×

СИЛСИЛАИ «ШИНОХТИ ИСЛОМ» ДАРСИ АВВАЛ: ДАР ТАЪРИФИ ИСЛОМ (тоҷикӣ)

Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

Description

Асли ин силсила-дарсҳо аз китоби «Усули даъват», таълифи доктор АбдулКарим Зайдон аст, ва дарси аввали ин силсила дар бораи таъриф ва маъонии "Ислом" аст.

Download Book

    СИЛСИЛАИ «ШИНОХТИ ИСЛОМ»

    ДАРСИ АВВАЛ: ДАР ТАЪРИФИ ИСЛОМ

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия ва тарҷума (бо тасарруфе андак): Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2013 - 1435

    سلسلة "التعريف بالإسلام"

    الدرس الأول: تعريف الإسلام

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد و ترجمة ( بتصرف يسير): محمد عزيز رجب

    2013 - 1435

    СИЛСИЛАИ «ШИНОХТИ ИСЛОМ»

    ДАРСИ АВВАЛ: ДАР ТАЪРИФИ ИСЛОМ

    Силсилаи «Шинохти Ислом»

    Дарси аввал: Дар таърифи Ислом

    Муқаддимаи мутарҷим

    (Асли ин силсила-дарсҳо аз китоби «Усули даъват», таълифи доктор АбдулКарим Зайдон аст, ки шайх китоби худро ба чаҳор боб тақсим кардааст:

    Боби аввал – Мавзуъи даъват.

    Боби дуввум – Даъватгар

    Боби саввум – Даъватшаванда

    Боби чаҳорум – Васоили даъват

    Боби аввали ин китобро, ки ҳамон шинохти Ислом аст, ва дар баёну тавзеҳи хасоис ва аркони ин дин аст, тарҷумаву ихтисор намудаем, ва дар шакли дарсҳои алоҳида онро пешкаши хонандагон месозем. Ва аз Аллоҳ таъоло масъалат дорем, ки дар итмоми ин силсила моро муваффақ гардонтда ва ихлоси амал рӯзӣ намояд).

    Боби аввал: Мавзуъи даъват

    Муқаддимаи муаллиф

    Гуфтем, ки мавзуъи даъват ҳамон Ислом аст (яъне баёну тавзеҳи он), ҳамон Исломе ки онро Аллоҳ таъоло бар паёмбараш Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) нозил кардааст, дар Қуръон ва Суннати мутаҳҳар.

    Ва мо дар ин баёни хеш, (на бо тафсил ва на бо ихтисор) мехоҳем, ки порае аз масоили ин динро баён кунем, ки ҳар даъватшаванде ба он муҳтоҷ аст, ва даъватгарро низ лозим аст, ки ҳадди ақалл онро бидонад.

    Бар ҳамин асос, онро ба панҷ фасл тақсим намудем:

    Фасли аввал – Таърифи Ислом

    Фасли дуввум – Аркони Ислом

    Фасли саввум – Хасоис ва вижагиҳои Ислом

    Фасли чаҳорум – Низомҳои Ислом

    Фасли панҷум – Мақосиди Ислом

    Таърифи Ислом

    Исломро метавон бо таърифҳои гуногун ва мутаъаддиде таъриф кард:

    Таърифи аввал:

    Ҳадиси Ҷабраил (алайҳис-салом) аст, ки дар сурати аъробие ба назди Паёмбар омад, то ки аз Ӯ суол кунад, ва ҳозирин ва шунавандагон умури динашонро бо ин сабаб биёмӯзанд.

    Дар ин ҳадис чунин омадааст: «(Эй Муҳаммад), маро аз Ислом хабар деҳ!».

    Пас Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфт:

    «Ислом он аст, ки шаҳодат ва гувоҳӣ бидиҳӣ, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуде барҳақ нест, ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ ҳаст, ва намозро барпо дорӣ, ва закотро адо намоӣ, ва рӯзаи моҳи Рамазонро бидорӣ, ва ҳаҷҷи Байтуллоҳро бикунӣ, агар бар он имкон дорӣ».

    Пас Ислом ҳамон чизе ҳаст, ки дар ин ҳадис омадааст.

    Ва шарҳи ин ҳадис дар сафаҳоти баъдӣ хоҳад омад.

    Таърифи дуввум:

    Ислом, — ин фурӯтанӣ ва таслиму фармонбардорӣ ҳаст ба Аллоҳ парвардагори ҷаҳониён. Ва шарти сиҳҳати ин фармонбардорӣ он аст, ки ихтиёрӣ бошад, на иҷборӣ.

