×

Усмон писари Аффон (р) (тоҷикӣ)

Таҳия: Одил ибни Али аш-Шиддӣ

Description

Сеюмин мард дар ислом баъди Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- ва чароғе аз чароғҳои роҳи ҳидоят, бо ҳаётарин ва саховатмандтарин шахс, ва ҷавонмарди бо шараф ҳазрати Усмон писари Аффон -разияллоҳу анҳу-.

Download Book

Усмон писари Аффон (р)

Одили Шиддӣ

Аҳмади Мазид

Мутарҷим: Мисбоҳиддини Ҳомид

«Оё ҳаё накунам аз марде, ки малоикаҳо дар осмон аз ӯ ҳаё мекунанд?»

Усмон писари Аффон (р)

Пешгуфтор

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду сано Худованди бузургро ва салавоту салом бар беҳтарини паёмбарон Муҳаммад (с) ва аҳли байту асҳобаш.

Сеюмин мард дар ислом баъди паёмбар (с) ва чароғе аз чароғҳои роҳи ҳидоят, боҳаётарин ва саховатманд-тарин шахс ва ҷавонмарди бошараф ҳазрати Усмон Зиннурайн (р) мебошад.

Ӯ Усмон ибни Аффон ибни Абулъос ибни Умар мебошад. Аз қабилаи Қурайш аз шохаи Уммавиҳо мебошад.

Ибни Ҷавзӣ мегӯяд: «Бидон, ки Усмон (р) аз ҷумлаи касоне буд, ки пеш аз ин ки паёмбар (с) дохили Дору-л- Арқам шавад, мусалмон шуда буд.

Вақто ки мусалмон шуд, амакаш Ҳакам ибни Абулъос ӯро бо ресмонҳо баста, азобу шиканҷа медод, то замоне ки аз ин кораш хаста шуду фоидае надид, ва дид, ки Усмон (р) дар динаш устувор аст ӯро тарк кард».

(Савоъиқи муҳриқа 1/313)

Ҳазрати Усмон (р) бо ҳамроҳии ҳамсараш Руқайя (р) духтари паёмбар (с), ду бор ҳиҷрат кардааст.

(Табсира, 1/428)

Ҳиҷрати аввалаш ба сӯи Ҳабаша, ҳиҷрати дуюмаш ба сӯи Мадинаи мунаввара.

Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ мегӯяд: Ҳазрати Усмон (р) аз ҷумлаи мусалмонони аввалине буд, ки бо даъвати ҳазрати Абубакр (р) мусалмон шуда буд.

Ҳазрати Усмон (р) духтари паёмбар (с) Руқайяро (р) пеш аз ин ки паёмбар (с) мабъус шавад, ба зани гирифта буд.

Руқайя (р) дар шабҳои ҷанги Бадр аз дунё гузашта буд, ҳазрати Усмон (р) ба сабаби ин ки паёмбар (с) ӯро амр карда буд, ки духтарашро бемордорӣ кунад ва барои ҳамин дар ҷанги Бадр иштирок карда натавонист, вақте ки ӯ аз адами иштирокаш дар ин ҷанг ба паёмбар (с) шикоят кард, паёмбар (с) ба ӯ гуфт: «Эй Усмон, савоби ҷанги Бадр ба ту мерасад ва инчунин аз ғаниматҳояш низ ҳаққи ту ҷудо шудааст». барои ҳамин ӯ яке аз иштирокчиёни ҷанги Бадр ба ҳисоб меравад.

Баъд аз он ки Руқайя (р) аз дунё гузашт, паёмбар (с) духтари дигараш Умми Кулсум (р), хоҳари Руқайяро ба зании ҳазрати Усмон (р) даровард ва Умми Кулсум (р) соли нуҳуми ҳиҷри аз дунё гузашт.

Уламо мегӯянд: Дар ягон таърих сабт нашудааст, ки касе ду духтари паёмбареро ба занӣ гирифта бошад, магар ҳазрати Усмон (р), барои ҳамин ӯро Усмони Зиннурайн мегуфтанд, яъне соҳиби ду нур.

