Ислом дини ягонаи Худованд
الإسلام دين الله الوحيد
< الطاجيكية >
Таҳия: Мусъаби Ҳамза
إعداد: مصعب حمزة
Ислом дини ягонаи Худованд
Ислом дини ягонаи Худованд аст ва Худованд на аз Ҷинҳо ва на аз Инсонҳо ба ҷуз ислом дини дигареро намепазирад чуноне, ки мефармояд:
﴿وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ ٨٥﴾ [ال عمران: ٨٥]
«Ва ҳар кас, ки дине ҷуз ислом ихтиёр кунад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд».
Сураи Оли Имрон 85
Ва боз мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلدِّينَ عِندَ ٱللَّهِ ٱلۡإِسۡلَٰمُۗ ١٩﴾ [ال عمران: ١٩]
«Албатта дин дар назди Худо дини ислом аст».
Сураи Оли Имрон 19
Ва ислом дини тамоми паёмбарон буд чуноне, ки Худованд мефармояд:
﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رَّسُولٍ إِلَّا نُوحِيٓ إِلَيۡهِ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱعۡبُدُونِ ٢٥﴾ [الانبياء: ٢٥]
«Мо пеш аз ту ҳар паёмбаре ки фиристодем, фақат ба ӯ ваҳй кардем, ки ғайри Ман худое нест. Пас Маро бипарастед».
Сураи Анбиё 25
Ва боз мефармояд:
﴿إِنَّآ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ كَمَآ أَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ نُوحٖ وَٱلنَّبِيِّۧنَ مِنۢ بَعۡدِهِۦۚ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطِ وَعِيسَىٰ وَأَيُّوبَ وَيُونُسَ وَهَٰرُونَ وَسُلَيۡمَٰنَۚ وَءَاتَيۡنَا دَاوُۥدَ زَبُورٗا ١٦٣ وَرُسُلٗا قَدۡ قَصَصۡنَٰهُمۡ عَلَيۡكَ مِن قَبۡلُ وَرُسُلٗا لَّمۡ نَقۡصُصۡهُمۡ عَلَيۡكَۚ وَكَلَّمَ ٱللَّهُ مُوسَىٰ تَكۡلِيمٗا ١٦٤ رُّسُلٗا مُّبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَى ٱللَّهِ حُجَّةُۢ بَعۡدَ ٱلرُّسُلِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمٗا ١٦٥﴾ [النساء: ١٦٣، ١٦٥]
«Мо ба ту ваҳй кардем, ҳамчунон ки ба Нӯҳ ва паёмбарони баъд аз ӯ ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони Яъқуб ва Исо ва Айюб ва Юнус ва Ҳорун ва Сулаймон ваҳй кардаем ва ба Довуд «Забур»-ро арзонӣ доштем.
Ва паёмбароне, ки пеш аз ин достонҳояшонро барои ту гуфтаем ва онон, ки достонҳояшонро барои ту нагуфтаем. Ва Худо бо Мӯсо сухан гуфт, сухан гуфтане бевосита.
Паёмбароне муждадиҳанда ва бимдиҳанда, то аз он пас мардумро бар Худо ҳуҷҷате набошад ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!».
Сураи Нисо 163 - 165
Ва баъд аз он ки Худованд ин паёмбаронашро зикр кард амсоли: Нуҳ, Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб, Довуд Сулаймон, Айюб, Юсуф, Мусо, Ҳорун, Закарё, Яҳё, Исо, Илёс, Исмоъил, Ясаъ, Лут, Юнус, гуфт:
﴿أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ هَدَى ٱللَّهُۖ فَبِهُدَىٰهُمُ ٱقۡتَدِهۡۗ ٩٠﴾ [الانعام: ٩٠]
«Инҳо касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон кардааст пас ба равиши онҳо пайравӣ кун».
Сураи Анъом 90
Динҳои тамоми паёмбарон дар асл мувофиқанд танҳо дар баъзе масъалаҳои фаръи аз ҳамдигар фарқ мекунанд, фаръҳо фарқ мекунанд на аслҳо, Худованд барои бани Исроил Мусо ва Исо (а)-ро фиристод ва бо нозил кардани Инҷил баъзе оятҳои Тавротро мансух гардонид, Исо (а) ба қавмаш гуфт:
﴿وَمُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيَّ مِنَ ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَلِأُحِلَّ لَكُم بَعۡضَ ٱلَّذِي حُرِّمَ عَلَيۡكُمۡۚ وَجِئۡتُكُم بَِٔايَةٖ مِّن رَّبِّكُمۡ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ٥٠﴾ [ال عمران: ٥٠]
«Тавроти ҳозирро тасдиқ мекунам ва баъзе аз чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шуда, ҳалол мекунам. Бо нишонӣ аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Аз Худо битарсед ва ба ман итоат кунед!».