    Зеро ки таслим будани иҷборӣ ба Аллоҳ (яъне бар қавонини кавнии Ӯ таъоло), амри ъоме мебошад, ки хоҳу нохоҳ ҳар махлуқе таслими он аст. Ва чунин таслим шудан савобу иқобе надорад. Чӣ тавре ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

    ﴿أَفَغَيۡرَ دِينِ ٱللَّهِ يَبۡغُونَ وَلَهُۥٓ أَسۡلَمَ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ طَوۡعٗا وَكَرۡهٗا وَإِلَيۡهِ يُرۡجَعُونَ ٨٣﴾ [ال عمران: ٨٣]

    «Оё ба ҷуз дини Аллоҳ, дини дигареро талаб доранд?! Ҳол онки, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст таслими Ӯ мебошанд, (таслими Ӯ гаштаанд) хоставу нохоста (ихтиёран ва иҷборан) ва (ҳатман) ба сӯи Ӯ боз гардонида мешаванд».

    (Сураи Оли Имрон 83)

    Пас, ҳамаи махлуқот таслими Аллоҳ таъолост ва таслими суннати кавнии Ӯст, дар вуҷуду ҳастии хеш ва дар бақову фанои хеш, ва инсон низ ҳамчун боқимондаи махлуқот дар ин таслим ва тоъати иҷборӣ ҳаст.

    Аммо таслим ва фармонбардории ихтиёрӣ ба Аллоҳ таъоло, ҳамон аст ҷавҳари Ислом ва ҳамон аст, ки аз инсон талаб карда шудааст ва дар асоси он савобу иқоб мешавад.

    Ва нишонаи ин таслими ихтиёрӣ, фармонбардории том ва пурра ҳаст аз шариъати Аллоҳ, фармонбардорӣ бо ризову қабул, ва бидуни қайду шарте ва таъқибу таълиқе.

    Ва аз ҳамин лиҳоз, Ислом бо чунин маъно дини писандида назди Аллоҳи муттаъол аст. Ва ҳаминро бар тамоми паёмбарони хеш нозил кардааст, ва паёмбаронаш онро ба мардум таблиғ намудаанд.

    Чӣ тавре ки гуфтааст:

    ﴿إِنَّ ٱلدِّينَ عِندَ ٱللَّهِ ٱلۡإِسۡلَٰمُۗ ١٩﴾ [ال عمران: ١٩]

    «Бегумон, дини (ҳақ ва писандида) дар пешгоҳи Аллоҳ Ислом аст (яъне холисона таслими фармони Аллоҳ шудан аст, ва ин оини ҳамаи паёмбарон будааст)».

    (Сураи Оли Имрон 19)

    Ва низ:

    ﴿وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٨٥﴾ [ال عمران: ٨٥]

    «Ва касе ки ғайр аз (дин ва шариъати) Ислом дини дигаре баргузинад, аз ӯ пазируфта намешавад, ва ӯ дар охират аз зумраи зиёнкорон хоҳад буд».

    (Сураи Оли Имрон 85)

    Ва низ:

    ﴿وَمَن يُسۡلِمۡ وَجۡهَهُۥٓ إِلَى ٱللَّهِ وَهُوَ مُحۡسِنٞ فَقَدِ ٱسۡتَمۡسَكَ بِٱلۡعُرۡوَةِ ٱلۡوُثۡقَىٰۗ وَإِلَى ٱللَّهِ عَٰقِبَةُ ٱلۡأُمُورِ ٢٢﴾ [لقمان: ٢٢]

    «Ва ҳар касе ки (дил ба Аллоҳ диҳад ва) мутиъона рӯй ба Аллоҳ оварад, дар ҳоле ки некӯкор бошад, ба дастовези муҳкаме чанг задааст. Ва саранҷоми ҳама корҳо ба Аллоҳ бозгашт дода мешавад».

    (Сураи Луқмон 22)

    Ва низ:

    ﴿وَوَصَّىٰ بِهَآ إِبۡرَٰهِ‍ۧمُ بَنِيهِ وَيَعۡقُوبُ يَٰبَنِيَّ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰ لَكُمُ ٱلدِّينَ فَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسۡلِمُونَ ١٣٢ أَمۡ كُنتُمۡ شُهَدَآءَ إِذۡ حَضَرَ يَعۡقُوبَ ٱلۡمَوۡتُ إِذۡ قَالَ لِبَنِيهِ مَا تَعۡبُدُونَ مِنۢ بَعۡدِيۖ قَالُواْ نَعۡبُدُ إِلَٰهَكَ وَإِلَٰهَ ءَابَآئِكَ إِبۡرَٰهِ‍ۧمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ إِلَٰهٗا وَٰحِدٗا وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ ١٣٣﴾ [البقرة: ١٣٢، ١٣٣]

    «Ва Иброҳим фарзандони худро ба ин оин (дини Ислом) суфориш кард, ва Яъқуб (набераи ӯ низ чунин кард. Ҳар кадом ба фарзандони хеш гуфтанд:) Эй фарзандони ман! Худованд дини (тавҳидии Ислом) – ро барои шумо баргузидааст. (Пас ба мо қавл бидиҳед, ки як лаҳза ҳам аз он дурӣ накунед) ва намиред ҷуз инки мусалмон бошед.

