Description
Муаллифи ин мақола маҷмуае аз оятҳо ва ҳадисҳое ки далолат бар адолат ва фазлу бузургии саҳобагони Расули Худо мекунад, ҷамъовари намуда, бар онҳо шарҳ ва баёни мухтасаре илова намудааст.
Оятҳо ва ҳадисҳое ки далолат бар адолату растагори ва мартабаи саҳобагон мекунанд
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Нависанда: Мисбоҳиддини Ҳомид
2011 - 1432
﴿ عدالة الصحابة وفضلهم في الكتاب والسنة﴾
« باللغة الطاجيكية »
تأليف: مصباح الدين حميد
2011 - 1432
Оятҳо ва ҳадисҳое ки далолат бар адолату
растагори ва мартабаи саҳобагон мекунанд
Далилҳои Қурони
Худованд мефармояд~
ﭽ ﮏ ﮐ ﮑ ﮒ ﮓ ﮔ ﮕ ﮖ ﮗ ﮘ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜ ﮝ ﮞ ﮟ ﮠ ﮡ ﮢ ﭼ [الفتح: ١٨]
"Худо аз мӯъминон, он ҳангом ки дар зери дарахт бо ту байъат карданд, хушнуд гашт ва донист, ки дар дилашон чӣ мегузарад. Пас оромиш бар онҳо нозил кард ва ба фатҳе (ғалабае) наздик мукофоташон дод".
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ он саҳобае ки дар ин байъат иштирок карда буд, ривоят шудааст ки гуфт: "Мо дар он байъат ҳазору чаҳорсад нафар будем"
Ҳамин ҳазору чаҳорсад нафарро аҳли байъати Ризвон мегуянд.
Дар ин оят Худованд ошкоро ва бо таври сареҳ поки ва растагории саҳобагонро баён мекунад, ва ин васфе ки Худованд саҳобагонро дар ин оят мекунад ﮘ ﮙ ﮚ ﮛ яъне (Донист Худованд ончиро ки саҳобаҳо дар дилҳояшон доштанд) касе чунин васферо бар касе карда наметавонад чунки Худованд дар ин васфаш аз ботини саҳобагон яъне аз ончики дар дилҳояшон доштанд хабар медиҳад, ва ба ҳама маълум аст, ки ончи ки дар дили инсон аст ба ғайр аз Худованд каси дигар онро фаҳмида наметавонад, ва ҳеҷкас ҳам гуфта наметавонад ки, ки дар дилаш чи қадар имону ихлос дорад, аммо Худованд дар ин оят аз он имону ихлосе ки саҳобагон дар дилҳояшон доштанд бароямон хабар дод.
Ва башорати дигаре ки Худованд барои саҳобагон дар ин оят додааст он аст ки розигияшро аз онҳо баён кардааст, ва ба ҳама маълум аст ки агар Худованд аз касе рози шавад ҳеҷ имконе надорад ки он шахс бо куфру нифоқ аз дунё гузарад.
Ва Худованд бе шаку шубҳа медонад ки кадоме аз бандагонаш аз дунё дар кадом ҳолат мегузарад, мусулмон ё кофир ва ё мунофиқ, ва Худованд дар ин дунё ҳеҷвақт аз касе рози намешавад ки у аз дунё кофир ё мунофиқ бимирад.
Ва инчунин рози будани Худовандро аз аҳли байъати Ризвон ҳадисе дар саҳеҳ Муслим омадааст таъкид мекунад, чуноне ки Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
«لا يدخل النار أحد بايع تحت الشجرة»
"Ҳарки дар зери дарахт (Ризвон) байъат кардааст дохили дузах намешавад" (Саҳеҳул Муслим китоби фазоили саҳоба)
Худованд боз мефармояд:
ﭽ ﭑ ﭒ ﭓﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭤﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭰﭱ ﭲ ﭳ ﭴ ﭵ ﭶ ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽ ﭾ ﭿ ﮀ ﮁﮂ ﮃ ﮄ ﮅ ﮆ ﮇ ﮈ ﮉ ﮊ ﮋ ﮌ ﮍ ﭼ [الفتح: ٢٩]
"Муҳаммад — паёмбари Худо ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон. Ононро бинӣ, ки рукӯъ мекунанд, ба саҷда меоянд ва талабкунандаи фазлу хушнудии Худо ҳастанд. Нишонашон асари саҷдаест, ки бар чеҳраи онҳост. Ин аст васфашон дар Таврот ва дар Инҷил, мисли зироате ҳастанд, ки гиёҳ барорад ва он ҷавона маҳкам шавад ва бар поҳои худ биистад ва деҳқононро ба ҳайрат водорад, то он ҷо ки кофиронро ба хашм оварад. Худо аз миёни онҳо касонеро, ки имон овардаанд, ва корҳои шоиста кардаанд, бахшоиш ва мукофоте бузург ваъда додааст!"
