×

الدين كامل والتمسك به مطلوب (طاجيكي)

إعداد: Солеҳ ибни Фавзон ал-Фавзон

الوصف

مقالة مترجمة إلى اللغة الطاجيكية: قال فيها فضيلة الشيخ صالح الفوزان: أيها المؤمنون! اتقوا الله واعلموا أن حياة هذه الأمة مرتبط بتمسكهم بالإسلام، و بقاء هذه الأمة مرتبط بالمحافظة على الإسلام، و فنائهم في ترك الإسلام.

تنزيل الكتاب

    ДИН КОМИЛ АСТУ ПАЙРАВИ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Солеҳ ибни Фавзон ал-Фавзон

    Таҳия: islamhouse.com

    2013 - 1434

    الدين كامل والتمسك به مطلوب

    «باللغة الطاجيكية»

    صالح بن فوزان الفوزان

    إعداد: موقع دار الإسلام

    2013 - 1434

    ДИН КОМИЛ АСТУ ПАЙРАВИ

    Эй мўъминон!

    Аз Худованд битарсед ва дониста бошед, ки зиндагии уммати мусалмон танҳо ва танҳо бо Ислом аст.

    Бақои ин миллат дар муҳофизати ин дин ва фанои он дар тарки ин дин аст.

    Ин миллат пойдор аст, то замоне, ки ин дин дар дили ўст ва нобуд мегардад, агар дар дилашон аз ин дин чизе намонад.

    Ин дастури ҳаёт ва низоми онҳост ва он сарчашмаи ифтихору иззати ўст ва Ислом хулосаи тамоми динҳо ва поёни он аст.

    Худовандмефармояд:

    ﴿ شَرَعَ لَكُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا وَصَّىٰ بِهِۦ نُوحٗا وَٱلَّذِيٓ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ وَمَا وَصَّيۡنَا بِهِۦٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَمُوسَىٰ وَعِيسَىٰٓۖ أَنۡ أَقِيمُواْ ٱلدِّينَ وَلَا تَتَفَرَّقُواْ فِيهِۚ كَبُرَ عَلَى ٱلۡمُشۡرِكِينَ مَا تَدۡعُوهُمۡ إِلَيۡهِۚ ٱللَّهُ يَجۡتَبِيٓ إِلَيۡهِ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِيٓ إِلَيۡهِ مَن يُنِيبُ ١٣ ﴾ [الشورى: ١٣]

    "Худованд бароятон динеро машрўъ гардонидааст, ки ба он Нўҳро васият карда буд ва ҳамоне, ки ба сўи ту ваҳй шудааст ва ҳамоне, ки ба он Иброҳиму Мўсою Исоро васият карда будем, ки ин динро барпо доред ва дар он тафриқа эҷод накунед.

    Барои мушрикин вазнин мешавад, ин ки ту онҳоро ба он даъват мекуни. Худованд барои худ ихтиёр мекунад ҳаркиро бихоҳад ва ҳар киро хост, ба сўи худ ҳидоят мекунад"

    Сураи Шўро, 13

    Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) хотами паёмбарон ва имоми мурсалин аст, ки бо он неъмат пурра гардид ва торики ба рўшнои мубаддал гашт ва ҳама ғамҳо кушода шуд.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ لَقَدۡ مَنَّ ٱللَّهُ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ إِذۡ بَعَثَ فِيهِمۡ رَسُولٗا مِّنۡ أَنفُسِهِمۡ يَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِهِۦ وَيُزَكِّيهِمۡ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَإِن كَانُواْ مِن قَبۡلُ لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ ١٦٤ ﴾ [ال عمران: ١٦٤]

    "Худованд миннат гузоштааст болои мўъминон ба ин, ки дар байни онҳо расуле аз худашон фиристода аст, ки барои онҳо оятҳои ўро тиловат намуда, покашон месозад ва онҳоро китобу ҳикмат меомўзонад, агарчи онон пеш аз ин дар гумроҳии ошкор буданд"

    Сураи Оли Имрон, 164

    Дар ягон уммате монанди Муҳаммад (с) фиристода нашуда буд ва он чи ба Муҳаммад (с) дода шудааст, барои ҳеҷ паёмбаре дода нашуда буд. Уммати ў беҳтарини умматҳост, ки барои мардум бароварда шудааст.