    Оё (шумо яҳудиён ва насрониҳо, ки Муҳаммадро такзиб менамоед ва даъво доред, ки бар дини Яъқуб ҳастед) ҳангоме ки марги Яъқуб фаро расид, шумо ҳозир будед (то динеро бишносед, ки Яъқуб бар он мурд?!). Он ҳангоме ки ба фарзандони худ гуфт: Пас аз ман чӣ чизро мепарастед? Гуфтанд: Маъбуди ту, маъбуди падаронат Иброҳим ва Исмоъил ва Исҳоқро, ки Маъбуди Ягона ҳаст ва мо таслими (фармони) Ӯ ҳастем (ва сари ибодат ва бандагӣ бар остонаш месоем)».

    (Сураи Бақара 132 — 133)

    Ва сипас лафзи «Ислом» махсуси он дине гашт, ки Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) овардааст.

    Ва бо ҳамин маънои махсус бар лафзи «Ислом», ин қавли Аллоҳ таъоло нозил гашт:

    ﴿ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ ٣﴾ [المائ‍دة: ٣]

    «Имрӯз (аҳкоми) дини шуморо бароятон комил кардам ва (бо ъиззат бахшидан ба шумо ва устувор доштани қадамҳоятон) неъмати худро бар шумо такмил намудам, ва Исломро ба унвони дин барои шумо баргузидам».

    (Сураи Моида 3)

    Пас, дар асоси ҳамин, таърифи Ислом бо маънои хоссаш, (ки ҳангоми истифодаи он лафз, ҳатман ҳамин маъно матлуб аст), чунин мешавад:

    «Ислом – яъне таслим ва фармонбардории ихтиёрӣ ҳаст ба Аллоҳ таъоло — парвардигори оламиён, ва мазҳару нишонаи он, пойбанд будан ба шаръи илоҳист. Шаръе, ки Аллоҳ таъоло онро бар паёмбараш Муҳаммад нозил кардааст, ва Ӯро (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба таблиғи он шаръ амр намудааст».

    Таърифи саввум:

    Ислом – ин низоми ом ва қонуни шомиле ҳаст, барои умури ҳаёт ва равишҳои рафтору кирдор ва сулуки инсон. Он низому қонуне, ки онро Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аз парвардигораш овардааст, ва ба таблиғу нашри он маъмур гаштааст. Он низому қонуне, ки барои пайравӣ аз он ва ё мухолифат бо он савобу иқоб муқаррар шудааст.

    Чӣ тавре, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

    ﴿وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٨٥﴾ [ال عمران: ٨٥]

    «Ва касе ки ғайр аз (дин ва шариъати) Ислом дини дигаре баргузинад, аз ӯ пазируфта намешавад, ва ӯ дар охират аз зумраи зиёнкорон хоҳад буд».

    (Сураи Оли Имрон 85)

    Пас, лафзи «Дин» дар ин ояти муборак маъонии собиқро дар бар мегирад ва ҳамчунин шомили дигар маъноҳое низ ҳаст. Ва дар маҷмуъ, ба маънои ҳамон Ислом аст, ки Муҳаммад онро аз Парвардигори ҷаҳониён овардааст.

    Таърифи чаҳорум:

    Ислом – ин маҷмӯъи он чизҳое ҳаст, ки Аллоҳ бар паёмбараш Муҳаммад нозил кардааст, аз аҳкоми эътиқодӣ ва ахлоқ ва ибодот ва муъомалот ва ахборот.

    Ва Аллоҳ (ъазза ва ҷалла) паёмбари хешро ба таблиғи он амр кардааст:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلرَّسُولُ بَلِّغۡ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَۖ وَإِن لَّمۡ تَفۡعَلۡ فَمَا بَلَّغۡتَ رِسَالَتَهُۥۚ وَٱللَّهُ يَعۡصِمُكَ مِنَ ٱلنَّاسِۗ ٦٧﴾ [المائ‍دة: ٦٧]

    «Эй фиристодаи (Аллоҳ, Муҳаммади Мустафо!) ҳар ончӣ, ки аз сӯйи парвардигорат бар ту нозил шудааст (ба тамому камол ва бидуни ҳеҷ гуна хавфу ҳаросе, бар мардум) бирасон (ва онҳоро ба-дон даъват кун), ва агар чунин накунӣ, рисолати Аллоҳро (ба мардум) нарасондаӣ (ва эшонро ба-дон фаро нахондаӣ. Зеро ки таблиғи ҷамиъи авомир ва аҳком бар уҳдаи туст, ва китмони ҷузъе аз ҷониби ту, китмони кулл башумор аст). Ва Худованд туро аз (хатароти эҳтимолии кофирон ва азияту озори) мардум маҳфуз медорад (зеро ки суннати илоҳӣ бар ин ҷорӣ ҳаст, ки ботил бар ҳақ пирӯз намешавад)…».

