Description
Он Парвардигоре, ки заминро бистар (ва густараи муносибе) барои шумо ва осмонро бино (и муҳкаме) гардонидааст ва аз осмон оберо фуруд оварда, бо он барои рӯзии шумо меваҳоеро берун намудааст.
Офариниши осмонҳо ва замин
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Сомонаи: Nahzat.tj
2011 - 1432
﴿ السماوات والأرض تدل على وحدانية الله تعالى ﴾
«باللغة الطاجيكية»
موقع النهضة: Nahzat.tj
2011 - 1432
Офариниши осмонҳо ва замин
«Он Парвардигоре, ки заминро бистар (ва густараи муносибе) барои шумо ва осмонро бино (и муҳкаме) гардонидааст ва аз осмон оберо фуруд оварда, бо он барои рӯзии шумо меваҳоеро берун намудааст. Пас (аз мушоҳидаи ин ҳақоиқи офариниш, ки ҳама ба ягонагии офаридгорашон шаҳодат медиҳанд) ҳамтоёне барои ӯ қарор надиҳед, дар ҳоле, ки худ (ин воқеъиятро) медонед».
Нуктаи муҳимме, ки аз фароварди ин оят ба даст меояд, он аст, ки Қуръон дар таҳкими пояҳои маърифати Ҳақ ва шинохтҳои имонӣ андешаи инсонро ба сайре дар каронаҳои офариниш фаро хондааст ва ӯро аз тариқи тааммул ва андешидан дар зебоӣ, қонунмандӣ (боназмӣ), дақиқӣ ва устувории низоми олами ҳастӣ ба шинохти неъматҳои азими худ даъват намудааст. Пас илми дуруст ва андешаи солим муҳимтарин роҳи ба даст овардани маърифати Ҳақ мебошад ва вуҷуд ва ягонагии Худо аз роҳи далелҳои илмӣ ва фактҳои мантиқӣ низ собит мегардад. Ин равиши даъват ба андешидан, такя бар далелҳои илмӣ ва истифода аз мушоҳидаи нишонаҳои қудрати Худо дар таҳкими пояҳои худошиносӣ дар ҷо – ҷои Қуръон такрор мегардад.
Нуктаи дигар он аст, ки Қуръони карим бо ин равиши бемонанди худ мардумро аз назари эътиқодӣ ва равонӣ омода сохта, онҳоро амалан ба омӯзиш ва фарогирии илмҳое дар бораи бахшҳои гуногуни олами офариниш даъват менамояд ва онро ҳам дар маърифати Ҳақ ва ҳам дар пешрафти зиндагӣ муҳим медонад. Пас омӯзиш ва фарогирии ин илмҳо вазифаи динӣ ва роҳе барои таҳкими пояҳои худошиносии онҳо мебошад.
Қуръони карим дар ин оят ба чанд ҳақиқати илмӣ ишора менамояд:
1. Худованд заминро барои зиндагонии инсон ва дигар мавҷудоти зинда парваришгоҳ, бистар ва густараи муносибе гардонида, онро ҳам аз назари шакл, ҳам аз ҷиҳати фазои атроф, ҳам аз лиҳози мӯҳтавои хоку гил, сангу об ва дигар аносири таркибӣ ва аз ҷанбаҳои дигар барои сафари тӯлонии зиндагӣ омода сохтааст. Қуръони карим ин маъноро дар мавридҳои гуногуне бо ибораҳои маҳд, миҳод, бисот ва фирош зикр намудааст, ки ҳама тақрибан як маъно: парваришгоҳ ва густараи муносибе барои зиндагиро ифода мекунанд. Дар ояти 48-уми сураи Зориёт таносуби маъонии ибораҳои «фирош» ва «маҳд»-ро ба ин сурат ифода намудааст: «Ва заминро фарш намудем (густариши муносиб додем) ва бисёр густарандаи хубе ҳастем».
Сайёраи замин дар умум шакли куравӣ дошта ва бо он паҳнои бо вусъате, ки дорад, сатҳаш ҳамчунон ҳамвор ба назар мерасад. Тадқиқотҳои ҷуғрофӣ нишон медиҳанд, ки бахши аъзами онро ҳамвориҳо бо нисбатҳои гуногуни нишебӣ ташкил медиҳанд ва қисмате аз онро баландиҳо ва пастиҳои амиқтаре фаро гирифтааст.