Сураи Оли Имрон 50
Бо вуҷуде, ки ҳазрати Исо ва Мусо (а) ба суи як қавм фиристода шуда буданд шариъатҳояшон дар баъзе шохаҳо фарқ мекарданд, пас чи гуна шариъати дигар паёмбарон фарқ накунад?!
Ва инчунин ягон шариъате набуд, ки дар он таҳриф дохил нашуда бошад, Худованд мефармояд:
﴿وَإِنَّ مِنۡهُمۡ لَفَرِيقٗا يَلۡوُۥنَ أَلۡسِنَتَهُم بِٱلۡكِتَٰبِ لِتَحۡسَبُوهُ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَمَا هُوَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَيَقُولُونَ هُوَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِ وَمَا هُوَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِ وَيَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ ٧٨﴾ [ال عمران: ٧٨]
«Ва аз миёни онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки ба шеваи китоби Худо сухан мегӯянд, то пиндоред, ки он чӣ мегӯянд, аз китоби Худост, дар ҳоле ки аз китоби Худо нест. Ва мегӯянд, ки аз чониби Худо омада ва ҳол он ки аз ҷониби Худо наёмада аст. Ва худ медонанд, ки бар Худо дурӯғ мебанданд».
Сураи Оли Имрон 78
Ва боз мефармояд:
﴿يُحَرِّفُونَ ٱلۡكَلِمَ عَن مَّوَاضِعِهِۦ ٤٦﴾ [النساء: ٤٦]
«Баъзе аз (яҳудиён) калимоти Худоро ба маънӣ дигаргун мекунанд».
Сураи Нисо 46
Ва чуноне ки Худованд мехост, миёни мардуми омма ва расидан ба ҳақиқат пардае эҷод шуд, ва ягона роҳи расидан ба ҳақиқат он аст, ки паёмбари наве фиристода шавад, сипас Худованд дини ҳақро бо фиристодани Муҳаммад (с) пойдор кард, пас дини ҳақе вуҷуд надорад магар дини Ӯ чуноне, ки Худованд мефармояд:
﴿وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٨٥﴾ [ال عمران: ٨٥]
«Ва ҳар кас, ки дине ҷуз ислом ихтиёр кунад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд».
Сураи Оли Имрон 85
Ва рисолату паёмбарии Муҳамад (с)-ро барои ҳамаи умматон дастур гардонид, чи бар инсонҳо ва чи бар ҷинҳо ва чи бар арабу аҷам чуноне, ки мефармояд:
﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا كَآفَّةٗ لِّلنَّاسِ بَشِيرٗا وَنَذِيرٗا وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ٢٨﴾ [سبا: ٢٨]
«Туро ба паёмбарӣ фиристодем, бар ҳамаи мардум; муждадиҳандаву бимдиҳанда. Вале бештари мардум намедонанд».
Сураи Сабаъ 28
Имом Муслим аз Абуҳурайра (р.з) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуд:
"Қасам бар зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст! Касе нест аз ин уммат, ки дар бораи ман бишунавад, на яҳуди ва на насрони сипас бимирад дар ҳоле, ки ба он чи ки ман барояш фиристода шудаам эмон наоварда бошад, магар ин, ки аз аҳли дузах хоҳад буд".
Худованд Қуръонро аз таҳрифу табдил нигоҳ дошт чуноне, ки мефармояд:
﴿إِنَّا نَحۡنُ نَزَّلۡنَا ٱلذِّكۡرَ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ ٩﴾ [الحجر: ٩]
«Мо Қуръонро худ нозил кардаем ва худ нигаҳбонаш ҳастем».
Сураи Ҳиҷр 9
Касе исломро тафсир намекунад ва мақсаду муроди Худовандро баён намекунад, магар Худованд дар китобаш ва дар суннати Паёмбараш (с), дар назди мардум касе аз Паёмбар (с) равшантар ва намоёнтар нест, локин бо вуҷуди ин, Ӯ ба ҷуз паёмбари вазифаи дигаре надорад, Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلرَّسُولُ بَلِّغۡ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَۖ ٦٧﴾ [المائدة: ٦٧]
«Эй паёмбар, он чиро, ки аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон».