    (Сураи Моида 67)

    Ва аммо он чизе ки Аллоҳ бар паёмбараш нозил кардааст, ҳамон Қуръон ва Суннат аст. Ва тамоми он аҳкоме ки зикр намудем, дар ҳамин ду масдар мебошад. Ва он дини Худованд аст. Ва он аст Ислом.

    Таърифи панҷум:

    Ислом – ин ҷавоби ҳақ ва дуруст аст, ба он се саволе ки ақли башариятро машғул сохтааст. Ин се савол ба ақлу фикри ҳар инсоне ворид мешавад, ҳар гоҳ ки дар танҳоӣ бо худ нишинад, ва ё инки дар умури ҳаёт тафаккур намояд, ва ё мурдаеро бубинад ва ё қабрҳоро мушоҳада кунад…

    Ин сето савол инҳоянд:

    Аз куҷо омадаем?

    Ва барои чӣ омадаем?

    Ва масирамон чисту куҷо хоҳем рафт?

    Пас ҷавоби саҳеҳ бар ин се суол, ки Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) он ҷавобро хабар додааст, дар маҷмӯъ ва тафсилоташ ҳамон Ислом аст:

    Дар посухи суоли аввал, Аллоҳ таъоло фармудааст:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِن كُنتُمۡ فِي رَيۡبٖ مِّنَ ٱلۡبَعۡثِ فَإِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ مِنۡ عَلَقَةٖ ثُمَّ مِن مُّضۡغَةٖ مُّخَلَّقَةٖ وَغَيۡرِ مُخَلَّقَةٖ لِّنُبَيِّنَ لَكُمۡۚ وَنُقِرُّ فِي ٱلۡأَرۡحَامِ مَا نَشَآءُ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى ثُمَّ نُخۡرِجُكُمۡ طِفۡلٗا ثُمَّ لِتَبۡلُغُوٓاْ أَشُدَّكُمۡۖ وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّىٰ وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَىٰٓ أَرۡذَلِ ٱلۡعُمُرِ لِكَيۡلَا يَعۡلَمَ مِنۢ بَعۡدِ عِلۡمٖ شَيۡ‍ٔٗاۚ وَتَرَى ٱلۡأَرۡضَ هَامِدَةٗ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡ وَأَنۢبَتَتۡ مِن كُلِّ زَوۡجِۢ بَهِيجٖ ٥﴾ [الحج : ٥]

    «Эй мардум! Агар дар бораи растохези (мурдагон ва зиндагонии дубораи эшон) шакк доред, (бад-ин нукта таваҷҷуҳ кунед то ба гӯшае аз қудрати илоҳӣ пай бибаред, ва ба худ оед:) Мо шуморо аз хок офаридем, сипас аз нутфа, ва баъд аз хуни баста, ва пас азон (ин хуни бастаро) ба як қитъа гушт дар меоварем, ки бархе басомон (дорои хилқати комил) ва бархе (нотамом ва ноқисул-хилқа) нобасомон аст. (Ҳамаи ин) бад-ин хотир аст, ки барои шумо равшан созем (ки мо бар офариниш ва тағйиру табдил ва ҳар гуна коре, аз ҷумла зиндагии дубора бахшидан қодирем). Мо ҷанинҳоеро, ки бихоҳем, то замони муъайян дар раҳмҳо нигоҳ медорем, ва онгоҳ шуморо ба сурати кӯдак (писар ё духтар, аз шиками модарон) берун меоварем, сипас (шуморо таҳти назорат ва риъояти худ медорем) то ба рушди ҷисмонӣ ва ақлонии худ мерасед. Бархе аз шумо (дар ин миён) мемиранд, ва баъзе аз шумо ба ниҳояти умр ва ғояти пирӣ мерасанд. То бад-онҷо, ки пас аз донистани (басе чизҳо) чизе намедонанд (ва донистаҳои хешро фаромуш кардаву аз ёд мебаранд, ва дуруст ҳамонанди як кӯдак мешаванд)…».

