×

لماذا يسمون بالمشركين ؟ (طاجيكي)

إعداد: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

الوصف

مقالة مترجمة إلى اللغة الطاجيكية تجيب على بعض الأسئلة المحيرة عند بعض الناس، التي منها على سبيل المثال: هل المشركون كانوا ينكرون وجود الله؟ أم أنهم كانوا يعتقدون بوجود إلهين؟.

تنزيل الكتاب

    Чаро онҳоро МУШРИК мегӯянд?

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2013 - 1434

    لماذا يسمون بالمشركين؟

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: محمد عزيز رجب

    2013 - 1434

    Чаро онҳоро МУШРИК мегӯянд?

    Оё мушрикон мункири вуҷуди Худованд будаанд ва ё инки муътақид ба вуҷуди ду Худо будаанд?

    Агар зиндагии онҳо (касоне, ки Қуръон онҳоро мушрик хитоб кардааст, монанди мушрикони Макка, яҳуд ва насоро)-ро мавриди баррасӣ қарор диҳем, мебинем ки онҳо на мункири вуҷуди Худованд будаанд, ва на муддаъии вуҷуди ду Худои баробар.

    Балки муътариф ба вуҷуди Худованд буданд ва муътариф ба ваҳдонияти Худованд дар бисёре аз сифатҳои Ӯ будаанд.

    Аллома Алӣ Қорӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар шарҳи “Фиқҳи Акбар” гуфтааст:

    قال الملا علي القاري في بيانه لمنهج الإمام في تقرير الربوبية:

    أعرض الإمام عن بحث الوجود اكتفاء بما هو ظاهر في مقام الشهود. ففي التنزيل: ﴿قَالَتۡ رُسُلُهُمۡ أَفِي ٱللَّهِ شَكّٞ فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ ١٠﴾ [ابراهيم: ١٠] ﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَهُمۡ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۖ فَأَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ ٨٧﴾ [الزخرف: ٨٧] ﴿فَأَقِمۡ وَجۡهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفٗاۚ فِطۡرَتَ ٱللَّهِ ٱلَّتِي فَطَرَ ٱلنَّاسَ عَلَيۡهَاۚ ٣٠﴾ [الروم: ٣٠]

    فوجود الله ثابت في فطر الخلق، كما يشير إليه قوله سبحانه وتعالى، ويومئ إليه حديث: "كل مولود يولد على الفطرة" ، على فطرة الإسلام. وإنما جاء الأنبياء عليهم السلام لبيان التوحيد وتبيان التفريد.

    ولذا أطبقت كلمتهم، وأجمعت حجتهم على كلمة لا إله إلا الله، ولم يأمروا أهل ملتهم بأن يقولوا: الله موجود، بل قصدوا إظهار أن غيره ليس بمعبود؛ ردا لما توهموا وتخيلوا حيث قالوا: ﴿هَٰٓؤُلَآءِ شُفَعَٰٓؤُنَا عِندَ ٱللَّهِۚ ١٨﴾ [يونس : ١٨] ﴿مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ فِي مَا هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَنۡ هُوَ كَٰذِبٞ كَفَّارٞ ٣﴾ [الزمر: ٣] ....."

    شرح الفقه الأكبر للقاري ص17

    “… Масъалаи вуҷуди зоти илоҳӣ – масъалаи собитшуда ва пазируфташуда аст дар фитрати махлуқот, ҳамчуноне, ки дар ояи карима омадааст:

    (Фитрати Аллоҳ, ки махлуқоти хешро бар он халқ кардааст) Сураи Рум ояти 30.

    Ва ҳадиси набавӣ бар он ишора кардааст:

    (Ҳар навзоде бар фитрати ислом ба дунё меояд).

    Ва паёмбарони илоҳӣ фиристода шудаанд, то ки тавҳиди Аллоҳро баён намоянд. Барои ҳамин иллат аст, ки ҳуҷҷат ва даъвати ҳамаи онҳо бар меҳвари “Нест маъбуди барҳаққ (шоистаи парастиш) магар Аллоҳ” мегардад.

