×

АЗ “ТАҚИЯ” ЧӢ ХАБАР АСТ?! (Ё КИ МАТЛАБЕ ДАР БАЁНИ МАФҲУМИ “ТАҚИЯ” ДАР ДИНИ ШИЪА). (тоҷикӣ)

Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

Description

Тақия чи маъно дорад? Ва мафҳуми тақия дар дини шиъа чист?Ва фарқ байни тақияи шаръи ва тақияи шиъи дар чист? Ин мақолаи мухтасар барои хонанда маънои ин калимаро баён мекунад.

Download Book

    АЗ “ТАҚИЯ” ЧӢ ХАБАР АСТ?! (Ё КИ МАТЛАБЕ ДАР БАЁНИ МАФҲУМИ “ТАҚИЯ” ДАР ДИНИ ШИЪА).

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳияи: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2014 - 1435

    ما معنى التقية؟ أو مفهوم التقية في دين الشيعة

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: محمد عزيز رجب

    2014 - 1435

    АЗ “ТАҚИЯ” ЧӢ ХАБАР АСТ?! (Ё КИ МАТЛАБЕ ДАР БАЁНИ МАФҲУМИ “ТАҚИЯ” ДАР ДИНИ ШИЪА).

    Ба номи Аллоҳ, ки Раҳмон асту Раҳим!

    Аз “ТАҚИЯ” чӣ хабар аст?!

    (ё ки матлабе дар баёни мафҳуми “ТАҚИЯ” дар дини шиъа).

    Пешгуфтор:

    Дар мавриди ТАҚИЯ, ки яке аз усул ва аркони дини шиъа мебошад, суҳбат кардан бисёр муҳим ва зарурӣ ҳаст, ба хусус дар ин рӯзҳо! Зеро ки ҳукм бар ашё мабнӣ ҳаст бар тасаввури саҳеҳ аз он. Бо шинохту маърифати усул ва пояҳо ва хусусиёти дини шиъа, метавон мардуми мусалмони аҳли суннатро аз шарри он ҳифз кардаву фиребхӯрдагони “НАЙРАНГИ ВАҲДАТ ВА ТАҚРИБ”-ро огоҳ намудаву шиъашудагони тақиягари тоҷикро расво сохт! Ва аҳамияти баррасии ин мавзуъ аз чанд ҷиҳат равшан мегардад:

    Аввал инки тақия аз аркону усули дини шиъа ҳаст, на як амри оддӣ.

    Дуввум, мавзуъи тақия вобаста ҳаст бо мавзуъи аҳкоми муносибат ва муъомилаи шиъаён ба ғайришиъа.

    Саввум, пушти ин асли шиъӣ (яъне асли ТАҚИЯ) таноқузоти бешуморе дар дини шиъа нуҳуфта аст.

    Чаҳорум, худи ин ТАҚИЯ ҳамчун усули дини шиъаён, барои пинҳон кардани таноқузот ниҳода шудааст.

    Пас аз баррасии нукоти мазкур маълум мегардад, ки ТАҚИЯ ҳамон нифоқу ҳамон дурӯғгӯӣ ҳаст, ки ба он пардаи қадосат кашидаанд ва яке аз мусталаҳоти саҳеҳи шаръиро унвонаш сохтаанд. Ҳамчуноне ки зиноро МУТЪА, ва моли мардум хӯрданро ХУМС, ва ширку қабрпарастиро ТАВАССУЛ, ва ғулуввро ИСМАТ(поки) ном гузоштаанд!

    Барои исботи ин даъво мепардозем ба баррасии нукоти мухталифе дар ин мавзуъ,

    1. Фарқ байни тақияи шаръӣ ва тақияи шиъӣ!

    Шакке нест, ки шиъа дар дифоъ аз худ мегӯяд, ки тақия як амри шаръӣ ҳаст ва дар Қуръону суннат далелҳои он вуҷуд дорад!

    Ва посухи мо ин аст, ки ТАҚИЯ-и шаръӣ аз ТАҚИЯ-и шиъӣ фарқ дорад. Ва фарқҳои чунин аст:

    Фарқи аввал:

    Тақия аз фуруъи дин ва як рухсати шаръӣ ҳаст, ва мусалмон метавонад, ки аз он истифода накунад. Вале дар назди шиъа, тақия аз усули дин, ва лавозими эътиқод аст, балки ҳар касе ки тақия надошта бошад, имон надорад! Ва тақияро (яъне дурӯғу нифоқро) навад фисади дин сохтаанд. Ҳатто ояти “Гиромитарини шумо дар назди Аллоҳ парҳезгортарини шумо ҳаст”-ро чунин тафсир кардаанд: “Гиромитарини шумо дар назди Аллоҳ, амалкунандатарини шумо ҳаст бо тақия”.