    Барои ин уммат чунон хайрҳо дода шудааст, ки ба дигар умматон дода нашуда буд.

    Китоби ин уммат беҳтарин китоб аст ва паёмбараш беҳтарини паёмбарон ва пайравони ин дин беҳтарини мардуманд.

    Худованд барои мо динашро комил гардонидааст ва неъматашро бар тамом додааст.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ فِي مَخۡمَصَةٍ غَيۡرَ مُتَجَانِفٖ لِّإِثۡمٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ٣ ﴾ [المائ‍دة: ٣]

    "Имрўз бароятон динатонро пурра гардонида, неъматамро бар шумо бартамом намуда, бароятон Исломро чун дин пазируфтам. Ҳар ки маҷбур шуда, дар гуруснаги бихўрад дар ҳоле, ки майле ба тарафи гуноҳ надорад, пас Худованд бахшандаи меҳрубон аст"

    Сураи Моида, 3

    Эй бандагони Худо!

    Ин уммат ҳақ дорад, ки ифтихор ба шариати худ намояд ва бо он бинозад.

    Оё сафи онҳо ба ин дин муттаҳид нагашт?

    Оё дилҳояшон ба он улфат нагирифт?

    Худованд бо ин шариат башариятро аз пастиҳои зиндаги раҳо сохт ва онҳоро ба қуллаҳои шарофат баровард.

    Онҳоро аз хорию бандаги ба иззату каромат расонд.

    Эй мардум!

    Ҳақиқати ин дин чун нурест дар чашмҳо ва салоҳест дар ботину зоҳир ва ростист бо Худованд ва ростист бо мардум.

    Ҳар ки дар бораи он бештар маълумот пайдо кунад, ба ҳамон андозаи онро бештар эҳтиром менамояд.

    Ислом дар ҳар ҷое, ки густариш пайдо кунад, ҳамроҳи худ фазилатҳоро меорад.

    Карам ва поки осори он, шуҷоату иззат самараи он аст.

    Хислатҳои баландро дорост ва ахлоқи накўро соҳиб аст, ин ҳамаро дар нафсҳои пайравонаш тавассути васиятҳои Қуръон ва гуфтаҳои Паёмбар (с) ҷой медиҳад.

    Бо ақидаи соф ва имони амиқ манораҳои илҳодро вайрон намуда, пояҳои бутпарастиро нобуд сохт. Ислом ибодатҳои мустаҳкаме дорад, ки ҳама бидъат ва хурофотро барҳам мезанад ва ба муқобили ҷодугарону фолбинон мубориза мебарад.

    Илова бар ин, Ислом дорои муомилаҳои одилона дар ҳама шууни ҳаёти зиндагист, ки дар зиндаги ҳеҷ хайреро нагузоштааст, магар ин ки ба он амр намудааст ва бадиеро тарк накардааст, магар ин ки аз он ҳушдор додааст.

    Дар бораи ҳар чи буд ва ҳар чи то рўзи қиёмат хоҳад шуд, хабар додааст.

    Ҳазрати Абузар (р) мефармояд:

    "Паёмбар (с) дар байни мо буд ва ҳеҷ паррандае дар осмон пар намезад, магар ин ки дар бораи он бароямон маълумот дода буд"

    Табаронӣ

    Бо ин дин ҳуқуқҳоро ҳифз намуд ва аҳкомро барпо кард, аз рўи адолату баробари ва эҳтироми ҳуқуқи омма ва хосса.

    Бо ин дин манфиатҳо ҷалб шуда, фасод дур карда мешавад ва урфу одатҳо ба эътибор гирифта мешавад.