Имом Молик мегуяд: Ман аз насрониҳо шунидам ки дар бораи саҳобаҳое ки Шомро озод карда буданд чунин мегуфтанд: "Савганд ба Худо чигунае ки мо аз қиссаҳои ҳавориҳои Исо (а.с) шунидаем саҳобагони Муҳаммад беҳтар ҳастанд аз ҳавориҳои Исо (а.с)".
Ва ин сухани эшон албатта ҳақиқат аст, чунки ин уммат дар китобҳои гузашта мисли Тавроту Инҷил ва ғайраҳо беҳтарин уммат зикр шудааст, ва беҳтарини ин уммат саҳобагони Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) мебошанд, ба ҳамин хотир Худованд онҳоро дар Тавроту Инҷил зикр кардааст ва барояшон мисол задааст ки онҳо ба монанди зироате ҳастанд ки шохаҳояшро баланд мекунад ва онҳоро боқувват месозад.
Яъне Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) ро ташбиҳ ба зироат кардааст ва саҳобашоро ба шохаҳои У.
Худованд боз дар ояти баъди мефармояд:
ﭽ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠﯡ ﯢ ﯣ ﯤ ﯥ ﯦ ﯧ ﯨ ﯩ ﯪ ﯫ ﯬ ﯭ ﯮ ﯯ ﯰ ﯱ ﯲ ﯳ ﯴ ﯵ ﯶ ﯷ ﯸ ﯹ ﯺ ﯻ ﯼ ﯽﯾ ﯿ ﰀ ﰁ ﰂ ﰃ ﰄ ﰅ ﰆ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭨﭼ [الحشر: 8- 10]
"Низ ғаноим аз они муҳоҷирони (тарки Ватан кардагон) фақирест, ки аз сарзаминашон ронда шудаанд ва онҳо дар талаби фазлу хушнудии Худоянд ва Худову паёмбарашро ёрӣ мекунанд, инҳо ростгӯёнанд
Ва касоне, ки пеш аз омадани муҳоҷирон ,дар диёри худ будаанд ва имон овардаанд, онҳоеро, ки ба сӯяшон мухоҷират кардаанд, дӯст медоранд. Ва аз он чӣ муҳоҷиронро дода мешавад, дар дил эҳсоси ҳасад намекунанд ва дигаронро бар худ ихтиёр мекунанд, ҳарчанд худ мӯҳтоҷ бошанд. Ва онон, ки аз бахилии худ дар амон монда бошанд, наҷотёфтагонанд!"
Касоне, ки аз паси онҳо омадаанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, бибахшо ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо, ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!»
Бубинед азизон! Худованд дар ин оят ҳоли саҳобагонро бароямон баён карда, мегуяд: Он муҳоҷироне ки пулу молу диёру хонаҳояшонро ба хотири Худованд тарк гуфта ҳиҷрат карданд, ва исломро бо вуҷуди ҳамаи он азобҳову шиканҷаҳое ки медиданд ихтиёр карданд.
Ва дар ин оят мақсади Худованд аз қавлаш ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ "Онҳое ки берун шуданд аз диёру амволашон" муҳоҷиронро дар назар дорад, ва мақсадаш аз ин суханаш ﯦ ﯧ ﯨ "Онҳое ки дар мадина ҷоигир ҳастанд" Ансориҳоро дар назар дорад.
Ва инҳам бо сабаби он аст ки ҳангоме ки мусулмонони Макка ба суи Мадина ҳиҷрат карданд мардуми Мадина (Ансориҳо) онҳоро бисёр хуб пешвоз гирифтанд ва аз самими дил меҳмонавози карданд, ва ҳатто баъзе Ансориҳо нисфи дороияшонро ба он муҳоҷире ки дар хонаи у меҳмон шуда буд мебахшиданд, чуноне ки ин муомила миёни Абдураҳмон ибни Авф ва як Ансори руй дода буд, Абдураҳмон ибни Авф , ки яке аз муҳоҷирон буд дар хонаи ансорие меҳмон шуд, он ансори ки соҳиби ду зан буд, ба меҳмони муҳоҷираш Абдураҳмон ибни Авф пешниҳод кард ки ман ду зан дорам агар кадоме аз онҳоро бихоҳи талоқ мекунам ва ту дар никоҳат бидарор, Абдураҳмон ибни Авф гуфт: Худованд ба ту ва аҳлу оилаат баракат бидиҳад, роҳи бозорро бароям нишон бидеҳ.
