×

Ҳукми дашном додан бар асҳоби Паёмбар (с) (тоҷикӣ)

Таҳия: Мусъаби Ҳамза

Description

Дашном додан бар асҳоби расули худо бо насси Қуръони карим ҳаром аст. Ва ин ақидаи Аҳли суннат ва ҷамоъат мебошад.

Download Book

    Ҳукми дашном додан бар асҳоби Паёмбар (с)

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия ва баргардон:

    Мусъаби Ҳамза

    2014 - 1435

    حكم سب الصحابة رضي الله عنهم

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: مصعب حمزة

    2014 - 1435

    Ҳукми дашном додан бар асҳоби Паёмбар (с)

    Дашном додан бар асҳоби расули худо бо насси Қуръони карим ҳаром аст. Ва ин ақидаи фирқаи наҷотёфтаи (Аҳли суннат ва ҷамоъат) ин уммат мебошад.

    Далолати Қуръон бар ҳаром будани дашноми саҳоба (р.з)

    Дар ояҳои зиёде аз оятҳои Қуръон бар ҳаром будани дашноми саҳоба (р.з) ишора шудааст.

    Аз ҷумлаи он оятҳо:

    1- ﴿وَٱلسَّٰبِقُونَ ٱلۡأَوَّلُونَ مِنَ ٱلۡمُهَٰجِرِينَ وَٱلۡأَنصَارِ وَٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُم بِإِحۡسَٰنٖ رَّضِيَ ٱللَّهُ عَنۡهُمۡ وَرَضُواْ عَنۡهُ﴾ [التوبة : 100]

    1- “Ва пешгомони нахустин аз муҳоҷирон ва ансор ва касоне ки ба неки пайравияшон кардаанд, Худо аз онҳо хушнуд ва онҳо аз Ӯ хушнуданд”.

    Тавба 100

    Ваҷҳи далолати ин оят бар ҳаром будани дашноми саҳоба (р.з).

    Худованди муттаъол ба таври мутлақ аз онҳо рози шудааст, ва аз пештозон, бидуни шарт қарор додани иҳсон рози шудааст. Вале аз тобиъин рози нашудааст магар инаи ба иҳсон ва неки аз собиқин табаъият ва пайрави кунанд. Ва ризоият аз ҷониби Худо як сифати қадим аст ва аз банда розӣ намешавад, магар инки донистааст, ки муҷиботи ризоияти Ӯро фароҳам мекунад. Ва касе ки Худо аз ӯ розӣ шуда бошад, ҳаргиз бар ӯ хашму ғазаб нахоҳад кард.

    2- ﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ يُؤۡذُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ لَعَنَهُمُ ٱللَّهُ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ وَأَعَدَّ لَهُمۡ عَذَابٗا مُّهِينٗا ٥٧﴾ [الأحزاب : ٥٧]

    2- “Бегумон касоне ки Худо ва паёмбари Ӯро меозоранд,Худо онҳоро дар дунё ва охират лаънат карда ва барояшон азоби хиффатбор омода крдааст”.

    Аҳзоб 57

    Ваҷҳи далолати ин оят бар ҳаром будани дашноми саҳоба (р.з).

    Озор додани Расули Худо (с) шомили ҳаргуна озори қавли ё амали мешавад. Аз дашном додан ва тавҳин ё беэътибор кардани ӯ ё динаш, ё чизе ки ба азияти ӯ бармегардад. Ва аз ҷумлаи чизҳое ки эшонро меозорад, тавҳин ва дашном бар асҳоби Ӯст. Ва Паёмбари Худо (с) эълон кардааст, ки озор додани онҳо, озор додани ӯст, ва ҳаркас ӯро биозорад, Худоро озурдааст.[1]

    3- ﴿وَٱلَّذِينَ يُؤۡذُونَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ بِغَيۡرِ مَا ٱكۡتَسَبُواْ فَقَدِ ٱحۡتَمَلُواْ بُهۡتَٰنٗا وَإِثۡمٗا مُّبِينٗا ٥٨ ﴾ [الأحزاب: ٥٨]

    3- “Ва касоне ки мардон ва занони муъминро (бо) нисбат додани гуноҳе ки накардаанд, озор медиҳанд, қатъан туҳмат ва гуноҳи ошкореро ба гардан гирифтаанд”.