Ҳазрати Усмон (р) яке аз собиқини аввалин аст ва аз аввалини муҳоҷирин аст, яке аз даҳнафараи башорат-додашудагон ба ҷаннат аст ва яке аз шаш нафарае, ки паёмбар (с) аз дунё гузашту аз онҳо розӣ буд.

Ва яке аз саҳобагоне, ки дар ҷамъи Қуръон иштирок карда буданд, мебошад, чунон ки дар гузашта гуфта будем, ҳазрати Абубакр (р) низ Қуръонро ҷамъ карда буд, лекин фарқ миёни ҷамъи Абубакру Усмон (р) дар ин буд, ки ҳазрати Усмон (р) Қуръонро бо қироати як ҳарфаш аз миёни дигар қироатҳо ҷамъ карда буд.

Инчунин паёмбар (с) ҳазрати Усмонро (р) дар вақти ҷанги Зоту-р-риқоъ ва Ғатафон амири Мадина таъин карда буд.

Ибни Исҳоқ мегӯяд: Аввалин марди мусалмон баъди Абубакру Аливу Зайд (р) ҳазрати Усмон (р) буд ва дар ҷамолу зебои ҳамтое надошт.

Ибни Касир мегӯяд: «Ҳазрати Усмон (р) касе буд, ки аз миёни шаш нафар бо иттифоқи муҳоҷирину ансор халифа таъин шуд ва касе буд, ки паёмбар (с) амр ба пайравӣ ва иқтидо ба ӯ карда буд».

***

Ахлоқи ҳазрати Усмон (р)

Ҳазрати Усмон (р) бисёр марди кариму саховатманде буд, хело боҳаё буд. Барои нарм кардани дилҳои аҳлу ақрабо ва дигар мардум пулу молашро дареғ наме-дошт. Ӯ мехост бо ин сабаб дилҳои онҳоро нарм сохта, барои қабул кардани дини ҳақ омодаашон созад, то ки онҳоро аз азоби абадиии рӯзи қиёмат наҷот диҳад, чигунае ки паёмбар (с) бо мардум ин коро мекард, аз тарси ин ки ба азоби сахти Худованд гирифтор нашаванду имону ихлосу тақворо дар дилҳои онҳо ҷори созад.

Қурайшиҳо ҳазрати Усмонро хеле дӯст медоштанд, ҳатто занҳо, вақте ки мехостанд бо кӯдаконашон изҳори муҳаббат кунанд ба онҳо хитоб карда мегуфтанд:

"أحبك و الرحمن حب قريش لعثمان"

Қасам ба Худо, ки дӯстат медорам,

ҳамонанди дӯстдории Қурайш Усмонро.

***

Ҷангҳое, ки ҳазрати Усмон (р)

иштирок карда буд

Ҳазрати Усмон (р) дар ҷангҳои Уҳуд, Хандақ, Ҳудайбия, Фатҳ, Ҳавозин, Тоиф ва Табук иштирок кардааст, инчунин дар байъати Ризвон паёмбар (с) дасташро болои дигар дасташ гузошта, ин ба ҷои дасти Усмон аст гуфта, байъат кардааст.

Инчунин яке аз ҷавонмардие, ки Усмон (р) карда буд, ин буд ки лашкари Ъусраро бо сесад уштур ва бору банду силоҳу муҳиммот омода сохта буд.

Инчунин дар Ҳаҷҷатулвидоъ ҳамроҳи паёмбар (с) буд, дар ҳоле паёмбар (с) аз дунё гузашт, ки аз Усмон (р) розӣ буд, ҳамчунин Абубакрро (р) низ дӯсти бовафое буд ва Абубакр (р) низ дар ҳоле аз дунё гузашт, ки аз Усмон (р) розӣ буд.