    Фарқи дуввум:

    Тақияи шаръӣ дар муносибат бо кофирон машруъ шудааст на бо муъминон.

    Ибни Ҷарири Табарӣ мегӯяд: “Тақийяе, ки Худованд дар ин оят баён кардааст, фақат бо куффор ба кор бурда мешавад”. Тафсири Табарӣ ҷилди 6, саҳ. 316, таҳқиқи Аҳмад Шокир.

    Аммо дар назди шиъа ТАҚИЯ хусусан бо аҳли суннат амалӣ мешавад. Чӣ тавре ки Ҳурри Омулӣ дар баёни ин мавзуъ боберо ба унвони وجوب عشرة العامة بالتقية дар китоби худ қарор додааст. Васоил-уш-шиъа, ҷилди 11 саҳ. 470.

    Фарқи саввум:

    Тақия рухсат аст на азимат!

    Яъне, агар тақияро, ки дар вақти икроҳ ва иҷбор мебошад, дар он лаҳза тарк намояд аҷраш бештар аст.

    Ибни Баттол гуфт: “Иҷмоъи уламо бар ин аст, ки ҳар кас бо иҷбор ва икроҳ водор ба гуфтани куфр шавад ва ӯ маргро баргузид, назди Аллоҳ аҷру подоши бузург дорад.” Фатҳулборӣ, ҷилди 12 саҳ. 317.

    Аммо дар назди шиъа ТАҚИЯ аз воҷибот ва азимат аст, ва аз умури ихтиёрӣ нест, ки имкони тарк карданаш бошад. Балки тарккунандаи тақия дар назди шиъа кофир аст.

    Ҳамчунин дар назди шиъа фарқ надорад, ки тақияро дар вақти икроҳу иҷбор истифода мекунад ё инки дар ғайри он.

    Ва тақийя назди шиъа ҳолате аст мустамир (давомдор) ва роҳу равише аст ҷамъӣ ва доимӣ.

    Ибни Бобуя дар китоби “Ал-эътиқодот”, ки онро “дини Имомия” меноманд, гуфтааст: “Тақийя воҷиб аст ва бардоштани он то хуруҷи Қоим ҷоиз нест, пас ҳар кас қабл аз хуруҷи ӯ аз тақийя хориҷ шавад, аз дини Худо ва аз дини Имомия хориҷ шуда ва бо Худо ва Расул (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва аимма мухолифат варзида аст”. Алэътиқодот, саҳ 114-115.

    Фарқи чаҳорум:

    Тақия дар ҳоли заъфу ночорӣ ҷоиз аст, на дар вақти қувват ва иззату ғалаба.

    Муъоз ибн Ҷабал ва Муҷоҳид гуфтаанд:

    “Тақийя давроне буда, ки Ислом қувват ва қудрат надошт, аммо имрӯз, ки Ислом иззат ёфтааст тақийя нест”. Тафсири Қуртубӣ, ҷилди 4 саҳ. 57, “Фатҳулқадир” – и Шавконӣ, ҷилди 1 саҳ. 331.

    Аммо шиъа тақияро дар ҳама ҳолат ва бо давом ва ҳатто дар ҳоли амну амон истифода мебаранд, то инки хислати онҳо гаштааст:

    “Ба тақийя пойбанд бошед, зеро аз мо нест, ҳар кас ки тақийяро дар бархурд бо касе, ки аз ӯ эмин аст, “шиор ва ҷома”-и худ накунад, то ба он одат кунад”. “Амолӣ” – и Тусӣ, ҷилди 1 саҳ. 199, Васоил-уш-шиъа ҷилди 11, саҳ. 466, Биҳоруланвор, ҷилди 75 саҳ. 395.

    Яъне ки худро ба мунофиқӣ ва найрангу дурӯғ обу тоб диҳад, то ки хислати ӯ гардад ва бо ин тариқ бо душман тақия карданро омӯзад. Аҷаб динест, ки нифоқу дурӯғро мехоҳад хислату ахлоқи пайравонаш созад!

    Фарқи панҷум:

    Тақияи шаръӣ дар гуфтор аст, на дар афъолу ибодот.

    Яъне ки тақияи шаръӣ дар ҳоли иҷбор ва зарурат бо забон ва гуфтор амалӣ мешавад, то мусалмон худро аз азобу шиканҷаи куффор ва ё қатл наҷот диҳад.

