×

أخلاق النبي - صلى الله عليه و سلم - (طاجيكي)

الوصف

مقالة مختصرة باللغة الطاجيكية ذكر المؤلف فيها أخلاق - النبي صلى الله عليه و سلم - مع الكبار و الصغار, مع بيان بعض وصايا النبي - صلى الله عليه و سلم - في الأخلاق.

تنزيل الكتاب

    Ахлоқи накӯи Муҳаммад (с)

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳияи О. Сафар

    2013 - 1434

    أخلاق النبي صلى الله عليه و سلم

    (باللغة الطاجيكية)

    إعداد: آ. سفر

    2013 - 1434

    Ахлоқи накӯи Муҳаммад (с)

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلرَّسُولُ بَلِّغۡ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَۖ وَإِن لَّمۡ تَفۡعَلۡ فَمَا بَلَّغۡتَ رِسَالَتَهُۥۚ وَٱللَّهُ يَعۡصِمُكَ مِنَ ٱلنَّاسِۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٦٧﴾ [المائ‍دة: ٦٧]

    "Эй паёмбар, он чиро аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ, амри рисолати ӯро адо накардаӣ. Худо туро аз мардум ҳифз мекунад, ки Худо мардуми кофирро ҳидоят намекунад."

    (Моида 67)

    Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Ягон чизе дар мизон (тарозӯи рӯзи қиёмат) аз ахлоқи наку дида вазнинтар нест”

    Муттафақур ъалайҳ

    Дар ҷое, ки дин вуҷуд надошт ва на Худое, буд, ки мардум онро ибодат кунанд, магар як даста ҳайкалоне, ки аз санг сохта шудаанд ё аз тахта. Ба онҳо саҷда мекарданд ва онҳоро ибодат менамуданд ва онҳо чизе буданд, ки на манфиате мерасониданд ва на зараре. Дар он шахси қавӣ ва тавонманд шахси заъифу нотавонро мехурд, ба монанди ҷангал, ки ҳайвони қавӣ ҳайвони заъифро мехурад. Сарватманд фақирро зулм мекард ва бар сараш гарданкашӣ менамуд. Ҳамсоя ба ҳамсоя бадӣ мекард. Дастони нохалаф ба моликияти дигарон дароз мешуд, то онро бидуздад.

    Май ошкоро нушида мешуд. Забон дурӯғ мегуфт ва бардурӯғ шаҳодат медод.

    Ятим хор карда шуда буд, вақте моли ӯ аз тарафи хешовандонаш, ки ӯро бемолу бе риоя вогузоштанд, дуздида шуда буд.

    Фарёди духтаракони хурдакаке балан шуда буд, ки касеро талаб мекард, то ӯро аз падарони золиме, ки дар хок гушар карда буданд ва ҳол он ки онҳо зинда буданд, наҷот диҳад. Қалбҳо муштоқи касе буданд, ки онҳоро аз ин воқеъи дарднок ва зулме, ки бар сари онҳо омадааст, раҳо намояд.

    Дар ҷое, ки Ҷазираи арабӣ бе қалб зиндагӣ басар мебурд. Заъифу нотавонҳо бо қамчинҳо зада мешуданд ва шахсони озод ғулом карда мешуданд ва моли ятим хурда мешуд.

    Амини Муҳаммад (с) дар ғори Ҳиро, дур аз ин зулме, ки бо чашмонаш медид, гушанишинӣ карда буд. Дар онҷо нур, вақте Ҷибриил (а) оятҳои Худовандро чун: “иқраа” овард, бо диққат назорат мекард. Амин оятҳои Худованди мутаъолро хонд, ки нур дар қалби покаш, ки ягон рӯзе хатоеро нашинохта буд (яъне хатоеро анҷом надода буд), зиёда гардид.

    Парвардигораш ӯро мадҳу ситоиш намуда ба ӯ гуфтааст: “Ва ҳамоно ту бар як ахлоқи бузурге ҳасти” Сураи Қалам: ояти 4. Ва худи Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Ҳамоно ман фиристода шудаам, то ахлоқи накуро пурра намоям” ва ба камол расонам.

    Ислом аз рӯзи аввали даъваташ ба ахлоқҳои карима ва нек даъват мекард. Ҳатто намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ, ки Худованд онҳоро машруъ ва фарз гардонидааст, барои пок ва тазкия кардани нафсҳо буда ва то тамоми паҳлуҳои ҳаёт саодатмандона бошад.

    Бинобар ин соҳиби ахлоқи бад ба Худованд нафармону осӣ аст. Бар ӯ лозим аст, ки ба сӯи Ӯ таъоло тавба кунад, вагарна иқоб ва ғазаби Худованд бар ӯ фурӯд меояд.

