَّى اسْتُشْهِدْت: قالَ كَذَبْت، وَلكِنَّكَ قَاتلْتَ لأنَ يُقالَ جَرِيء ، فَقَدْ قِيل، ثُمَّ أُمِرَ بِهِ فَسُحِبَ عَلى وَجْهِهِ حَتَّى أُلْقِىَ في النَّار. وَرَجُل تَعلَّم الْعِلّمَ وعَلَّمَه، وقَرَأ الْقُرْآن، فَأتِىَ بِه، فَعَرَّفَهُ نِعَمهُ فَعَرَفَهَا. قال: فمَا عمِلْتَ فِيهَا؟ قال: تَعلَّمْتُ الْعِلْمَ وَعَلَّمْتُه، وَقَرَأتُ فِيكَ الْقُرآن، قَال: كَذَبْت، ولكِنَّك تَعَلَّمْت الْعِلْمَ وَعَلَّمْتُه، وقَرَأتُ الْقرآن لِيقال: هو قَارِىءٌ ، فَقَدْ قِيل، ثُمَّ أمِر، فَسُحِبَ عَلى وَجْهِهِ حَتَّى أُلْقِىَ في النَّار، وَرَجُلٌ وسَّعَ اللَّه عَلَيْه، وَأعْطَاه مِنْ أصنَافِ المَال، فَأُتِى بِهِ فَعرَّفَهُ نعمَه، فَعَرَفَهَا. قال: فَمَا عَمِلْت فيها؟ قال: ما تركتُ مِن سَبيلٍ تُحِبُّ أنْ يُنْفَقَ فيهَا إلاَّ أنْفَقْتُ فيها لَك. قَال: كَذَبْت، ولكِنَّكَ فَعَلْتَ ليُقَال: هو جَوَادٌ فَقَدْ قيل، ثُمَّ أمِرَ بِهِ فَسُحِبَ عَلَى وجْهِهِ ثُمَّ ألْقِىَ في النار» مسلم 1905

    «Аввалин касе, ки аз миёни инсонҳо дар рӯзи қиёмат муҳокима мешавад, мардест ки зоҳиран шаҳид шуда, Аллоҳи мутаъол ӯро ҳозир мекунад ва неъматҳояшро бар ӯ мешуморад ва пас аз иқрори вай мепурсад: пас бо ин ҳама неъматҳо чӣ кор кардӣ? мегӯяд: Бори Илоҳо! Дар роҳи ту ҷангидам то ин, ки шаҳид шудам. Аллоҳи таъоло мефармояд: "дурӯғ мегӯйи, балки ҷангидӣ, то ин ки ба ту шуҷоъ ва қаҳрамон гуфта шавад ва гуфта шуд! Он гоҳ Парвардигор дастӯр медиҳад, ки ӯро бар чеҳрааш бикашанд ва ба дӯзах бияндозанд».

    Дуввум шахсе, ки илм омӯхта ва ба мардум таълим дода ва Қуръон хондааст. ӯро ҳозир мекунад ва пас аз он, ки неъматҳояшро бар ӯ мешуморад ва ӯ эътироф мекунад, мепурсад пас бо ин ҳама неъмати ман чӣ кор кардӣ? мегӯяд: Илм омӯхтам ва ба мардум омӯзиш додам ва ба хотири ризои ту Қуръон хондам! Мефармояд: дуруғ мегӯйи!, балки илм омӯхтӣ то ин, ки ба ту олим гуфта шавад ва Қуръон хонди то ин, ки ба ту қорӣ гуфта шавад ва гуфта шуд! Сипас дастур медиҳад, ки ӯро бар чеҳрааш бикашед ва ба дӯзах биандозед.

    Саввум шахсе, ки Аллоҳи мутаъол барояш рисқи фаррох ато фармудаст ва ба ӯ ҳар гуна молу сарвати фаровон ато кардааст, пас аз ин, ки ӯро меоранд ва неъматҳояшро бар ӯ мешуморад ва ӯ ба онҳо эътироф мекунад мепурсад: пас бо ин неъматҳои ман чӣ кардӣ? мегӯяд: Ҳеҷ ҷое набуд, ки ту дошта бошӣ дар он харҷ шавад, магар ин ки ман дар он ҷо ба хотири ту харҷ кардам!. Мефармояд: дурӯғ мегӯйи, балки харҷ кардӣ то ин, ки ба ту сарватманд гуфта шавад ва гуфта шуд. Сипас дастӯр медиҳад, ки ӯ низ бар чеҳрааш кашида шавад ва ба дӯзах андохта шавад". (Муслим 1905)