    (Сураи Ҳаҷ 5)

    Ва ҳамчунин фармудааст:

    ﴿وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن سُلَٰلَةٖ مِّن طِينٖ ١٢ ثُمَّ جَعَلۡنَٰهُ نُطۡفَةٗ فِي قَرَارٖ مَّكِينٖ ١٣ ثُمَّ خَلَقۡنَا ٱلنُّطۡفَةَ عَلَقَةٗ فَخَلَقۡنَا ٱلۡعَلَقَةَ مُضۡغَةٗ فَخَلَقۡنَا ٱلۡمُضۡغَةَ عِظَٰمٗا فَكَسَوۡنَا ٱلۡعِظَٰمَ لَحۡمٗا ثُمَّ أَنشَأۡنَٰهُ خَلۡقًا ءَاخَرَۚ فَتَبَارَكَ ٱللَّهُ أَحۡسَنُ ٱلۡخَٰلِقِينَ ١٤﴾ [المؤمنون : ١٢، ١٤]

    «Мо инсонро аз ъусорае аз гил офаридаем. Сипас ӯро ба сурати нутфае даровардаву дар қароргоҳи устувор (раҳми модар) ҷой медиҳем. Сипас нутфаро ба сурати лахтаи хуне, ва ин лахтаи хунро ба шакли қитъаи гушти ҷавидае, ва ин тиккаи гушти ҷавидаро ба сони устухонҳои заъифе дармеоварем (месозем), ва баъд бар устухонҳо гушт мепӯшонем, ва сипас ӯро офариниши тозае бахшидаву (бо дамидани ҷон ба колбадаш) падидаи дигаре хоҳем кард. Пас воломақому муборак аст Аллоҳ, беҳтарини созандагон».

    (Сураи Муъминун 12-14).

    Ва низ мефармояд:

    ﴿ٱلَّذِيٓ أَحۡسَنَ كُلَّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥۖ وَبَدَأَ خَلۡقَ ٱلۡإِنسَٰنِ مِن طِينٖ ٧ ثُمَّ جَعَلَ نَسۡلَهُۥ مِن سُلَٰلَةٖ مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ ٨ ثُمَّ سَوَّىٰهُ وَنَفَخَ فِيهِ مِن رُّوحِهِۦۖ وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡ‍ِٔدَةَۚ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ ٩﴾ [السجدة : ٧، ٩]

    «(Ӯ таъоло) он касе ҳаст, ки ҳар чиро ки офарид, некӯ офарид! Ва офариниши инсони (аввал)-ро аз Гил оғоз кард. Сипас зуррияи ӯро аз ъусораи оби (ба зоҳир) заъифу ночизе (ба номи манӣ) офарид. Пас аз он андомҳои ӯро такмилу ороста кард, ва аз руҳи мутаъаллиқ ба худ (ки аз махлуқоташ аст) дар ӯ дамид. Ва барои шумо гӯшҳову чашмҳо ва дилҳо офарид (то бишнавед ва бингаред ва бифаҳмед, аммо) шумо камтар шукри (неъматҳо Ӯ) – ро ба ҷой меоваред».

    (Сураи Саҷда 7-9).

    Ва ҳамчунин гуфтааст:

    ﴿هَلۡ أَتَىٰ عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ حِينٞ مِّنَ ٱلدَّهۡرِ لَمۡ يَكُن شَيۡ‍ٔٗا مَّذۡكُورًا ١ إِنَّا خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن نُّطۡفَةٍ أَمۡشَاجٖ نَّبۡتَلِيهِ فَجَعَلۡنَٰهُ سَمِيعَۢا بَصِيرًا ٢﴾ [الانسان: ١، ٢]

    «Оё (ҷуз ин аст, ки) муддати замоне бар инсон гузаштааст, ва ӯ чизи қобили зикр ва шоистаи таваҷҷуҳ набудааст (дар шиками модар, ба гунаи нутфа ва ҷанин)?!

    Мо инсонро аз нутфаи омехта офаридем, ва чун ӯро (баъдҳо бо таколиф ва вазоифе) меозмоем, вайро шунавову бино (ба иборати дигар оқилу доно) кардаем».

    (Сураи Инсон 1-2).

    Ва ҷойи дигар мефармояд:

    ﴿فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ مِمَّ خُلِقَ ٥ خُلِقَ مِن مَّآءٖ دَافِقٖ ٦ يَخۡرُجُ مِنۢ بَيۡنِ ٱلصُّلۡبِ وَٱلتَّرَآئِبِ ٧﴾ [الطارق: ٥، ٧]

    «Инсон бояд бингарад ва диққат кунад, ки аз чӣ чизе офарида шудааст!

    Ӯ аз оби ҷаҳандаи (ночизе) офарида шудааст.