    Ислом ба ахлоқи накуяш ва Расулуллоҳ бо рафтори хубаш, тавонист арабҳои ҷоҳилиро (замони бесаводиро) аз як уммате, ки ҳама рафторҳои зиштро анҷом медод, зулм мекард, дурӯғ мегуфт, ба куштор даст мезад ва гарданфарозӣ мекард, ба як уммати ба нури имон ҳамдигарро дустдоранда тағйир бидиҳад, то андозае ки ӯ уммати ахлоқи наку гардид.

    Душманон гуфтанд: Агар дини Муҳаммад дин намебуд, албатта дар ахлоқи мардон бузург буд.

    Таълимоти Илоҳӣ ва Расулашро ба мо чӣ зебо кардааст. Моро ба ахлоқи нек ва хуб амр мекунад, агар ба онҳо зеварнок гаштем, аз ҷумлаи дустони Худованди ъазза ва ҷалла мебудем ва орзӯҳо амалӣ мешуд ва ҷомеъаи мо беҳтари ҷомеъаҳо дар рӯи замин мегашт, ки ҳуқуқ дар он зоеъ намешуд.

    Расул (с)-и намуна

    Сайда Оиша, модари муъминон, (р) вақте аз ахлоқи Расулуллоҳ (с) пурсида шуд, гуфт: “Ахлоқи ӯ Қуръон буд”. Яъне ӯ ҳар он чизе, ки дар Қуръон буда аз ахлоқи накуи баланд, амалӣ намудааст.

    Ин буд, ки ростгӯ буд, дурӯғ намегуфт. Амонатро адо мекард, хиёнат намекард. Аҳдҳо ва ваъдаҳоро вафо мекард ва хиёнату аҳдшиканӣ намекард. Аз касе, ки зулмаш карда буд, гузашт мекард ва касе дашному ҳақораташ карда мебахшидаш. Сирро нигоҳ медошт ва онро ба касе намекушод. Ятимро зулм намекард, балки бар он меҳрубон буд ва эҳтиромаш мекард. Ҳамсояашро азияту озор намедод, балки ҳақашро ба ӯ адо мекард. Калимаҳои зишт ва бадро мисли дашном ва лаънат кардан, ба забон намеовард, балки хушзабон буд, ки ҷуз ба каломи нек сухан намегуфт. Агар мардум ӯро озор медоранд, бар озори онҳо сабр мекард. Монанди дарахте буд, ки мардум ӯро бо санг мезаданд, пас ӯ ба онҳо мева меандохт.

    Анас ибни Молик (р) кудаки хурдсоле буд, ки аз умраш ба нуҳсолагӣ расида буд. Модараш ӯро ба назди Расулуллоҳ (с) бурд ва аз ӯ талаб намуд, ки барои хидматгораш қарор диҳад. Анас (р) то дами вафоти Расулуллоҳ (с) хидматгор боқӣ монд. Вақте Анас (р) хост, ки моро ба ахлоқи Паёмбар (с) ошно намояд, гуфт:

    - Расулуллоҳ (с) аз ҳама дида некуахлоқтар буд. Ман ба ӯ даҳ сол хидмат кардам. Ҳаргиз нагуфтааст, ки: Уфф. (Ин калимае аст, ки вақте инсон аз касе нофор ва малол мешавад истифодааш мебарад.) Ва ба коре ки карда бошам нагуфтааст: Чаро онро кардӣ? Ва ба коре, ки накардаам: Оё чунин накардӣ?

    Паёмбар (с) хоста, ки моро ба ахлоқи наку васият намояд, аз ин ҷиҳат гуфтааст: “Чизе дар тарозӯи муъмин дар рӯзи қиёмат аз ахлоқи наку дида вазнинтар нест. Ва Худованди ъазза ва ҷалла зишткори бадгуфторро бад мебинад”.

    Пас ахлоқи наку дар тарозӯи муъмин вазнин будааст. Ва Худованди ъазза ва ҷалла ҳам инро дӯст медоштааст. Ва мардеро, ки гапҳои паст ва нолоиқу нохубро мезанад, бад мебинад.

    Паёмбар (с) соҳибони ахлоқи накуро аз ҷумлаи касоне ки дар ҷаннат рӯзи қиёмат бо ӯ мебошанд, мешуморид ва ба дустдоштани онҳо бишораташон медод ва мегуфт: “Ҳамоно дустдоштатарини шумо ба ман ва наздиктаринатон ба ман аз рӯи нишаст, дар рӯзи қиёмат, некуахлоқтарини шумо мебошад”.

    Ин мақому манзилати бузурге аст, вақте туро Расулуллоҳ (с) дуст медорад. Вақте туро Расулуллоҳ (с) дуст дошт, Худованди мутаъол туро дуст медорад.

    Валекин васиятҳои ӯ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам кадомҳо аст, ки моро ба онҳо васият намудааст, то соҳибони тарозуи вазнин ва маҳбубтарини мардумон ба ӯ бошем?

    Ҳалқаи оянда мавзуъи ин васиятҳо хоҳад буд.

    (Аз Мин васоё-р-Расул ли-л-атфол. Ҳомид Аҳмад Тоҳир.)

    معلومات المادة باللغة الأصلية