×

فضل التوحيد وما يكفر من الذنوب (طاجيكي)

إعداد: Мусъаби Ҳамза

الوصف

التوحيد أعظم الطاعات وأساسها، وهو إفراد الله بالعبادة، ولأجله خلق الله الجن والإنس وبعث النبيين عليهم السلام، وقد وعد الله من حققه بالجنة مهما بلغت ذنوبه، وقد ذكر المؤلف في هذه المقالة بعض مكفرات الذنوب.

تنزيل الكتاب

    Фазлу бузургии тавҳид ва гуноҳонеро ки пок мекунад

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳияи: Мусъаби Ҳамза

    2012 - 1433

    فضل التوحيد و ما يكفر من الذنوب

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: مصعب حمزة

    2012 - 1433

    Фазлу бузургии тавҳид ва гуноҳонеро ки пок мекунад

    Худованд дар Қуръони карим мефармояд:

    ﴿ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَلَمۡ يَلۡبِسُوٓاْ إِيمَٰنَهُم بِظُلۡمٍ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلۡأَمۡنُ وَهُم مُّهۡتَدُونَ ٨٢﴾ الأنعام 82

    «Касоне, ки имон овардаанд ва имони худро ба ширк намеолоянд, эминӣ аз эшон аст ва эшон ҳидоятёфтагонанд». Анъом 82

    Зулм дар ин оят ба маънои ширк омадааст.

    عَنْ مُعَاذِ بْنِ جَبَلٍ، قَالَ: كُنْتُ رِدْفَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَلَى حِمَارٍ يُقَالُ لَهُ: عُفَيْرٌ ، قَالَ: فَقَالَ: "يا مُعَاذُ ، تَدْرِي مَا حَقُّ اللَّهِ عَلَى الْعِبَادِ، وَمَا حَقُّ الْعِبَادِ عَلَى اللَّهِ؟َ" قالَ: قُلْتُ: اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَعْلَمُ، قَال: "فَإِنَّ حَقَّ اللَّهِ عَلَى الْعِبَادِ، أَنْ يَعْبُدُوا اللَّهَ وَلَا يُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا، وَحَقُّ الْعِبَادِ عَلَى اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ، أَنْ لَا يُعَذِّبَ مَنْ لَا يُشْرِكُ بِهِ شَيْئًا", قَالَ: قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ ، أَفَلَا أُبَشِّرُ النَّاسَ؟ قَالَ: "لَا تُبَشِّرْهُمْ فَيَتَّكِلُوا".

    «Аз Маъоз ибни Ҷабал (рз) ривоят шудааст: Пушти сари Расули Худо (с) дар маркабаш, ки Уфайр ном дошт нишаста будам. Паёмбар (с) фармуд: Эй Маъоз, медонӣ ҳаққи Худованд бар бандагон ва ҳаққи бандагон бар Аллоҳ чист? Маъоз мегӯяд: Гуфтам: Худованд ва Паёмбараш медонанд. Паёмбар фармуд: Ҳаққи худованд бар бандагонаш он аст, ки чизеро шарики Ӯ қарор надиҳанд. Ва ҳаққи бандагон бар Худованд он аст, ки азоб надиҳад касеро ки бар Ӯ чизеро шарик наовардааст. Маъоз (р.з) мегуяд: Гуфтам эй расули худо! Оё мардумро башорат надиҳам? Паёмбар (с) гуфт: Башорат надеҳ, ки онҳо ба ин такя мекунанд» (Яъне: дар амал ва ибодат кутоҳи мекунанд) (Муттафақун алайҳи).

    عَنْ عُبَادَةَ بْنِ الصَامِتِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: "مَنْ شَهِدَ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ وَأَنَّ عِيسَى عَبْدُ اللَّهِ وَرَسُولُهُ وَكَلِمَتُهُ أَلْقَاهَا إِلَى مَرْيَمَ وَرُوحٌ مِنْهُ وَالْجَنَّةُ حَقٌّ وَالنَّارُ حَقٌّ أَدْخَلَهُ اللَّهُ الْجَنَّةَ عَلَى مَا كَانَ مِنْ الْعَمَلِ" وفي حديث عتبان " فإن الله حرم على النار من قال لا إله إلا الله، يبتغي بذلك وجه الله" (أحمد, البخاري, مسلم)