Азизони ман! Аз ин қисса миқдори зиёди дусти ва аз ҳамгузарии саҳобагонро нисбат бо ҳамдигар фаҳмида мешавад, ва ягона суоле ки баъди хондани ин қисса ба зеҳни инсон меояд он аст ки ҳамаи ин дустиву меҳру муҳабат барои чи буд? Албатта ҷавоб чунин аст ки ҳамаи ин дустиву раҳмдили нисбати ҳамдигар ба хотири исломе буд ки ҳамаи он мардуми арабе ки аз қадим бо ҳамдигар душман буданду солҳои дароз бо ҳамдигар меҷангиданд ва ҳамдигарро ғорат мекарданд ҳамаи онҳоро бо ҳам дусту бародар сохту аз он корҳои ҷоҳилият манъашон кард.
Ва дигар хабаре ки Худованд дар ин оят дар бораи Ансор бароямон медиҳад онаст, ки ҳангоме ки Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) молҳои ғанимат гирифташударо миёни муҳоҷирон тақсим мекард, Ансориҳо агар чи худ муҳтоҷу камбағал буданд ва ҳақ доштанд ки аз Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) талаби мол кунанд локин ин корро накарданд ва муҳоҷирони аз диёрашон ронда шударо аз худ авлотар донистанд ва нисбат ба онҳо бадгуи ва кинаҷуи намекарданд, ва нагуфтанд ки чаро Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) ба муҳоҷирон пулу мол доду барои мо не бо вуҷуди он ки онҳо низ дар ҷангҳо баробари муҳоҷирон иштирок карда буданд.
Ба хотири ҳамин ахлоқи писандидаашон Худованд онҳоро аз ҷумлаи комёбшудагон эълон кард
Худованд боз мефармояд:
ﭽ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭼ [التوبة: ١٠٠]
"Аз он гурӯҳи нахустин аз муҳоҷирон ва аҳли Мадина, ки пешкадам шуданд ва онон, ки ба некӣ аз паяшон рафтанд, Худо хушнуд аст ва онҳо низ аз Худо хушнуданд. Барояшон биҳиштҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорист ва ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд, омода кардааст. Ин аст комёбии бузург!"
Хонандаи азиз! бубин ки Худованди бузург дар ин оят бидуни ягон шарт аз собиқин (саҳобагони аввалин) розигияшро эълон кардааст, аммо дар муқобил барои онҳое ки баъд аз эшон меоянд (тобиъин) барои рози шуданаш шарте гузоштааст ки бояд онҳо аз саҳобагон бо неки пайрави кунанд, ва мувофиқи гуфтаи муфассирон, аз ҷумлаи бо неки паирави кардан аз саҳобагон онаст ки аз эшон изҳори розигият намуда барояшон аз Худованд талаби омурзишу мағфират кунанд.
Худованд боз мефармояд:
ﭽ ﯳ ﯴ ﯵ ﯶ ﯷ ﯸ ﯹ ﯺ ﯻﯼ ﯽ ﯾ ﯿ ﰀ ﰁ ﰂ ﰃ ﰄ ﰅﰆ ﰇ ﰈ ﰉ ﰊﰋ ﰌ ﰍ ﰎ ﰏ ﰐ ﭼ [الحديد: ١٠]
"Аз миёни шумо инҳо, ки пеш аз фатҳ харҷ карда ва ба ҷанг рафта бо онон, ки баъд аз фатҳ инфоқ кардаанд ва ба ҷанг рафтаанд, баробар нестанд, мартабаи онон болотар аст аз онҳое ки баъд аз фатҳ харҷ карданду ҷиҳод карданд. Ва Худо ба ҳамаи подоши нек ваъда додааст. Ва ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст."
Бубин хонандаи азиз! Худованд ҳатто миёни саҳобаҳое ки пеш аз фатҳи Макка дар роҳи Худо харҷ карданду ҷиҳод карданд ва онҳое ки баъд аз фатҳи Макка ин корро анҷом доданд фарқ гузоштааст, барои онҳое ки пеш аз фатҳ ҷиҳод карданду инфоқ карданд мақому манзилати баланд таъин кардааст, аз онҳое ки инкорро баъди фатҳи Макка анҷом доданд.
Ва дар охир Худованд барои ҳамаи онҳо подоши нек ваъда додааст ки бо гуфтаи ҷумҳури уламои тафсир подоши нек дар ин оят биҳишт мебошад
Хонандаи азиз! Каме андеша кун, чи расад бар мо ки на пеш аз фатҳ ин корро кардему на баъд аз фатҳи Макка ва на ҳуҷҷате дорем ки Худованд аз мо рози ҳаст ё не&
Ин чунин ин оят маънои онро дорад ки бо таври қатъи тамоми саҳобагони Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамаги ҷаннати ҳастанд, чунки Худованд дар ин оят мефармояд: ((وكلا وعد الله الحسنى "Ва ҳамаи онҳоро Худованд ваъдаи биҳишт додааст".
