×

أحاديث عن الصلاة (طاجيكي)

الوصف

هذه المقالة تحتوي على مجموعة من الأحاديث التي تبين لنا وقت فرض الصلاة وكيف كان النبي - صلى الله عليه و سلم - يصلي، وكيف كان يرتب ردائه في الصلاة، و فوائد أخرى في موضوع الصلاة.

تنزيل الكتاب

    ҲАДИСҲО ДАР МАВЗЎЪИ НАМОЗ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    www.emomalijon.fo.ru

    2012 - 1434

    أحاديث عن الصلاة

    «باللغة الطاجيكية»

    www.emomalijon.fo.ru

    2012 - 1434

    ҲАДИСҲО ДАР МАВЗЎЪИ НАМОЗ

    Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Абузар (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекард, ки фармуданд: «Ҳангоме, ки ба Макка будам, сақфи хонаам шикофта шуда ва Ҷабраил (алайҳи-с-салом) дохил гардид, синаамро кушода ва ба оби Замзам шуст. Баъд аз он таштеро, ки пур аз ҳикмат ва имон буд, оварда ва дар синаам холӣ кард ва синаамро баст.

    Баъд аз он дастамро гирифт ва ба сӯи осмон уруҷ намуд. Чун ба осмони аввал омадам, Ҷабраил ба дарбони осмон гуфт: Боз кун. Дарбон гуфт: Кист? Ҷабраил гуфт: Ман Ҷабраил ҳастам. Гуфт: Касе ҳамроҳат ҳаст. Гуфт: Бале! Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамроҳам мебошад. Гуфт: Оё ӯ мабъус шудааст? Гуфт: Бале. Ва дарбон дарро кушод.

    Чун ба Осмони Дунё боло шудем, дидем, шахсе нишаста ва мардумоне ба тарафи росташ ва мардумоне ба тарафи чапаш қарор доранд, чун ба тарафи росташ нигоҳ мекунад, механдад ва чун ба тарафи чапаш нигоҳ мекунад, мегиряд. (ӯ моро мухотаб қарор дода) гуфт: Эй пайғамбари некӯкор ва фарзанди некӯкор, хуш омадед.

    Аз Ҷабраил пурсидам: Ин шахс кист? Гуфт: Ин (Одам) (алайҳи-с-салом) аст ва ин чизҳое, ки ба тарафи рост ва чапаш қарор доранд, арвоҳи авлодаш мебошанд. Онҳое, ки ба тарафи росташ ҳастанд, аҳли ҷаннат ва онҳое, ки ба тарафи чапаш мебошанд, аҳли дӯзах ҳастанд, чун ба тарафи росташ мебинад, механдад ва чун ба тарафи чапаш нигоҳ мекунад, мегиряд.

    Баъд аз он маро ба сӯи осмони дуввум бурда ва ба дарбон гуфт: Боз кун. Дарбон ҳамон чизеро, ки дарбони осмони аввал гуфта буд, такрор намуд ва дарро кушод. Анас (разияллоҳу анҳу) мегӯяд, ки Абузар (разияллоҳу анҳу) барояш гуфтааст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар осмонҳо Одам, Идрис, Мӯсо, Исо ва Иброҳим салавотуллоҳи алайҳимро дидааст. Вале Абузар (разияллоҳу анҳу) амокини онҳоро мушаххас карда натавонист, фақат ҳамин қадар ба хотир дошт, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Одам (алайҳи-с-салом)-ро дар осмони дунё ва Иброҳим (алайҳи-с-салом)-ро дар осмони шашум дидаанд.

    Анас (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Чун Ҷабраил бо Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди Идрис (алайҳи-с-салом) расиданд, гуфт: Пайғамбари некӯкор ва бародари некӯкорам, хуш омадед. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегӯянд, ки аз Ҷабраил (алайҳи-с-салом) пурсидам: «Ин шахс кист?» Гуфт: Ин Идрис аст.

    Баъд аз он назди Мӯсо (алайҳи-с-салом) расидем ва ӯ ҳам гуфт: Пайғамбари некӯкор ва бародари накӯкорам, хуш омадед. Пурсидам: «Ин кист?» Гуфт: Ин Мӯсо (алайҳи-с-салом) аст. Баъд аз он назди Исо (алайҳи-с-салом) расидем ва ӯ ҳам гуфт: Пайғамбари некӯкор ва бародари некӯкорам, хуш омадед: Пурсидам: «Ин кист?» Гуфт: Ин Исо (алайҳи-с-салом) аст.