    Аммо дар назди шиъа, тақия 90% дин гаштааст, ва дар рафтору кирдор ва ахлоқашон ҷорӣ шудааст. Балки ҳатто дар ибодат ва шаъоири динашон ворид шудааст!

    Ба Абу Абдуллоҳ нисбат додаанд, ки гуфта бошад: “Ҳар кас бо онҳо (аҳли суннат) дар сафи аввал намоз хонад, (яъне дар тақия кардан талош намояд ва дар намоз бо онҳо дар сафи аввал ҳозир шавад ) мисли ин аст, ки бо Расули Худо намоз хонда бошад”. Биҳоруланвор, ҷилди 75, саҳ. 421, боби тақийя.

    Фарқи шашум:

    Тақияи шаръӣ як ҳолати зарурӣ ва истисноӣ ҳаст ва ҷоиз нест, ки аз ахлоқу хусусиятҳои як фарди мусалмон бошад.

    Аммо дар назди шиъа онро аз воҷибот ва усули дин қарор додаанд ва то дараҷае ин рукни динашон ба онҳо асар кардааст, ки аз дурӯғгӯйтарини тавоифи золла гаштаанд.

    Яъне тақия (дурӯғ гуфтан) ахлоқи як инсони шиъа мебошад!

    Ҳатто ки агар дини худро тақия нагардонад, Аллоҳ ӯро хор месозад?!

    “Тақийя дар Ислом, ки дини ҷиҳод ва даъват аст, роҳу равиши оми сулуки мусулмонон ва нишону аломати ҷомеаи Исломӣ нест, балки ғолибан фардӣ ва муваққат дар ҳолати изтирору нотавонӣ аз ҳиҷрату мувоҷеҳ бо икроҳ ва иҷбор шудан, амалӣ мешавад; ва бо бартараф шудани икроҳ ва иҷбор бартараф шуда, ҷоиз нест. Аммо дар мазҳаби шиъа қисмате аз табиати зотии бунёни мазҳаб ба шумор меояд. Абу Абдуллоҳ гуфтааст: “Шумо бар дине ҳастед, ки ҳар касе онро пинҳон кунад, Худо ӯро иззат мебахшад ва ҳар касе онро фош кунад, Худо залилаш мекунад”. Усули кофӣ, ҷилди 1 саҳ. 221.

    Ҳамчунин фармуд: “Худо барои мо ва шумо ҷуз тақийя дар динро қабул намекунад”. Усули кофӣ, ҷилди 2, саҳ. 218.“.

    Фарқи ҳафтум:

    Тарк кардани тақия ва устувориву шаҳодат дар назди аҳли суннат беҳтар ва авлотар аст аз амал кардан ба он.

    Вале дар назди шиъа, тарк кардани тақия куфр ва хуруҷ аз дин аст.

    Ва ҳатто аз он гуноҳҳое ҳаст, ки бахшида намешавад. Яъне баробар бо ширк аст?!

    “Худо ҳар гуноҳеро, ки муъмин муртакиб шавад афв мекунад, ҷуз ду гуноҳ: тарки тақийя ва зоеъ намудани ҳуқуқи бародарон”. Тафсири Ҳасани Аскарӣ, саҳ. 130, Васоил-уш-шиъа ҷилди 11 саҳ. 474, Биҳор-ул-анвор ҷилди 75, саҳ. 415

    Фарқи ҳаштум:

    Тақияи шаръӣ, чӣ тавре ки ёдовар шудем, рухсат аст ва тарки он авлотар аст.

    Аммо барои шиъа, ТАҚИЯ маҳбубтарин ибодат дар назди Аллоҳ мебошад!

    Кулайнӣ ривоят кардааст: “…аз Ҳишоми Киндӣ ривоят аст, ки гуфт аз Абу Абдуллоҳ шунидам, ки мефармуд: Ба Худо савганд, ки ҳеҷ ибодате ба андозаи махфӣ кардан маҳбуб нест; гуфтам махфӣ кардан чист? Гуфт: тақия”. Усули кофӣ, ҷилди 2 саҳ. 219, Ибни Бобуя “Маъони-ал-ахбор” саҳ. 62, Васоил-уш-шиъа” ҷилди 11 саҳ. 462

    Ҳамчунин дар Кофӣ ва ғайра омадааст: “…аз Муҳаммад ибн Марвон, аз Аби Абдуллоҳ ривоят аст, ки гуфт: Падарам фармуд: Чӣ чиз ғайр аз тақия маҳбубтар аст?! Тақия муҷиби равшании чашм аст”. Усули кофӣ, ҷилди 2 саҳ. 220.