    Аз ҳазрати Абӯҳурайра (р.з) ривоят шуда, ки фармуд:

    «يا رسول الله من أسعد الناس بشفاعتك يوم القيامة فقال لقد ظننت يا أبا هريرة أن لا يسألني عن هذا الحديث أحد أول منك لما رأيت من حرصك على الحديث أسعد الناس بشفاعتي يوم القيامة من قال لا إله إلا الله خالصا من قبل نفسه» صحيح بخاري 6021

    «Арз кардам, эй Расули Худо (с)! Кист он, ки бештар аз бақияи мардум ба шафоъати шумо хушбахт мегардад? Фармуд: «касе, ки аз таҳи дил бо ихлос» ло илоҳа иллаллоҳ мегӯяд». (Саҳеҳи Бухорӣ 6021).

    Пас эй бандагони Аллоҳ! Ва дӯстдорони имон ва ихлос! Бикӯшед, ки дар амал ихлос пеша кунед, ки мухлисон дар сояи раҳмат ва ҳифозати Парвардигор хоҳанд буд ва аз найранги шайтон ва ҳасрату зиён наҷот хоҳанд ёфт, чунон ки аз забони шайтон мефармояд:

    ﴿قَالَ رَبِّ بِمَآ أَغۡوَيۡتَنِي لَأُزَيِّنَنَّ لَهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَأُغۡوِيَنَّهُمۡ أَجۡمَعِينَ ٣٩ إِلَّا عِبَادَكَ مِنۡهُمُ ٱلۡمُخۡلَصِينَ ٤٠﴾ [الحجر 19-40]

    «(Шайтон) гуфт: Парвардигорам! Ба иллати ин, ки маро гумроҳ кардӣ, ман ҳатман зиндагии дунёро дар чашми онон музайян ҷилва хоҳам дод ва ҳамагиро гумроҳ хоҳам кард, магар бандагони мухлиси туро».

    Шарти Аллоҳи мутаъол барои пазириши тавба, вуҷуди ихлос аст, ки дар амалашон мухлис бошанд, чунон ки мефармояд:

    ﴿إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ وَأَصۡلَحُواْ وَٱعۡتَصَمُواْ بِٱللَّهِ وَأَخۡلَصُواْ دِينَهُمۡ لِلَّهِ فَأُوْلَٰٓئِكَ مَعَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَۖ وَسَوۡفَ يُؤۡتِ ٱللَّهُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ أَجۡرًا عَظِيمٗا ١٤٦﴾ [النساء 146]

    «Магар касоне, ки тавба карданд ва гузаштаашонро ислоҳ намуданд ва ба ресмони Аллоҳ чанг заданд ва динашонро барои Аллоҳ холис карданд, ин гурӯҳ бо мӯминонанд ва ба зудӣ Аллоҳ ба мӯминон подоши бузурге хоҳад дод».

    Умар (р.з) ба Саҳобаи ҷалилул-қадр, Абумӯсо Ашъарӣ (р.з) навиштанд: «Касе, ки нияташ холис бошад, Аллоҳи мутаъол ислоҳи байни ӯ ва мардумро ба ӯҳда мегирад».

    (Ва шери Худо, домод ва писарамаки Расули Худо ва падарзани Умари Форӯқ ва падари Ҳасанайн) Алии Муртазо (р.з) мефармояд: «Аз кам будани амал нигарон набошед, нигарони ин бошед, ки мабодо амал қабул нашавад».

    Пас эй мусалмонон! Ба ин рукни бузург (яъне Ихлос) чанг бизанед ва дар амалатон фақат толиби ризои Аллоҳ ва ҳусули саъодати охират бошед. Ниятҳо ва иродаҳои худро холис кунед ва бо он чӣ Паёмбари гиромиятон (с) ҷоиз қарор додааст, ба Аллоҳ тақарруб ҷӯед".

    Чунон чӣ Аллоҳи мутаъол мефармояд:

    ﴿قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡ يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ فَمَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ رَبِّهِۦ فَلۡيَعۡمَلۡ عَمَلٗا صَٰلِحٗا وَلَا يُشۡرِكۡ بِعِبَادَةِ رَبِّهِۦٓ أَحَدَۢا ١١٠﴾ [الكهف 110]

    «Бигӯ; Ман инсоне монанди шумо ҳастам, ба ман ваҳй мешавад. Албатта Худои шумо худоест якто. Ҳар кас ба дидори Парвардигори худ умед мебандад, бояд кирдори шоиста дошта бошад ва дар парастиши Парвардигораш ҳеҷ касро шарик насозад».