Дар дӯстиву бовафои бо Умар (р) камбудие надошт ва Умар (р) низ дар ҳоле аз дунё гузашт, ки аз Усмон (р) розӣ буд ва ӯро яке аз аҳли шӯро интихоб карда буд.

***

Хилофати

ҳазрати Усмон (р)

Ҳазрати Усмон (р) баъди шаҳодати ҳазрати Умар (р) бо иттифоқи тамоми муҳоҷирину ансор халифа ва амири мӯъминон таъин шуд ва бисёре аз кишварҳову шаҳрҳо дар замони хилофати Усмон (р) фатҳ шуда ба давлати исломӣ даромаданд.

Ҳазрати Усмон (р) хилофати исломиву давлати Муҳам-мадиро хело васеъ сохта буд, рисолати Муҳамадиро аз машриқ то мағриб расонида буд, чунон ки ин суханони Худо бо он воқеаҳо бисёр мувофиқ меомаданд:

ﭽوَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنكُمۡ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَيَسۡتَخۡلِفَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ كَمَا ٱسۡتَخۡلَفَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمۡ دِينَهُمُ ٱلَّذِي ٱرۡتَضَىٰ لَهُمۡ وَلَيُبَدِّلَنَّهُم مِّنۢ بَعۡدِ خَوۡفِهِمۡ أَمۡنٗاۚ يَعۡبُدُونَنِي لَا يُشۡرِكُونَ بِي شَيۡٔٗاۚ وَمَن كَفَرَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ ٥٥ ﭼ [النور: ٥٥]

«Ваъда додааст Худо онҳоеро, ки имон оварданд аз шумо ва амалҳои шоиста карданд, албатта халифа созад, онҳоеро дар рӯи замин чуноне ки халифа сохта буд, онҳоеро ки пеш аз инҳо буданд, албатта муҳкам кунад барои ин мӯъминон динашонро, ки писандида аст барояшон (яъне исломро). Ва албатта бадал кунад барои онҳо баъд аз хавфу тарсашон (дар Макка) эминиву хотирҷамъиро (дар Мадина). Ин мӯъминон ибодат мекунанд манро ва шарик наёранд бо ман чизеро (дар ибодатҳои худ). Ва ҳар ки ношукрӣ кунад баъд аз ин, пас онҳо фосиқонанд (мисле ки қотилони ҳазрати Усмон аз неъматҳои Худо ношукри карданду ӯро куштанд)».

(Сураи Нур, ояти 55)

ﭽهُوَ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ رَسُولَهُۥ بِٱلۡهُدَىٰ وَدِينِ ٱلۡحَقِّ لِيُظۡهِرَهُۥ عَلَى ٱلدِّينِ كُلِّهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡمُشۡرِكُونَ ٩ ﭼ [الصف: ٩]

«Ӯст он Худое, ки паёмбари Худро ҳамроҳ бо ҳидоят ва дини ростин фиристод, то ӯро бар ҳа-маи динҳо ғолиб гардонад, ҳарчанд мушриконро нохуш ояд».

(Сураи Саф, ояти 9)

Ва чунон, ки паёмбар (с) гуфта буд: «Агар Қайсар ҳалок шавад, дигар Қайсаре нест ва агар Кисро ҳалок шавад, дигар Кисрое нест, (яъне мулкашон ба охир мерасад), қасам ба он зоте, ки ҷони ман дар дасти ӯст канзҳоӣ (хазинаҳои) онҳоро дар роҳи Худо садақа хоҳед кард».

(Ривояти Муслим)

Ҳамаи ин воқеъаҳо ва амали шудани ин оятҳо дар замони ҳазрати Усмон (р) рӯй дода буданд.