    Баъд аз он назди Иброҳим (алайҳи-с-салом) расидем ва ӯ гуфт: Пайғамбари некӯкор ва фарзанди некӯкорам, хуш омадед. Пурсидам: «Ин кист?» Гуфт: Иброҳим (алайҳи-с-салом) аст. Анас (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ва Абӯҳаббаи Ансорӣ (р) мегуфтанд, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки «баъд аз он то ҷое бурда шудам, ки овози ақломи (қаламҳои) (малоика)-ро мешунидам.»

    Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Худованд бар уммати ман панҷоҳ намоз фарз гардонид, бо ҳамин ҳукм баргаштам, то он, ки назди Мӯсо (алайҳи-с-салом) расидам. Пурсид: Худованд бар уммати ту чӣ фарз намуд? Гуфтам: Панҷоҳ вақт намоз. Гуфт: Ба сӯи Парвардигорат баргард, чун уммати ту тоқати инро надоранд.

    Баргаштам ва Худованди муттаол қисмате аз онро соқит намуд, боз баргаштам ва назди Мӯсо омада, гуфтам: Худованди муттаъол қисмате аз онро соқит намуд. Гуфт: Назди Парвардигорат баргард, чун уммати ту тоқати онро надоранд. Баргаштам ва боз Худованди муттаъол қисмате аз онро соқит намуд, боз назди Мӯсо омадам ва боз бароям гуфт: Назди Парвардигорат баргард, зеро уммати ту тоқати онро надоранд. Боз баргаштам ва Парвардигорам бароям гуфт: Ин панҷ аст (дар адад) ва панҷоҳ аст (дар савоб) ва ин гуфтаам тағйирпазир нест. Боз назди Мӯсо омадаам ва ӯ бароям гуфт: Назди Парвардигорат баргард. Гуфтам: Аз Парвардигорам ҳаё мекунам.

    Баъд аз он Ҷабраил (алайҳи-с-салом) ҳамроҳам рафт, то маро ба Сидрату-л-мунтаҳо расонид ва ин мақом чунон рангҳои гуногуне дошт, ки онҳоро васф карда наметавонам, баъд аз он маро ба ҷаннат бурданд ва дар он ҷо риштаҳое буд аз марворид ва хоки он аз мушк буд.»

    Аз Оиша, умму-л-мӯъминин (р) ривоят аст, ки гуфт: Худованд ҳангоме, ки намозро фарз гардонид, дар ҳазар ва сафар (ду ракаат) фарз гардонид, намози сафар ба ҳамон ҳоли худ боқӣ монд ва бар намози ҳазар афзуда шуд.

    Аз Умар ибни Абӯсалама (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) боре танҳо дар як ҷома намоз хонданд ва ду тарафи ҷомаро ба ҷиҳати мухолиф давр дода буданд.

    Аз Умми Ҳониъ бинти Абӯтолиб (р) дар зимни ҳадиси намози Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи фатҳи Макка ривоят аст. Ва ҳадиси намоз хондани Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи фатҳи Макка қаблан гузашт.

    Ва дар ин ривоят омадааст, ки Умми Ҳониъ гуфт: Баъд аз он ҳашт ракаат намоз, дар ҳоле, ки худашонро ба ҷома печонда буданд, хонданд, чун аз намоз фориғ шуданд, гуфтам: Ё Расулаллоҳ, баччаи модарам, яъне бародарам Алӣ ибни Абӯтолиб (р) мехоҳад шахсеро, ки ман паноҳ додаам ва он (фалон ибни Ҳубайра) аст, ба қатл бирасонад. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Эй умми Ҳониъ! Мо паноҳ додаем касеро, ки ту паноҳ додаӣ,» Умми Ҳониъ мегӯяд: Ин (воқеа) ҳангоми чошт буд.

    Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки шахсе аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳукми намоз хондан дар як ҷома пурсиш намуд. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Оё ҳар кадоми шумо ду ҷома доред?».

    Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Набояд касе аз шумо дар як ҷома, ки бар шонаҳояш аз он чизе набошад, намоз бихонад.»

    Ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Касе, ки дар як ҷома намоз мехонад, ду тарафи онро ба ду ҷониби мухолиф бияндозад.»

    Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки гуфт: Дар сафаре аз сафарҳои Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо эшон ҳамроҳ будам. Шабе ҷиҳати иҷрои коре наздашон омадам, дидам, ки намоз мехонанд ва ман танҳо як ҷома доштам ва худро ба он печонда ва дар паҳлӯяшон ба намоз истодам. Чун аз намоз фориғ шуданд, пурсиданд: «Эй Ҷобир, сабаби берун шудани ту дар ин вақти шаб чӣ буд?»

    Эшонро аз ҳоҷати худ бохабар сохтам, чун суханам тамом шуд, фармуданд: «Ин чӣ навъ ҷома печиданиест, ки мебинам?» Гуфтам: Ҳамин як ҷома буд. Фармуданд: «Агар ҷома калон ва фарох буд, онро ба худ печон ва агар танг ва хурд буд (ба камарат бибанд)

    Аз Саҳл (р) ривоят аст, ки гуфт: Мардум бо Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намоз мехонданд ва монанди атфол лунгиҳои худро ба гарданашон мебастанд ва барои занҳо чунин гуфта мешуд, ки «то вақте, ки мардҳо комилан наменишинанд, сарҳои худро боло накунед.»

    Аз Муғийра ибни Шуъба (р) ривоят аст, ки гуфт: Дар яке аз сафарҳо бо Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамроҳ будам. Фармуданд: «Эй Муғийра! Ин зарфро бо худ бигир.» Он зарфро бо худ гирифтам ва Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷиҳати қазои ҳоҷат хориҷ гардида ва то ҷое рафтанд, ки аз ман пинҳон шуданд, дар ин вақт қабои шомиро пӯшида буданд, мехостанд дасти худро аз остини он берун кунанд, тангӣ кард, аз ин ҷиҳат дасти худро аз қисмати поёни он берун намуданд, ман ба (дастҳо)-яшон об рехтам ва эшон барои намоз хондан вузӯ сохтанд ва бар мӯзаҳои худ масҳ намуда ва сипас намоз хонданд..

    Аз Ҷобир ибни Абдулло (р) ривоят аст, ки мегуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле, ки лунгӣ пӯшида буданд, бо Қурайш сангҳоро ҷиҳати бинои Каъба ҳамл мекарданд. Амакашон Аббос (р) барояшон гуфт: Бародарзодаам! Агар лунгиро аз камари худ боз карда ва рӯи шонаҳоят, зери сангҳо қарор медодӣ, беҳтар буд. Ҷобир (р) мегӯяд: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) лунгиро боз карда, рӯи шонаҳои худ гузоштанд ва ҳамон буд, ки аз шиддати ҳаё ва шарм беҳуш афтоданд ва баъд аз ин рӯз ҳаргиз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бараҳна дида нашуданд.

    Аз Абусаиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз печидани ҷома ба бадан ва аз нишастан ба тавре, ки аврат зоҳир гардад, наҳй фармуданд.

    Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ду ақди харид ва фурӯш дар як ақд ва аз лимос ва нибоз ва аз пӯшидани ҷома, ба тавре, ки аврат намоён шавад ва аз нишастане,ки аврат зоҳир гардад, наҳй фармуданд. (Лимос иборат аз он буд, ки шахс ба муҷарради даст задан ба чизи мавриди назар бояд ҳатман онро мехарид ва нибоз иборат аз он буд, ки фурӯшанда молро ва харидор пулро ба тарафи ҷониби муқобил меандохт ва байъ лозим гардида ва барои ҳеҷ кадом ихтиёри радди он набуд).

    Ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Абубакр (разияллоҳу анҳу) маро ҳамроҳи ду шахси дигар дар он ҳаҷҷе, ки амири ҳаҷ буд, маъмурият дод, то дар рӯзи иди Қурбон ба Мино эълон намоем, ки баъд аз имсол мушрике набояд ҳаҷ кунад ва набояд касе ба хонаи Каъба бараҳна тавоф намояд. Баъд аз он Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Алӣ (р)-ро фиристода ва ба ӯ амр карданд, то бароати аз мушрикинро эълон намояд. Алӣ (р) ҳамроҳи мо дар Мино эълон мекард, ки баъд аз имсол набояд мушрике ба ҳаҷ биёяд ва набояд касе ба хонаи Каъба бараҳна тавоф намояд.

    معلومات المادة باللغة الأصلية