    Ва низ дар ривояте дигар: “Худо чизеро наёфарида, ки бештар аз тақия чашмамро равшан кунад”. Ибни Бобуя, “Алхисол” саҳ. 22, Ҷомиъул ахбор саҳ. 110, Барқӣ “Алмаҳосин” саҳ. 258, Ҳурри Омулӣ Васоил-уш-шиъа ҷилди 11 саҳ. 460, 464, Биҳоруланвор ҷилди 75 саҳ. 394.

    Яъне дурӯғ гуфтан ва найрангу нифоқ, маҳбубтарин амал назди Аллоҳ будааст!

    *** Ин аст тақия аз дидгоҳи шиъаи дувоздаҳимомӣ.

    2. Дуввум нуктаи баҳси мо дар мавриди таноқузот ва зидду нақизҳои дини шиъа дар робита бо ТАҚИЯ аст.

    Яъне дар натиҷаи ин асл ва рукни динашон, шиъаён дучори таноқузоти бешуморе шудаанд ва ин асл (яъне ТАҚИЯ) пушти худаш аҷоиботу ғароибот ва суолҳои беҷавоби зиёдеро ба миён овардааст.

    Яке аз ин таноқузот дар робитаи ТАҚИЯ бо ИСМАТ дида мешавад.

    Он гоҳ, ки шиъа баъзе (!) аз наберагони Паёмбарро ба ҳадди исмат ва бегуноҳӣ мебардорад ва даъво мекунад, ки аз онҳо ҳатто саҳву хатое рух намедиҳад, танҳо ба хотири он аст, ки пайравӣ аз онҳоро фарзу воҷиб нишон диҳад! Пас агар аҳли байти Паёмбар маъсум бошанд чӣ тавр дурӯғ мегӯянд ва дурӯғро дини худ ва падарони худ мегуфтаанд?!

    Вақте, ки онҳо тақия кардаву дар ҳар лаҳза ва бар ҳар пурсише ҷавоби гуногун медиҳанд (чӣ тавре ки дар китобҳоятон омадааст), пас фоидаи исмат ва бехатоии онҳо дар чӣ ҳаст?!

    Ва агар мақоми онҳо (чӣ тавре ки дар кутубатон омадааст!) аз Паёмбарон низ боло бошад, ТАҚИЯ ва тарсу бим аз мардум чӣ лозим аст?!

    Таноқузи дигар дар он дида мешавад, ки дар дини шиъа тақия воҷиб аст ва то зуҳури имом тарки он ҷоиз нест, вале шиъаён дар тули торих бидуни ҳеҷ ҳаёву тақияе бо аҳли суннат адоват кардаанд ва саҳобаву азвоҷи Паёмбарро лаъну дашном кардаанд?!

    Магар ин таноқуз дар динашон нест?!

    Аммо, агар истидлоли шиъа бо мазлумият ва қаҳру иҷбори мухолифин бошад, пас суоле ба миён меояд, ки чаро Паёмбар дар тули ҳаёти хеш дар Макка тақияро ба кор набурд, балки он ҳама азобу машаққатро таҳаммул кард. Ҳатто инки ба Оли Ёсир гуфт: Сабр кунед, ваъдагоҳи шумо Биҳишт аст!

    Ва ҳамчунин суоли дигар ба миён хоҳад омад, ки агар аҳли байти Паёмбар (ки шиъа худро ба дурӯғ бо онҳо нисбат медиҳад), илми ғайб доштанд ва кай ва дар куҷо фавт кардани худро огоҳ буданд, чӣ ҳоҷат аст ба тақия?!

    Ва ҳамчунин ривоятҳои зиёдеро бар дурӯғ аз Алӣ ривоят кардаед, ки Алӣ (разияллоҳу анҳу) Умарро дашном медодааст, пас суол мешавад, ки чаро Алӣ тақия накардааст?!

    Дар мавриди рафтори донишмандон ва пешвоёни шиъа низ таноқузи ошкор дида мешавад, ки мухолифи дину эътиқоди худ амал кардаанд ва қабл аз зуҳури имом тақияро тарк намудаанд. Имоми залолат-Хумайнии зиндиқ ва Шайтонёрӣ ва Ёсир Хабиси кувайтӣ, ва шабакаи моҳвораии Қазвинӣ, ки таҳти идораи оятуш-шайтон Носир Макорими Шерозист оё бо асли ТАҚИЯ амал мекунанд ё ки барои онҳо дигар Маҳдӣ хуруҷ карда бошад?!

    Оё худи ҳамин соҳиби сайти Суннат-тҷ мухолифи дини худ нест?!

    Чаро то зуҳури имомаш сабр намекунад?!