    Аҳзоб 58

    Ваҷҳи далолати ин оят бар ҳаром будани дашноми саҳоба (р.з).

    Аз тавҳин бар мардон ва занони муъмин наҳйи шудааст, ба чизе ки ба онҳо нисбат дода мешавад, Дарҳоле ки онҳо аз он бариъ ва пок ҳастанд ва онро анҷом надодаанд. Ва саҳоба (р.з) дар садри муъминон қарор доранд, Ва дар ҳар ояте ки бо " Эй касоне ки имон овардаед" шуруъ мешавад, дар ибтидо онҳо мавриди хитоб ҳастанд. Ва ингуна оятҳо зиёданд.

    Далолати Суннат бар ҳаром будани дашном додани саҳоба (р.з)

    Дар ҳақиқат суннати набавӣ бар таҳрими дашном додани саҳоба ва таъарруз ба онон бо чизе ки дар он нақс аст, далолат кардааст, Ва паёмбар (с) аз воқеъ шудан дар чунин гумроҳи ҳушдор додааст. Чун Худованди муттаъол онҳоро барои ҳамсуҳбатии паёмбараш ва нашри дину боло бурдани эътибори он баргузида аст. Ва онҳо дар муҳаббат бар паёмбари Худо (с) бар болотарин дараҷа расидаанд. Ва вазирону ёрони ӯ шуданд, ки аз ӯ дифоъ мекарданд, Ва бо ҷиҳоду дифоъ барои тамкини дин дар руйи замини Худо то ҷое ки ба нуқоти мухталифи ҷаҳон расид ва ба таври комил ва бидуни нақс ба дасти наслҳои пайрав ва мутобиъ расид.

    Аз ҷумла аҳодисе ки далолат бар ҳаром будани дашном бар саҳоба мекунад, аҳодиси зайл мебошад:

    1- Ҳадисе, ки Бухорӣ ва Муслим дар саҳеҳи худ аз Абусаъиди Худри ривоят кардаанд, ки гуфт: Паёмбари худо гуфт: “Асҳобамро дашном надиҳед” То охири ҳадис.

    Ин ҳадис муштамил бар наҳйи ва парҳез аз дашному тавҳин бар саҳоба аст. Ва ошкоро бар таҳрими дашноми саҳоба далолат мекунад. Ҳатто баъзе аз олимон тавҳин бар саҳобаро аз ҷумлаи гуноҳон ва ҷузъи аз гуноҳони кабира ба ҳисоб овардаанд.[2]

    2- Ҳофиз бо иснод додани ҳадисаш ба Оиша (р.з) ривоят мекунад, ки гуфт: Паёмбар (с) фармуд: “Ёрони манро дашном мадиҳед, Худованд лаънат кунад касеро ки бар асҳоби ман дашном бидиҳад”. Ҳайсами ин ҳадисро дар "Маҷмаъуз-завоид" (10/21) овардааст, ва риҷоли он саҳеҳ ҳастанд.

    3- Ва ҳамчунин бо иснодаш ба ибни Аббос (р.з) ривоят кардааст, ки Паёмбар(с) фармуд: “Ҳар касек и асҳоби манро дашном диҳад, лаънати Худо ва фариштагону тамоми мардум бар ӯ бод” Суюти онро дар “Ҷомеъус-сағир” овардааст, Ва Албони дар “Саҳеҳи ҷомеъ” иснодашро ҳасан донистааст.

    4- Табарони аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят кардааст, ки Паёмбар (с) фармуд: “Вақте номи асҳобам бурда шуд, даст нигаҳ доред” Албони дар “Саҳеҳи ҷомеъ” санадашро саҳеҳ донистааст.

    Ва дигар аҳодиси ошкоре ки аз дашном додани асҳоби паёмбар наҳйи мекунад.

    Бинобарин мусулмон бояд аз дашном додани онҳо ё аз чизе ки онҳоро бадном мекунад бипарҳезад.

    Имом Заҳабӣ гуноҳонеро ки аз кабоир ҳастанд дар китобаш, ки бо номи "Алкабоир" ном дорад, ҷамъовари кардааст, ва дашном додани саҳобаро ҷузъи аз гуноҳони кабира шуморидааст.