(Тартиб ва таҳзиб, Ал-бидоя ва-н-ниҳоя, 9 то 13)

***

Усмони хайр (р)

Имом Ҳасани Басрӣ ҳоли мардумро дар замони хилофати ҳазрати Усмон (р) барои мо нақл карда мегӯяд: «Дар замони хилофати Усмон (р), рӯзе набуд, ки мардум миёни худ хайру саховатро тақсим накунанд, ба мардум гуфта мешуд: «Эй мардум, боз фардо биёед хайру хайротро бигиред». Меомаданд онҳоро бо тамоми фаровонӣ дарёфт мекарданд, боз дар ҳамон ҷо эълон мешуд, боз фардо биёед асалу равғану дигару дигар хайротро бигиред, меомаданд онҳоро фаровон дарёфт мекарданд ва ин кор тақрибан ҳар рӯз давом меёфт, инчунин тинҷиву амонӣ чунон замини хилофатро фаро гирифта буд, ки касе аз касе тарсу ҳарос надошт, вақте ки вохӯрии мардумро бо ҳамдигар медидӣ, фикр мекардӣ, ки ҳамаи онҳо фарзандони як падару модаранд.

Яке аз меҳрубониҳои ҳазрати Усмон (р) ба мардум ин буд, ки ба онҳо аҳд карда буд, ки ҳеҷ гоҳ шамшерҳо ба сари мусалмонон аз ғилофҳо берун кашида намешаванд, лекин ҳайҳоту ҳайҳот, ки ин худи мусалмонон буданд, ки сари ҳамдигар шамшеркашӣ карданд ва ҳамдигарро куштанд ва то имрӯз ин кор давом дорад ва агар ҳол чунин бошад, ба Худо қасам, ки шояд то рӯзи қиёмат шамшерҳо ба ғилофҳояшон андохта нашаванд.

(Тартиб ва таҳзиб, Ал-бидоя ва-н-ниҳоя, саҳ. 50)

(Имом Табарони ривояташ кардааст ва Ҳайсамӯ ӯро дар «Муҷаммаъ», ҷ.9/94 ҳасан гуфтааст)

***

Фазилатҳои ҳазрати Усмон (р)

Дар фазлу бузургии ҳазрати Усмон (р) ҳадисҳои саҳе-ҳи зиёде ворид шудааст, ки ба ғайр аз мутакаббири кинаварзе, ки мехоҳад рушноии офтобро бо ғирбол бипӯшонад, дигар касе онҳоро инкор карда наметаво-над ва ҳоло мехоҳам чанд ҳадис дар мавриди фазила-ти ҳазрати Усмон (р) зикр кунам.

Ҳадиси аввал: Cеюмини беҳтарини уммат.

Аз ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Дар замони паёмбар (с) мо касеро аз Абубакру Умару Усмон беҳтар намегуфтем, аммо боқимондаи саҳобаҳо-ро ба ҳоли худашон мегузоштем ва онҳоро аз ҳамдигар беҳу боло намегуфтем.

Ҳадиси дуюм: Усмони шаҳид.

Аз Анас (р) ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбар (с) бо ҳамроҳиии Абубакру Умару Усмон, болои кӯҳи Уҳуд баромаданд, ногаҳон кӯҳи Уҳуд ба ларза даромад, Паёмбар (с) гуфт: «Ором бош эй Уҳуд, дар болои ту паёмбару Сиддиқу ду шаҳид аст, (яъне Умару Усмон)».

Ҳадиси сеюм: Усмон аз аҳли ҷаннат аст.

Аз Абумӯсои Ашъарӣ ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбар (с) дохили боғе шуду маро амр кард, ки дарбон шавам, дар ин вақт касе дарро кӯфт. Паёмбар (с) гуфт: «Ӯро иҷозат бидеҳ ва башораташ бидеҳ, ки аз аҳли ҷаннат аст, пас дидам, ки Абубакр будааст, башорати паёмбарро ба ӯ расондам, боз каси дигаре омад паёмбар (с) гуфт: ӯро иҷозат бидеҳ ва башораташ бидеҳ, ки аз аҳли ҷаннат аст, пас дидам ки Умар аст, ба ӯ низ башорати паёмбарро расонидам, сипас чанде нагузашта буд, ки боз дар куфта шуд. Паёмбар (с) каме сукут карду гуфт: «Ӯро иҷозат бидеҳ ва башораташ бидеҳ, ки аз аҳли ҷаннат аст ба омадани балое, ки ба сараш хоҳад омад». Вақто дарро боз кардам, дидам, ки Усмон аст, башорати паёмбарро ба омадани балое, ки ба сараш меояд, ба ӯ расонидам. Усмон дар ҷавоб гуфт: «Худованд дар он рӯз кӯмаккунанда аст».