Сураи Моида 67
Ва вазифаи паёмбар ба ҷуз расондан баён намудани он низ мебошад,
Худованд мефармояд:
﴿وَمَا عَلَى ٱلرَّسُولِ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ ٥٤﴾ [النور: ٥٤]
«Ва бар ӯҳдаи паёмбар ғайри таблиғи ошкор ҳеҷ нест».
Сураи Нур 54
Ва ин чунин мешавад, ки баён аз ҷониби Худованд низ бошад, чуноне мефармояд:
﴿فَإِذَا قَرَأۡنَٰهُ فَٱتَّبِعۡ قُرۡءَانَهُۥ ١٨ ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا بَيَانَهُۥ ١٩﴾ [القيامة: ١٨، ١٩]
«Чун хондемаш, ту он хонданро пайравӣ кун. Сипас баёни он бар уҳдаи Мост».
Сураи Қиёмат 18-19
Ва суннат низ ваҳест аз ҷониби Худованд чуноне ки мефармояд:
﴿وَمَا يَنطِقُ عَنِ ٱلۡهَوَىٰٓ ٣ إِنۡ هُوَ إِلَّا وَحۡيٞ يُوحَىٰ ٤﴾ [النجم: ٣، ٤]
«Ва (Муҳаммад) сухан аз рӯи ҳаво (ҳавас) намегӯяд. Ин сухан фақат он чизест, ки ба ӯ ваҳй мешавад».
Сураи Наҷм 3 - 4
Ҳаргоҳ, ки Паёмбар (с) суоле карда мешуд ва дар собиқ ҷавоби онро агар аз тариқи ваҳй медонист ҷавоб медод вагарна интизори ваҳй мешуд.
Ва наздиктарин мардум ба фаҳми Паёмбар (с) саҳобаҳояш буданд ва фаҳмидани онҳо Қуръонро ҳуҷҷат аст, Ва ҳарки бигуяд, ки касе ба ҷуз Худованд ҳаққи дар шариъат ворид намудани чизеро мисли Худованд ҳақ дорад, мисли: чизеро ҳалол намудан ё ҳаром гардонидан аз пеши худ дорад, гуё ки худро дар ҳукми Худованд шарик сохтааст, Ва ин ширке аст, ки касе дар он ихтилоф надорад.
Худованд китобашро нозил накардааст магар ин ки дар гуфтаҳояш он маъноест, ки онро мехоҳад, Ва мақсадашро касе ҳаққи тафсир кардан надорад магар худи Ӯ ва ҳар касеро, ки аз бандагонаш иҷозаи онро дода бошад.
Барои инсоне, ки аз Қуръон маъноеро истихроҷ мекунад ду шарт аст:
Аввал: Аз забони араби ва асли он дар ифроду таркибаш берун набошад.
Дувум: Маъноеро, ки истихроҷ мекунад бо маънои собитшуда аз Қуръон мухолиф набошад.
Чунон нест, ки ҳарчи ба Худованд нисбат дода шавад аз ҷониби Ӯ бошад, бе шубҳа ононе, ки аз аҳли китоб мукаллаф ба истинбот буданд гумроҳ шуданд, чуноне ки Худованд дар бораи аҳли китоб мефармояд:
﴿وَإِنَّ مِنۡهُمۡ لَفَرِيقٗا يَلۡوُۥنَ أَلۡسِنَتَهُم بِٱلۡكِتَٰبِ لِتَحۡسَبُوهُ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَمَا هُوَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَيَقُولُونَ هُوَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِ وَمَا هُوَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِ وَيَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ ٧٨﴾ [ال عمران: ٧٨]
«Ва аз миёни онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки ба шеваи китоби Худо сухан мегӯянд, то пиндоред, ки он чӣ мегӯянд, аз китоби Худост, дар ҳоле ки аз китоби Худо нест. Ва мегӯянд, ки аз чониби Худо омада ва ҳол он ки аз ҷониби Худо наёмада аст. Ва худ медонанд, ки бар Худо дурӯғ мебанданд».
Сураи Оли Имрон 78
Мегуяд:
﴿يَلۡوُۥنَ أَلۡسِنَتَهُم بِٱلۡكِتَٰبِ ٧٨﴾
«ба шеваи китоби Худо сухан мегӯянд»
На ба ғайри он
﴿لِتَحۡسَبُوهُ ٧٨﴾
«то пиндоред, ки он чӣ мегӯянд, аз китоби Худост»
Аз шиддати наздикияш ба он, яъне дар гумроҳи.
Гирифташуда аз китоби "Фаслҳо дар ақида" Абдулазиз ибни Марзуқ Ат-Турайфӣ
Тарҷума: Дорул-ислом/ Тоҷикӣ