    Онҳо умматони хешро бар он нахондаанд, ки бигӯянд: “Аллоҳ мавҷуд аст”, балки қасду ҳадафашон изҳори ин амр буда, ки “ҷуз Аллоҳ маъбуди дигаре вуҷуд надорад”. Бар хилофи ончӣ, ки қавмҳояшон қаблан гумон мекарданд ва мегуфтанд: “Инҳо (яъне бутҳо) шафоъаткунандагони мо назди Аллоҳ ҳастанд”, ва “Мо онҳоро фақат ба ин хотир мепарастем, ки моро ба Аллоҳ наздик кунанд…”.

    (Шарҳи “Фиқҳи Акбар”, саҳ. 17).

    Мушрикини Макка Аллоҳ таъолоро қабул доштанд, ва худашон ҳам вақте қасам ёд мекарданд, ба Аллоҳ қасам мехӯрданд. Қуръон дар ин бора мегӯяд:

    ﴿وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَئِن جَآءَتۡهُمۡ ءَايَةٞ لَّيُؤۡمِنُنَّ بِهَاۚ ١٠٩﴾ [الانعام: ١٠٩]

    “Мушрикон бо ҳама тавон ва бо таъкидоти зиёде ба Аллоҳ савганд мехӯранд, ки агар муъҷизае барои онҳо оварда шавад, имон меоваранд…”.

    Сураи Анъом 109

    Ва ҳамчунин мушрикони Макка ҳаргиз муътақид ба вуҷуди дуто худои бо сифатҳои баробар набуданд. Аллома шайхул-Ислом ибни Таймия (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд:

    فان المشركين لم يكن احد منهم يقول ان العالم له خالقان ولا ان الله معه اله يساويه في صفاته هذا لم يقله احد من المشركين بل كانوا يقرون بان خالق السموات والأرض واحد

    “Ҳеҷ як аз мушрикин муътақид бар ин набуд, ки ҷаҳони ҳастӣ дуто Холиқу офаридгор дорад, ва ё инки Аллоҳ таъоло ҳамсоне дорад, ки бо Ӯ дар сифот баробар аст. Инро ҳеҷ мушрике нагуфтааст, балки мушрикин комилан иқрор мекарданд, ки холиқи осмонҳо ва замин танҳо як зот аст”.

    Оё мушрикин динситез буданд?!

    Мушрикин, ҷуз теъдоди андаке даҳрӣ (мункири илоҳ) ва зиндиқ, аксарияташон афроди пойбанд ба усули ахлоқӣ ва иҷтимоъӣ буданд ва иддаъо мекарданд, ки пайрави Паёмбарон ҳастанд ва ба китобҳои осмонӣ амал мекунанд. Масалан мушрикини Макка худро Иброҳимӣ медонистанд, яҳуд ва насоро ҳам худро амалкунанда ба китобҳои муқаддас медонистанд ва маҷусиён низ муътақид буданд, ки пайрави паёмбаре бо номи Зартушт ҳастанд.

    Ҳамчунин мушрикини Макка бисёре аз ибодатҳо, мисли: вузуъ, намоз, рӯза, эътикоф, тавофро анҷом медоданд ва ба бисёре аз усули ахлоқӣ, мисли: Иффат, ғайрат, силаи раҳм, тавозуъ, саховат, хидмат ба ҳоҷиёни Ҳарам пойбанд буданд. Китобҳои осмониро гиромӣ медоштанд ва барои Каъба ва амокини муқаддас эҳтироми зиёде қоил буданд. Ҳаргиз дар моҳҳои ҳаром ба касе таъаддӣ намекарданд ва дохили масҷидул-Ҳаром ба дурӯғ қасам намехӯрданд ва ба аҳдҳое ки мебастанд, ҳатман вафо мекарданд. Ҳаҷ намудаву байни Сафо ва Марва саъй мекарданд…