(Муттафақун алайҳ)

Ҳадиси чаҳорум: Аз Усмон (р) малойкаҳо ҳаё мекунанд.

Аз Оиша, модари мӯъминон (р) ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбар (с) дар хонаи ман дар ҳоле такя зада буд, ки пойҳояш то зону ё болотар луч буданд, дар ин ҳол Абубакр (р) иҷозаи вуруд хост. Паёмбар (с) ба ӯ иҷозат дод ва ҳолаташро тағйир надод. Умар (р) иҷозаи вуруд хост, ба ӯ ҳам иҷозат доду ҳолаташро дигар накард, сипас чанде нагузашта Усмон (р) иҷозаи вуруд хост. Паёмбар (с) дар ҷояш рост нишаста, пойҳояшро бор карду сипас ба Усмон иҷозати вуруд дод, вақте ки онҳо баромаданд, ҳазрати Оиша (р) ба паёмбар (с) гуфт: «Эй расули Худо, чаро вақте ки Абубакр даромад, ҳолататро тағйир надодӣ, инчунин вақте ки Умар даромад, ҳолататро тағйир надодӣ, лекин ба муҷарради иҷоза хостани Усмон ба ҷоят нишастию пойҳоятро пушонда сипас ба ӯ иҷозати вуруд додӣ?» Паёмбар (с) гуфт: «Эй Оиша, оё аз марде ҳаё накунам, ки малоикаҳо дар осмон аз ӯ ҳаё мекунанд?».

(Ривояти Муслим)

Инчунин дар ривояти дигар омадааст, ки паёмбар (с) гуфт: «Бораҳмтарини умматам бар умматам Абубакр аст ва сахтгиртарини умматам дар амри Худо бар умматам Умар аст, ва содиқтарини умматам дар ҳаёаш Усмон аст».

(Ривояти Аҳмад ва Тирмизӣ)

Ҳадиси панҷум: Усмони саховатманд.

Аз Абуабдураҳмони Суламӣ (р) ривоят аст, ки вақте, ки ҳазрати Усмон (р) муҳосира шуд, ба мардум нидо карду гуфт: «Ин нидои ман фақат ба асҳоби паёмбар (с) аст, шуморо ба Худо қасам медиҳам, бигӯед: «Оё ба ёд доред, вақте ки паёмбар (с) гуфт, ки ҳар кӣ лашкари Ъусраро омода созад, ҷаннатӣ аст» Сипас ман ин лашкарро омода сохтам?! Оё медонед, ки паёмбар (с) гуфт, ки ҳар кӣ чоҳи Румаро биканад, ҷаннатӣ аст. Сипас ман чоҳро кандам?! Тамоми саҳобаҳое, ки онҷо буданд, гуфтанд: «Бале, рост мегӯӣ!»

(Ривояти Бухорӣ)

Инчунин аз Абдураҳмон ибни Хабоб (р) ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбарро дидам, ки мардумро даъват мекард, ки лашкари Ъусраро омода созанд. Усмон (р) гуфт, ки эй Расули Худо, ман омода кардани сад уштурро бо тамоми муҳимоташ дар роҳи Худо ба ӯҳда мегирам». Сипас Паёмбар (с) боз барои омодасозии лашкар нидо кард, Усмон боз гуфт: «Эй Расули Худо, сесад уштур бо тамоми муҳимоташ дар роҳи Худо ба ӯҳдаи ман». Паёмбар (с) аз минбар поён омаду гуфт: «Аз ин рӯз баъд ба Усмон зараре намерасад, ҳар коре, ки бикунад (яъне, аз ин рӯз баъд Усмон коре намекунад, ки аз ӯ бахшида нашавад)». (Ба дигар маъно, Паёмбар (с) барои ҳазрати Усмон ҷаннатро замонат дод).