    (Ки) аз миёни сулб ва тароиб (сулб ва тароиб, ин дуто аз анвоъи устухонҳои ҷисми мард ҳастанд) берун меояд».

    (Сураи Ториқ 5-7)

    Ин ҳама оятҳое ки зикр намудем, ва амсоли он дар Қуръон, баёнгари ин аст, ки инсон чизе набудааст, ва вуҷуд надоштааст, пас Аллоҳ инсонро аз хок халқ кардаву сипас насли ӯро аз оби ночиз офаридааст. Ҳамчуноне ки дар оятҳо зикр гардид.

    Пас, он инсони аввал ки Одам (алайҳис-салом) буд, офариниши ӯ аз ГИЛ ё ки ХОК буд, ва аммо офариниши насли ӯ ва зурриёташ аз оби ҷаҳандае буд, ки аз байни устухонҳо хориҷ мешавад:

    ﴿أَلَمۡ يَكُ نُطۡفَةٗ مِّن مَّنِيّٖ يُمۡنَىٰ ٣٧﴾ [القيامة: ٣٧]

    «Оё ӯ нутфаи ночизе аз манӣ нест, ки (ба раҳми зан) парту рехта мегардад?!».

    (Сураи Қиёмат 37)

    Ва аммо дар посухи суоли дуввум, Аллоҳ таъоло дар Қуръон мефармояд:

    ﴿وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ ٥٦﴾ [الذاريات: ٥٦]

    «Ва наёфаридаам ҷинну инсро, магар ба хотири инки маро парастиш кунанд».

    (Сураи Зориёт 56)

    Ва «Ибодат» дар бар мегирад шинохти Худованд, ва муҳаббати Ӯро, ва сар фурӯд овардан ва таслим гаштан ба Ӯро, ва пайравӣ намудани он низому қавонине ки Ӯ таъоло баҳри такмили инсон гузоштааст. Он низому қавонине, ки баҳри бардоштани нафси инсонӣ ба мартабаи воло ва шоиставу лоиқ ба ӯ гузошта шудааст. То ки бо пайравӣ намудан аз он низом, саъодати ин дунё ва охирати хешро ба даст оварад.

    Пас, инсон ба хотири ибодат ва бандагии Аллоҳ офарида шудааст.

    Ибодат ва бандагӣ ба маънои васеъ ва шомил, ки дар дарсҳои минбаъда баён хоҳем кард.

    Ва дар посухи суоли саввум Худованд мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدۡحٗا فَمُلَٰقِيهِ ٦﴾ [الانشقاق: ٦]

    «Эй инсон! Ту пайваста бо талош ва ранҷи фаровон ба сӯйи парвардигори худ раҳсипорӣ, ва саранҷом (дар охир) Ӯро мулоқот хоҳӣ кард (ва натиҷаи ранҷу талоши худро хоҳӣ дид)».

    (Сураи Иншиқоқ 6)

    Ва ҳамчунин гуфтааст:

    ﴿ٱللَّهُ يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ ثُمَّ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ١١﴾ [الروم: ١١]

    «Аллоҳ офариниши (инсон)-ро оғоз мекунад, сипас ӯро (мемиронад, ва вайро ба ҳаёт) дубора бармегардонад. Он гоҳ ба сӯйи Аллоҳ бозгардонида мешавед».

    (Сураи Рум 11)

    Ва ҳамчунин мефармояд:

    ﴿ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُم مَّرۡجِعُكُمۡ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَۚ ٧﴾ [الزمر: ٧]

    «…Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи парвардигоратон хоҳад буд, ва аз чизҳое ки мекардаед огоҳатон хоҳад кард».

    (Сураи Зумар 7)

    Ва низ мефармояд:

    ﴿وَأَنَّ إِلَىٰ رَبِّكَ ٱلۡمُنتَهَىٰ ٤٢﴾ [النجم : ٤٢]

    «Ва инки поёни (кор) ба сӯйи парвардигори туст».

    (Сураи Наҷм 42)

    Ва низ ҷойи дигар гуфтааст:

    ﴿إِنَّ إِلَىٰ رَبِّكَ ٱلرُّجۡعَىٰٓ ٨﴾ [العلق: ٨]

    «Дар ҳақиқат бозгашт ба сӯйи парвардигори туст (ва Ӯ таъоло саркашон ва мутамарридонро ба ҷазои аъмолашон мерасонад)».

    (Сураи Алақ 8)

    Пас, ин оятҳои собиқа баёнгари он аст, ки масир ва бозгашти инсон баъди маргаш куҷо хоҳад буд.

    Масири инсон – бозгашти ӯст ба назди офаридагораш, то ки подоши аъмоли худро бубинад, ва ба он диёре ки шоиста ҳаст дохил шавад.