    Мушрикон ин ҳама ибодатҳоро аз пеши худ анҷом намедоданд, балки эътиқод доштанд, ки гӯё аз ҷониби Худованд ба ин кор маъмур ҳастанд, зеро бисёре аз ин аъмол боқимондаи таъолими ҳазрати Иброҳим буд, ки аз аслофашон (гузаштагонашон) ба онҳо мерос ва интиқол шуда буд. Гарчанде, ки ин таъолими иброҳимӣ, дар асари гузашти замон тағйир ва таҳриф гардида ва ноқис гашта буд, ба шиддат аз онҳо посдорӣ мекарданд ва ин ба хотири эҳтироме буд, ки онҳо барои ҳазрати Иброҳим ва дини аҷдодии худ қоил буданд.

    Мушрикин, на танҳо худро бедин намедонистанд, балки Расули акрам (), ва саҳобаро муттаҳам ба бединӣ мекарданд ва муътақид буданд, ки гӯё онҳо дини иброҳимиро раҳо кардаву ба оини ҷадиде гаравидаанд.

    Мушрикини Макка ва аркони тавҳид.

    Мушрикини Макка, ки Расули акрам () солҳо бо онҳо мубориза мебурд, дар бисёре аз маворид муътақид ба тавҳиди Худованд дар зот ва сифот буданд ва танҳо дар бахше аз масоили эътиқодӣ мушрик буданд.

    Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар “Ҳуҷҷатул-лоҳи болиға” зимни тавзеҳи маротиби тавҳид мегӯяд:

    وهاتان المرتبتان لم تبحث الكتب الإلهيه عنهما و لم يخالف فيهما مشركوا العرب و لا اليهود و لا النصاري بل القرآن ناص علي أنهما من المقدمات المسلمه عندهم.

    “Дуто мартабаи тавҳид (қабули зоти Худованд ва тавҳид дар холиқийят – яъне ҷузъе аз тавҳиди рубубийят), китобҳои осмонӣ дар мавриди ин дуто бахш аз тавҳид баҳс накардаанд, зеро мушрикини араб ва яҳуду насоро мухолифате бо он надоштаанд. Балки Қуръони карим тасриҳ мекунад, ки ин аз ақоиди мусаллами онҳо будааст”.

    Аллома Олусӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар тафсири хеш гуфтааст:

    انهم يعبدون الأصنام و يعتقدونها آلهة مع اعترافهم بأنهم ممكنة محتاجة إلي الصانع.

    “Мушрикини Макка бутҳоро ибодат мекарданд ва онҳоро маъбуд медонистанд, аммо бо вуҷуди ин муътариф буданд, ки онҳо (маъбудҳояшон) мумкинул-вуҷуд ва муҳтоҷи сонеъи (созандаи) дигаре ҳастанд”.

    Аз саҳобии бузургвор АбуҲурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули гиромӣ () фармудааст:

    أصدق كلمة قالها الشاعر كلمة لبيد: ألا كل شيء ما خلا اللهُ باطل

    “Росттарин сухане ки шоъир гуфтааст, сухани Лабид аст: Ҳароина ҳама чиз, ба ҷуз Аллоҳ ботил аст”.

    Бухорӣ ва сунани Тирмизӣ

    Ин шеърро Лабид ибни Рабиъ дар даврони ҷоҳилӣ, қабл аз онки мусалмон шавад суруда буд. Баъд аз ислом овардани хеш ӯ ҳаргиз шеър насурудааст.

    *** Танбиҳ: Ботил гуфтани ғайруллоҳ (дар шеъри Лабид) ба маънои бутлони вуҷуд ва ҳастӣ нест, балки ба маънои фано ҳаст, ки ҳама чиз ғайри Аллоҳ ҷоизул-фано ва музмаҳил аст. Чӣ тавре, ки Аллоҳ таъоло дар Қуръони карим хабар додааст:

    “Кулли ончӣ, ки бар он аст, фаношаванда аст”.