    Балки тақияро тарк кардаву ба аҳли суннат ошкор адоват менамояд ва азвоҷи Паёмбар ва ёрони бовафои Ӯро дашном медиҳад?!

    Ин таноқуз дар усули шиъа нест магар?

    (Ва ёдовар мешавем, ки баъзе ривоятҳое саҳеҳ аз Паёмбар ривоят шудааст, ки шиъа онро ҳамл бар тақия мекунанд, ҳол онки он тақия набудаву балки мадоро мебошад. Ва байни тақия ва мадоро фарқ аст албатта)!

    3. Пас (агар ин қадар таноқузот ва расвоиҳо вуҷуд дорад), чаро шиъаён тақияро аз воҷибот ва хусусиятҳои дини худ кардаанд?

    Ҷавоби ин суол бисёр осон ва ошкоркунандаи чизҳои зиёде ҳаст!

    Аввал инки худи тақия бо мафҳуми шиъагии худ пас аз Ҷаъфари Содиқ (раҳимаҳуллоҳ) ба вуҷуд омада ва паҳн шудааст, аммо қабл аз ӯ вуҷуд надошт. Зеро ки рафтору гуфтори бисёре аз шахсиятҳои аҳли байти Паёмбар (чӣ тавре ки дар ривоятҳои худи шиъа омадааст) холӣ аз тақия будааст.

    Масалан хуруҷи Зайд Ибни Алӣ (раҳимаҳуллоҳ) бар зидди вулоти он замон далели равшан аст, ки ҳеҷ тақияе вуҷуд надоштааст ва аҳли байти Паёмбар агар лозим буд, ҳақро баён кардаанд ва аз ҷони худ гузашт кардаанд.

    Аммо баъди даврони Ҷаъфари Содиқ (раҳимаҳуллоҳ) мафҳуми шиъагии ТАҚИЯ паҳн шуд, ки барои сабабҳои зерин буд:

    * (ҳар чӣ ки дар оянда гуфта мешавад, тақия бо мафҳуми шиъагии он аст, на мафҳуми саҳеҳи шаръӣ)!

    Аввал:

    Байни аҳли байти Паёмбар ва ёрони Паёмбар муҳаббат ва муносибати некӯ ва эҳтирому тафоҳум вуҷуд дошт. Мусоҳара (яъне қудогӣ) ва пайванди хешу таборӣ байни аҳли байт ва саҳоба, ва номгузории аҳли байт фарзандони худро бо номҳои саҳобагон дар китобҳои худи шиъа зикр шудааст. Вале шиъа барои инкор кардани ин гуна ривоят ва ахбор, афсонаи тақияро ба миён овард, то бигӯяд ки муносибати аҳли байт бо ёрони Паёмбар дар асоси тақия будааст!

    Дуввум:

    Дар кутуби шиъа ахбори зидду нақизи зиёде ривоят шудааст ва аҳодиси зиёде бофташуда ба аҳли байт нисбат медиҳанд. Дар ҳар масъалае чанд навъ ҷавоб ба аҳли байт нисбат додаанд. Ва дар ҳоли тангӣ ва наёфтани роҳи ҳалл, шиъа бо осонӣ ин муамморо “ҳалл мекунад”: Фалон ривоят ва ё фалон ҷавоб дар асоси тақия гуфта шудааст.

    Яъне дар таъомули худ бо ривоятҳои кутуби хеш тақияро истифода мебаранд ва ҳамчунин гоҳо усулӣ мешаванду баъзе аз ривоятҳояшонро радд мекунанд, ва гоҳо ахборӣ шудаву ҳамаи ривоятҳои чаҳоркитобашонро тасҳеҳ ва қабул мекунанд.

    Саввум:

    Ва дар умум тақияи шиъа, барои пардапушии таноқузоти онҳост. Ҳар масъалае, ки дар атрофи он суол пайдо шуд ва мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, бо ин “супер-асл”-и худ (яъне ТАҚИЯ) раддаш мекунанд!

    Ва аз ҳама муҳимаш ин аст, ки чунин найрангу мардумфиребӣ беҷазо намемонад!

    Муаллифи китоби “Алҳадоиқ” эътироф кардааст, ки ба сабаби ТАҚИЯ ҷуз миқдоре андаке аз аҳкоми дин фаҳмида намешавад:

    “Аз аҳкоми дин ба таври яқин дониста намешавад, ҷуз андаке. Зеро ки ахбори он бо ахбор ва ривоёти ТАҚИЯ омехта шудааст”, ҳамонгуна, ки “Сиқатул-Ислом” Кулайнӣ ҳам дар “Ҷомеъул-Кофӣ” эътироф кардааст. Ва ҳатто амал кардан ба тарҷиҳоти ривоятшударо, ки ҳангоми таъоруз ва зидду нақиз будани ривоятҳо тарҷиҳ шудааст, иштибоҳ медонад! Ва танҳо роҳи халосиро дар таслим ва радд кардани сарф ва маҳз ба аиммаи аброр медонад”. (Юсуфи Баҳронӣ – Ҳадоиқи Нозира 1/5).