(Ривояти Тирмизӣ)

Аз Абдураҳмон ибни Самра (р) низ ривоят аст, ки гуфт: барои омода сохтани лашкари Ъусра Усмон (р) ҳазор динор дар бағали паёмбар (с) оварда рехт. Паёмбар (с) онҳоро ба ҳар сӯ рӯйгардон мекарду мегуфт: «Аз ин рӯз ва минбаъд ба Усмон зараре намерасад», (яъне, агар гуноҳе ҳам кунад, Худо ӯро мебахшаду ба ӯ зарар намерасад).

(Ривояти имом Аҳмад ва имом Тирмизӣ)

Адли ҳазрати Усмон (р)

Аз намунаҳои адли Усмон (р) ин буд, ки амр мекард то тамоми мансабдорону вазифадорони аркони хилофат дар мавсими ҳаҷ дар Макка ҷамъ шаванд ва ба мардуме, ки дар таҳти хилофаташ зиндагӣ мекар-данд, нома менавишт. Дар нома навишта буд, ки ҳар кассе, ки чӣ шикояте аз волиёну амирон дорад, ба ман хабар бидиҳад, ман ҳаққашро меситонам.

(Тартиб ва таҳзиб, Ал-бидоя ва-н-ниҳоя, саҳ. 51)

Инчунин аз намунаҳои адли Усмон (р) ин буд, ки ҳукми Худоро ҷорӣ мекард, агарчи маҳкум аз хешовандонаш ҳам бошад, ҳамченон ки ҳукми нӯшидани арақро дар Валид ибни Уқба (р), ки фарзанди модараш буд, ҷорӣ карда буд.

***

Тарси Усмон (р) аз Худованд

Ҳазрати Усмон (р) вақте назди қабре меистод, чунон гиря мекард, ки аз оби дида ришаш тар мешуд. Аз ӯ пурсиданд: «Эй амири муъминон, вақте ки ҷаннату дӯзахро ба ёдат меоранд, гиря намекунӣ, аммо вақте ки қабрро ба ёдат биёранд, гиря мекунӣ?» Ҳазрати Усмон (р) гуфт: «Қабр аввалин манзилатест, аз манзилатҳои охират. Агар инсон аз азоби он наҷот ёбад, ончи ки пас аз он меояд, осон аст ва агар аз азоби он наҷот наёбад, он чи ки баъд аз ӯ меояд мушкилтар аст». Ва илова намуд, ки аз паёмбар (с) шунидааст: «Манзараеро надидам дар қиёмат, магар ин он чи ки дар қабр аст, аз ӯ гаронтар буд».

(Ривояти Тирмизӣ)

***

Ибодатҳои ҳазрати Усмон (р)

Вақте ки ҳазрати Усмон (р) кушта шуд, ҳамсараш ба қотилон гуфт: «Шумо Усмонро дар ҳоле куштед, ки Қуръонро ҳангоми шаб дар як ракъати намозаш мехонд». Инчунин вақте ки кушта шуд, Қуръон дар оғӯшаш буд.

(Асҳобу-р-расул, 1\170)

Меҳрӯбонии ҳазрати Усмон (р) ба мардум

Ҳазрати Усмон (р) нисбат ба мардум марди бисёр ҳалиму меҳрӯбону дилсӯзе буд. Бисёр боҳаёву хоксор буд. Маҳз ҳалими ва хоксории ӯ буд, ки дар фосиқон бар ҳазрати Усмон (р) ҷуръати ҳамла кардан пайдо шуд.

