×

الآيات الدالة على قدرة الله (طاجيكي)

إعداد: Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Қосим

الوصف

الآيات الدالة على قدرة الله: إن آيات الله في الأرض كثيرة جدًّا؛ منها: خلقها وحدوثها بعد عدمها، وشواهد الحدوث والافتقار إلى الصانع عليها لا تجحد، فإنها شواهد قائمة بها، ومنها: بروز هذا الجانب من الأرض فيها عن الماء مع كون مُقتضَى الطبيعة أن يكون مغمورًا به، ومنها: سعتها وكبر خلقها، ومنها: تسطيحها.

تنزيل الكتاب

    НИШОНАҲОИ ХУДОВАНД ДАЛЕЛИ

    ҚУДРАТИ ЎСТ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Муҳаммад ибни Иброҳим Қосим

    2012 - 1433

    ﴿ الآيات الدالة على قدرة الله ﴾

    « باللغة الطاجيكية »

    محمد بن إبراهيم بن قاسم

    2012 - 1433

    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

    НИШОНАҲОИ ХУДОВАНД ДАЛЕЛИ

    ҚУДРАТИ ЎСТ

    Худованд осмонҳо, замин ва ончи дар байни онҳост бо шумули офтоб, моҳ, ситорагон, кўҳ, дарахт, ҳайвонот, баҳр ва дарёҳоро офарид.

    Ин ҳамаро дар шаш рўз бо комилтарин ваҷҳ ва пурратарин низом халқ кард. Агар ў мехост ин ҳамаро дар як лаҳза меофарид. Худованд фармудааст:

    ﴿إِنَّمَا قَوۡلُنَا لِشَيۡءٍ إِذَآ أَرَدۡنَٰهُ أَن نَّقُولَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ إِنَّمَا قَوۡلُنَا لِشَيۡءٍ إِذَآ أَرَدۡنَٰهُ أَن نَّقُولَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ﴾ [سُورَةُ النحل ٤٠]

    «Ҳамоно ки дастури мо барои ҳар чиз чун онро бихоҳем он аст, ки барояш мегўем бош, пас пайдо мешавад» (Наҳл 40).

    Боз фармудааст:

    ﴿وَمَآ أَمۡرُنَآ إِلَّا وَٰحِدَةٞ كَلَمۡحِۢ بِٱلۡبَصَرِ﴾ [سُورَةُ القَمَرِ50]

    «Ва дастури мо нест магар як монанди мижа задан» (Қамар 50).

    Вале ин ҳамаро дар шаш рўз офариданаш барои ҳикматест, ки тақозои онро мекунад.

    Боз фармудааст:

    ﴿وَرَبُّكَ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُ وَيَخۡتَارُۗ مَا كَانَ لَهُمُ ٱلۡخِيَرَةُۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ﴾ [سُورَةُ القَصَصِ 67]

    «Ва Парвардигори ту меофарад ҳар чиро, ки бихоҳад ва ихтиёр намояд. Барои онҳо ихтиёр нест. Пок ва бартар аст Худованди таъоло аз он чи ширк меварзанд» (Қассас 67).

    Дар ҳақиқат, Худованд инсонро аз сулолаи гил офарид. Аз он Одамро ва сипас насли ўро аз оби ночиз офарид, обе, ки аз байни пушти мард ва зан меояд. Пас дар қароргоҳи ороме ҷойгир мешавад, ки на офтоб ба он мерасад на ҳаво, на гармо ва на сармо. Худованд онро дар дохили се торики ба суратҳои гуногун мубаддал менамояд. Торикии шикам, торикии бачадон ва торикии парда. Чил рўз нутфа мемонад, пас ин хуни овезон гўштпора мегардад. Вақто ки ин муддат пурра шуд, яъне чормоҳ гузашт, Худованд малоикаи ба ин кор вобастаро мефиристад ва дар ў рўҳро медамад. Баъди ин ончи ҷимод буд ба инсон мубаддал мешавад. Бисёр бобаракат аст Худованд,ки беҳтарини офарандагон аст.

    Қудраташро намоён кардааст, то нишона барои Худованд барои бандагонаш баъзе аз нишонаҳои яқинкунандагон ва ибрат барои аҳли ибрат бошад.