    Яъне дар натиҷа худи шиъа, дар фиқҳу баррасии ривоёти хеш, ки аксараш сохтаву бофта ҳам ҳаст, дучори таноқуз ва ҳайронӣ мешавад!

    4. Найранги ваҳдат ва тақриб ва пайванди он бо ТАҚИЯ.

    Яке аз мавзуъҳои, дигаре ки бо ТАҚИЯ рабт дорад, мавзуъи “Ваҳдат ва Тақриб” аст. Яъне ваҳдат ва тақриб байни аҳли суннат ва аҳли ташайюъ.

    Ин мавзуъро дар чанд нукта баррасӣ хоҳем кард:

    а). Рабти “Найранги ваҳдат ва тақриб” бо ТАҚИЯ ва исботи он.

    б). Пас, мақсад аз ин “Найранги ваҳдат ва тақриб” чист?

    ҷ). Фиребхӯрдагони “Найранги ваҳдат ва тақриб”.

    Шакке нест, ки ваҳдати уммати исломӣ амри матлуб ва зарурӣ мебошад барои хуруҷи уммат аз ин буҳронҳои дохиливу хориҷӣ. Ва ҳамчунин ваҳдати уммати исломӣ як амри шаръӣ ҳаст, ки дар Қуръону Суннат аз он таъкид шудааст.

    Вале мутаассифона шиъаёни имомӣ (шиъаҳои исноашарӣ), ки имрӯз исми рофизӣ ба онҳо созгортар аст, душманони аслии ин ваҳдати исломӣ ҳастанд, вале аҷиб он аст, ки бешармона худро аввалин мунодиёни ваҳдат вонамуд мекунанд.

    Равофиз яке аз қадимтарин фирақи гумроҳе ҳастанд, ки дар рӯбарӯи аҳли суннат ва ҷамоъат истоданд ва дар тули торих бо ҳақ мубориза бурданд. Имрӯз низ ба ҳар оқиле маълуму ошкор аст, ки равофиз чӣ дар майдони сиёсат ва чӣ дар майдони фарҳангу эътиқод бо тамоми қувва бар зидди аҳли суннат мубориза мебаранд.

    Вале суоли матраҳ ин аст, ки шиъори “Ваҳдат ва тақриб” чӣ қимат ва чӣ мафҳуме дорад?!

    Ҷавоб ин аст, ки барномаи “Ваҳдат ва тақриб” аз беху реша як механизми найранг ва фиреби аҳли суннат аст!

    Дар ин мақола (чӣ тавре, ки дар ибтидояш зикр кардам) ба тафосили масъала даст нахоҳам зад, вале нукоти муҳимро ба таври сареъ баён хоҳам кард.

    Яке аз далоили возеҳи ин найранг дар руҷуъ ба усули худи равофиз маълум мешавад, ки онҳо дар муносибат бо аҳли суннат қавоъид ва усули собити худро доранд – яъне вуҷуби ТАҚИЯ.

    Ҳатто бардуруғ қасам хӯрдан, барои найранг ва фиреби суннӣ ҷоиз аст: Шайхул-фуқаҳо ва муҷтаҳиди шиъаён Муртазои Ансорӣ дар рисолаи “Ат-тақийя” саҳ. 73, ва устоди фуқаҳои шиъаён Оятуллоҳ ъузмои онҳо Абулқосими Хӯйӣ дар “Танқиҳу шарҳи ъурватул-вусқо” ҷ. 4 саҳ. 278-307, аз Ҷаъфари Содиқ ривоят кардаанд, ки гуфтааст:

    ما صنعتم من شئ أو حلفتم عليه من يمين في تقية فأنتم منه في سعة

    “Ҳар коре, ки шумо анҷом додаед ё бар сари он – барои тақия – савганд хӯрдаед, дасти шумо дар он боз аст (ва гуноҳе бар шумо нест).

    Тибқи ин ривоят, ки назди шиъаён саҳеҳ аст, шиъа аз қасами дурӯғ хӯрдан ибое надорад ва бо ин савганд сунниро фиреб медиҳад. Зеро ки тақия маҳдуд нест.