    Аллоҳи мутаъол хитоб ба Расули Акрам (с) мефармояд:

    ﴿قُلۡ إِنِّيٓ أُمِرۡتُ أَنۡ أَعۡبُدَ ٱللَّهَ مُخۡلِصٗا لَّهُ ٱلدِّينَ ١١ وَأُمِرۡتُ لِأَنۡ أَكُونَ أَوَّلَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ ١٢ قُلۡ إِنِّيٓ أَخَافُ إِنۡ عَصَيۡتُ رَبِّي عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٖ ١٣ قُلِ ٱللَّهَ أَعۡبُدُ مُخۡلِصٗا لَّهُۥ دِينِي ١٤﴾ [الزمر 11-14]

    «Бигӯ: (эй Паёмбар!) ба дурустие, амр шудаам, ки Аллоҳро мухлисона парастиш кунам ва дин (ва ибодатам)-ро фақат барои ӯ холис гардонам ва амр шудаам, ки аввалин мусалмон бошам. Бигӯ: агар ман нофармонии Парвардигорамро бикунам, аз азоби рӯзи бузург метарсам. Бигӯ: фақат Аллоҳро мепарастам ва дин (ибодатам)-ро фақат барои ӯ холис мегардонам».

    Ва мефармояд:

    ﴿فَٱعۡبُدِ ٱللَّهَ مُخۡلِصٗا لَّهُ ٱلدِّينَ ٢ أَلَا لِلَّهِ ٱلدِّينُ ٱلۡخَالِصُ٣﴾ [الزمر 2-3]

    «Пас ӯро парастиш кун, дар ҳоле, ки тамоми ибодотро барои ӯ холис гардонӣ. Бидонед, ки ибодати холис фақат барои ӯст».

    Аз Саҳобии гиромӣ Ҷубайр бин Мутъим (р.з) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Се чизаст, ки қалби бандаи мусалмон аз он бениёз нест: ихлос дар амал ва насиҳат кардани ҳокимону раҳбарони мусалмон ва ҳамроҳ будан бо ҷамоъаи мусалмонон». Ривоят аз Аҳмад (13369)

    Маънои ҳадис инаст, ки ин се хислат дилҳоро ислоҳ мекунад, пас касе, ки ба онҳо чанг бизанад Аллоҳ дилашро аз макру хиёнат ва фитнаангезӣ пок мегардонад.

    Эй бандагони Аллоҳ! Бидонед, ки монанди ҳар амали дигар ихлос низ самароте дорад. Аз боризтарин самароти ихлос, метавон умури зеро баршумурд:

    - Таҳқиқи тавҳид ва яктопарастӣ ва солим мондан аз ширку нифоқ.

    - Дохил шудан ба биҳишт ва наҷот аз оташи дӯзах.

    - Қабул шудани аъмол ва чанд баробар шудани он.

    - Омӯрзиши гуноҳон, албатта ширк бидуни тавба бахшида намешавад.

    - Чашидани ҳаловат ва ширинии ибодат ва рушду тараққӣ дар мақомоти он.

    - Растагор шудан ба шафоъати Расули Акрам (с) дар рӯзи қиёмат.

    - Ба даст овардани камоли амният ва оромиш ва ҳидоят дар дунё ва охират.

    Имом Аҳмад бо санади мӯътабар аз Расули Худо (с) ривоят мекунанд, ки фармуданд:

    «إن أخوف ما أخاف عليكم الشرك الأصغر قالوا: وما الشرك الأصغر يا رسول الله؟ قال: الرياء، يقول الله تعالى يوم القيامة إذا جازى الناس بأعمالهم: اذهبوا إلى الذين كنتم تراؤون في الدنيا، فانظروا هل تجدون عندهم جزاء»

    «Яқинан чизе, ки беш аз ҳама ба хотири он бар шумо метарсам, ширки асғар аст". Саҳоба арз карданд: эй Расули Худо (с), ширки асғар чист? Фармуданд: Аллоҳи мутаъол ҳангоме, ки дар рӯзи қиёмат подоши аъмоли бандагонро бидиҳад, ба риёкорон хоҳад гуфт: бираванд назди касоне, ки аъмолашонро дар дунё ба онҳо нишон медоданд ва бубинед оё подоше назди онон меёбед?» Муснади Аҳмад (924)

    Парвардигоро! Дар тамоми гуфторҳо ва ниятҳову иродаҳоямон ба мо ва ҳамаи муслимин ихлоси комил, иноят бифармо.

    اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المؤمنين والمؤمنات والمسلمين والمسلمات الأحياء منهم والأموات، برحمتك يا أرحم الراحمين.

    معلومات المادة باللغة العربية