    Сураи Раҳмон

    Барои тафсили бештар дар шарҳи ин ибораи Лабид ибни Рабиъ ва радди шубуҳоти аҳли “Ваҳдати вуҷуд” нигаред: (Фатҳул-борӣ шарҳи саҳеҳи Бухорӣ 2-1713, ва Файзул-Қадир 1-529, ва Мадориҷус-Соликин 1-296, ва ТуҳфатулАҳвазӣ шарҳи Тирмизӣ ҷ. 7, саҳ. 168, Шарҳи Нававӣ бар саҳеҳи Муслим, ҷ. 7, саҳ 442, ва Маҷмуъул-Фатовои шайхулИслом ҷ. 1, саҳ. 189).

    Ҳамчунин Қуръони маҷид сароҳатан баён доштааст, ки мушрикини Макка фақат Аллоҳро холиқ медонистанд:

    ﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَهُمۡ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۖ فَأَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ ٨٧﴾ [الزخرف: ٨٧]

    “Агар аз мушрикон бипурсӣ, ки чӣ касе онҳоро офарида аст, ҳатман хоҳанд гуфт: Аллоҳ. Пас чӣ гуна (аз ибодати Аллоҳ таъоло) мунҳариф мешаванд (ва ба парастиши чизҳои дигаре мераванд)?!”.

    Сураи Зухруф 87

    Ва ҳатто холиқ ва молики маъбудони хешро низ Аллоҳ медонистанд. Ин ҳақиқатро дар “талбияи ҳаҷҷ”-и онҳо метавон дид, ки мегуфтанд:

    لبيك اللهم لبيك – لبيك لا شريك لك لبيك – الا شريكا هو لك – تملكه و ما ملك

    “… шарике надорӣ, ба ҷуз шарике, ки ту худ молики он ҳастӣ…”.

    Яъне, ҳатто маъбудони хешро низ мамлук ва махлуқи Аллоҳ таъоло медонанд.

    Ва барои тафсили бештаре дар ин маврид (яъне эътироф ва иқрори мушрикин бар баъзе аз маъонии тавҳиди рубубийят) нигаред ба: Сураи Юнус 31-34, ва Сураи Муъминун 84-92, ва Сураи Анкабут 61-63, ва Сураи Луқмон 25-26, ва Сураи Зумар 38, ва Сураи Зухруф 9-10, ва ояти 87.

    *** Танбиҳ: Бародари азиз, бидон ки иқрор ва эътирофи мушрикин ба рубубийяти Аллоҳ таъоло аз эътироф ва иқрори муслимин фарқ дорад:

    1. Аввал инки аҳли ислом ба тавҳиди рубубийят иқрори тафсилӣ доранд, аммо мушрикини Макка ба ин рукни тавҳид этирофи муҷмал доштанд, ки аз сабаби ҷаҳлашон ба маъонии тафсилӣ ва ҳақоиқи рубубийят аст.

    2. Мушрикини Макка эътироф ва иқрорашон ба рубубийят, омехта буд бо ақоиди фосида, ки баъзе аз маъонии рубубийятро ба моҳу хуршед ва бутҳои худ нисбат медоданд.

    Пас иқрор ва эътирофи мушрикон ба рубубийят ба маънои имони саҳеҳ ба ин рукни тавҳид набудаву балки иқрор ва эътирофи муҷмал аст, ки дар асоси ҳамон иқрор ва эътирофи муҷмал, ноқис ва омехтаашон Аллоҳ таъоло онҳоро илзоман ба тавҳиди улуҳийят давъат кардааст. Яъне, ки агар танҳо Аллоҳ таъоло холиқ, розиқ ва молики шумо бошад (чун иқрор доред), пас чаро Ӯро танҳо парастиш намекунед?!!…

    Шайх Абдур-Раззоқ Бадр (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:

    “… мурод ин нест, ки мушрикон ба тавҳиди рубубийят бар ваҷҳи камол ва тамом эътироф кардаанд, касе аз аҳли илм чунин намегӯяд. Балки мурод тақрири ҳамон тасриҳи Қуръон аст, ки эътирофи мушриконро бар холиқийят, розиқийят, тадбири умури халқ собит кардааст. Ва инҳо ҳама аз сифоти рубубийят ва хасоиси он аст, ки дар ҳақиқат мушрикон ба он имон овардаву онро эътироф доштанд.