Чуноне ки маълум аст дар ин оят Худованд касе аз саҳобагонро истисно накардааст, ва мо ҳам аз ҳарки Худованд рози бошад аз у рози ҳастем ва барояшон талаби омурзишу мағфират мекунем, Худованд ҳамаи саҳобагонро раҳмату мағфират кунад ва ба хотири он ҷонбозиҳову хизматҳояшон ба хотири пирузии ислом рузи қиёмат ҳамаи онҳоро бо паёмбарон ҳашр кунад. Омин
Худованд боз дар ҳақи саҳобагон мефармояд:
ﭽ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠ ﯡ ﯢ ﯣ ﯤ ﯥ ﯦ ﯧ ﯨ ﯩ ﯪ ﯫ ﯬ ﯭ ﯮ ﯯﯰ ﯱ ﯲ ﯳ ﯴ ﯵ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭰ ﭱ ﭼ [التوبة: 117، ١١٨]
"Худо тавбаи паёмбару муҳоҷирин ва ансорро, ки дар он соати сахти ҳамроҳи Ӯ буданд, пас аз он, ки наздик буд, ки дилҳои гурӯҳе аз онҳо мунҳариф шавад, сипас Худованд боз тавбаи онҳоро пазируфт. зеро ба онҳо рауфу (мушфиқу) меҳрубон аст!
Ва низ Худованд пазируфт тавбаи он се танро, ки аз ҷанг хонанишинӣ карда буданд, то он гоҳ, ки замин бо ҳамаи кушодагияш (дар назарашон) танг шуда буд ва ҷон дар танашон намеғунҷид ва худ донистанд, ки ҷуз Худованд ҳеҷ паноҳгоҳе, ки ба он рӯй оваранд, надоранд. Пас Худованд тавбаи онон пазируфт, то ба Ӯ бозоянд, ки тавбапазиру меҳрубон аст!"
Ин оят дар бораи ҷанги Табук нозил шуда буд, Худованд дар ин ояташ тавбаи Паёмбару муҳоҷирону ансорро ба хотири амалҳои некашон ва пайрави карданашон аз Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) ва дар роҳи Худо ҷиҳод карданашон, ва ҳамроҳи карданашон Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) ро дар ҳолатҳои сахтиву душвори тавбаи онҳоро пазируфта ва боз пазириши тавбаи онҳоро дубора таъкид кардааст.
Ва ногуфта намонад ки дар ин ҷанг ҳамаи саҳобагон ҳузур доштанд ба ғайр аз занҳову кудакону муйсафедони оҷиз, ва инчунин се нафар аз саҳобагон низ дар ин ҷанг ҳузур надоштанд локин онҳо аз ин корашон тавба карданд ва Худованд тавбаи онҳоро пазируфт ва аз гуноҳашон даргузашт.
Ин чунин яке аз оятҳое ки имону исломи саҳобагонро ошкоро ва бо таври сареҳ баён мекунад ин оят аст ки Худованд дар он мефармояд:
ﭽ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠ ﯡ ﯢ ﯣ ﯤ ﯥ ﯦ ﯧ ﯨﯩ ﯪ ﯫ ﯬ ﯭ ﯮ ﭼ [الأنفال: ٧٤]
"Онон, ки имон овардаанд, ва муҳоҷират кардаанд ва дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд (Муҳоҷирон) ва онон, ки ҷояшон додаанд ва ёриашон кардаанд, (Ансориҳо) онҳо ҳастанд муъминони ҳақиқи, бахшоишу мағфират ва рӯзии некӯ аз они онҳост."
Бо иттифоқи ҷумҳури уламои аҳли суннат мақсади Худованд аз ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ "Онон, ки имон овардаанд, ва муҳоҷират кардаанд ва дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд" муҳоҷиронро дар назар дорад ва мақсади Худованд аз ﯢ ﯣ ﯤ "ва онон, ки ҷояшон додаанд ва ёриашон кардаанд" ансориҳоро дар назар дорад.
Хонандаи азиз! Дар ин суханони Худованд каме тадабур кунед, бубинед чигуна ошкоро Худованд муҳоҷирону ансорро муъминони ҳақиқи эълон кардааст, ва дар айни замон барояшон ризқу рузии неку ва мағфирати гуноҳон ваъда додааст, пас ба фикру андешаи шумо ҳаркиро ки Худованд муъмини ҳақиқи хондааст дар одиливу покии у шакке вуҷуд дорад? Албатта ҷавоби ин суол ошкору мафҳум аст ки ҳеҷ шакку шубҳае вуҷуд надорад.