    Ислом тамоми ҷанбаҳои зиндаги, ақида, ибодат, оила, муомилаҳо, ҳудуд, ҷиноятҳо, алоқаи ҳоким ва раъият, ҳуқуқҳои волиён ва имомонро шомил аст. Ислом қоидаҳои муомиларо бо ғайри мусалмонон баён намуда, суннатҳои фитриро низ ба назар гирифтааст.

    Ин дин сабабҳои шикасти миллатҳо ва фанои онҳоро зикр намудааст.

    Ислом роҳи пандгириро барои ақлҳои солим арз намудааст ва тамоми таассубҳои ҷинси ва миллиро маҳв намудааст.

    Паёмбар (с) мефармоянд:

    "Шумо ҳамагон аз одамед ва одам аз хок аст, араб бар аҷам ва сурх бар сиёҳ ҳеҷ фазилате надорад, магар ба тақво"

    Аҳмад ваТирмизиӣ

    Ислом сарчашмаи миллатҳо ва асоси динҳост. Ислом бартамом, аҳкоми одилона ва идоракунии хирадмандона ва сиёсати ҳакимона аст.

    Худованд мефармояд:

    ﴿مَّا فَرَّطۡنَا فِي ٱلۡكِتَٰبِ مِن شَيۡءٖۚ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّهِمۡ يُحۡشَرُونَ ٣٨ ﴾ [الانعام: ٣٨]

    "Мо дар ин китоби худ чизеро фаромўш накардаем"

    Сураи Анъом, 38

    Худованд боз мефармояд:

    ﴿ وَيَوۡمَ نَبۡعَثُ فِي كُلِّ أُمَّةٖ شَهِيدًا عَلَيۡهِم مِّنۡ أَنفُسِهِمۡۖ وَجِئۡنَا بِكَ شَهِيدًا عَلَىٰ هَٰٓؤُلَآءِۚ وَنَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ تِبۡيَٰنٗا لِّكُلِّ شَيۡءٖ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُسۡلِمِينَ ٨٩ ﴾ [النحل: ٨٩]

    "Ва рўзе, ки мо дар ҳар уммате шоҳидеро аз худи онҳо бармехезонем ва туро барои ҳамагон шоҳид қарор медиҳем. Ва барои ту китобе нозил намудаем, ки он баёнгари ҳама чиз мебошад ва роҳанмою раҳмату мужда барои мўъминон"

    Сураи Наҳл, 89

    Ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿وَنَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ تِبۡيَٰنٗا لِّكُلِّ شَيۡءٖ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُسۡلِمِينَ ٨٩ ﴾ [النحل: ٨٩]

    "Ва барои ту китобе нозил намудаем, ки он баёнгари ҳама чиз мебошад ва роҳанмою раҳмату мужда барои мўъминон"

    Сураи Наҳл, 89

    Эй уммати Ислом!

    Мусалмонон вақте, ки бо ин дин алоқаи қави доштанд, ба мақсад расиданд, корашон ба танзим даромад ва парокандагияшон ба ҳам омад ва давлаташон пурқувват гардид ва таърих ба ин гуфтаҳо шоҳиди зинда аст.

    Вақте, ки ин алоқа коста шуд ва мусалмонон ба танбали рўй оварданд, оҳиста-оҳиста ба қафо гаштанд ва дар миёни эшон ихтилофот рух дод ва мафҳумҳо дар назарашон гуногун гашт ва ҳақиқатҳо рўпўш гардиданд, балки дар миёни онҳо навъҳои гуногуни бидъатҳо мунташир шуд ва як гурўҳи эшон ибодатро бо ғайри шариати Худованд кардани шуданд ва бо ғайри авомири илоҳи ба ў наздики меҷустанд.

    Онҳо ҳукми Ислом ва аҳкоми онро фаромўш карданд ва рўй ба тарафи ғайри он намуданд ва майл ба тарафи касоне намуданд, ки зулмро пешаи худ қарор додаанд ва ба ҳамин сабаб дар байни онҳо фасоди ахлоқи, нифоқ, фиреб, кина, парокандаги мунташир гардид.