    Агар нафси хешро бо бандагии Аллоҳ тазкия кардаву аз ҷумлаи некону покизагон гаштааст, пас Дорут-таййибин – яъне Биҳишт ҷойгоҳи ӯст. Ва аммо агар нафси хешро бо палидиҳои маъсият ва нофармонӣ олуда кардаву онро палид сохтааст, пас Дорул-хабисин – яъне Ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст.

    Таърифи шашум:

    Ислом – ин руҳу равони ҳақиқии инсон аст,

    ин нури ҳидоятгар ва равшангаре ҳаст баҳри инсон дар роҳи зиндагонӣ, ин шифои кофӣ ва тамом аст ба бемориҳои башарият, ин сироти мустақиме ҳаст, ки ҳар касе, ки онро паймуд, ҳаргиз гумроҳ нахоҳад шуд!

    Аллоҳ таъоло фармудааст:

    ﴿وَكَذَٰلِكَ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ رُوحٗا مِّنۡ أَمۡرِنَاۚ مَا كُنتَ تَدۡرِي مَا ٱلۡكِتَٰبُ وَلَا ٱلۡإِيمَٰنُ وَلَٰكِن جَعَلۡنَٰهُ نُورٗا نَّهۡدِي بِهِۦ مَن نَّشَآءُ مِنۡ عِبَادِنَاۚ وَإِنَّكَ لَتَهۡدِيٓ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ ٥٢ صِرَٰطِ ٱللَّهِ ٱلَّذِي لَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ أَلَآ إِلَى ٱللَّهِ تَصِيرُ ٱلۡأُمُورُ ٥٣﴾ [الشورى: ٥٢، ٥٣]

    «Ва ҳамон гуна (ки ба паёмбарони пешин ваҳй кардаем) ба ту низ руҳе аз амри худро ваҳй кардем (ки Қуръон ном дорад, ва мояи ҳаёти дилҳост. Қабл аз ин ваҳй) ту намедонистӣ, ки китоб чист ва имон чист. Валекин мо Қуръонро нури азиме намудаем, ки дар партави он, ҳар касе аз бандагони хешро ки бихоҳем ҳидоят мебахшем. Ту (Эй Муҳаммад) қатъан (мардумро бо ин Қуръон) ба роҳи рост раҳнамуд месозӣ.

    Роҳи Аллоҳ, ки мутаъаллиқ бад-Ӯст ҳама чизҳое ки дар осмонҳову замин аст. Огоҳ бошед! Ҳама корҳо ба Аллоҳ бозмегардад (ва ҳар коре таҳти назорати дақиқи Ӯ ва бо иттилоъ ва иҷозаи Ӯ анҷом мепазирад, ва ҳар чизе ба Ӯ марбут аст)».

    (Сураи Шуро 52-53)

    Ва низ фармудааст:

    ﴿وَنُنَزِّلُ مِنَ ٱلۡقُرۡءَانِ مَا هُوَ شِفَآءٞ وَرَحۡمَةٞ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ وَلَا يَزِيدُ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا خَسَارٗا ٨٢﴾ [الاسراء: ٨٢]

    «Мо оёте аз Қуръонро фурӯ мефиристем, ки мояи шифову беҳбудии (дилҳо аз бемориҳои нодониву гумроҳӣ, ва поксозии дарунҳо аз касофатҳои ҳавову ҳавас ва ҳамчунин беҳбуди ҷисмҳо) ва раҳмат барои муъминон аст, вале бар ситамгарон ҷуз зиён намеафзояд».

    (Сураи Исроъ 82)

    Ва ҳамчунин мегӯяд:

    ﴿قُلۡ هُوَ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ هُدٗى وَشِفَآءٞۚ ٤٤﴾ [فصلت: ٤٤]

    «Бигӯ: Қуръон барои муъминон мояи раҳнамоӣ ва беҳбудии (руҳу ҷисмашон) ҳаст (эшонро аз роҳҳои гумроҳӣ ва саргаштагӣ мераҳонад, ва аз бемориҳои шакку гумон наҷот мебахшад)».

    (Сураи Фуссилат 44)

    Ва маълум аст, ки ин таъриф, баён ва таърифи Ислом аст бо баъзе аз сифоти махсуси он, ва барои ҳамин ҳам метавон Исломро бо дигар сифатҳояш низ таъриф кард. Масалан бигӯем, ки Ислом дини фитрат аст!

