×

الإيمان مؤثر حقيقي للتقدم (طاجيكي)

إعداد: Холиқи Сангин

الوصف

حينما تقف جميع الوسائل المادية عن التأثير، يتضح أن الإيمان هو المؤثر الأساسي والحقيقي في تقدم الإنسان وهو الذي يكون سببا في معالجة الأمور وهداية الإنسان إلى سواء السبيل.

تنزيل الكتاب

    Имон- омили бузурги пешрафт

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Холиқи Сангин

    2013 - 1434

    الإيمان مؤثر حقيقي للتقدم

    «باللغة الطاجيكية»

    خالق سنكين

    2013 - 1434

    Имон- омили бузурги пешрафт

    Холиқи Сангин

    Имон ва эътиқод ба муқаддасоти мазҳабӣ асароти муъҷизаосое дорад. Имон нерӯи моро фавқулода бузург мекунад ва боло мебарад. Аз баракати имон ҳатто дардҳои мо дармон меёбанд, беморӣ аз бадани мо зойил мегардад. Имон нерӯест, дар ҷойҳое, ки ҳама васоили моддӣ беасар мемонад, муассир воқеъ мегардад, дармон мекунад, бармеангезад ва илҳом мебахшад. Рӯи ҳамин асароти муъҷизаосои имон аст, ки Қуръони маҷид ҳудуди 85 бор ин калимаро бо муштақоти (маъонӣ) гуногунаш такрор карда, онро авомили пешрафти ислом ва бартарии мусалмонон шумурдааст. Дар ҷое танҳо доруи беиродагӣ ва андӯҳгиниро, ки омили муҳими шикастҳову ақибмондагиҳост, доштани имон ва боварии саҳеҳ нисбат ба мабонии мазҳабӣ медонад:

    Худованд мефармояд:

    "Суст нашавед ва андӯҳгин мабошед, зеро шумо бартарин мардумед, агар дорои имон бошед»

    (сураи Оли Имрон ояи 138).

    Дар ҷои дигар омили пирӯзии паёмбари ислом (с) ва таҳаққуқи (амалишавӣ) ормони муқаддасашро,ки пешрафти ислому муслимин аст, сареҳан ва ба таври рӯшан мадади худовандиву фидокории афроди боимон мешуморад:

    «Ӯ касе аст, ки туро ба ёрии худ ва мӯъминон таъйид кард»

    (сураи Анфол,ояти 62).

    Ва дар мавриди дигар дар мақоми муқоисаву қудрати размии афроди боимон ва беимон изҳор медорад,ки қудрати мӯъминон нисбат ба нисбати даҳ дар як бар куффор тарҷеҳ дорад: «Агар аз шумо бист тан шакибо (пурсабр) бошанд, бар дусад нафар аз куффор чира (пирӯз) мешаванд ва агар аз шумо сад тан бошанд, бар ҳазор тан аз касоне, ки кофир шудаанд, ғалаба мекунанд. Зеро онҳо, куффор гурӯҳе ҳастанд,ки намефаҳманд»

    (сураи Анфол,ояи 65).

    Бояд таваҷҷӯҳ дошт,ки манзур аз ин бартари қудрати размӣ, бартарии таҷҳизоти низомӣ ва доштани силоҳҳои мудерн нест, ба шаҳодати таърих мусалмонон дар бисёре аз ҷангҳои садри ислом аз лиҳози ададу таҷҳизоти низомӣ аз кофирин пойинтар буда, душман аз ин ду ҷиҳат бар онҳо бартарӣ доштанд. Аммо бо ин ҳол мусалмонон бар онҳо пирӯз шуданд.

    Масалан дар ҷанги Бадр бо он,ки теъдоди мусалмонон аз 313 нафар таҷовуз намекард ва аз лиҳози созу барги низомӣ дар як вазъияти бисёр баде қарор доштанд, танҳо дар ҳудуди 70 шутуру чанд сар асп буд,ки силоҳу муҳиммоти онҳоро ҳамл мекард. Вале теъдоди мушрикин се баробари онҳо буд ва аз лиҳози созу барги низомӣ дорои пешрафтатарин силоҳҳои рӯз буданд, артиши ислом бар онҳо пирӯз гардид. Рози ин амрро ҳамон тавре,ки Қуръон тавзеҳ медиҳад, бояд дар қудрати имон ва эътиқоди динии мусалмонон ва таваккул ба Худо ҷустуҷӯ кард. Ин қудрат буд,ки шуҷоат, шаҳомат, фидокорӣ, рӯҳи умеду пайкорро дар онҳо ба қадре нерӯманд месохт,ки бист нафари онҳо дар баробари дусад нафар ва сад нафари онҳо дар баробари ҳазор нафар куффор истодагарӣ мекарданд ва бар онҳо пирӯз мешуданд. Ин мӯъминон ҳама куффору мушрикини дирӯз буданд. Чӣ омиле ин ҳама қудрат дар онҳо падид овард ва онҳоро ба нисбат даҳ бар як бар куффор қудратмандтар сохта буд? Муҳимтарин омил – ҳамон имони мустаҳкаму дуруст буд,ки кафаи тарозуро ба нафъи онҳо ва ба зиёни душманон боло бурд ва онҳо мӯътақид буданд: " Чӣ бикушанд ва чӣ кушта шаванд, дар ҳар сурат пирӯзӣ аз онҳост: «Бигӯ оё барои мо ҷуз яке аз ду чизи накӯро интизор доред?»

    (сураи Тавба,ояи 52).

    Ҷорҷ Зидани масеҳӣ дар бораи ин,ки имон бузургтарин омили пешрафти мусалмонон буда, чунин менависад: «Мусалмонон беҳтар аз ҳар чизи дигар ба мабонии динии хеш имон доштанд, онҳо аз таги дил мӯътақид буданд,ки ба фармони Худо барои пешрафти дини ислом ба ҷанг мераванд, агар кушта шаванд шаҳид хоҳанд буд ва албатта неъматҳои охират аз лаззоти дунё беҳтару пояндатар аст. Ҳамин имони муҳкам ва эътиқоди росих буд,ки мусалмононро барои ворид шудан ба майдони пурхатар далеру бебок месохт».

    Оре, ҳамин сармояи нафиси имон буд,ки артиши 12 ҳазор нафараи муслиминро ба фармондеҳии бардаи озод шудае бо номи Ториқ бин Зиёд аз тангаи Ҷабалутториқ (Гибралтар) убур дод ва ба нерӯи 100 ҳазор нафараи Родриго - охирин подшоҳи силсилаи готҳо пирӯз намуд… Оре, имон бузургтарин силоҳи мӯъмин аст, он бархилофи дигар васоилу силоҳ мухаррибу вайронгар нест, вуҷуди он танҳо тазминбахшу тақвияткунандаи ақлу зеҳни башарист. Агар тақвияту бақои ҳукумати ақлу зеҳн мехоҳем, пас муяссар шудани ин кор ҷуз аз роҳи имону имондорӣ нест.

    معلومات المادة باللغة الأصلية