Далилҳо аз суханони Пайғамбар дар мавриди адолати саҳобагон
Ҳадиси якум: Аз Абу Саъиди Худри (р.з) ривоят шуда аст, ки мегуяд:
"Миёни ҳазрати Холид ибни Валид ва Абдураҳмон ибни Авф мушкиле пайдо шуд ки Холид Абдураҳмон ибни Авфро носазое гуфт, Пайғамбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) вақтоки инро шунид фармуд:
قال رسول الله -صلى الله عليه وسلم- «لا تسبوا أصحابي فو الذي نفسي بيده لو أن أحدكم أنفق مثل أحد ذهبا ما أدرك مد أحدهم ولا نصيفه»
"Саҳобагони манро дашном надиҳед савганд ба он зоте ки ҷони ман дар дасти уст агар касе аз шумо ба андозаи куҳи Уҳуд тило садақа кунад, мисли як каф балки ним кафи садақаи онон савобу аҷр намегирад" (ривояти Бухори ва Муслим)
Аз ин ҳадис чунин фаҳмида мешавад ки агар Холид ибни Валид (р.з) мисли куҳи Уҳуд тило садақа кунад, ва Абдураҳмон ибни Авф (р.з) ним каф тило садақа кунад дар ин ҳолатҳам Холид ибни Валид (р.з) ба мартабаи Абураҳмон ибни Авф (р.з) расида наметавонад, чунки Абдураҳмон ибни Авф аз ҷумлаи саҳобаҳое буд ки пеш аз сулҳи Ҳудайбия ислом оварда ҳангоме ки ислом эҳтиёҷ ба кумаку дастгири буд тамоми дороияшро дар роҳи нусрати дини Худо сарф карда буд, аммо Холид ибни Валид (р.з) баъди Сулҳи Ҳудайбия ислом оварда буд, ва ин дар ҳоле буд ки ислом соҳиби қуввату қудрат шуда буд.
Сулҳи Ҳудайбия фосилае миёни саҳобагони собиқини аввалин ва саҳобагоне ки баъди сулҳи Ҳудайбия имон оварданд мебошад.
Саҳобаҳои Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) ба чанд мартаба мебошанд, мартабаи аввал: онҳое ки пеш аз сулҳи Ҳудайбия имон оварданд, мисли халифаҳои рошидин ва Абдураҳмон ибни Авф ва Саъд ибни Абуваққос (р.з) ва дигарҳо.
Мартабаи дувум: онҳое ки баъди сулҳи Ҳудайбия имон оварданд, мисли Холид ибни Валид (р.з) ва дигарҳо, ва мартабаи севум онҳое ки баъди фатҳи Макка имон оварданд, мисли Абусуфён, ва фарзандаш Муовия (р.з) ва дигарҳо.
Ва бо дигар маъно мешавад гуфт ки ҳарки бо Пайғамбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) як сол ё як моҳ ё як руз ва ҳато як лаҳзае ҳам суҳбат карда ё уро ҳамроҳи карда бошад ва ба у эмон оварда ва аз дунё бо эмон гузашта бошад аз ҷумлаи саҳобагон ба ҳисоб меравад ва ба ҳамон андозаеки Пайғамбар (саллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ҳамроҳи ё ҳамсуҳбати карда бошад ба ҳамон андоза дараҷаи саҳобагиро дорад.
Вақто ки Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) шунид ки Холид ибни Валид Абдураҳмон ибни Авф (р.з) ро носазо гуфтааст агар чи Холид ибни Валид (р.з) аз ҷумлаи саҳобаҳо ба шумор меравад уро аз носазогуи саҳобагони собиқини аввалин манъ намуд.
Дар ин ҳадис Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) қасам ёд кардааст, ки он манзилату мартабае ки саҳобагони пеши аз сулҳи Ҳудайбия эмон оварданд, аз манзилату мартабаи саҳобагоне ки баъди сулҳи Ҳудайбия эмон оварданд хело баланд аст, ва ҳушдор додааст ки набояд онҳо мавриди ҳатто носазову дашноми саҳобагони баъди қарор гиранд, вақто ки Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) Холид ибни Валид (р.з)-ро аз носазо гуфтани саҳобаҳои аввалин манъ кард ва манзилати уро бо манзилати саҳобаҳои аввалин баён кард, пас чи расад ба ҳоли касоне ки баъд фатҳи Макка имон оварданд ва ё касоне ки аслан саҳоба нестанд ҳамонанди моён ва дигарон.