    Баъдан, ин низ ҳукми ом ва куллӣ бар ҷамиъи мушрикон нест, зеро аз ҷумлаи онҳо буданд афроде, ки ҳатто дар рубубийят ширк меварзид, ва буданд афроде, ки ба баъзе аз хасоиси рубубийят имон оварда буданд. Ва баъзе аз онҳо, изофа бар имони хеш бар вуҷуди Худованди Холиқ ва Розиқ, ба маъод ва ҳашру ҳисоб низ бовар дошт. Чӣ тавре, ки Зуҳайр (шоъири даврони ҷоҳилийят) гуфтааст:

    فلا تكتمنَّ الله ما في نفوسكم … ليخفى فمهما يكتم الله يعلم
    يؤخر فيوضع في كتاب فيدخر … ليوم حساب أو يعجل فينقم

    Ибни Касир (раҳимаҳуллоҳ) пас аз нақли ин ду байт мегӯяд:

    فقد اعترف هذا الشاعر الجاهلي بوجود الصانع وعلمه بالجزئيات وبالمعاد وبالجزاء وبكتابة الأعمال في الصحف ليوم القيامة.

    “Этироф кардааст шоъири (даврони) ҷоҳилӣ ба вуҷуди Сонеъ (созанда ва офаридгор) ва илми Ӯ ба ҷузъиёт ва маъод ва ҷазову подош (и рӯзи Ҳашр) ва китобати аъмол дар саҳифаҳо барои рӯзи Қиёмат”.

    Ва ҳамчунин баъзе аз онҳо ба тақдир низ бовар дошт, чӣ тавре, ки Антара месарояд:

    يا عبل أين من المنية مهرب … إن كان ربي في السماء قضاها.

    … Ва шавоҳид бар ин ҳақиқат зиёд аст, вале бар замми ин онҳо МУШРИК ҳастанд”. (Қавли садид фир-радди ало ман анкара тақсимат-Таҳвид).

    Барои тафсили бештар дар ин масъала, бингар: Қавлул-Муфид шарҳи Китобут-тавҳид, ҷ.1 саҳ. 14 Ибни Усаймин (раҳимаҳуллоҳ) ва Шарҳи “Кашфуш-Шубуҳот”-и шайх Солеҳ Усаймӣ (ҳафизаҳуллоҳ).

    Дар мавриди тадбир ва тасарруф ва идораи шуъуни халқ низ мушрикини Макка эътирофи ҷузъӣ доштанд ва комилан инкор намекарданд.

    Шоҳ Валийюллоҳ Деҳлавӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар ин бора мегӯяд:

    والمشركون وافقوا المسلمين في تدبير الأمور العظام …

    “Мушрикини Макка комилан бо мусалмонон дар ин маврид муттафиқ буданд, ки корҳои бузург дар олам фақат аз ҷониби Аллоҳ таъоло анҷом мегирад (ва ҳеҷ касе дар ин умур бо Аллоҳ шарик нест)…”. (Ҳуҷҷатуллоҳил-Болиға).

    Барои ҳамин буд, ки мушрикон дар рӯзҳои сахт ва мушкилоту масоиби бузург танҳо Аллоҳро мехонданд ва фақат аз Ӯ кумак мехостанд. Ва агар ба сафари дарёӣ мерафтанд (гарчӣ бутҳои хешро бо худ ҳамроҳ мебурданд), аммо агар гирифтори амвоҷи дарё мешуданд, танҳо аз Аллоҳ мадад мехостанд ва бутҳоро ба дарё меандохтанд ва муътақид буданд, ки дар ин гуна сахтиҳо аз бутҳояшон манфаъате нест.