    Инчунин аз Убода ибни Сомит (р.з) аз паёмбар (с) ривоят аст, ки гуфт: «Касе шоҳиди диҳад , ки нест илоҳи барҳақ магар Аллоҳи ягона ва бешарик. Ва гувоҳи диҳад, ки Муҳаммад (с) бандаи Худо ва паёмбари Ӯст. Ва инки Исо (а) бандаи Худо ва расули Худо аст ва калимаи Ӯст , ки онро ба суи Марям афганда ва руҳе аз ҷониби Ӯст. Ва ҷаннату нор (биҳишту дузах) ҳаққанд. Худованд ӯро бар он амале ки ҳаст дохили биҳишт гардонад. Ва дар ҳадиси Итбон: «Ҳар касе калимаи Ло Илоҳа илло Аллоҳ- ро гӯяд, Худованд ҷисми ӯро бар оташи дӯзах ҳаром гардонад, агар хос барои ризогии Худованд ин калимаро гуфта бошад». (Аҳмад, Бухори, Муслим)

    Дар шарҳи китоби тавҳид (яктопарасти) ки он ҳаққи Худованд бар бандагонаш аст, чунин омадааст: Ин боб "Боби Фазлу бузургии тавҳид ва гуноҳонеро ки пок мекунад" тавҳидро бо навъҳои сегонааш дар бар мегирад. Пас тавҳид бо навъҳои сегонааш бар яктопарастон фазли бузурге дорад. Ва аз бузургтарин фазлаш ин аст, ки гуноҳонро пок месозад. Пас тавҳид ҳамаи гуноҳонро пок месозад, ингуна нест, ки баъзеро пок кунад ва баъзеро гузорад. Зеро тавҳид некии бузург аст, ягон гуноҳе дар муқобили он намеистад, магар инки нури тавҳид онро месӯзонад ва ягон асаре аз он боқи намемонад, агар он нури тавҳид комил бошад.

    Пас мақсад аз "Боби Фазлу бузургии тавҳид ва гуноҳонеро ки пок мекунад" ин аст. Ҳаркас ки тавҳидро комилан бо навъҳои сегонааш: "Тавҳиди рубубият, Тавҳиди улуҳият, Тавҳиди номҳо ва сифатҳои Худованд" ба ҷой биёрад, он ҳама гуноҳонашро пок месозад. Пас ҳарчанд, ки тавҳид зиёд бошад ҳамонқадар миқдори зиёди гуноҳонро маҳву нобуд месозад. Ва ҳарчанд тавҳид зиёду бузург шавад, ҳамонқадар банда дар дунё ва охират эмин мемонад, ва ҳарчанд, ки инсон амалҳояшро мувофиқи тавҳид анҷом диҳад, ҳамонқадар ба биҳишт даромаданаш осон мегардад.

    Анвоъи тавҳид:

    Аввал: Тавҳиди Рубубият

    Маънои он инаст, ки имон дошта бошем, Худованд, парвардигори осмонҳо ва замин аст ва ҳар чӣ дар онҳост, тавассути ӯ офарида шуда ва амру фармон дар саросари ин ҷаҳон махсуси ӯст ва дар идораи умури ин ҳастӣ шарик ва ёваре надорад ва касе нест, ки вайро барои корҳое, ки мекунад бозхост кунад. Пас ӯ ба танҳойи парваришдиҳандаи ҳамаи чиз, рӯзирасони ҳар мавҷуди зинда ва тадбиркунандаи ҳар амр аст. Танҳо ӯст, ки метавонад ба пастӣ кашонад ва ё ба бузургӣ ва мақом бибахшояд ва ё манъ кунад, зарар расонад ва ё баҳра диҳад, азиз кунад ва ё ба зиллат ва хорӣ расонад. Ғайр аз Худо ҳар кас ва ҳар чӣ ки ҳаст, на ихтиёри нафъ ва зарари худро ба уҳда дорад ва на дигареро, магар ба изн ва иҷозаву хости Ӯ.

    Бояд донист, ки ин бахш аз тавҳидро ҳама қабул доранд, магар моддапарастони мулҳид, ки вуҷуди Худоро инкор мекунанд ва дар гузашта ба "Даҳриҳо" ва имрӯзҳо ба "Комунистон ва атеистон" машҳуранд.