Ҳадиси дуюм: Паиғамбари Худо ба ҳазрати Умар (р.з) гуфт:
قال صلى الله عليه وسلم لعمر: «وما يدريك، لعل الله اطلع على أهل بدر، فقال: اعملوا ما شئتم فقد غفرت لكم» البخاري ومسلم
"Чи медони эй Умар! шояд Худованд аз он чи ки дар дилҳои аҳли бадр аст огоҳ бошаду ба онҳо гуфта бошад бикунед ҳар чи ки мехоҳед дар ҳақиқат ман шуморо бахшидам" (ривояти Бухори ва Муслим)
Дар ин ҳадис мақсад аз ( бикунед ҳар чи ки мехоҳед) барои икроми Худованд ба аҳли Бадр аст, ва мақсад ин аст ки аҳли Бадр коре намекунанд ки барои он дар рузи қиёмат гунаҳгор дониста шаванд, ва агар дар ин дунё гуноҳеро ҳам карда бошанд ин гуноҳашон чигунаеки Худованд ба онҳо ваъда карда буд онро мебахшад ё инки агар гуноҳашон муҷиби ҳад бошад дар ин дунё он ҳад ҷори карда мешаваду аз дунё бе ин гуноҳ мегузаранд, чунки имтиҳонеки Худованд аз аҳли бадр карда буд, касе тоқати он имтиҳонро надошт, магар он шахсонеки эмон ва яқинашон ба дараҷаи баландтарин расида буд. Дар он ҳолат на мунофиқ ва на имонзаъиф тоқати он сахтиву мушкилоте ки бар сари мусалмонон омада буд надошт, ва он ҳолат ҳолате буд ки, ҳамаи мусалмонони аҳли Бадр яқин доштанд ки агар аз ҷониби Худованд ба онҳо кумак нозил нашавад, ҳамаги ҳалок мешаванд чунки адади мушрикон се то чаҳор баробари мусалмонон буд ва инчунин аслиҳаву муҳимоти ҷангиеки мушрикон доштанд, тамоман имкон надошт ки мусалмонон ба онҳо пируз шаванд магар бо кумаки Худованд, вале мусалмонон бо адади сесад нафар дар муқобили зиёда аз ҳазор нафар мушрик бо камтарин муҳимоти ҷанги муқовимат карда сипас Худованд онҳоро бар мушрикон ғолиб гардонд.
Ва мисли ингуна шахсиятҳо имкон надорад ки дар чунин имтиҳонҳо комёб шаванду боз гуноҳони дидаву дониста кунанд.
Инчунин Худованд вақтоки ин суханро мегуяд у медонад ки гуноҳе аз онҳо руй намедиҳад ки бахотири он дар охират ҷазо дода шаванд, ва агар аз аҳли Бадр гуноҳе сар занад Худованд он саҳобаҳоро муваффақ мегардонад ки корҳои неке кунанд ва гуноҳояшонро аз байн бурда ва бегуноҳ аз дунё гузаранд.
Ҳадиси сеюм: Аз Умрон ибни Ҳусайн (рз) ривоят шуда аст ки гуфт: Пайғамбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
عن عمران بن حصين رضي الله عنه، قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم «خير أمتي قرني ثم الذين يلونهم، ثم الذين يلونهم) قال عمران: (فلا أدري؛ أذكر بعد قرنه قرنين أو ثلاثاً» البخاري ومسلم
"Беҳтарини уммати ман касоне ҳастанд ки дар асри ман зиндаги мекунанд, сипас ононеки пас аз ин аср меоянд, ва инчунин ононеки пас аз ин аср меоянд".
Ҳазрати Умрон мегуяд: Ба ёдам нест ки Пайғамбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) пас аз асри Худ ду аср гуфт ё се асрро. (ривояти Бухори ва Муслим
Аз ин ҳадист фаҳмида мешавад ки беҳтарини уммати Пайғамбари Худо онҳое буданд ки дар замонаш зиндаги карданд, яне беҳтарини умматаш саҳобаҳои у буданд, чунки онҳо дар замонаш зиндаги мекарданд, ва ногуфта намонад ки ҳар уммате агар бихоҳад комёб шавад, бояд пайрави беҳтаринҳояшро бикунад, чунки онҳо он дараҷаи бузургро аз пайравии пешвояшон пайдо кардаанд.
Ва инчунин агар уммати исломи саҳобагонро бе ягон нуқсону зиёдати пайрави кунанд, чигунаеки онҳо Қурону Суннатро татбиқ мекарданд иншоаллоҳ он комёбию пирузиеки онҳо дарёфт карда буданд, ин уммат низ пайдо хоҳад кард.