    Қуръон дар ин мавзӯъ онҳоро сарзаниш ва танбиҳ мекунад, ки ҳангоми мушкилот танҳо аз Аллоҳ кумак мехоҳанд ва замоне, ки Аллоҳ онҳоро наҷот медиҳад, дубора ба ширк рӯй меоваранд:

    ﴿وَإِذَا غَشِيَهُم مَّوۡجٞ كَٱلظُّلَلِ دَعَوُاْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ فَلَمَّا نَجَّىٰهُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ فَمِنۡهُم مُّقۡتَصِدٞۚ وَمَا يَجۡحَدُ بِ‍َٔايَٰتِنَآ إِلَّا كُلُّ خَتَّارٖ كَفُورٖ ٣٢﴾ [لقمان: ٣٢]

    (Мушрикон) ҳангоме, ки (савори киштӣ мешаванд ва) мавҷҳои ҳамчун кӯҳ ононро фаро мегирад, холисона Аллоҳро дуъо мекунанд ва ибодатро хосси Ӯ медонанд. Вале ҳангоме ки онҳоро наҷот додаву солим ба хушкӣ расонидем, (танҳо) бархе аз эшон миёнаравиро пеша мекунад (ва бар имони худ вафодор мемонанд, ва теъдоди зиёде дубора Аллоҳро фаромӯш кардаву роҳи куфр дар пеш мегиранд). Ояҳои моро (нишонаҳо моро) ҳеҷ касе ҷуз хиёнатпешагони носипос инкор намекунад”.

    Сураи Луқмон 32

    Ҷойи дигаре Аллоҳ таъоло фармудааст:

    ﴿قُلۡ مَن يُنَجِّيكُم مِّن ظُلُمَٰتِ ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ تَدۡعُونَهُۥ تَضَرُّعٗا وَخُفۡيَةٗ لَّئِنۡ أَنجَىٰنَا مِنۡ هَٰذِهِۦ لَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلشَّٰكِرِينَ ٦٣ قُلِ ٱللَّهُ يُنَجِّيكُم مِّنۡهَا وَمِن كُلِّ كَرۡبٖ ثُمَّ أَنتُمۡ تُشۡرِكُونَ ٦٤﴾ [الانعام: ٦٣، ٦٤]

    “Бигӯ: Чӣ касе шуморо аз душворӣ ва шадоиди барру баҳр (дар хушкиҳову дар дарё) мераҳонад?! Дар ҳоле, ки (душвориҳо ва гирифториҳои бузурге бар шумо меояд) Ӯро фурӯтанона ошкоро ва пинҳонӣ дуъо мекунед (ва мегӯед:) агар Аллоҳ моро аз ин аҳвол (сахтиҳо) бираҳонад, ҳатман аз сипосгузорон хоҳем буд?!.

    Бигӯ: Аллоҳ шуморо аз он (аҳволу шадоид) ва аз ҳама ғаму андӯҳе мераҳонад, сипас шумо (бо вуҷуди ин ҳама, барои Ӯ) шарик ва анбоз месозед (шарику анбозе, ки худатон медонед, коре аз дасти онҳо сохта нест)”.

    Сураи Анъом 63-64

    Сабаби ислом овардани ҳазрати Икрима ибни АбиҶаҳл (разияллоҳу анҳу) низ ҳамин таноқузи мушрикин буд.

    Мегӯяд: Вақте, ки Макка тавассути Расулуллоҳ () фатҳ шуд, ман ба қасди фирор аз Макка хориҷ шудам ва ба сӯи дарё рафтам ва аз онҷо савори киштӣ шудаву дар миёни дарё киштӣ дучори туфон шуд. Киштибонон фарёд мезаданд, ки Аллоҳро бихонед ва аз Ӯ кумак биталабед, чунки аз маъбудони дигар манфаъате нест.