    Худованд Исо писари Марямро аз модар ва бе падар офарида ўро дар гаҳвора гўё намуд, ки аз ҳама мардум фасиҳтар ва равшантар сухан мегуфт Худованд фармудааст:

    ﴿قَالَ إِنِّي عَبۡدُ ٱللَّهِ ءَاتَىٰنِيَ ٱلۡكِتَٰبَ وَجَعَلَنِي نَبِيّٗا ٣٠ وَجَعَلَنِي مُبَارَكًا أَيۡنَ مَا كُنتُ وَأَوۡصَٰنِي بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱلزَّكَوٰةِ مَا دُمۡتُ حَيّٗا ٣١ وَبَرَّۢا بِوَٰلِدَتِي وَلَمۡ يَجۡعَلۡنِي جَبَّارٗا شَقِيّٗا ٣٢ وَٱلسَّلَٰمُ عَلَيَّ يَوۡمَ وُلِدتُّ وَيَوۡمَ أَمُوتُ وَيَوۡمَ أُبۡعَثُ حَيّٗا﴾ [سُورَةُ مَرۡيَمَ 31-32-33]

    «Гуфт ман бандаи Худоям, бароям китоб додааст ва манро паёмбар намудааст. Ва ҳаро ки бошам маро муборак намуда манро ба намоз хондан ва закот додан васият намудааст, то он дам ки ҳаёт дорам. Ва накўкор бо модарам ва манро золими бадбахт нагардонда аст. Ва салом бар ман, он рўз ки зода шудаам ва рўзе, ки мемирам ва рўзе, ки дубора зинда хоҳам шуд» (Марям 31-32-33).

    Чи сухани балиғ ва каломи фасиҳаст ин! Дар ҳақиқат, ин мўъҷизаест, ки бар қудрат ва азамати Худованд далолат мекунад.

    Худованд дар бораи Исо хабар додааст, ки ў аз гил бо дастури Худо ба сурат паранда офарида дар он медамид ва он бо дастури Худо парвоз мекард. Ва хабар додааст, ки ў кўрони модарзод ва песонро бо дастури Худо шифо мебахшид. Ва хабар додааст, ки ў бо дастури Худо мурдаҳоро зинда мекард.

    Худованд барои мо дар сураи “Бақара” панҷ ҳодисаро ёдрас кардааст, ки зинда намудани мурдаро дар ин дунё дар бар мегиранд.

    Аввал қиссаи Бани Исроил, вақто ки Бани Исроил ба паёмбарашон гуфтанд:

    ﴿لَن نُّؤۡمِنَ لَكَ حَتَّىٰ نَرَى ٱللَّهَ جَهۡرَةٗ ﴾ [سُورَةُ البَقَرَةِ 55]

    «Мо ба ту имон намеорем то ин, ки Худоро ошкоро бинем» (Бақара 55), пас Худованд онҳоро ҷазо дод, оташаке онҳоро гирифт ва ҳамагон мурданд. Сипас, Худованд онҳоро баъди маргашон дубора зинда сохт, ва дар ин боб Худованд ба Бани Исроил хитоб намуда гўфт:

    ﴿وَإِذۡ قُلۡتُمۡ يَٰمُوسَىٰ لَن نُّؤۡمِنَ لَكَ حَتَّىٰ نَرَى ٱللَّهَ جَهۡرَةٗ فَأَخَذَتۡكُمُ ٱلصَّٰعِقَةُ وَأَنتُمۡ تَنظُرُونَ ٥٥ ثُمَّ بَعَثۡنَٰكُم مِّنۢ بَعۡدِ مَوۡتِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ﴾ [سُورَةُ البَقَرَةِ 55-56]

    «Ва ҳангоме, ки шумо гўфтед эй Мусо, мо ба ту имон намеорем, то ин ки Худоро ошкоро бинем, пас оташпорае шуморо гирифт дар ҳоле, ки шумо назар мекардед. Пас шуморо баъди маргатон зинда намудем, шояд ки шумо сипосгузор бошед» (Бақара 55-56).