Ҳадиси чаҳорум: Аз Абумусои Ашъари рз ривоят шуда аст ки гуфт: Пайғамбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) мегуяд:
عن أبي موسى الأشعري، أن رسول الله - صلى الله عليه وسلم - قال: «النجوم أمَنةٌ للسماء، فإذا ذهبت النجوم أتى أهل السماء ما يوعدون، وأنا أمَنَةٌ لأصحابي، فإذا ذهبت أنا أتى أصحابي ما يُوعَدُون، وأصحابي أمَنَةٌ لأمتي، فإذا ذهب أصحابي أتى أمتي ما يُوعَدُون» مسلم
"Ситорагон посбону амонатдори осмон мебошанд вақтоки ситорагон бираванд, ончики ба аҳли осмон ваъда дода шуда буд ба сарашон меояд, (ва онҳам қиёмат аст), ва ман амину посбони ин умматам агар ман биравам ончи барои ин уммат ваъда дода шуда хоҳад омад (ва онҳам фитна мебошад), ва асҳоби ман барои уммати ман посбон ҳастанд, вақтоки бираванд ончики ба онҳо ваъда дода шуда буд ба сарашон хоҳад омад (ва онҳам интишори ҷавру зулм ва гуруҳ гуруҳ шудани мардум мебошад)".(ривояти Муслим)
Мақсад аз фитна дар ин ҳадис он аст ки, баъд аз вафоти Пайғамбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) иддае аз мусалмонон муртад мешаванд.
Вале Худованд ҳазрати Абубакрр (р.з) ро қуввату қудрате меҳдиҳад ки дар муқобили онҳо меистаду онҳоро ба динашон боз мегардонад.
Дар ин ҳадис Пайғамбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) мақому манзилати саҳобагонро ба умматаш баён мекунад.
Ва ҳарки агар бихоҳад, ки чиқадар аз фитнаву гумроҳи, ва тафриқа дур бошад, бояд аз оғуши посбонаш дур наравад, ва инҳам маънои онро дорад, ки агар мусалмон ҳамон қадар зиёд пайравии саҳобагонро бикунад, албатта комёбиро дар пайравии онҳо меёбанд.
Ҳадиси панҷум: Ҳазрати Умар (р.з) аз Пайғамбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекуанд ки гуфт:
عن عمر بن الخطاب رضي الله عنه، أن رسول الله -صلى الله عليه وسلم- قال: «أكرموا أصحابي؛ فإنهم خياركم» رواه أحمد، والنسائي، وابن ماجة
"Саҳобагони манро икром кунед чунки онҳо беҳтарини шумоянд".
Пас маълум мешавад ки икрому эҳтиром кардани саҳобагон амре буда аст аз ҷониби Пайғамбар (саллоҳу алайҳи ва саллам), ва ҳар ки амри Пайғамбари Худоро нофармони кунад бе шаку шубҳа гунаҳгору гумроҳест ки ҳеҷвақт комёб нахоҳад шуд.
Ҳадиси шашум: Восила (р.з) ба таври марфуъ аз Паӣғамбари Худо (саллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, ки у фармуд:
«لا تزالون بخير ما دام فيكم من رآني وصحبني، والله لا تزالون بخير ما دام فيكم من رأي من رآني وصاحبني» رواه ابن أبي شيبة والطبراني من طرق رجال أحدها رجال الصحيح.
"То он замонеро ба хайру неки хоҳед монд, ки касе дар миёни шумо бошад, ки манро дида ё бо ман суҳбат карда бошад, ва боз мегуям ва ба Худо қасам мехурам ки то он замоне ба хайру неки хоҳед монд ки касе дар миёни шумо бошад, ки манро дида бошад ё бо ман суҳбат карда бошад".
Хонандагони азиз! чунонеки дар боло зикр карда будем шахсеки Пайғамбари Худоро дида ё бо у суҳбат карда бошад уро саҳоба мегуянд.
Дар ин ҳадис Пайғамбари Худо қасам ёд карда ба мо мегуяд ки то замонеки яке аз асҳоби ман дар миёни шумо вуҷуд дошта бошад хайру некиҳам вуҷуд дорад ва бо рафтани ин саҳоба он хайру неки аз миёни шумо меравад.
Мақсад аз хайру неки яъне пайравии дуруст аз Қурону Суннат мебошад.
Ҳадиси ҳафтум: Ҳазрати Анас (р.з) аз Пайғамбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад ки гуфт:
عن انس رضي الله عنه، عن رسول الله صلى الله عليه وسلم: «آية الإيمان حب الأنصار، وآية النفاق بغض الأنصار» البخاري ومسلم.