    Икрима мегӯяд, ки дар ин ҳолат ба худ гуфтам:

    [والله لئن كان لا ينفع في البحر غيره فإنه لا ينفع في البر غيره، اللهم لك علي عهدٌ لئن أخرجتني منه سالماً، لأذهبن فلأضعن يدي في يديه -صلى الله عليه وسلم- فلأجدنه رءوفاً رحيماً]

    “Вақте, ки дар дарё ҷуз Аллоҳ касе ба доди ман намерасад, пас дар хушкӣ низ фарёдрасам танҳо Аллоҳ ҳаст. Парвардигоро аҳд медиҳам, ки агар маро солим ба соҳил бирасонӣ, назди Ӯ () хоҳам рафт ва даст ба дасти Ӯ хоҳам гузошт ва ҳатмист, ки Ӯро рауф ва раҳим хоҳам ёфт”.

    Дар воқеъаи “Фил” ҳам нуктаи бисёр ҷолибе дар ин мавзӯъ вуҷуд дорад. Ҳангоме, ки Абраҳа ба қасди хароб кардани хонаи Каъба ба сӯйи Макка лашкар кашид, дар роҳ амволи Қурайшро ғорат мекард ва аз ҷумла шутурони Абдулмутталибро ба яғмо бурданд. Абдулмутталиб дар ҷустуҷӯи шутурҳояш назди Абраҳа рафт ва аз ӯ хост то шутурҳояшро баргардонад. Абраҳа гуфт, ман барои хароб кардани Каъба омадаам, ту бошӣ аз ман шутурҳоятро металабӣ?!

    Абдулмутталиб гуфт: Ман соҳиби шутурҳо ҳастам, ва Каъба ҳам парвардигоре дорад, ки аз он ҳифозат мекунад.

    Нуктаи ҷолиб он аст, ки дар дохили Каъба 360 бут вуҷуд дошт, вале Абдулмутталиб ҳифозати хонаи Каъбаро ба он бутҳо вогузор накард, ва медонист, ки он бутҳо аз уҳдаи ин кор намебароянд. Ва бояд ба умеди Аллоҳи ягона буд…

    Пас мушрикини Макка дар чӣ мавриде ширк меварзиданд?!

    Мушрикони Макка дар масъалаи вуҷуди Худованд ва холиқийят, розиқийят ва тадбири умури бузург муртакиби ширк намешуданд, аммо бо вуҷуди ин Худованд онҳоро МУШРИК гуфтааст. Ва мо онҳоро ҳамчун МУШРИК мешиносем.

    Барои он ки дар шифои бемор, додани фарзанд, баракат дар ризқу рӯзӣ, пирӯзӣ дар ҷанг, додани сиҳату саломатӣ, ғайри Аллоҳро муассир медонистанд. Муътақид буданд, ки авлиё ва бузургон ва бутҳояшон бо шафоъати хеш (пеши Худованд) метавонанд онҳоро ба орзӯҳояшон бирасонанд.

    Лизо мушрикон барои тақарруб ба авлиё ва солиҳин ва расидан ба мақосид ва орзӯҳои худ, онҳоро ибодат мекарданд ва бо додани садақот ва қурбонӣ ба номи онҳо, саъй мекарданд онҳоро розӣ кунанд.

    Тақарруб ба он авлиё ва бутҳояшонро тақарруб ба Худованд медонистанд. Ва анвоъи ибодатро барои он бутҳо сарф мекарданд, ба монанди саҷда, таъзим, додани қурбонӣ ба номи онҳо, зиёрат, дуъову нидо кардан ва умеду таваккул ва хавфу ҳарос, ва назру қасам ва ғайра аз анвоъи ибодот…

    (идома дора…)

    Ин мақола бо истифода аз маводҳои форсӣ

    ва арабӣ таҳия шудааст.

    معلومات المادة باللغة الأصلية