    Ҳамчуноне, ки шайхи фуқаҳои онҳо Муртазои Ансорӣ дар ҳамон китоби “Ат-Тақия” саҳ. 72, ривоят мекунад: “Тақиякорӣ маҳдуд нест ва ҳар дақиқае, ки анҷом мегирад, иншоаллоҳ анҷомдиҳандаи он, ҳатман ҳатман подош дода хоҳад шуд”.

    http://tuhfa12.wordpress.com/2013/07/06/savgandi-durug-taqiya/

    Ва ҳамчунин, вақте ки 90 фисади дини шиъа аз ТАҚИЯ иборат бошад (чӣ тавре ки дар боло ишора шуд), пас ба кадом ваҳдат ва тақриб бовар карда мешавад?! Ҳеҷ оқиле ба чунин тоифае, ки чунин усул ва қавоъидро дорад, эътимод хоҳад кард магар?!

    Албатта, ки аксарияти аҳли суннат (ба ҷуз иддае аз “бечорагон”), ба ин шиъорҳо бовар надоранд, алҳамду лиллоҳ.

    Ва хоссатан баъди онки найранг ва фиреб будани ин шиъори “ваҳдат ва тақриб” бо ҳар сурате, рӯз то рӯз, ҳарчӣ бештар бармало мешавад.

    Фаъолияти густурдаи ин ҳама шабакаҳои моҳвораӣ, сайтҳои интернетӣ, фаъолиятҳои ҷавонони шиъашудаи тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, вуҷуди фатвоҳои такфири саҳоба ва саббу лаъну дашноми онҳо дар муътабартарин китобҳои равофиз, далели равшани он аст, ки дар асл, ҳеҷ ваҳдат ва тақрибе вуҷуд надорад ва худи шиъаҳои имомӣ дар суроғи он нестанд.

    б). Пас, мақсад аз ин “Найранги ваҳдат ва тақриб” чист?

    Пас суоле ба миён меояд, ки ин ҳама шиъори “ваҳдат ва тақриб” аз тарафи шиъа барои чист?!

    Қабл аз ҷавоб гуфтан ба ин суол, хонандаи мунсиф ва ҳақҷӯйро ба тааммул ба ин ҳақиқат фаро мехонам, ки яке аз донишмандони аҳли суннат, ки чоряк умри худро дар таъйид ва дастгирии ин шиъори ваҳдат ва тақриб фано кардааст, аз он даст кашид, ва пушаймонии худро изҳор кард, ки фиреб хӯрдааст!

    Шайх Юсуф Қарзовӣ, ки солҳои тулонӣ ин шиъори ваҳдат ва тақрибро дастгирӣ мекард, изҳор карда ки ин шиъор танҳо ба хотири ба даст овардани фурсат ва имкониёт барои гумроҳ кардани аҳли суннат будааст:

    يوسف القرضاوي يعترف باستحالة التقريب مع الشيعة

    http://www.youtube.com/watch?v=tHzx__k9VJM

    الشيخ القرضاوي يوضح حقيقة خطر المد الشيعي الإيراني

    http://www.youtube.com/watch?v=8w-aCL3tD1c

    Вале ҷавоби мо ихтисоран ин аст, ки рофиза бо ин найранги хеш, аслан аз пайи ду чиз аст, яке инки барои худ фурсат ва заминае (дар кишварҳои сунни-нишин) барои гумроҳ сохтани аҳли суннат пайдо кунанд, ва дуввум шиддат ва ғайрати аҳли суннатро дар таъомул бо душманони саҳоба ва муқаддасоти аҳли суннат заъиф созанд.

    Яъне бо як шиъори дурӯғини “Шиъа ва суннӣ бародари ҳамдигар ҳастанд”-и хеш, садҳо тан аз мардуми авомро найранг мекунанд.

    Ҳол онки ин “бародари ноҷинс” дар паси парда чӣ нақшаҳое шуме барои гумроҳ сохтани он бародари ғофили худ мекашад!

    Ин аст мухтасаран, механизми кори “Найранги ваҳдат ва тақриб”!

    Ва аммо нуктаи ахир:

    Фиребхӯрдагони “Найранги ваҳдат ва тақриб”.

    (ё бо ибораи дигар, – фиребхӯрдагони ТАҚИЯ-и равофиз).

    Тоифае аз мардум фиреби ин шиъори ҷаззобро хӯрдаанд, ва гумон кардаанд, ки байни аҳли суннат ва аҳли ташайюъ ваҳдат ва тақриб имкон дорад. Ва фиреб хӯрдани ин гурӯҳи мардум ва бовар карданашон ба шиъорҳои равофиз, сабабҳои зиёде дорад.