    Дуюм қиссаи мурдае аз Бани Исроил, марде буд, ки ўро писарамакаш ба қатл расонид, вале ангушти иттиҳом ба сўйи қабилаи дигар, ки бо онҳо душмани дошт, нишон дод. Мусо тавасути ваҳйи илоҳи онҳоро фармуд, тоговеро кушанд ва бо порае аз он мурдаро зананд. Баъди мубоҳаса ва кашмакашиҳои зиёде, ки наздик буд аз куштани гов даст кашанд, билохира онро куштанд ва мурдаро бо порае аз он заданд. Худованд майитро зинда намуд ва ў дар бораи қотили худ хабар дод. Дар ин хусус Худованд фармудааст:

    ﴿وَإِذۡ قَتَلۡتُمۡ نَفۡسٗا فَٱدَّٰرَٰٔتُمۡ فِيهَاۖ وَٱللَّهُ مُخۡرِجٞ مَّا كُنتُمۡ تَكۡتُمُونَ ٧٢ فَقُلۡنَا ٱضۡرِبُوهُ بِبَعۡضِهَاۚ كَذَٰلِكَ يُحۡيِ ٱللَّهُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَيُرِيكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ﴾ [سُورَةُ البَقَرَةِ 72-73 ]

    «Вақто ки шумо куштед нафсеро ва хостед иттиҳомро аз худ дур намоед, дар ҳоле ки Худованд медонад он чизеро, ки шумо пинҳон мекунед, пас гуфтем онро бо порае аз он (гов) занед. Худованд мурдагонро чунин зинда месозад ва барои шумо мўъизаҳояшро нишон медиҳад, шояд ки шумо ақл намоед» (Бақара 72-73).

    Сеюм қиссаи вабо ва як қавм. Дар замони гузашта қавме буд, ки диёрашон мубтало ба вабо гардида буд. Аҳли диёр аз бими марг гурўҳ-гурўҳ ҷилои ватанашон менамуданд.

    Пас Худованд барояшон нишон дод, ки аз тақдири муқаррар кардаи Худованд раҳои нест. Онҳоро миронд, то ба бандагонаш андозаи қудрат ва танфизи авомирашро нишон диҳад. Боз онҳоро дубора зинда намуд, то ҳаёти хешро идома диҳанд. Дар ин боб Худованди бузург фармудааст:

    ﴿أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ خَرَجُواْ مِن دِيَٰرِهِمۡ وَهُمۡ أُلُوفٌ حَذَرَ ٱلۡمَوۡتِ فَقَالَ لَهُمُ ٱللَّهُ مُوتُواْ ثُمَّ أَحۡيَٰهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَشۡكُرُونَ﴾ [سُورَةُ البَقَرَةِ 43]

    «Оё надидаи ононеро, ки аз тарси марг аз диёрашон берун шуданд. дар ҳоле ки ҳазорон буданд. Пас Худованд барояшон гуфт бимиред, пас дубора зидаашон намуд. Ҳамоно ки Худованд соҳиби фазл аст бар болои мардум, вале аксари мардум сипосгузор нестанд» (Бақара 243).

    Чорум қиссаи мард ва шаҳри вайрона, марде бар қарияе гузар дошт, ки он холи ва сарозер гардида буд.

    Хонаҳояш вайрон, дарахтон хушкида ва андешаи “ҳама мисли пештара боз обод мегардад”-ро аз имкон берун ҳисобид. Худованд дар мисоли худаш нишон дод, ки он ба қудрати беинтиҳои илоҳи далолат мекунад, яъне ўро сад сол миронд, ки ҳамроҳаш маркаб ва каме хўроку шароб ҳам буд.

    Пас маркабаш низ мурду гўшту устухонаш хок гашт, вале таому шаробаш тўли ин муддат бетағйир монд. Пас Худованд ўро аз нав зинда кард ва барояш маркабашро дар ҳоле нишон дод, ки устухонҳои парокандааш бо ҳам ҷамъ гашта пайваст мешаванд ва болояшонро гўшт иҳота мекунад. Дар боби ин қисса Худованд фармудааст:

