×

حلاوة الإيمان (طاجيكي)

إعداد: Абдуллатифи Ҳаммод

الوصف

حلاوة الإيمان ولذة العبادة أمر لا يحس ذوقها كل واحد، لأنها عطاء من الله يعطيه لمن يشاء فيطمئن قلبه ويرتاح في حياته اليومية.

تنزيل الكتاب

    Ширинии Имон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Абдуллатифи Ҳаммод

    Сомонаи: Nahzat.tj

    2012 - 1433

    ﴿ حلاوة الإيمان ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    عبد الطيف حماد

    المصدر: nahzat.tj

    2012 - 1433

    Ширинии Имон

    Неъмати ширинии имон ва лаззати тоъату ибодатро ҳар кас эҳсос карда наметавонад, ин лаззат атои худо аст, ки дар рагу хуни мусалмон эҷод мегардад ва дилро рушану нафси башариро аз сару садоҳои зиндагӣ орому осуда мегардонад.

    Худованди соҳиби дилҳо мефармояд,

    ﴿فَمَن يُرِدِ ٱللَّهُ أَن يَهۡدِيَهُۥ يَشۡرَحۡ صَدۡرَهُۥ لِلۡإِسۡلَٰمِۖ وَمَن يُرِدۡ أَن يُضِلَّهُۥ يَجۡعَلۡ صَدۡرَهُۥ ضَيِّقًا حَرَجٗا كَأَنَّمَا يَصَّعَّدُ فِي ٱلسَّمَآءِۚ كَذَٰلِكَ يَجۡعَلُ ٱللَّهُ ٱلرِّجۡسَ عَلَى ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ ١٢٥﴾ الأنعام 125

    «Ҳар касеро ки худованд бихоҳад ҳидоят кунад, қалби ӯро ба Ислом рӯшан мегардонад ва ҳар касеро ки бихоҳад гумроҳ кунад дили ӯро танг мегардонад мисли ин ки ба осмон мебарояд. Ба ин сон Худо ба онҳое, ки имон намеоваранд, ба азобу уқубатро гирифтор месозад.» (Анъом 125)

    Расулуллоҳ (с) мегуяд: «Ин рушанӣ нуре аст, ки худованд дар дили як банда ҷой мекунад».

    Асҳоби Расуллоҳ (с) ин неъмати бузурги илоҳиро чашида буданд, Ҳазрати Билол ибни Рабоҳро пурсиданд, ки чигуна ба азоби мушрикҳо тоқат овардӣ? Он ҳазрат фармуда аст: «Ман ширинии имонро бо талхии азоб якҷо кардам, ширинии имон ғолиб омад ва сабр кардам».

    Паёмбари ислом (с) мегуяд: «Ҳар касе ки се чизеро доро бошад ширинии эмонро дар онҳо мечашад, Худованд ва расули ӯро аз ҳама зиёдтар дӯст дорад ва бозгашт ба куфрро бад бинад ба мисли оне ки дар оташи дузах партофтанро бад мебинад ва як бародари мусалмонро хос барои худо дӯст дорад». Ривояти Муслим76 ва Аҳмад 3/174.

    Зайд ибни Дасна, ҳангоме ки мушрикин ӯро дастгир карданд ва хостанд, ки гарданашро бизананд, Абусуфён аз ӯ пурсид, оё мехоҳӣ ки Муҳаммад дар ҷойи ту мебуд то гарданашро мезадем? Зайд гуфт: «Ба худо қасам ман розӣ нестам,ки дар пойи Расули худо (с) дар ҷойи худаш як хор бихалад.» Абусуфён аз ин ҷавоб ҳайратзада шуд ва гуфт, ман ҳечкасро надаидаам, ки ба ин андоза ёронаш дӯсташ бидоранд.

    Шоназани духтари Фиръавн ҳангоме ки ширинии эмонро чашид ва фарзандҳои ӯро дар деги оташин ҷилави чашмонаш меандохтанд, аз якто парастӣ руй нагардонду лаззати имон деги доғро мағлуб сохт. Расули акрам (с) дар шаби Меъроҷ хушбуйии ӯ ва фарзандонашро эҳсос намуд.

