الوصف
هذا الكتاب تعريف بالنبي - صلى الله عليه وسلم - وشمائله، ومكانته في قلوب المسلمين وفي العالم، فالكتاب حاول إبراز جوانب الرحمة والسماحة والعدل والخلق الكريم في شخصية النبي محمد - صلى الله عليه وسلم -، وبين كيفية الاقتداء بمنهجه في معالجة المشكلات المعاصرة.
ترجمات أخرى 2
Набии раҳмат
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Домулло Иброҳими Сайиднуриддин
nahzat.tj
2012 - 1433
نبي الرحمة
«باللغة الطاجيكية»
إبراهيم سيد نور الدين
nahzat.tj
2012 - 1433
Набии раҳмат
Ҳамду санову сипос бар Офаридгори Якто ва дуруду салом бар Расули Мустафо, набии раҳмат ва раҳнамои роҳи ҳидоят.Салавоту саломи Худо бар равони муборакат, ай нури дидаҳо ва чароғи синаҳо .
Чун маро афтод бар рӯят назар,
Аз абу умм гаштаӣ маҳбубтар.
Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) - чи басо зебост он саҳифа, ки ин ном дар ӯ дида шавад ва чи басо маъмуру мунаввар аст, он қалб, ки дар ӯ нақши ин ном бошад - исмест бар мусаммо, маҳбуби дилҳо ва аз ҳар айбу тӯҳмате мубарро .
Рамзи ҳар фазилату нишони ҳар шараф. Маҳбуби назди Худованд, чун Расули маъсумаш ва набии хотамаш ва бандаи солеҳу халилаш аз аҳли олам аст. Ва маҳбуби халқ, чун ба дилҳо қарибу ба дардҳо шифо ва ба дидаҳо нур асту барои эшон раҳмати ҳадяшудаи Худованд аст.
﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا رَحۡمَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ ١٠٧﴾ الأنبياء 107
Бешак Худованди Якто коинотро офарида, дар хидмати инсон қарораш дода аст ва офтобро чун чароғи тобони ин кавн ба ҳастӣ оварда, ки ба адлу баробарӣ нурашро бар аҳли замин равона месозад ва Худованд дасти касеро қудрат набахшида, ки шӯълаи ӯро маҳҷуб созад ва кадом ҷонвар ва ё гиёҳеро аз хайри хуршедаш боз дорад. Инчунин, Худованд набии раҳматро (с) аз миёни халқаш ихтиёр намуда, хотами мурсалинаш гардонидааст, то чароғи дилҳо ва ҳаёти руҳ ва нури нафсҳо бошад.
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ إِنَّآ أَرۡسَلۡنَٰكَ شَٰهِدٗا وَمُبَشِّرٗا وَنَذِيرٗا ٤٥ وَدَاعِيًا إِلَى ٱللَّهِ بِإِذۡنِهِۦ وَسِرَاجٗا مُّنِيرٗا ٤٦﴾ الأحزاب 54-56
«Ай набии гиромӣ, мо Туро ба ҳайси шоҳид ва башорату бимдиҳанда ва доъӣ ба сӯи Худованд ва чароғи мунаввару тобоне фиристодем».
Аҳзоб 45-46
Сирати эшон барои ҳар афрод китоби кушодаест, пайравонаш аз нафсу ҷонашон бештар дӯсташ доштанд ва душманонаш ноилоҷ бар фазлу бузургиаш мӯътариф шуданд.
Ровиён ба диққати том, кулли чизҳое, ки бар ӯ тааллуқ доранд ривоят намуданд, ба василаи нақли саҳеҳ бар мо – уммат расида, ки қомати эшон чи гуна буду пешониву чашмони муборак чи рангу шакле доштанд, мӯйи муборакаш чи гуна буду дар сар ва риши ҷанобашон чанд дона муйи сафед зоҳир шуда буд, чи гуна роҳ мерафт ва чи тарз тановул мекард, чи тавр менишаст, ба чи сурат сухан мегуфт ва ё чи гуна табассум мекард, дар сафараш чи ҳоле дошту дар ҳазар чи тавр иқомат менамуд ва агар сухан мекард калимоташ чи гуна буданд ва агар сукут менамуд, ба чи ҳоле дар хомӯшӣ буд ва тарзи ибодаташ нақлу васф шуду андозаи шодиву ғазабаш дар ривоёт баён гардид.
Бо ёронаш мисли яке аз эшон ҳамнишинӣ мекард, худро ба ҳеч навъи таоме ва ё либосе ва ё молу маскане имтиёз набахшида буд, сахтиҳоро бо эшон таҳаммул мекард, бо онҳо якҷо гурусна мемонд ва мисли онҳо ва бо онҳо тарки роҳат намуда, сафар ва ҳиҷрат мекард.
