×

الدين النصيحة (طاجيكي)

إعداد: Абдусаттори Ҳақназар

الوصف

شرح لحديث: «الدين نصيحة، قلنا: لمن؟ قال: لله ولكتابه ولرسوله ولأئمة المسلمين وعامتهم» رواه مسلم.

تنزيل الكتاب

    Дин насиҳат аст

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳия ва тарҷума:

    Абдусаттори Ҳақназарзода.

    2012 - 1434

    الدين النصيحة

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد و ترجمة: عبد الستار بن حق نظر

    2012 - 1434

    Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

    Дин насиҳат аст

    Дини ислом дине аст, ки ҳамеша мусалмононро насиҳат ва роҳнамои барои ҳақ, ва барои ҳар ончизе, ки сабаби хушбахти ва сарбаландии инсоният аст, даъват мекунад.

    Ва албатта дастури ислом дастури муносиб ва ислоҳ кунандаи муҷтамаъҳо дар ҳар замону макон аст.

    Дар ҳадиси шариф ки онро ҳазрати Абу Руқайяи Дорӣ ривоят карда аст, Пайғамбари Худо мефармояд:

    عن أبي رقية تميم بن أوس الداري – رضي الله عنه – أن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال: "الدين نصيحة" قلنا: لمن ؟ قال: "لله ولكتابه ولرسوله ولأئمة المسلمين وعامتهم" رواه مسلم.

    "Аз Абуруқайя, Тамим ибни Авси Дорӣ ривоят шуда аст, ки Пайғамбари Худо фармуд: Дин насиҳат аст. Гуфтем: Барои чи касе: Гуфт: Барои Худо ва барои Қуръон ва барои Пайғамбараш ва пешвоёни мусалмонон ва барои оммаи мусалмонон".

    (Ривояти Муслим)

    Паёмбари ислом дар фармоиши боло динро насиҳат донист, насиҳат ва нусҳ ҳарду масдаранд ба маънои ихлос меоянд. Вақте, ки мегуянд: Ӯро насиҳат кардам, Яъне: Мухлисона ба ӯ гуфтам.

    Насиҳат барои Худо

    Имон овардан ба Ӯ, ва ба ин ки яктост ва шарике надорад ва васфи Ӯ ба сифоти комил ва пок донистанаш аз ҳар айбу нуқсон ва истодаги бар тоъату ибодати Ӯ, ва дурӣ аз маъсият ва нофармонии Ӯ, ва дӯст доштан ба хотири Ӯ, ва душмани ба хотири Ӯ, ва дӯсти бо дӯстони Ӯ, ва душмани бо душманони Ӯ, ва шавқ доштан дар ончи, ки Худо онро дӯст медорад, ва дури кардан аз ончизе ки сабаби қаҳру ғазаби Ӯ мегардад, ва эътироф кардан бар неъматҳои Ӯ, ва сипосгузори дар баробари неъматҳои Ӯ, ва таълим додани ин умур барои Худо.

    Насиҳат барои Пайғамбари Худо (с)

    Насиҳат барои Пайғамбари Худо, бо тасдиқ кардани рисолат ва пайғамбарии ӯ, ва имон овардан ба ҳамаи ончизе, ки ӯ оварда аст, ва фармонбарии ӯ дар амру наҳй, ва нусрат ба дини ӯ, ва дӯсти бо дӯстони ӯ, ва душмани бо душманони ӯ, ва бузург донистани ҳақи ӯ, ва зинда кардани суннати ӯ, ва таълим додан ва нашр кардани суннати саҳеҳи ӯ дар миёни мардум, ва дур кардани туҳмат аз ӯ, ва худдори аз гуфтугу дар суннати ӯ бидуни илму маърифат, ва меҳр овардан дар таълими суннати ӯ, ва гироми доштани пайравони суннати ӯ, ва дӯст доштани хонавода ва хешовандони ӯ, ва дури ҷустан аз аҳли бидъат, чи онҳое, ки дар суннати Пайғабари Худо бидъат дохил карданд, ва чи онҳое, ки ёрони ӯро тавҳин мекунанд, ва иҳтиром доштан нисбати асҳоби ӯ, ва бовари доштан бар инки беҳтарин инсонҳо баъд аз Пайғамбарон ҳастанд.

    Насиҳат барои пешвоёни мусалмонон

    Дар ҳақиқат пешвоёни мусалмонон дар аввали ислом пешвои дини ва дуняви ҳар дуро доштанд, яъне халифа ҳам пешвои дини буд дар улуми дини ва амал ба дин, ва ҳам дар масоили дуняви аз лашкар каши ва ҳифзи амният, ва иҷрои шариъат. Ба монанди Абубакри сиддиқ (р), ҳазрати Умар (р), ҳазрати Усмон (р) ва ҳазрати Алӣ (р), ки ҳам пешвои дини буданд, дар имомати, намоз, хутба, ваъз, ва роҳнамои ба суй ҳақ, ва фаҳми Қуръону суннат ва аҳком, Ва инчунин дар масоили дуняви аз лашкаркаши, ва ҳифзи амният, ва иҷрои адолат, ва таъмини иҷтимои ва саъй дар нашри ислом, ва фароҳам кардани роҳат, ҳарду қисм зери назарашон идора мешуд.

    Ҳаминтавр ҳукм то аҳди саҳобаҳо барқарор буд, ва дар ҳар як аз шаҳрҳои ислом яке аз саҳобаҳо мукаллафи идораи шаҳр буданд, ва мувофиқи замону макон ба воситаи як ё ду тан аз ёрони Пайғамбар (с) идора мешуд, ки ҳар кадом салоҳият, ҳокимият ва қазоватро доштанд, гоҳе яке аз онҳо ҳарду вазифаро иҷро мекард, ва гоҳе барои ҳар вазифа яке аз онон мукаллаф мешуд.

    Ва насиҳат ба пешвоёни мусалмонон дар фармонбардориашон аст, ҳаргоҳ фармонашон дар баробари ҳақ ва адолат бошад ва кумаку роҳбарияшон дар роҳбарии миллат ва пешравии ва сарбаланди барои миллат ба даст биёрад. Ва огоҳ сохтанашон бар ҳуқуқ ва масъулияти бузурге, ки дар баробари мардумашон доранд, ва роҳнамоияшон дар ончики салоҳи мулку миллаташон дар он аст ва саъодату некбахти ва номи неки худашон дар он аст, ва огоҳ сохтанашон ҳаргоҳ ки ба ғафлат рафтанд, ва кумак карданашон дар нашри ҳақиқат.

    Насиҳат барои оммаи мусалмонон

    Бо роҳнамоияшон ба ончизе ки салоҳи дунё ва охираташон дар он аст, ва кумак дар корҳояашон ба сӯи дурусткори, ва гузашт аз нодонияшон, ва таълимашон ба ончики ононро ба ҳуқуқашон ошно месозад, ва чашм пушидан аз нофаҳми ва ноқисиҳояшон, ва дур кардани зарар аз онон, ва овардани фоида барояшон, ва иҳтироми бузургсолонашон, ва меҳрубони бо хурдсолонашон, ва насиҳаташон ба хуби, ва дур карданашон аз фиребу найрангу ҳасад нисбат ба якдигарашон, ва дифоъ аз молу номусашон, ва ташвиқашон ба ахлоқи нек, ва сабр дар роҳи саъодатманд сохтанашон, чунки таълими мардуми омма ҳоҷат ба сабру таҳаммул дорад.

    معلومات المادة باللغة الأصلية