    Онҳо ҳозир ва ояндаи худро аз даст доданд ва ба ин ҳаёти дунё қаноат ҳосил намуданд ва пайи хўрдану нўшидану хоб рафтан шуданд.

    Дигар онҳо барои ба даст овардани фазилатҳо ҳаракат накарданд ва дар ҷустуҷўи ахлоқи зебо нашуданд ва ҳама зебоиро дар душманони худ мебинанд, агарчи он бо аҳкоми шариат мухолиф бошад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ أَفَحُكۡمَ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِ يَبۡغُونَۚ وَمَنۡ أَحۡسَنُ مِنَ ٱللَّهِ حُكۡمٗا لِّقَوۡمٖ يُوقِنُونَ ٥٠ ﴾ [المائ‍دة: ٥٠]

    "Оё онҳо ҳукми ҷоҳилиятро мехоҳанд? Барои гурўҳе, ки яқин доранд, чи касе аз Худованд беҳтар ҳукм мекунад?"

    Сураи Моида, 50

    Эй бародарони роҳи Худо!

    Дин калимае нест, ки бар забон ронда шавад ва ба зоҳир амал кардану дар асл поймол кардани ҳуқуқу адо накардани вазифаҳо нест.

    Мусалмонони зиёде ҳастанд, ки қавонини ҳаёти дунёро намедонанд ҳамчуноне, ки аз қавонини ин дин бехабаранд.

    Ҳар миллате, ки мехоҳад аз ғафлат бедор шавад ва ба тараққиёт расад, бояд ба Худои худ рўй оварад.

    Роҳ сафеду равшан асту то ба имрўз маҳфуз аст. Паёмбар (с) барои мо ду чизеро гузошт, ки агар ба онҳо даст занем, ҳаргиз гумроҳ намешавем.

    Китоби Худо ва суннати худро гузоштааст.

    Бояд дониста бошем, ки он заъфу нотавоние, ки ба уммати Ислом расидааст, зодаи як моҳ ва як сол нест. Фаластини азиз, Ироқи маҷрўҳ ва Афғонистони шарифро душманон дар як шабу ду шаб ишғол накардаанд.

    Онҳо барои ишғоли инҳо садсолаҳо нақша кашиданд, ки дар ин муддат фарзандони худро тарбия намуданд ва фарзандони моро табоҳ карданд.

    Он чиро, ки дар даҳсолаҳо вайрон шудааст, наметавон дар чанд моҳу чанд соли оянда бино кард. Бо кўшиши содиқона ва нияти пок бояд ба дини худ баргардем ва амали ҳамешаги намоем.

    Мо барои нашъунамои як ниҳол чи кўшишҳо мекунем ва тарбияи наслҳоро мехоҳем дар чанд рўзе ба анҷом расонем.

    Албатта кор барои доъиён вазнин аст ва масъулият хеле гарон аст.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ وَإِذۡ يَعِدُكُمُ ٱللَّهُ إِحۡدَى ٱلطَّآئِفَتَيۡنِ أَنَّهَا لَكُمۡ وَتَوَدُّونَ أَنَّ غَيۡرَ ذَاتِ ٱلشَّوۡكَةِ تَكُونُ لَكُمۡ وَيُرِيدُ ٱللَّهُ أَن يُحِقَّ ٱلۡحَقَّ بِكَلِمَٰتِهِۦ وَيَقۡطَعَ دَابِرَ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٧ لِيُحِقَّ ٱلۡحَقَّ وَيُبۡطِلَ ٱلۡبَٰطِلَ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡمُجۡرِمُونَ ٨ ﴾ [الانفال: ٧، ٨]

    "Ва шумо моил ба тоифае будед, ки қудрат ва силоҳ надоштанд, Худованд мехоҳад бо суханони хеш ҳақро пойдор кунад ва решаи кофиронро аз бун барканад. То ҳақ собит шавад ва ботил завол пазирад, агарчи гунаҳкоронро хуш наёяд"