    Зеро ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

    ﴿فَأَقِمۡ وَجۡهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفٗاۚ فِطۡرَتَ ٱللَّهِ ٱلَّتِي فَطَرَ ٱلنَّاسَ عَلَيۡهَاۚ لَا تَبۡدِيلَ لِخَلۡقِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ ٱلدِّينُ ٱلۡقَيِّمُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ٣٠﴾ [الروم: ٣٠]

    «Рӯйи худро холисона мутаваҷҷеҳи дини (ҳақиқии Аллоҳ, — яъне Ислом) кун. Ин (яъне холисона, рӯй ба дини ҳақ овардан) фитрат ва сириште ҳаст, ки Аллоҳ мардумро бар он сиришта кардааст. Набояд фитрат ва сиришти Худовандро тағйир дод (ва онро аз худогароӣ ба куфргароӣ, ва аз диндорӣ ба бединӣ, ва аз ростагорӣ ба каҷравӣ кашонид). Ин аст дину оини муҳкам ва устувор, ва лекин аксари мардум (чунин чизеро) намедонанд».

    (Сураи Рум 30)

    Ҳамчунин метавон гуфт, ки Ислом дини тавҳид ва яктопарастист, ва ё инки дини Илму дониш, ва ё инки дини Адл аст. Зеро ки ин ҳама маъноҳо дар Ислом бо комилтарин ваҷҳ вуҷуд дорад, ва Ислом ба он даъват кардаву бар он таъкид намудааст…

    Таърифҳои дигаре аз Ислом

    Мулоҳазаи аввал: Ва бояд таваҷҷуҳ кард, ки ин ҳама таърифоте ки аз Ислом карда шуд, баҳри тамсил аст, на ҳасру иҳотаи он. Зеро имкон дорад, ки таърифҳои дигареро низ бо ибораҳои гуногун пешниҳод кард, ва монеъае вуҷуд надорад. Ба шарти он ки мазмуни таъриф саҳеҳ бошад ва мутобиқи маънои Ислом бошад. Ва инки алфози таъриф возеҳу дуруст, ва бидуни печидагиҳову иштибоҳ ва пушидагиҳову ибҳоме бошад.

    Байни ин таърифҳо таноқуз ва ихтилоф нест

    Мулоҳазаи дуввум: Ин таърифоте ки зикр гашт, ҳамааш дуруст ва саҳеҳ мебошад, ва таноқузе байни онҳо нест, ва ихтилофе вуҷуд надорад. Зеро ки ҳар яке азон таърифот мусталзим ва дарбаргирандаи маъонии таърифи дигар аст.

    Ва аммо ихтилоф танҳо дар алфоз аст. Ва ихтилоф дар алфоз ва таъбир ба мазмуни таърифҳо асаре надорад, зеро ҳар яке аз ин таърифҳо ё ки сароҳатан ва ё инки мусталзиман дигар таърифҳоро шомил аст.

    Мақсад аз таъаддуди таърифҳо

    Мақсад аз овардани таърифҳои гуногун ин аст, ки даъватгар (доъӣ) таърифҳои мутаъаддиде назди худ дошта бошад, то ки ба ҳоли даъватшаванда муносиби онро ихтиёр намояд. Аз ҷиҳати фаҳму бардошт ва ҷаҳонбинии даъватшаванда, ва ҳамчунин аз ҷиҳати саломати фитрат ва ё аз ҷиҳати он шубҳаҳое ки қалбашро фаро гирифтааст, ва аз ҷиҳати он маъоние ки даъватшаванда ба маърифати он муҳтоҷ аст.

    Масалан: Он шахсе ки ба фалсафа ва монанди он сару кор доштаву ба шубуҳоти он гирифтор шудааст, муносиб ба ҳолаш он аст, ки Исломро бо таърифи панҷум барояш пешкаш намуд, инки Ислом посухи он суолҳоест, ки ба зеҳни инсон ворид мешавад: Аз куҷо омадаем, ва барои чӣ, ва куҷо хоҳем рафт?!

    Он посухе ки паёмбар Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) онро ба мардум таблиғ намудааст.

    Ва аммо он инсоне ки бо улуми иҷтимоъӣ ва умури қонунӣ сару кор дорад, агар дар мавриди Ислом суол кард, пас муносиби ҳолаш он аст, ки бо таърифи саввум посух дода шавад.

    Ва аммо ғайри мусалмон агар ба Ислом даъват карда шавад, пас ҷавоби суолаш таърифи аввал аст!

    Таърифи мухтор (ихтиёршуда):

    Ва аммо он таърифе ки мо ихтиёр кардаем ва онро барои баёни аркони Ислом асос қабул кардаем, ҳамон таърифи аввалӣ ҳаст, ки дар ҳадиси Ҷабраил аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ворид шудааст. Ва он таъриф мутазаммин ва дарбаргирандаи ҳамаи он маъонӣ ва мақосиди таърифҳои дигар аст.

    معلومات المادة باللغة العربية