Масоҳати сатҳи замин 510 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки 71 дарсад, яъне 361 миллион километри сатҳи он бо об пӯшонида шудааст ва танҳо 29 дарсад, яъне 149 миллион километри онро хушкӣ ташкил медиҳад. Тақрибан нисфи сатҳи обпӯши заминро атроф ва имтидоди қораҳо ташкил медиҳанд, ки бо об пӯшонида шудаанд ва шакли нисбатан ҳамворе доранд. Ин имтидоди қораҳоро, ки замини зери баҳрҳо ва уқёнусҳоро ташкил медиҳанд, дар истилоҳи имрӯзаи илмӣ минтақаҳои тунукоб (шельф) меноманд.
Баландтарин нуқтаи сатҳи замин қуллаи Эверест дар қаторкӯҳи Ҳимолой аст, ки наздик ба нӯҳ километр (8 848 мт)-ро ташкил медиҳад ва пасттарин нуқтаи замин дар қаъри уқёнуси ором чуқурии Маряна мебошад, ки дар наздикиҳои ҷазоири Филиппин воқеъ гардида, бештар аз ёздаҳ километр (11 033 мт)-ро ташкил медиҳад. Чӣ тавре мушоҳида мешавад, нисбати фосилаи баландтарин ва пасттарин нуқтаи сатҳи замин камтар аз бист километр (19 881 мт) мебошад. Вақте ин рақамҳоро бо нисфи қутри замин, ки тақрибан 6371 километрро ташкил медиҳад, муқоиса менамоем, мебинем,, ки он аз % 0,3 тӯли нисфи қутри замин таҷовуз намекунад.
Таҳқиқотҳои заминшиносие, ки дар қабатҳои мухталиф, қабатсангҳо ва дигар осори давраҳои гузаштаи таърихи замин сурат гирифтааст, ба хубӣ нишон медиҳанд, ки муддати бештар аз 4,6 миллиард сол бар сайёраи замин гузаштааст, то он дар натиҷаи дигаргушавиҳои пайвастаи табиъӣ, таъсири равандҳои созанда ва вайронгар ва табодули маводи таркибии худ дар ин муддати тӯлонӣ барои ҳаёти инсон омода гардидааст. Ин ҷост, ки Қуръон таваҷҷӯҳи инсонро ба ин густараи муносиб ва парваришгоҳи омодаи замин ҷалб менамояд ва ӯро ба тааммул дар паҳнои таърихи он фаро мехонад ва аз ин тариқ азамати неъмати Худоро бар ӯ баён медорад ва мефармояд: «Он Худое, ки заминро барои шумо бистар ва густараи муносибе гардонидааст…».
2. Бахши дуюми оят ба ин воқеъияти илмӣ ишора мекунад, ки Худованд осмонро барои инсон ба сурати муҳкаме бино намудааст ва онро бо он ҳама канораҳои бекарон, ҷирмҳои бешумор ва суратҳои гуногуни модда ва неру (энергия) ба василаи қонуниятҳо ва қувваҳое, ки дар ҳар ҷузъе аз он кор ниҳодааст, устувор намудааст. Донишмандони физика чаҳор навъ қувваро ба исбот расонидаанд, ки дар ба вуҷуд омадани сохтор ва идораи тамоми равандҳои физиқӣ дар ҷаҳони ҳастӣ бевосита дахл доранд:
а) Якум қувваи дохилиядрои (маркази)-и бузурге аст, ки онро дар ниҳоди хиштҳои нахустин ва ё зарраҳои таркиби молекулавии моддаи тамоми мавҷудот кор гузоштааст ва ба ин васила тамосук ва заминаи мавҷудияти ашёро фароҳам овардааст.
б) Дуюм қувваи дохилиядроии кашиш (гравитатсионнӣ)-и заъифтаре аст, ки тамосуки таркиби зарравӣ ва қисматҳои хурди ҳар атомро дар дохили ядрои он таъмин менамояд.
в) Сеюм қувваи электромагнитӣ аст, ки тамосуки атомҳои моддаро дар дохили молекулаҳои таркиби он таъмин менамояд ва нурафкании электромагнитиро ба сурати фотонҳо ва ё он чи бо номи квант (хурдтарин миқдор)-и қувваи рушноӣ маъруф аст, ба вуҷуд меоварад.
г) Чаҳорум қувваи ҷозибият аст, ки тамосуки канораҳо, каҳкашонҳо, ҷирмҳо ва дигар анбоштагиҳои осмониро ба сурати расан ва камарбанди муҳкаме таъмин менамояд.