    Сураи Анфол, 7-8

    Вале агар қасд қави ва ниятҳо дуруст бошанду роҳ муайян ва қофила равон бошад, албатта ба мақсад расидан имкон дорад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنكُمۡ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَيَسۡتَخۡلِفَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ كَمَا ٱسۡتَخۡلَفَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمۡ دِينَهُمُ ٱلَّذِي ٱرۡتَضَىٰ لَهُمۡ وَلَيُبَدِّلَنَّهُم مِّنۢ بَعۡدِ خَوۡفِهِمۡ أَمۡنٗاۚ يَعۡبُدُونَنِي لَا يُشۡرِكُونَ بِي شَيۡ‍ٔٗاۚ وَمَن كَفَرَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ ٥٥ ﴾ [النور : ٥٥]

    "Худованд ваъда додааст ба ононе, ки аз байнатон имон оварда, корҳои накў мекунанд, ки дар рўи замин онҳоро халифа мекунад, ҳамчуноне ки пешиниёнро халифа карда буд. Ва барояшон он динеро, ки рози шудааст, устувор менамояд ва баъди тарсашон барои онҳо амони мебахшад. Онҳо маро ибодат кунанд ва чизеро ба ман шарик наёваранд. Ва ҳар ки баъди ин кофир шавад, пас онҳоянд фосиқон"

    Сураи Нур, 55

    Эй мўъминон!

    Ислом ресмони ин уммат аст ва алоқаи қавиест байни банда ва Худованд, ки бояд ба он мустаҳкам чанг зад.

    Охири ин уммат танҳо ба он чизе ба ислоҳ меояд, ки аввали ин уммат ба он ба ислоҳ омада буд.

    Аз талаботи имон он аст, ки инсон барои худ андозаҳоеро муайян намояд, ки аз он нагузарад ва нишонаҳоеро муайян намояд, ки барои расидан ба он талош варзад.

    Бе ҳадаф дунболи чизе гаштан на фоидаи дуняви дорад, на ухрави.

    Ҳар уммате, ки ҳавову ҳавас ғолиб гардад, вазифаи худро аз ёд мебарад ва мувофиқи хоҳишоти нафс амал менамоянд, намувофиқи роҳнамои илоҳи умматест, ки лоиқи нигоҳдории Худовандро надорад ва набояд бар дўши ў масъулияте ниҳод.

    Чи зебост ин шариати мо ва чи бузургу осон аст.

    Шариатест пур аз қавонину низомҳо, шариатест дорои асосҳо ва дастуроте, ки метавон ба он рўй овард, шариатест, ки сарчашмааш Худост ва ҳадафу мақсади он ҳам Худост.

    Сарчашмаи он дар назди Худост, ҳадафи он ризои Худост ва мақсади он комёби ба ваъдаҳои Илоҳи.

    Эй мўъминон!

    Адои шукри ин неъмат ва сабаби идомаи он дар шукри ин неъмат ва чанг задан ба он ва дар роҳи он сусти накардан аст.

    Бояд мусалмон инро бидонад, ки Худованди муттаол ўро аз байни дигар мардум бо ин хусусиятҳо баргузидааст, пас бояд ў барои адои шукри ин неъматҳо ба ин дин чанг занад ва тамоми аҳкоми онро риоя намояд ва фармудаҳои Худоро бо ҷон пазируфта, аз манҳиёташ дури ҷўяд.

    Барои бештар ба хайру баракат расидан инсони мусалмон бояд дигаронро ба ин дин даъват намояд ва инкорро ба таври ҳакимона ва услуби мавъизаи хуб ба роҳ монад, чи ба гуфтор чи ба кирдор ва чи ба забону қалам ва дар ин роҳ бояд кўшиш намояд, то гуфтораш ба кирдораш мувофиқ бошад ва ҳамеша даъвати ў бар асоси ҳидояту илм бошад на ба ҷаҳлу ғурур.

    معلومات المادة باللغة الأصلية