الوصف
بر الوالدين من أسباب الفلاح، ووسائل نيل العبد رضا الله تعالى، فحق الوالدين مقرون بحق الله، ولا يسقط بحال، بل قد جعل الله الجهاد وهو ذروة سنام الإسلام متوقفاً على إذنهما مالم يتعين، وفي هذه المقالة حث على بر الوالدين.
Неку кори бо падару модар
ﭽ بر الوالدين ﭼ
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Абдуссатори Ҳамид
2009 - 1430
﴿ بر الوالدين ﴾
« باللغة الطاجيكية »
عبد الستار حميد
2009 - 1430
Неку кори бо падару модар
Худованди бузург дар Қурони карим мефармояд :
ﭧ ﭨ ﭽ ﮗ ﮘ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜ ﮝ ﮞﮟ ﮠ ﮡ ﮢ ﮣ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﭼ الإسراء: ٢٣
"Ва ҳукм кард Парвардигори ту ки ибодат макун магар уро ва бо падару модар некукори кунед, агар бирасад наздики шумо ба калон соли яке аз ешон ё ҳар ду пас магу барояшон уфф ва садо баланд макун ба сарашон ва бигу барояшон сухани нек ".
Неку кори бо падару модар ду намуд мебошад:
1) неку кори кардан бо онҳо дар зиндагияшон.
2) неку кори кардан бо онҳо баъди вафоташон.
Неку кори кардан бо онҳо дар зиндагияшон яне: неки ва хуби расондан бо онҳо ба пулу мол, пас ҳар ҳочате ки доранд бо пулу моламон ҳочаташонро бачо биёрем ва пулу моламонро барой хидмати онҳо дареғ надорем .
Ва инчунин неки кардан бо онҳо бо иҳтиром кардан, ва баланд шуморидани манзилати онҳо дар зиндагияшон.
Ва неки кардан бо онҳо ба хидмати чисмони, ҳамеша дар назди онҳо буда ва аз дасту пой онҳо гирифта, ва инчунин таёр кардани хурок барояшон, ва таёр кардани оби таҳорат барояшон, ва дигар хидматҳое ки падару модар ба онҳо иҳтиёч доранд, ва агар аз назди онҳо дур бошем зуд хабар гирифтани онҳо.
Пайғамбари Худо мефармояд : "Касе бихоҳад ки Худованд умрашро дароз кунад, ва ризқашро дар зиндагияш зиёд кунад пас неки кунад бо падару модараш, ва хабар бигирад аз хешовандони худ" ин ҳадисро эмом Аҳмад ривоят карда аст.
Ва дар ҳадиси дигар Пайғамбари Худо мефармояд: "се шахсест ки Худованд дар рузи қиёмат ба руй онҳо назар намекунад" ки яке аз онҳо касест ки падару модараш аз у рози набошанд.
Аммо некукори бо онҳо баъди мурданашон бо панҷ чиз мебошад :
1) Дуъой нек кардан дар ҳақашон ки Худованд раҳматашон кунад ва чаннати фирдавсро барояшон насиб гардонад.
ﭧ ﭨ ﭽ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﭼ الإسراء: ٢٤
Ва паст кун барояшон бозуй тавозуъро аз чиҳати меҳрубони ва бигу парвардигори ман бeбахш онҳоро чунончи парвариш карданд манро дар хурд солиям.
2) Талаби мағфират кардан аз Худованд барояшон ки гуноҳояшонро бибахшад, ва дар рузи қиёмат ҳисобу китобро бароёшон осон бигардонад
ﭧ ﭨ ﭽ ﰁ ﰂ ﰃ ﰄ ﰅ ﰆ ﰇ ﰈ ﰉ ﰊ ﰋ ﰌ ﰍ ﰎ ﰏ ﰐ ﭼ نوح: ٢٨
" Эи Парвардигори ман мағфират кун маро ва падару модари маро …….".
3) Бачо овардани васияти онҳо баъд аз мурданашон.
4) Ва неки кардан бо рафиқҳо ва дугонаҳой онҳо баъд аз мурданашон.
5) Ва инчунин хабар гирфтани хешу таборашон баъди мурданашон.
6) Ва садақа кардан дар ҳақашон,хоссатан садақай чория.
Аммо агар падару модар барой маъсияти Худо моро амр кунанд албатта итоати онҳо барой мо вочиб нест. Чун ки Пайғамбари Худо мефармояд: "Итоъат нест барой махлуқ дар маъсияти холиқ" яъне: агар касе моро барой маъсияти Худо амр кунад касе ки набошад барой мо итоати у дуруст нест.
Пас чуноне ки итоати онҳо дар розигии Худованд савоби бузург дорад, инчунин итоати онҳо дар маъсити Худо гуноҳи бузурге дорад.
Паёмбари Худо гуфтанд: "Оё шуморо аз бузургтарини гуноҳҳо огоҳ насозам? пас асҳоби киром гуфтанд: бале Пайғамбари Худо моро огоҳ соз, Пайғамбари Худо фармуд : "Касеро ба Худо шарик қарор додан дар ибодат, ва оқ шудан аз падару модар) .