    ﴿ أَوۡ كَٱلَّذِي مَرَّ عَلَىٰ قَرۡيَةٖ وَهِيَ خَاوِيَةٌ عَلَىٰ عُرُوشِهَا قَالَ أَنَّىٰ يُحۡيِۦ هَٰذِهِ ٱللَّهُ بَعۡدَ مَوۡتِهَاۖ فَأَمَاتَهُ ٱللَّهُ مِاْئَةَ عَامٖ ثُمَّ بَعَثَهُۥۖ قَالَ كَمۡ لَبِثۡتَۖ قَالَ لَبِثۡتُ يَوۡمًا أَوۡ بَعۡضَ يَوۡمٖۖ قَالَ بَل لَّبِثۡتَ مِاْئَةَ عَامٖ فَٱنظُرۡ إِلَىٰ طَعَامِكَ وَشَرَابِكَ لَمۡ يَتَسَنَّهۡۖ وَٱنظُرۡ إِلَىٰ حِمَارِكَ وَلِنَجۡعَلَكَ ءَايَةٗ لِّلنَّاسِۖ وَٱنظُرۡ إِلَى ٱلۡعِظَامِ كَيۡفَ نُنشِزُهَا ثُمَّ نَكۡسُوهَا لَحۡمٗاۚ فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُۥ قَالَ أَعۡلَمُ أَنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ﴾ [سُورَةُ البَقَرَةِ 259]

    «Ё монанди он касе, ки бар қарияе гузар дошт, ки он холи ва сарозер буд. Гуфт чи гуна ин ҳамаро Худованд баъди марг зинда мекунад? Пас худованд ўро сад сол миронид, сипас дубора зиндаяш намуд. Гуфт: Чи миқдор истода буди? Гуфт: Як рўз ва ё камтар аз як рўз. Гуфт: Балки сад сол истода буди, бингар ба таому шаробат, ки тағйир наёфтааст. Ва ба харат бингар ва то туро муъизае барои мардум қарор диҳам.

    Ва ба устухонҳо назар афкан, ки чи гуна амъашон менамоем, пас онҳоро бо гўшт мепўшонем. Вақто ки ин ҳама барояш равшан гардид, гуфт медонам, ки Худованд бар ҳама чиз тавоност» (Бақара 259).

    Панҷум қиссаи Иброҳим ва парандаҳо. Ҳазрати Иброҳим (а) вақто ки аз Худованд дархост намуд, то барояш чи гуна зинда кардани мурдаро нишон диҳад. Худованд ўро фармуд, то чор парандаро бигирад ва онҳоро пора-пора намуда, он пораҳоро дар кўҳҳои атрофаш пароканда намояд, яъне дар ҳар кўҳе як пораеро ниҳад.

    Баъди он нидояшон кунад ва бинад, ки он пораҳои парокандаи дар кўҳҳо ниҳодаи парандаҳо чи тавр бо ҳам пайваст гашта, парвоз карда ба наздаш меоянд. Худованд фармудааст:

    ﴿وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِ‍ۧمُ رَبِّ أَرِنِي كَيۡفَ تُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰۖ قَالَ أَوَ لَمۡ تُؤۡمِنۖ قَالَ بَلَىٰ وَلَٰكِن لِّيَطۡمَئِنَّ قَلۡبِيۖ قَالَ فَخُذۡ أَرۡبَعَةٗ مِّنَ ٱلطَّيۡرِ فَصُرۡهُنَّ إِلَيۡكَ ثُمَّ ٱجۡعَلۡ عَلَىٰ كُلِّ جَبَلٖ مِّنۡهُنَّ جُزۡءٗا ثُمَّ ٱدۡعُهُنَّ يَأۡتِينَكَ سَعۡيٗاۚ وَٱعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ﴾ [سُورَةُ البَقَرَة ِ260]

    «Ва ҳангоме, ки Иброҳим гуфт: Худоё маро нишон деҳ, ки чи гуна мурдаҳоро зинда менамои. Гуфт: Оё бовар надори? Гуфт: Бовар дорам, вале мехоҳам дилам ором гирад. Гуфт: Чор парандаро бигир, пас дар назди худ онҳоро пора намо ва дар ҳар кўҳе қисмате аз онҳоро гузор. Пас онҳоро нидо кун, роҳгашта (парвозкунон) ба сўят меоянд. Ва дониста бош, ки Худованд азиз ва ҳаким аст» (Бақара 260).

    Ин аз зинда шудани мурдагон дар ҳамин дунё чанд намунае буд. Нишонаҳое аз зинда гардондан дар рўзи қиёмат. Ва ин кор барои Худованд хело осон аст.