    Хулосаи ончики гузашт ин аст, ки: Суннат бар он далолат мекунад, ки дашном додани саҳоба аз бузургтарин кабоир ва зишттарин корҳо аст, Ва касе ки дучори чунин амали зиште шавад, аз касоне аст ки далошашон дар дунё табоҳ шудааст, Дарҳоле ки онҳо гумон мекунанд, ки кори хуб анчом медиҳанд.

    Сухани олимони гузаштаи ислом дар бораи ҳаром будани тавҳин бар саҳоба (р.з)

    Дар ҳақиқат матнҳо ва суханҳое ки аз олимони уммат, аз саҳобагон ва тобиъин вуҷуд дорад зиёд аст, Ва ҳамаи онон таҳрими дашном додани бар саҳоба ва дифоъ аз онҳоро таъйид мекунанд.Ва дар накуҳиш ва уқубати касоне ки забонашонро ба бадгуйи ва носазо гуфтан бар он некони ахёр боз мекунанд, мутанавиъ ҳастанд. Аз ҷумла:

    Ибни Асир дар "Ҷомеъул-усул" (9/408- 409) аз Разин аз ҳадиси Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р.з) кардааст, ки гуфт: Ба Оиша гуфтанд: Гуруҳе аз мардум ба асҳоби расули худо ҳатто Абубакру Умар забондарози мекунанд. Гуфт: Чи чизе шуморо аз ин кор ба таъаҷҷуб вомедорад? Амалашонро табоҳ карданд, ҳоло онки Худо дӯст дошт, ки аҷри онҳоро табоҳ накунад.

    Ибни Батта дар шарҳи "Ал-ибона" (119) бо додани исноди саҳеҳ ба ибни Аббос (р.з) ривоят мекунад, ки гуфт: Асҳоби Муҳаммадро дашном надиҳед, ки мақоми яклаҳзаи онҳо бо паёмбар (с) беҳтар аст аз амали чиҳилсоли ҳар яки аз шумо.

    Абуяъло ва Табарони аз Умми Салама ривоят мекунад, ки ӯ ба Абуабдуллоҳ ҷадали гуфт: Оё дар миёни шумо касе буд, ки расули худоро дашном диҳад? Гуфт: Кай ба расули худо дашном дода мешавад? Гуфт: Магар ба Али ва муҳиббонаш дашном дода намешавад, ҳоло онки Расули Худо (с) ӯро дӯст медошт?[3]

    Муҳаммад ибни Абдулвоҳиди Маақдиси бо исноди саҳеҳаш ба Саъид ибни Абдурраҳмон ибни Абиабзо ривоят мекунад, ки гуфт: Ба падарам гуфтам: Назарат дар мавриди касе ки Абубакрро дашном медиҳад чист? Гуфт: Бояд кушта шавад. Гуфтам: Агар Умарро дашном диҳад? Гуфт: Бояд кушта шавад.[4]

    Молик ибни Анас мегуяд: Касе ки бар асҳоби расули худо тавҳин кунад, ҳеҷ саҳме дар ислом надорад (яъне аз ислом берун аст)[5]

    Абдурраҳмон ибни Амри Авзоъӣ мегуяд: Касе ки ба Абубакри Сиддиқ тавҳин кунад, аз дин баргашта ва хунаш мубоҳ аст. Манбаъи гузашта.

    Ва ингуна ақволи олимон дар ин мавзӯъ зиёд аст.

    Ҳукми дашномдиҳандаи саҳоба ва ҷазои он.

    Олимон дар ҳукм ва ҷазои касе ки бар асҳоби Расули Худо (с) тавҳин кунад, ихтилофи назар доранд, ки оё бо тавҳинаш кофир мешавад ва ҷазои ӯ қатл аст, ё инки фосиқ мешавад ва бо таъзир муҷозот мешавад.

    1- Гуруҳе аз олимон муътақиданд, ки касе ба асҳоби паёмбар (с) тавҳин кунад, ё онҳоро бетътибор кунад ва дар адолаташон таъна ворид созад ва кинаашро нисбат ба онон сароҳатан эълон кунад, кофир аст, Ва касе ки чунин сифат дошта бошад хуни худро мубоҳ кардааст ва қатлаш ҳалол аст, Магар инки тавба кунад ва ба онҳо раҳмат бифиристад.