Ибни Умар (р) ба он фосиқону нохалафоне, ки ҳазрати Усмонро кушта буданд, мегӯяд: «Шумо бар Усмон чизҳоеро айб гирифтед, ки агар Умар ин корҳоро мекард аз Ӯ айб намегирифтед».

Аз ин гуфтаи ибни Умар (р) фаҳмида мешавад, ки фосиқон аз ҳилму меҳрубонии ҳазрати Усмон (р) сӯиистифода карда, ӯро иҳота карданду мазлумона куштанд.

Меҳрубониҳои ҳазрати Усмон (р) ба мардум дар он зоҳир мегардид, ки ҳама вақт аз аҳволашон бохабар буду беморҳояшонро хабар мегирифт. Намегузошт, ки нарху наво боло раваду зиндагӣ ба сари мардум вазнин ояд. Лекин ҳайҳоту ҳайҳот, то замоне, ки инсон неъмат дорад, қадри онро намедонад. Акнун бо чашми сар дида истодаем, ки мусалмонон дар кадом ҳолат зиндаги доранд.

***

Шаҳид кардани ҳазрати Усмон (р)

Аз Ҳузайфа (р) ривоят аст, ки гуфтааст: «Аввалин фитна, кушта шудани ҳазрати Усмон (р) будааст ва охирин фитна баромадани Даҷҷол аст. Қасам ба он зоте, ки ҷони ман дар дастӣ ӯст, агар касе дар дилаш аз кушта шудани Усмон (р) заррае розӣ гардида бошад, (яъне касе аз кушта шудани ҳазрати Усмон розӣ бошад), агар ин шахс намира-ду бо Даҷҷол вохӯрад, ӯро пайравӣ хоҳад кард».

Аз ибни Асокир аз Ҳасан (р) ривоят аст, ки гуфт: «Усмон вақте кушта шуд, Алӣ дар он ҷо набуд ва вақте кушта шудани Усмонро шунид, гуфт: «Парвардигоро, ман на аз кушта шудани Усмон розӣ ҳастам ва на таманои онро доштам»

Абдураҳмон ибни Маҳдӣ мегӯяд: «Ду хислате Усмон (р) дар ниҳод дошт, ки Абубакру Умар (р) надоштанд: якум, сабри Усмон (р) бар ҷонаш, то ин ки кушта шуд, дуввум, ҷамъ кардани мардум дар як қироати Қуръон.

Аз ибни Умар (р) ривоят аст ки гуфт: «Усмон аз фосиқоне, ки ӯро муҳосира карда буданд, мушфиқона пурсид: «Барои чӣ маро мекушед? Ман аз Паёмбар (с) шунидаам, ки гуфтааст: «Рехтани хуни мусалмон ҳалол намешавад, магар ба се сабаб: аввал марди зандоре, ки зино кунад, ӯ сангсор мешавад; дуввум, касе касеро қасдан бикушад, аз ӯ қасос гирифта мешавад; саввум, касе, ки муртад шавад (яъне баъд аз ин ки мусалмон буд, кофир шавад) кушта хоҳад шуд.

Ман ба Худо қасам мехӯрам, ки на дар замони ҷоҳилӣ ва на дар замони ислом зино накардаам ва касеро низ ноҳақ накуштам. Ва аз рӯзе, ки мусал-мон шудаам, муртад нашудаам. Ман шаҳодат медиҳам, ки Худо якка ва ягона аст ва Муҳаммад расули Ӯст». (Ривояти Аҳмад ва Тирмизӣ)

Усмон (р) саҳобаҳоро аз дахолат кардан

манъ мекунад

Фосиқон ҳазрати Усмонро (р) муҳосира карданд ва аз ӯ обу таъомро манъ карданд, саҳобаҳои паёмбар (с) хостанд, ки онҳоро бо зӯри силоҳ манъ кунанд. Ҳазрати Усмон (р) онҳоро аз ин кор боздошт ва гуфт: «Аз ҳама зиёд итоаткунандаи шумо аз ман, касе аст, ки даст ба силоҳаш назанад».