Хулоса, ин неруҳо ва дигар қонуниятҳое, ки асоси пайдоиш, ҳамбастагӣ ва ҳаракати ҳамоҳанг ва сартосарии коинотро таъмин менамоянд, ҳама аз коргузории Худованди тавонову ҳаким мебошанд, ки осмонро ба сурати бинои муҳкаме барафроштааст ва чӣ бузургаст он Худое, ки мефармояд: «… ва осмонро (барои шумо) биное гардонд».
3. Бахши сеюми оят ба низоми гардиши об дар табиъат ва системаи борон ишора менамояд, ки Худованд ҳаёти мавҷудоти рӯи замин, аз ҷумла инсонро ба он вобаст намудааст. Худованд бо коргузории низоми дақиқи ҳаракат ва гардиши об дар табиъат шароити зиндагӣ дар рӯи заминро таъмин намудааст. Ба василаи ин механизми коргузоштаи Худованд обҳои шӯри баҳрҳо тасфия шуда, ба сурати бухор ва пас аз он қатраҳои борон дар таркиби абрҳо аз сари нав ба оғӯши табиъат бармегарданд ва ба сурати борон фурӯ мерезанд.
Солона ба миқдори 380 000 километри мукаъъаб (кубаметр) об аз баҳрҳо, уқёнусҳо ва рутуботи хушкӣ бухор гардида, ба сурати борон ба домани табиъат мерезад. 320 000 километри мукаъъаби он аз сатҳи баҳру уқёнусҳо ва 60 000 километри мукаъъабаш аз рӯи хушкӣ бухор мешавад. Ин қадар ҳаҷми оби ширин вақте ба сурати борон ба замин бармегардад, 96 000 километри мукаъъаби он ба рӯи хушкӣ ва боқимонда (284 000 км) боз ба ҳаон баҳру уқёнусҳо мерезад ва чӣ тавре мебинем, замин солона ба миқдори 36 000 километри мукаъъаб оби баҳру уқёнусҳоро ба даст меоварад.
Ба ибораи дигар дар як сония миқдори 16 миллион тонна об аз сатҳи баҳру уқёнусҳо ва дигар рутуботи рӯи замин бухор гардида, ба боло мебарояд ва боз ба ҳамин миқдор ба сурати борон ба замин бармегардад ва ҳаҷми обе, ки солона бухор мегардад, 505 триллион тонна обро ташкил медиҳад. Қуръони карим ҳазору чаҳорсад сол пеш дар оятҳои зиёде ба низоми гардиши об дар кураи замин ва мубодалаи дуҷонибаи хушкӣ ва баҳрҳо ишора карда, тамоми захираи оби ширин дар рӯи заминро ба нузули борон ва ҳамин системаи дақиқ мансуб донстааст.
Бар асари ин системаи дақиқи Илоҳӣ об аз сатҳи баҳру уқёнусҳо бухор шуда, то баландии понздаҳ километр, яъне то ғилофи газии атмосфераи замин боло меравад. Дар натиҷа ҳам оби шӯри баҳрҳо тасфия мегардад, ҳам ҳавои атрофи замин бо таъмини ҳаҷми муайяни рутубати ҳаво нарм мегардад ва ҳам захираи оби замин барои идомаи ҳаёт дар рӯи он таъмин мешавад.
Аз ҳама аҷибтар он аст, ки Қуръони карим ҷараёни расидани борон ба заминро бо ибораи «анзала» ифода намудааст, ки ба маънои бар асоси қонуниятҳо ва дар зимни тадорукоти хосе фуруд овардани он мебошад ва он аз партофтан ва ё афтодан ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро агар қатраҳои борон ба замин партофта шаванд, бар асари қувваи ҷозибияти замин бо суръати сахте ба он бармехӯранд ва боъиси ба вайрона табдил додани рӯи он мегарданд. Вале ҳангоми фуруд омадан онҳо ба худ шакли махсусе мегиранд, дар ҳар сония ба миқёси миллиметри муайяне фуруд меоянд ва дар натиҷаи соиш бо ҳавои атрофи замин аз суръаташон коста мешавад. Пас бузург ва боазамат аст он Худое, ки мефармояд: «…ва аз осмон обе фурӯд овард».
4. Дар қисмати охири оят мефармояд, ки ризқи инсонро аз меваҳои табиъат низ ба василаи оби борон фароҳам овард. Дар ин оят ба пайванди бевоситаи сабзиши меваҳои ва дигар растаниҳо ба об ва ба аҳамияти ғизоии онҳо барои инсон ишора шудааст.
Шоёни зикр аст, ки инсон ба ин ҳақоиқи илмӣ пас аз гузашти наздик ба чаҳордаҳ аср аз нузули Қуръон, яъне дар асри нуздаҳум ва бистуми милодӣ даст ёфтааст.