    Як валии худо дар васфи ин неъмати бузурги илоҳӣ гуфта аст, ки агар подшоҳон ва авлоди онҳо, лаззати ин неъматро бидонанд, барои гирифтани он моро қамчин мезаданд.

    Як донишманди дигар мегуяд аҳли дунё бечораанд аз ин дор реҳлат мекунанду ширинтарин чизро ночашида мераванд. Аз ӯ пурсиданд, ки он чист? Ӯ гуфт, муҳаббати Худованд ва зикри ӯст.

    Холид ибни Валид, ки лаззати имону Исломро дар ҷиҳод медид гуфта аст, шабе ки ба ман як арӯси зебо ҳадя мегардад ё таваллуди писарамро аз ман мужда мегиранд, дар назди ман аз шабе ки бисёр хунуку яхбанд аст ва ман сӯбҳро интизор бошам, ки бар душманони худо ҳамла кунам ширинтар нест.

    Як мард ба зани худ мегуяд, ман бадбахтат мекунам, зан мегуяд, наметавони, ки манро бадбахт ва хушбахт кунӣ, мард мегуяд читавр? Зан мегуяд, хушбахтии ман дар имони ман аст ва имонам дар қалбам аст ва ҳеҷ кас бар дили ман роҳ надорад магар парвардигорам.

    Ширинии эмон ба инсон қуввату иззат мебахшад, ҷасорат медиҳад, ҳар мушкилро осон мекунад, зиндагиро зебо мегардонад, қаноъат мебахшад, инсон эҳсос мекунад, ки ин зиндагӣ арзиш надорад ва мулоқоти Худоро дӯст медорад, асҳоби киром мегуфтанд, мо мурданро дар роҳи Худо аз зиндагӣ зиёдтар дӯст медорем.

    Барои ба даст овардани ин неъмати илоҳӣ роҳҳоеро донишмандон зикр намудаанд аз он ҷумла:-

    1-Ҷиҳоди нафс: - гуфтаанд, нафс мисли тифл аст агар онро бепарво монӣ шир хурда калон мешавад ва агар онро зуд ҷудо кунӣ, аз ҳама хоҳишоти дунявӣ дӯр мешавад. Ҳазрати Абубакр (р.з) вақте ки ҳазрати Умар (р.з)ро насиҳат кард гуфт, ман туро аввалан аз нафсе ки дар байни қафаси синаат ҳаст метарсонам.

    2- Намоз ва хондани нафл: - намоз ягона роҳи тамос бо Худованд мебошад, ки банда бо холиқи худ сухан мегуяд ва дар ин ибодат инсон лаззати имонро хубтар эҳсос мекунад, дилро аз ифлосии гуноҳ пок мекунад ва инсонро аз корҳои ношоям боз медорад. Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) шабона 11 ё 13 ракаъат намоз мехонд ва суннатҳои намозҳоро 12 ё 10 ракаъат адо мекард. (Бухорӣ 1147,1172 ва Муслим 729, 737.)

    Дар намози шаб тиловати дароз мекард, дар як ракаъат 5 пора ҳам мехонд. (Муслим 772.)

    Намози Зуҳоро 4 ракаъат ё зиёдтар мехонд. (Муслим 719.)

    Баъзе уламо шаби дароз намоз мехонданд, ки аз асари гиряи онҳо ҷойнамозашон тар мешуд. Абумуслими Хулонӣ шаб вақте ки бисёр намоз мехондасту камтар хаста мешудаст, ба худ мегуфтааст, ман намегузорам, ки саҳобаҳои Расулуллоҳ (с) аз ман дар шабзиндадорӣ пештар бошанд ва бояд бидонанд, ки баъд аз онҳо мардҳо ҳам вуҷуд дорад ва то намози бомдод ибодат мекард.

    معلومات المادة باللغة الأصلية