    Баъзе аз сабаби пайравӣ ба муллову пешвое, баъзеи дигар аз сабаби ғофил буданаш аз усули дини шиъа, ва баъзеи дигар аз сабаби мафтун гаштан ба китобу рисолаҳои баъзе аз нависандагони шиъа, ва ғайра аз асбоб…

    Барои ҳалли ин мушкил танҳо як роҳ ҳаст, ва он ҳам огоҳ сохтани мардум аз ҳақиқати дини шиъӣ. Ва алҳамду-лиллоҳ, ки ҷавонони аҳли суннати тоҷик ба қадри тавоноӣ ба ин кор қиём кардаанд!

    Ва масъалаи дигаре низ дар робита ба ин мавзуъ вуҷуд дорад:

    Бо фиребхӯрдагони ин “Найранги ваҳдат ва тақриб” чӣ тавр бояд муносибат кард!?

    Ин нукта низ бисёр муҳим аст, ва бояд ки баррасӣ карда шавад, зеро ки бо интишори ташайюъ дар кишвар ва шиддат гирифтани мавзеъгириҳои ҷавонони тоҷик дар қиболи ин хатар, ҷавонони аҳли суннат ҳар шахсеро ки дар муқобили ин хатари рофизӣ саҳлангорӣ кардааст, ба шиъа будан ҳукм карданӣ мешаванд.

    Барои ҳамин ҳам, лозим аст ки дар баёни ин нукта аз ҳикмат кор гирифт, то дар муъолиҷаи умур аз василаи саҳеҳ истифода шавад.

    Бо тааммули ҳоли мардум (дар вобаста ба ин масъала) ба хулосае мерасем, ки на ҳама саҳлангорҳо дар мавриди хатари шиъа, шиъаи тақиягар ҳастанд. Балки бисёр ҳастанд мардуме ки аҳли суннат будаву аз сабаби ноогоҳӣ ва ё асбоби дигаре дар муносибат бо хатари равофиз саҳлангорӣ мекунанд.

    Ва чӣ тавре ки борҳо гуфта будам: “Равиши саҳеҳ дар расидан ба ҳақ, дар мавриди ҳукм бар ашхос ва ҷамоъате (дар ҳар қазияе, ки набошад) он аст, ки муносибати онро бо масъалае дар маҷмуъи афкор ва осор ва таъомулаш баррасӣ кард”.

    Яъне, агар хостем ки дар мавриди ҳукм ба шахсе, ба ҳукми одилона ва ҳақиқат даст ёбем, пас бояд ки муносибати ӯро бо масъалае дар кулл ва ҷамиъи аҳволу ақвол ва афкораш баррасӣ намоем.

    Бо чунин равиш, метавон одилона ҳукм кард, ки оё фулонӣ шиъаи тақиягар аст, ё ки сунние ҳаст фиребхӯрдаи шиъорҳои ҷаззоби равофиз.

    Ва фоидаи ин равиш дар он аст, ки бо чунин адолат варзидан, дари қабули насиҳат ба рӯйи худи он шахс ва ҳамчунин мардуми авом кушода хоҳад гашт. Вале ҳар гоҳ, ки дар муъолиҷаи умур ба иштибоҳ роҳ дода шавад, дари ислоҳ ва тағйир баста хоҳад гашт, (ки қатъан ҳеҷ оқиле чунин равишро намепазирад).

    Пас, агар касе саҳлангор аст ва дар қиболи хатари равофиз сустӣ мекунад, шиъа гуфтани ӯ аз ҳикмат ва адолат нест. Ва бояд ҳақиқати ҳолро баён кард, бидуни муболаға ва таҷовуз дар ҳукм. Зеро дар ин сурат, қабули ҳақ осонтар ва наздиктар аст!

    Ва аммо он шиъашудагони тоҷик, ки аз тақия кор мегиранд ва мехоҳанд, ки мардуми аҳли суннати кишварро гумроҳ созанд, ва маълуму ошкор аст, ки дар усули фуруъи афкори хеш ба суннат набавӣ ва равиши салафи солеҳи ин уммат такия надоранд, балки усул ва асоси афкор ва обишхурашон Ибни Сабаъ ва “чӯҷаҳо”-и ӯст, пас шармандаву расво сохтани онҳо воҷиб аст.

    Бояд, ки дар муносибат бо ин тақиягарон шиддат ба кор гирифта шавад, то ки ғайрат ва ҳиммати дифоъ аз усули аҳли суннат аз байн наравад!

    Валлоҳу таъоло аъло ва аълам!

    معلومات المادة باللغة العربية