"Нишонаи эмон, дустдории Ансор аст, ва нишонаи мунофиқи кинаварзи ва душмани бо Ансор аст".
Ва инчунин дар дигар ҳадис дар бораи манзилати ансор мефармояд:
وقال في الأنصار كذلك: «لا يحبهم إلا مؤمن ولا يبغضهم إلا منافق» البخاري ومسلم
"Дуст намедорад Ансорро магар муъмин ва бад намебинад Ансорро магар мунофиқ".
Аз ин ҳадис фаҳмида мешавад ки ҳарки бо саҳобагон душмани мекунад мунофиқ аст.
Ва ин ҳам ҳукми Пайғамбари Худо (саллоҳу алайҳи ва саллам) барои онҳое ки бо саҳобагон кинаварзию душмани мекунанд.
Фоидаҳоеки аз оятҳову ҳадисҳо баровардем:
Аввал: Худованд зоҳиру ботини онҳоро васфи нек намуда аз зоҳири онҳо ба мо чунин хабар медиҳад:"Онҳо бо кофирон шадиду сахтгир ҳастанд ва миёни худ раҳмдилу меҳрубон ҳастанд " сураи фатҳ ояти 29.
Ва аз ботинашон ба мо хабар медиҳад: "ва донист Худованд ончиро ки дар дилҳояшон доранд ва нозил кард дар дилҳояшон оромишу сукунатеро ва барои онҳо як пирузии наздикеро насиб гардонд" сураи фатҳ ояти 18.
Ва дар дигар оят мефармояд:"Ва дуст медоранд онҳоероки ҳиҷрат мекунанд ба суяшон" сураи ҳашр ояти 9 .
Дар ин оят Худованд он дустиву меҳрубоние ки саҳобагон миёни худ доштанд, баён мекунад.
Ва дар дигар оят мефармояд: "Ва онҳо хостгори фазлу розигии Худованд ҳастанд" сураи фатҳ ояти 29.
Яъне ҳар амалеки онҳо мекунанд ба хотири Худо мебошад ва онҳо бо ин амалашон ба ҷуз ризогию фазли Худо дигар мақсаде надоранд.
Ин оятҳо дар бораи ботини саҳобагон, яъне ончики дар дилҳо доранд хабар медиҳад, ва албатта дар ботини инсон ҳарчи ки бошад, ҷуз Худованд касе аз он хабар надорад, ва касе ҳам гуфта наметавонад ки, ки дар дилаш чи нияту мақсад дорад, вале Худованд он нияту мақсадеки саҳобагон дар дил доштанд ба мо ошкоро хабар дода, ва гуфт ки онҳо ҳар кореки мекарданд холис барои Худо буда ба ҷуз ризогии у дигар мақсад надоштанд.
Дуюм: Пайғамбари Худо ҳамаи умматро амр фармуд ки барои саҳобагон, аз Худованд талаби мағфират намоянд, ва инчунин амр фармуд ки онҳоро икрому иҳтиром намоем, ва ҳуқуқи онҳоро риъоя намуда, ва онҳоро дуст бидорем, ва ба онҳо кинаварзи нанамоем, чигунаеки кинаварзи ва душманиро бо онҳо аз гушаи нифоқ мегуяд, ва дустдориву муҳаббати онҳоро аз гушаи эмон мегуяд.
Сеюм: Пайғамбари Худо саҳобагонро амини уммати худ дониста, ва бар умматаш амр карда аст ки дар пайравии Пайғамбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо иқтидо кунем, чунки роҳи ба биҳишт расидан танҳо дар иқтидо кардани саҳобагон мебошад, Пайғамбари Худо (саллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадисе сефармояд
عن عرباض بن سارية قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: «عليكم بسنتي وسنة الخلفاء الراشدين المهديين» حسن صحيح
"Лозим аст бар шумо пайрави кардан, аз сунати ман ва суннати хулафои рошидини ҳидоятёфта баъд аз ман".
Дар ин ҳадис Пайғамбари Худо сариҳу ошкор умматашро амр мекунад ки чигунаеки пайравии суннати уро мекунанд, ҳамонгуна пайравии суннати хулафои рошидинро бикунанд, ва хулафои рошидин Абубакру Умару Усмону Али (р.з) мебошанд.
Парвардигоро! мо бо дустдории саҳобаҳои Пайғамбарат бо ту худро наздик месозем пас моро рузи қиёмат бо онҳо ҳашр намо.
Парвардигоро! худат шоҳид бош ки мо саҳобаҳои Паёмбаратро ба хотири амри ту ва Паёмбарат дуст медорем ва аз ту барояшон мағфират талаб менамоем.