    Иддаи дигари аз ин моддапарастон ба "дугонапарастон" машҳуранд, ки муътақид ба вуҷуди ду Худо барои ҷаҳон ҳастанд, Худои нӯр ва Худои торики. Ва ғайр аз ин ду гуруҳ, аксари мушрикини ҷаҳон монанди мушрикони замони ҷоҳилияти Араб, ин бахши тавҳидро қабул дошта ва онро инкор намекарданд. Қуръон аз онон ин гуна нақл мекунад:

    ﴿وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ مَنْ خَلَقَ السَّمَوَاتِ وَالْأَرْضَ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ لَيَقُولُنَّ اللَّهُ﴾[1].

    «Ҳар гоҳ аз онон (ки касоне ё бутҳоро шарики Худо медонанд) бипурсӣ, чӣ касе осмонҳо ва заминро офаридааст ва хуршед ва моҳро (барои шумо) мусаххар кардааст? Қатъан хоҳанд гуфт: Худо!» (зеро медонанд, ки маъбудони дуруғин махлуқанд ва аз ин кор нотавон).

    ﴿وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ مَنْ نَزَّلَ مِنْ السَّمَاءِ مَاءً فَأَحْيَا بِهِ الْأَرْضَ مِنْ بَعْدِ مَوْتِهَا لَيَقُولُنَّ اللَّهُ﴾[2].

    «Агар аз онон (ки машкуканд) бипурсӣ чӣ касе аз осмон об боронидааст ва заминро ба василаи он пас аз маргаш зинда гардонидааст? Қатъан хоҳанд гуфт: Худо!»

    ﴿قُلْ لِمَنْ الْأَرْضُ وَمَنْ فِيهَا إِنْ كُنتُمْ تَعْلَمُونَ سَيَقُولُونَ لِلَّهِ قُلْ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ قُلْ مَنْ رَبُّ السَّمَوَاتِ السَّبْعِ وَرَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ سَيَقُولُونَ لِلَّهِ قُلْ أَفَلَا تَتَّقُونَ قُلْ مَنْ بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ يُجِيرُ وَلَا يُجَارُ عَلَيْهِ إِنْ كُنتُمْ تَعْلَمُونَ سَيَقُولُونَ لِلَّهِ قُلْ فَأَنَّا تُسْحَرُونَ﴾[3].

    «Бигу замин ва касоне, ки дар замин ҳастанд аз они кистанд, агар доно ва фарзонаед?! Хоҳанд гуфт? Аз они Худоянд! Бигӯ: Пас чаро намеандешед ва ёдовар намегардед, Бигу: Чӣ касе соҳиби осмонҳои ҳафтгона ва соҳиби арши бузург аст? Хоҳанд гуфт: аз они Худост!. Бигӯ: пас чаро парҳезгорӣ пеша намегиред (ва худро аз фарҷоми ширк ва куфр нофармонӣ нисбат ба Худо ба дур намедоред) Бигӯ: Оё чӣ касе фармондеҳи бузурги ҳамаи чизҳоро дар даст дорад? Ва паноҳ медиҳад (ҳар касро, ки бихоҳад) ва касеро (наметавон) аз (азоби) ӯ паноҳ дод. Агар фаҳмида ва огоҳед?! Хоҳанд гуфт: Аз они Худост! Бигӯ: Пас чӣ гуна фиреби (ҳаво ва ҳавасу васвасаҳои шайтонро) мехуред ва ингор ҷодӯ мешавед».

    Чунин посухҳое аз тарафи мушрикин нишон медиҳад, ки онон рубубияти Худованди мутаъолро дар ҳастӣ ва тадбири умур мепазируфтанд ва ба он имон доштанд ва лозимаи ин имон ин буд, ки фақат Худоро ибодат карда ва дар ибодати худо касеро шарики ӯ накунанд, аммо онон мункири бахши дигари тавҳид, яъне "тавҳиди улуҳият" буданд ва ба ҳамин хотир Қуръон ононро мушрик медонад.