Инчунин ҳазрати Усмон (р) ба ҷавонони саҳоба мисли ҳазрати Ҳасану Ҳусейну ибни Умару ибни Зубайру (р) дигарҳо гуфт: «Шуморо ба хотири Худо ва ба Ӯ қасаматон медиҳам, ки коре накунед, ки ба хотири ман қатрае хун рехта шавад». Ҳазрати Алӣ (р) низ барои кӯмак ва нусрати ӯ омад. Ҳазрати Усмон (р) ба ӯ гуфт: «Ман эҳтиёҷ ба ҷангу хунрезӣ надорам!!!»

Балки ҳазрати Усмон (р) аз он фосиқон хост, ки бидуни рехтани хуне баргарданду аз ин корашон даст кашанд.

Ин корро низ ҳазрати Усмон (р) ба хотири он кард, ки ба сабаби ӯ хуни мусалмоне ноҳақ нарезад ва фитнае рӯй надиҳад.

Лекин тақдири ҳазрати Усмон (р) ҳамин будааст, бояд аз дунё шаҳид гузарад. Чунки паёмбарро дар хоб дида буд, ки ба ӯ гуфт:

"أفطر عندنا الليلة يا عثمان"

«Эй Усмон ин бегоҳ дар назди мо ифторатро бикун».

(Ривоят бо тасҳеҳи Ҳоким ва Заҳабӣ ӯро мувофиқат кард)

Субҳи ҳамон рӯз дар ҳоле, ки рӯзадор буд, кушта шуд.

***

Лаҳзаҳои охири ҳаёти Усмон (р)

Ҳазрати Усмон (р) дар лаҳзаҳои охир бист ғуломро озод кард ва талаб кард, ки барои ӯ эзоре биёранд, ки бипӯшад, зеро ҳангоме ки ӯро мекушанд, авраташ на-моён нашавад. Чунки бисёр марди боҳаёе буд, ҳатто шарм дошт, ки авраташ баъди вафоташ намоён ша-вад, хушо ба ҳолат, эй Усмон! Сипас Қуръонро дар байни дастонаш гузошту шурӯъ кард ба тиловат кардан ва ба тақдири Худо тан доду дасташро аз куштор бардошт.

Қотилони худро насиҳат кард ва ба онҳо ки будану фазлашро дар ислом фаҳмонд, лекин онҳо аз куштор даст набардоштанд, бар сараш ҳуҷум карданду ӯро куштанд.

Дар ривояти дигар омадааст, ки аввалин қатраи хуни ҳазрати Усмон (р) дар болои ин оят чакида буд:

ﭽفَسَيَكۡفِيكَهُمُ ٱللَّهُۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ١٣٧ ﭼ [البقرة: ١٣٧]

«Пас зуд бошад, ки кифоят кунад Худо бо инти-қоми ту ононро ва Ӯст шунавову доно».

(Сураи Бақара, ояти 137)

Ҳазрати Усмон (р)-ро дар синни ҳаштодсолагӣ ва дар ривояти дигаре дар синни ҳаштоду чаҳорсолагӣ ба шаҳодат расонидаанд.

Чигунае ки васият карда буд, ҳазрати Зубайр ибни Ъаввом (р) ҷанозааш карду ӯро дар гӯристони Бақиъ, дар паҳлӯи масҷиди паёмбар (с) ба хок супориданд.

Худованд аз Усмон розӣ бошад.

Парвардигоро! Мо шаҳодат медиҳем, ки ҳазрати Усмонро ва инчунин ҳамаи халифаҳои рошидин ва тамоми саҳобагонро дӯст медорем, Парвардигоро, аз ҳамаи онҳо розӣ бош!

Салавоту дуруд бар набии мо ва олу асҳобаш.

***

معلومات المادة باللغة العربية