×
New!

Bayan Al Islam Encyclopedia Mobile Application

Get it now!

Баъзе саволҳо ва ҷавобҳо дар бораи рӯзаи шаш рӯзе аз моҳи Шаввол (тоҷикӣ)

Description

Нависандаи ин мақола дар бораи баъзе саволҳои муҳиме, ки дар бораи рӯза доштани шаш рӯзи шаввол мебошад бо ҷавобҳояш ҷамъ овари кардааст ва пешкаши хонандагон кардааст, монанди чунин саволҳо. Саволи якум: Оё ҷоиз аст ки баъди Рамазон, пеш аз ин ки рӯзаҳои қарзиро бидорем шаш рӯзи Шаволро рӯза бидорем?

Download Book

    Баъзе саволҳо ва ҷавобҳо дар бораи рузаи шаш рузе аз моҳи Шаввол

    فتاوى الست من شوال

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳиякунанда : Мисбоҳуддини Ҳомид

    2009 - 1430

    فتاوى الست من شوال

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد : مصباح الدين حميد

    2009 - 1430

    Баъзе саволҳо ва ҷавобҳо дар бораи рузаи шаш рузи моҳи Шаввол

    Саволи якум: Оё ҷоиз аст ки баъди Рамазон, пеш аз ин ки рузаҳои қарзиро бидорем шаш рузи Шаволро руза бидорем?

    Ҷавоб: Аҳли илм дар ин масъала ихтилоф кардаанд, аммо дурустараш инаст, ки аввал бояд рузаҳои қарзиро бидорем сипас шаш рузи Шавволро, чунки Паёмбар (с) фармуданд: Ҳарки Рамазонро руза бидораду баъди у шаш рузи моҳи Шавволро руза бидорад мисли он аст, ки гуё тамоми солро руза доштааст.

    (ривояти Муслим)

    Ин чунин рузаи қазо, гирифтанаш воҷиб аст, ва рузаи моҳи Шаввол нафл аст, ва воҷиб аз нафл ҳамеша муқаддам аст, ва ҳар касе ки рузаи қазояшро адо нокарда шаш рузи Шавволро руза бидорад, гуё ки рузадорияш баъди Рамазон не балки шаш рузи Шавволро дар миёни Рамазон руза доштааст ва ин кор мувофиқи гуфтаи Паёмбар (с) рост намеояд, чунки Паёмбар мегуяд: (Ҳарки Рамазонро руза бидораду баъди у шаш рузи моҳи Шавволро руза бидорад) яъне рузаи Шаввол бояд баъди Рамазон бошад ва вақто ки инсон рузаи қазо дошта бошад бояд аввал рузаи қазояшро бидорад то ки рузаи Шавволаш миёни рузаи Рамазону рузаи қазояш мувофиқ наояд.

    Саволи дувум: Оё руза доштани шаш рузи Шаввол бояд мубошаратан баъди рузи иди Рамазон бошад? ё ин ки мешавад, ки дар моҳи Шаввол пай дар пай ё ин ки як руз бад ё ду руз баъд шаш рузро руза бидоранд?

    Ҷавоб: шарт нест ки рузаи шаш рузи Шавволро мубошаратан баъди ъиди Рамазон руза гирифт, балки ҷойз аст ки чанд руз баъд аз ъид ё ин ки як руз баъд ё ду руз баъд руза гирифт, вале бо ин шарт, ки дар дохили моҳи Шаввол бошад, локин хубтараш инаст ки шаш рузро пай дар пай баъди ъид мубошаратан руза гирифта шавад, ва ин кор суннат аст ҳар кас мувофиқи қуввату қудраташ ин шаш рузро руза бигирад иншоолоҳ савобашро аз худ хоҳад кард.

    Саволи сеюм: агар шахсе ният кунад ки шаш рузи Шавволро руза бидорад, локин қуввату қудраташ нарасаду се руз ё ин ки чаҳор ё панҷ рузашро бигирад, хулоса натавонад ки шаш рузро пурра кунад, оё рузҳои боқимондае ки қувваташ нарасид бар гарданаш қарз хоҳанд монд? ва бояд онҳоро қазо бидорад ва оё гунаҳкор хоҳад шуд?

    Ҷавоб: руза доштани шаш рузи Шаввол ибодати мустаҳаб аст, ва воҷиб нест, ва ҳар ки чанд рузе аз ин шаш рузро руза бидорад миқдори рузҳои руза доштааш аҷру савоб хоҳад гирифт, ва рузҳой боқимондаи шаш руза бар гарданаш қарз нахоҳанд монд.

    Худованд ҳамаи моро муваффақ гардонад ки тоату ибодатҳояшро мувофиқи фармудааш ба ҷо орем. Омин.

    معلومات المادة باللغة العربية