×

Хатари ширк (тоҷикӣ)

Таҳия: Мусъаби Ҳамза

Description

Ҳангоме ки худованд инсону ҷинро халқ кард, онҳоро амр кард, ки танҳо Ӯро ибодат намоянд ва аз воқеъ шудан дар ширки ба худованд худдори намоянд.

Download Book

    Хатари ширк

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таълиф: Мусъаби Ҳамза

    2011 - 1432

    ﴿خطر الشرك﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    مصعب حمزة

    2011 - 1432

    Хатари ширк

    Ҳангоме ки худованд инсону ҷинро халқ кард, онҳоро амр кард, ки танҳо Ӯро ибодат намоянд ва аз воқеъ шудан дар ширки ба худованд худдори намоянд.

    Ширк бузургтарин гуноҳ аст, ки дар оёт ва аҳодиси зиёде хатари он зикр шудааст.

    Худованд мефармояд:

    )إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدِ ٱفۡتَرَىٰٓ إِثۡمًا عَظِيمًا ٤٨( [النساء: ٤٨]

    «Албатта, Худо гуноҳи касонеро, ки ба ӯ ширк оваранд, намебахшад ва гуноҳони дигарро барои ҳар кӣ бихоҳад, меомурзад. Ва ҳар кӣ ба Худо ширк оварад, дурӯғе сохта ва гуноҳе бузург муртакиб шудааст» Нисо 48

    Инчунин дар Қуръони карим дар қиссаи Иброҳим (а) омадааст ки Ӯ чигуна аз Худованд талаб кард ки Ӯро аз ибодати бутҳо дур гардонад,

    Худованд мефармояд:

    )وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِيمُ رَبِّ ٱجۡعَلۡ هَٰذَا ٱلۡبَلَدَ ءَامِنٗا وَٱجۡنُبۡنِي وَبَنِيَّ أَن نَّعۡبُدَ ٱلۡأَصۡنَامَ ٣٥( [إبراهيم: ٣٥]

    «Ва Иброҳим гуфт: Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро эмин гардон ва марову фарзандонамро аз парастиши бутон дур бидор» Иброҳим 35

    Дар ҳадисе аз Расули худо (с) ривоят аст , ки чунин фармуданд:

    "Хавфе, ки ман дар бораи шумо дорам, хавфи ширки асғар аст (ширки хурд). Пурсида шуд, ки ширки асғар чист? Фармуданд: "Риё".

    Аз ин ҳадис бармеояд, ки ширк бар ду қисм аст: Ширки акбар, ва Ширки асғар.

    Ширки акбар бузургтарин гуноҳ аст ва он анҷом додани яке аз ибодатҳо барои ғайри Худованд аст бино бар ин ҳар қавлу амали писандидае ки барои Худо карда шавад, тавҳид ва имон номида мешавад ва агар он амали мазкурро барои ғайри Худо анҷом дода шавад, пас он қавлу амал ширку куфр ба ҳисоб меравад, монанди ин ки банда аз ғайри Аллоҳ таъоло ризқу рўзи, саломатӣ ва тандурустӣ бипурсад ва ё барои ғайри Худо саҷда кунад.

    Худованд мефармояд:

    )وَإِذۡ قَالَ لُقۡمَٰنُ لِٱبۡنِهِۦ وَهُوَ يَعِظُهُۥ يَٰبُنَيَّ لَا تُشۡرِكۡ بِٱللَّهِۖ إِنَّ ٱلشِّرۡكَ لَظُلۡمٌ عَظِيمٞ ١٣( [لقمان: ١٣]

    «Ва (ёдовар шав) он гоҳ, ки Луқмон ба писараш гуфт ва ӯро панд медод, ки эй писараки ман, ба Худо ширк маёвар, ҳаройна, ширк ситамест (зулмест) бузург» (Луқмон 13)

    Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) пурсида шуд, ки кадом гуноҳ бузургтар аст? Гуфт: «Ин ки барои Худованд шарик қоил шави, дар ҳоле ки Ӯ туро халқ кардааст».

    Аммо ширки асғар: Ҳар қавлу амале ки сабаби расидан бар ширки акбар бошад, ширки асғар номида мешавад, монанди ихтиёр кардани масҷид дар қабристон. Ба ин тариқа, ки намозро дар қабристон гузорад ё дар дохили қабристон масҷиде бино кунад, тамоми ин корҳо дар Ислом ҳаром буда, кунандааш аз раҳмати Худо ронда шуда, мавриди лаънати Аллоҳ таъоло қарор мегирад, зеро ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфта аст: «Лаънати Худо бар яҳудон ва насрониён, қабри паёмбаронашонро масҷид қарор доданд» (Бухорӣ, Муслим)

    Дар ҷои дигар аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст, ки Расули худо (с) фармуданд:

    «Касе дар ҳоле бимирад , ки ғайри худоро маъбуд қарор додааст ва аз ӯ ёри ва имдод ҷуста бошад(ва тавба накарда бошад) ӯ дохили дӯзах хоҳад гардид» (Бухори)

    Ва аз Ҷобир (р.з) аз Расули Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд:

    «Шахсе ки дар ҳолате ба назди Худованд ҳозир карда шавад, ки аз ширк поку мутаҳҳар бошад, дохили биҳишт хоҳад шуд, ва шахсе ки ширк варзида бошад ва дар ин ҳолат чашм аз ҷаҳон пӯшид, ҷояш дӯзах аст» (Муслим)

    Пас барои ҳар як инсон зарур аст, ки аз воқеъ шудан дар ширк эҳтиёт кунад, ва дар ёд дошта бошад ки риё, тазвир, низ навъе аз анвоъи ширк аст, ва инки риё ширки асғар аст.

    Нуқтаи дигаре, мавриди таваҷҷуҳи ҳар як мусулмон аст, ин аст ки ҳар амале ки бо ширк омезиш ёфта бошад мариди қабул қарор намегирад, зеро ширк мисли оташест, ки ҳама амалҳои неку дар он ба хокистар мубаддал мешаванд.

    Худованд мефармояд:

    )لَئِنۡ أَشۡرَكۡتَ لَيَحۡبَطَنَّ عَمَلُكَ وَلَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٦٥( [الزمر: ٦٥]

    «Албатта агар ширк варзи тамоми амалҳоят барбод хоҳад рафт ва ту аз ҷумлаи зиёнкорон хоҳи шуд» Зумар 65

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    )وَلَوۡ أَشۡرَكُواْ لَحَبِطَ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٨٨( [الأنعام:٨٨]

    «Ва агар ширк оварда буданд, аъмоле, ки анҷом дода буданд, нобуд мегардид» (Анхом 88)

    Дар ҳадиси Қудси омадааст, ки Худованд мефармояд: «Касе ки амалеро анҷом диҳад ва бо ман дигар чизро шарик гардонад дар он амал, тарк кардам уро ва ширкашро» (Ҳадиси қудси, Муслим)

    Пас хатари ширк бисёр бузург аст ва барои ҳар як мусулмон зарур аст, км аз воқеъ шудан дар он эҳтиёт намояд.

    Худованд ҳамаи моро аз воқеъ шудан дар гуноҳони кабира ва сағира ва хусусан дар куфру ширк нигоҳ дорад. Омин.

    معلومات المادة باللغة العربية