    Аз ҷумлаи касоне ки ин раъйро доранд:

    1- Саҳоби Абдураҳмон ибни Абзо, чигунае ки дар китоби "Наҳе аз дашном бар саҳоба" (23), омадааст.

    2- Абдураҳмон ибни Амри Авзоъӣ дар шарҳи "Ал-ибона"- и ибни Батта (с 162)

    3- Абубакр ибни Айёш, шарҳи "Ал-ибона"- и ибни Батта (с 160).

    4- Суфён ибни Уяйна, китоби "Наҳе аз дашном бар саҳоба" (24 -25).

    5- Муҳаммад ибни Юсуф ал-Фирёби, шарҳи "Ал-ибона"- и ибни Батта (с 160).

    6- Бишр ибни Ҳориси Марвазӣ, шарҳи "Ал-ибона"- и ибни Батта (с 160).

    7- Муҳаммад ибни Башшор ал-Абди, шарҳи "Ал-ибона"- и ибни Батта (с 160).

    Ва бисёри дигар олимон.

    Ин Имомон сароҳатан дашномдиҳандаи саҳобаро ҳукми ба куфр кардаанд, ва баъзеашон ошкор гуфтаанд, ки муҷозоташ қатл аст.

    Инчунин гуруҳе аз олимони Ҳанафӣ, Молики, Шофеъӣ, Ҳанбали ва Зоҳирӣ чунин назар доранд.

    2- Гуруҳи дигари аз олимон бар ин назаранд, ки дашномдиҳандаи саҳоба ба сабаби дашномаш кофир намешавад, балки фосиқ ва гумроҳ маҳсуб мешавад. Инчунин бо қатл муҷозот намешавад, балки бо адаб додан ва таъзири ӯ кифоят мешавад, ба тавре ки ӯро аз иртикоби ин ҷурме ки аз гуноҳони кабира ва муҳарамоти зишт маҳсуб мешавад, боз дорад.

    Ва агар аз ин кор даст барнадошт муҷозот бар ӯ такрор мешавад, то тавба кунад.

    Аз ҷумлаи имомоне, ки чунин назар доранд:

    1- Умар ибни Абдулазиз, Сорим ал-маслул (569).

    2- Осим Аҳвал, ибни Таймия Сорим ал-маслул (569) зикр кардааст.

    3- Имом Молик, Шифо 2/267

    4- Исҳоқ ибни Роҳавайҳ, Сорим ал-маслул(568)

    Ва гуруҳи зиёди дигари аз олимон низ бар ин назаранд.

    Аз ин ривоятҳо мушаххас мешавад, ки гуруҳе аз олимон бар ин иазаранд, ки дашном диҳандаи саҳоба фосиқ ва мубтадиъ ҳастанд на кофир, Ва бар ҳоким воҷиб аст, ки онҳоро бошиддате ки сабаби қатли онҳо нагардад, таъдиб ва муҷозот намояд.

    Ончи ки дар ниҳоят тарҷиҳ дода мешавад, ин аст ки: Дашном диҳандаи саҳоба кофир нест, Аммо ин ба таври мутлақ нест, Балки машрут аст бо адами бархурди нусуси сареҳи Қуръон ва Суннати саҳеҳ. Ва адами инкори чизе ки заруратан дар дин маълум аст. Бар ин асос калом, касе ки тавҳин кунад бар адами такфир ҳамл мешавад. Худованд донотар аст.

    Грифташуда аз китоби Мафҳуми адолати саҳоба, таълифи Абуабдуллоҳи Заҳабӣ, ба забони форсӣ.

    [1] - Муснад 4/87, Тайсири каримирраҳмон 6/121.

    [2] - Шарҳи Муслим 16/93

    [3] - Маҷмаъуз-завоид 9/130 бо санади саҳеҳ.

    [4] - Таҳзиб ат-таҳзиб 6/132-133.

    [5] - Шарҳи Ал-ибона, ибни Батта 162.

    معلومات المادة باللغة العربية