    Худованд фармудааст:

    ﴿وَهُوَ ٱلَّذِي يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ وَهُوَ أَهۡوَنُ عَلَيۡهِۚ وَلَهُ ٱلۡمَثَلُ ٱلۡأَعۡلَىٰ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ﴾ [سُورَةُ الروم 27]

    «Ва ўст, ки халқро аз ибтидо офарид, пас онҳоро боз мегардонад ва ин кор барояш осонтар аст» Рум 27.

    Ва Худованд фармудааст:

    ﴿مَّا خَلۡقُكُمۡ وَلَا بَعۡثُكُمۡ إِلَّا كَنَفۡسٖ وَٰحِدَةٍۚ﴾ [سُورَةُ لقمان 67]

    «Офаридан ва аз нав зинда гардонидани шумо як чиз аст» Луқмон 67.

    Худованд фармудааст:

    ﴿فَإِنَّمَا هِيَ زَجۡرَةٞ وَٰحِدَةٞ ﴾ [سُورَةُ النازعات 13]

    «Ва нест ин магар як садои тунде» Нозиъот13.

    Ва Худованд фармудааст:

    ﴿إِن كَانَتۡ إِلَّا صَيۡحَةٗ وَٰحِدَةٗ فَإِذَا هُمۡ خَٰمِدُونَ ﴾ [سُورَةُ يس 29]

    «Набуд онҷо магар як садое, пас онҳо ҳама хомўш шаванд» Ёсин 29.

    Боз Худованд фармудааст:

    ﴿وَمَآ أَمۡرُ ٱلسَّاعَةِ إِلَّا كَلَمۡحِ ٱلۡبَصَرِ أَوۡ هُوَ أَقۡرَبُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ﴾ [سُورَةُ النحل 77]

    «Ва нест кори қиёмат магар монади мижа задане ва ё аз ин ҳам зудтар. Ҳамоно Худованд бар ҳама чиз тавоност» Наҳл 77.

    Худованди доно пок аст. Тавони онро дорад ки бо як садои тунде тамоми мардум, марду зан, хурду бузургро аз қубурашон зинда намояд, ки яке аз онҳо фаромуш нашавад.

    Ва ин корро дар як мижа задан ва ё аз он тезтар анҷом диҳад. Худовандро чизе дар осмонҳо ва замин оҷиз намегардонад ва ў доно ва тавоност.

    Эй мардум, ҳама чиз дар ин олам дорои нишонаест, ки ба ягонаги ва Парвардигор будан ва қудрату тавоноии Худованд ва камоли ҳикмату раҳматаш далолат мекунанд. Далолат бар он мекунанд, ки ў бар ҳама чиз тавоност. Ҳарчиро хост ва ихтиёр намуд, меофарад. Чизе дар осмонҳо ва замин ўро оҷиз намегардонад, ва ў доно ва тавоност.

    Ин бодҳои нозук, ки Худованд мефиристад, абрҳои гарони пур аз обҳои зиёд, ки дар замин ҷорист ва дар баҳрҳо паҳн, онҳоро бардоштаю бо ҳам як намуда, чун кўҳ пайвасташон менамояд, ки аз ғафси нури офтобро ҳам мепўшонад ва аз сиёҳияш замин тира мегардад. Онро мебини, ки бо дастури илоҳи ба зуди бо ҳамҷамъ мегардад.

    Ва агар Худованд парокандагии онҳоро бихоҳад, зуд пароканда мешаванд, Ва осмон беғубору соф гашта, гўё аслан абре онҷо вуҷуд надошт.