Аз асҳобу уммат худро пинҳону ва эшонро аз дидораш маҳрум намесохт, бо фақирон менишаст, ба мискинон изҳори раҳмату шафқат менамуд, ба кӯдакон таҳияву салом мехонд, беморонро ба аёдат мерафту самимона тасаллият мегуфт, ба қасди дидори ёру пайвандонаш ба хонаи эшон мерафт ва эшон низ ӯро дар хонааш барои зиёрат ташриф меоварданд ва дар ҳама ин ҳолат табассум бар лабонаш ҳувайдо ва чеҳрааш кушодаву масрур дида мешуд.
Набии раҳмат (с) ин ҳама фазоилаш на аз такаллуфу сохтакорӣ, бал аз сиришту табиати покизагаштаи софаш буд, ки Худовандаш ба нури ваҳйи тазкияаш дода буд.
Дар тамоми мароҳили ҳаёти эшон бинанда, раҳмату адолат, шафқату садоқат, амонату ҳама карими ахлоқи инсониро дар баландтарин сатҳ бар аён мебинад. Худованд дар бораи ӯ мегӯяд:
﴿وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٖ ٤﴾ القلم 4
Азамати ахлоқи ӯро дар Макка дида мешавад, ҳамон гуна, ки дар Мадина ҳамчунин ба назар мерасад, рафтору сифоти волояш дар заъфу нотавонӣ ва ҳам баъди расидан бар қудрату ҳукуматдорӣ яксон боқӣ буд, он қаноату сабр, ки дар аёми гуруснагӣ пеша намуда буд, дар замони расидан ба ганҷу сарвату мол ончунон боқӣ монда буд, бо он ахлоқи азим дар ҳоли сулҳу оромӣ умр ба сар бурд ва инчунин дар ҳоли ҷангу набард онҳоро амалӣ менамуд, он инсофу адолату эҳтироме, ки нисбати дӯстону ёронаш қоил буд, бо душманонаш низ ин ахлоқро пиёда намуд, раҳмату шафқат ва хайру саодат хостанашро бар ҳеч касе дареғ надошта, аз раҳматаш тамоми кас ва чиз бархурдор шуд.
Алҳақ, Худованд чи басо хуб ӯро муаррифӣ карда фармуда аст:
﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا رَحۡمَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ ١٠٧﴾ الأنبياء 107
«Туро, ай Муҳаммад (с), нафиристодаем магар ба ҳайси раҳмат барои оламиён».
Барои ҳама оламиён раҳмат аст. Бар муъминон раҳмат аст, ки тафсиру чигунагиаш ба баён намудан ниёз надорад. Ва бар пиронсолон раҳмат омад, чун ҷавононро амр намуда, ки эҳтиромашон ба ҷой оранд ва фармуданд, ки иҷлолу икроми пирон аз иҷлоли бузург доштани Худованд аст. (Абудовуд)
Ва бар ҳамсоягон раҳмат аст, чун онҳоро соҳиби ҳуқуқ муаррифӣ намуда, озорашонро аз аъмоли бад эълон намуд. Агар ҳамсояе фаромӯш шуда гурусна бимонад, дар ҳоле, ки дар хонаи бараш таом бошад, онро аз ҷумлаи нуқс дар имондорӣ хонд. Инчунин таҳдид намуд, ки агар ҳар нафаре аз зарару зиёнаш ҳамсоягон дар амон набошанд, вориди ҷаннат намешавад… (Саҳеҳ Муслим).
Ва бар волидон раҳмат ҳаст, чун ризои Худо ва роҳ ёфтан ба ҷаннатро машрут ба ризои эшон хонда, ба эҳсонашон тарғиб ва аз озорашон барҳазар намуд.
Раҳмат бар тифлону духтарон шуд, чун тифлаконе, ки аз шарм ва тибқи одати бад онҳоро зинда ба гӯр менамуданд ва ё волидонашон аз таваллуду вуҷудашон нороҳат мешуданд, набии раҳмат ин амали зиштро муҳаррам эълон намуда, икрому эҳсони духтаронро сабаби дар амон шудан аз оташи азоби чаҳаннам ва расидан ба ҷаннат хонд. (Саҳеҳ Бухорӣ)
Бар ятимон раҳмат омад, чун эҳсон бар эшонро нишонаи камоли имон ва бар ӯҳда гиранда ва кафили ӯро ба ду ангушташон ишора намуда, бо худ дар ҷаннат рафиқ ва қарини ман гуфта, баён дошт:
(أَنَا وَكَافِلُ الْيَتِيمِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ كَهَاتَيْنِ فِي الْجَنَّةِ) البخاري و الترمذي و أبي داود
Ва барои беморон раҳмат шуд, чун аёдату икроми эшонро аз шохаҳои имон ва ҳуқуқи бародарӣ эълон намуда, сабр бар бемориҳоро аз сабабҳои мағфират гуфт ва тасалливу башораташон доданд.