    Дуввум: Тавҳиди Улуҳият

    Маънои "тавҳиди улуҳият" инаст, ки бандагӣ ва хузуъу итоъати комил ва бе чуну чаро фақат барои Худованди муттаъол бошад ва фарди муътақид ба ин тавҳид ба ҷуз Худованд ҳеҷ шахси дигареро ибодат накарда ва дар замину осмон шарике барои вай нагирад. Тавҳиди комил замоне ба анҷом мерасад, ки тавҳиди улуҳият ҳамроҳи тавҳиди рубубият пазируфта шавад, зеро тавҳиди рубубият ба танҳойи барои наҷот кофӣ нест ва Арабҳои мушрик бо вуҷуде, ки онро пазируфта буданд, аммо ба доираи Ислом ворид нашуданд ва бар куфри худ боқӣ монданд, зеро бидуни далели саҳеҳ барои Худо шарик қоил буда ва худоёни дигареро ба ҳамроҳи Худои ҳақиқӣ мепарастиданд, ба ин гумон, ки ин худоён онҳоро ба Худои ҳақиқӣ наздик карда ва ё назди ӯ барояшон шафоъат кунанд.

    Масеҳиён низ мункири ин набуданд, ки Парвардигори осмонҳо ва замин Аллоҳ аст, аммо Исои Масеҳ (а)-ро шарики вай дониста ва ғайр аз Худо ӯро низ Худо медонистанд. Ба ҳамин далел дар меъёри Қуръон ин Масеҳиён ҳаммонанди соири куффор дар ҷаҳаннам ҷовидона шуда ва биҳишт бар онон ҳаром шудааст.

    Бо гузашти замон мардум аз тавҳиди Улуҳият фосила гирифта ва худоёни мухталиферо ба ғайр аз Худои воқеъи ибодат карданд. Қавми Нуҳ (а) "Вуд" ва "Сувоъ" ва "Яғус" ва "Яъуқ" ва "Наср" ва қавми Иброҳим (а) бутҳои чӯбӣ ва сангӣ ва Мисриёни қадим гӯсоларо, Хиндуҳо гов ва аҳолии сарзамини Сабо хуршед, ситорапарастон ситораҳо, оташпарастон оташ, Арабҳо сангеро ва Масеҳиён Исо ва модари Исо ва донишмандону роҳибони худро ибодат карданд. Ин ҳама мушриканд, зеро ибодатро, ки фақат шоистаи Худост барои дигарон анҷом доданд.

    Сеюм: Тавҳиди асмо ва сифоти Худованд.

    Ва маънои тавҳиди Асмо ва Сифот, иборат аз ҳар исму сифате, ки Аллоҳи муттаъол барои худ дар Каломи маҷидаш зикр фармуда, ё Расули гиромияш (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар аҳодиси гуҳарбораш баён фармудааст, мебошад.

    Ва имон ба асмо ва сифоти Худо ин аст, ки ту ба номҳои Худованд, ки онҳо дар Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) омадааст ва низ ба сифатҳои лоиқ ба зоти Парвардигор бовар намуда, иқрор намоӣ, ки Худованди пок дар номҳо ва сифоти хеш мислу монанде надорад, чи тавре, ки Ў мефармояд:

    «Ҳақ таъоло офаринандаи осмонҳо ва замин аст, барои шумо аз ҷинсатон занонро пайдо кард ва аз ҷинси чорпоён барояш ҷуфт-ҷуфт пайдо сохт. Шуморо дар ҳамин шакли офариниш мунташир месозад ва чизе монанди Ў нест ва Ў шунаво ва биност.» (Шуро-11)

    Бино бар ин Худованди таъоло аз шабоҳат доштан ба яке аз бандагонаш муназзаҳ ва пок мебошад. Номҳои Худо бисёр буда, баъзе аз онҳо Арраҳмон-Бахшоянда, Албасир-Бино, Алазиз-Ғолибу қавӣ мебошанд.

    Аллоҳ таъоло мефармояд:

    «Аллоҳ таъоло бахшояндаву меҳрубон аст.» (Фотиҳа-3)

    «Ҳақтаъоло шунавову биност.» (Шуро-11)

    «Ва Ў ғолибу доност.» (Луқмон-9)

    [1] : Сураи Анкабут 61

    [2] : Сураи Анкабут 63

    [3] : Сураи Муминун 88-89

    معلومات المادة باللغة الأصلية