    Анас (р.з)

    мегўяд: "Дар замони Расули Худо (с) сахтие омада буд. Замоне, ки Паёмбар (с) дар рўзи ҷумъа хутба мехонд, аъробие аз ҷой бархоста гуфт: Эй Расули Худо, молҳо талаф шуданд, фарзандон гурусна монданд, даромадҳо канда шуданд. Аз Худо бихоҳ то бароямон об диҳад. Паёмбар (с) дастонашро тарафи осмон дароз кард, дар ҳоле ки дар осмон порае абр ҳам вуҷуд надошт, гуфт: Қасам ба зоте, ки ҷонам дар кафи ўст, дастонашро ҳанўз поён накарда буд, ки абрҳо ба мисли кўҳ ҷуш заданд. Аз минбараш поён нарафта буд, ки боронро дидам, ки дар риши муборакашон мерасид. Пас он рўз ва фардояш ва пас фардо ва рўзҳои дигар то рўзи ҷумъаи дигар боридан гирифт. Пас он аъроби ё нафари дигаре аз ҷои худ бархост ва гуфт: Эй Расули Худо! Хонаҳо вайрон гаштанд, молҳо ғарқ шуданд, барои мо Худовандро дуо намо. Пас дастонашро бардошта гуфтанд: “Ба атрофамон на ба болоямон” ва бо дасташ тарафи ҳар гўшаи осмон ишора намекард, магар инфиҷор рух медод, пас абрҳо пора гаштанд ва дар Мадина дигар абре дида намешуд, ва дар води ҷуйборе то як моҳ равона буд ва аз тарафи води касе намеомад, магар ин ки дар бораи баракат сухан мегуфт" (Бухори).

    Эй мусалмонон, дар ин ҳадиси саҳиҳ ва дар он чи мо аз ин қудратҳои бузург мушоҳида менамоем, ҳама далели бузургии қудрати Худованди бузург аст. Ва ин ки Худованд агар чизеро бихоҳад, барояш мегўяд “Пайдо шав!” ва он пайдо мешавад, Худованд фармудааст:

    ﴿وَمَآ أَمۡرُنَآ إِلَّا وَٰحِدَةٞ كَلَمۡحِۢ بِٱلۡبَصَرِ ﴾ [سُورَةُ البَقَرَةِ 50]

    «Ва дастури мо нест, магар монанди як мижа задан» Қамар 50.

    Ин нишона бар он аст, ки ин абрҳо мусаххари амри илоҳиянд ва аз амру дастуроти холиқи худ таҷовуз намекунанд. Расули Худо (с), ки содиқу амин буд, дар бораи марде хабар дод, ки дар биёбоне аз осмон садое шунид ба ин мазмун: "Боғи фалониро об деҳ” Абрҳо оби худро дар зарфе рехтанд ва аз он дар боғи он мард об мерехтанд. Пас аз он мард пурсид: Эй бандаи Худо, чи ном дори? Гуфт: Фалон (он номеро ки ба абрҳо гуфта шуда буд). Пурсид: Чаро номи маро пурсон шуди? Гуфт: Ман дар ин абр, ки гузашту ин об аз он аст, шунидам ки мегуфт “боғи фалониро об деҳ” ва номи туро гирифт. Ту дар боғи худ чи кор мекуни? Гуфт: Модоме ки ту ин суханро гуфти, ман мунтазир мешавам, то замин ҳосил диҳад ва сеяки онро садақа мекунам ва сеякашро худ ва аёлам мехўрем ва сеяки дигар барои ободонии ин боғ сарф менамоям" (Муслим).

    Эй мусалмонон, ин бороне ки бар сари мо мерезад, аз фазилат ва раҳмати Худованд аст. Худоро бо итоат кардани авомираш шукр намоем ва дастуроташро иҷро карда, аз наҳйяш дури ҷўем. Худоро бо эътиқод бар ин, ки ин ҳама неъматҳо аз фазлу раҳмату карами ўст, бо майли дилҳо сипосгузори намоед.

    Худованд фармудааст:

    ﴿وَإِذۡ تَأَذَّنَ رَبُّكُمۡ لَئِن شَكَرۡتُمۡ لَأَزِيدَنَّكُمۡۖ﴾ [سُورَةُ إبراهيم 7]

    «Ва ҳаногоме ки Худованд хабардор намуд, ки агар маро шукр намоед зиёдтаратон медиҳам» Иброҳим 7.

    Худоё, моро бо ҳидоятат устувор намо ва амалҳоямонро барои ризои худ бигардон. Худоё, бароямон ато намо ва маҳрумамон масоз ва икромамон намо ва иҳонатамон макун ва зиёдтарамон деҳу нуқсонамон макун. Худоё, тамоми мардону занон ва зиндаҳою мурдагони мўъминонро омурзиш намо.

    معلومات المادة باللغة الأصلية