Ва раҳматаш бар кофароне, ки миёни мусалмонон сукунат ихтиёр мекунанд, низ расида, ки умматашро тавсия кардаанд, то эҳтиромашонро ба ҷой оранд ва ба шиддат аз озорашон барҳазар намуда фармуд:
"ألا من ظلم معاهدا أو انتقصه أو كلفه فوق طاقته أو أخذ منه شيئا بغير طيب نفس فأنا حجيجه يوم القيامة" رواه أبو داود والبيهقي
Яъне: Огоҳ бошед ҳар, ки кофари соҳибаҳдеро зулм кунад ва ё носазо гуяд ва ё аз тавонаш бештар ӯро ба чизе таклиф намояд ва ё аз ӯ чизе бидуни ризояш ситонад, пас ман ба ӯ дар охират хусумат дорам.
Ҳатто аз ин дида аҷоибтар мавқифест, ки дар он Набии раҳматро дида мешавад, ки раҳматашро аз касоне, ки озору ранҷишу шиканҷааш доданд боз намедоранд ва бар эшон низ меҳрубонӣ иброз мекунанд.
Имом Байҳакӣ дар китоби “Шуъабул-имон” ривоят намуда, ки дар набарди Уҳуд, ки дандони мубораки Паёмбари ҳидояту раҳмат (с) шикаста шуда, пешонии шарифашон захмӣ гашт ва дар чеҳраи зебои пурнурашон хун ҷорӣ мешуд, ёронаш аз эшон дархост намуданд, ки дар муқобили ин амали зишташон барои ҳалоку нобудии ин душманони сарсахт дуои баде кунад. Набии раҳмат (с) бар ёронаш бори дигар худро муаррифӣ намуда фармуд:
"إِنَّ اللَّهَ تَعَالَى، لَمْ يَبْعَثْنِي طَعَّانًا وَلا لَعَّانًا، وَلَكِنْ بَعَثَنِي دَاعِيَةَ وَرَحْمَةً، اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِقَوْمِي فَإِنَّهُمْ لا يَعْلَمُونَ"
Яъне: “Худовандам маро барои таънаву лаънат нафиристода, бал ба ҳайси доъӣ ва раҳмат ба сӯи оламиён омадам” - дар идома, даст бардошта аз Худованд пурсид: “Бори Худоё, қавми маро ҳидояту мағфират бинмо, чун эшон намедонанд”.
Магар аз ин дида раҳмате болотар метавонад бошад?! Набии раҳмат, на танҳо ба бани башар, балки раҳматашон бар ҷонварону ҳайвонон низ расида аст.
Чи шафқату дилсузие нисбати ҳайвонот аз ин беш метавонад бошад, ки Расули худо (с) шафқату раҳмат бар ҳайвонотро сабаби дарёфти даре аз дарҳои аҷру мағфират ва роҳи расидан ба ҷаннат хонда, дар муқобил - озору шиканчаи ҷонваронро мӯҷиби азоби ҷаҳаннам фармудааст.
Имом Бухорӣ ривоят намуд, ки Расули Худо (с) мардеро қисса намуд, ки дар роҳ саги ташнаеро дида, раҳмаш омад ва ба чоҳе, ки онҷо буд, фуромад ва дар маҳсиаш барои он саг об бароварду ӯро сероб намуд, ки ин амали раҳимонаи ӯро Худовандаш бузург шуморида, онро пазируфт ва гуноҳи он мардро мағфират намуд. (Саҳеҳ Бухорӣ).
Ва акси ин сурат низ ривояти дигаре дар саҳеҳайн (кутуби аҳодиси имомон Бухорӣ ва Муслимро саҳеҳайн номанд) омада, ки аз озору бераҳмӣ нисбати ҷонварон барҳазар менамояд:
Яъне: Зане ба сабаби гурбае вориди ҷаҳаннам гардид, ки ӯро аз ғазаб ҳабсаш намуда буд, на чизе ба он гурба медод то сабаби қувваташ бишавад ва на раҳояш менамуд, то ризқи Илоҳияшро дарёбад. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Пас, Худованд ҷавҳари рисолати Паёмоварашро ва ҳақиқати Набии раҳматро (с) чи басо хуб баён намуда фармуда аст:
﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا رَحۡمَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ ١٠٧﴾ الأنبياء 107
«Туро, ай Муҳаммад (с), нафиристодаем магар ба ҳайси раҳмат барои оламиён».