×

ثمرة الإيمان (طاجيكي)

إعداد: Абдурраҳмон ибни Носир Ассаъдӣ

الوصف

مقالة مترجمة إلى اللغة الطاجيكية تتحدث عن الإيمان ومسائله، مأخوذة من كتاب " أصول الإيمان وصفات المؤمنين" للشيخ عبد الرحمن ناصر السعدي - رحمه الله -.

تنزيل الكتاب

    Ақоиди куллии дин (Самараҳои Имон)

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Абдурраҳмон ибни Носир ал-Саъди

    Тарҷума: Саъид Ҳусайни

    Баргардон ва таҳия: Мусъаби Ҳамза

    2014 - 1435

    عقائد الدين الكلي ( ثمرة الإيمان)

    «باللغة الطاجيكية»

    عبد الرحمن بن ناصر السعدي

    ترجمة: سعيد حسيني

    إعداد: مصعب حمزة

    2014 - 1435

    Ақоиди куллии дин (Самараҳои Имон)

    Худованд мефармояд:

    ﴿قُولُوٓاْ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيۡنَا وَمَآ أُنزِلَ إِلَىٰٓ إِبۡرَٰهِ‍ۧمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطِ وَمَآ أُوتِيَ مُوسَىٰ وَعِيسَىٰ وَمَآ أُوتِيَ ٱلنَّبِيُّونَ مِن رَّبِّهِمۡ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّنۡهُمۡ وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ ١٣٦﴾ [البقرة: ١٣٦]

    Бигӯед: «Мо ба Худо ва оёте, ки бар мо нозил шуда ва низ он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва сибтҳо нозил омада ва низ он чӣ ба Мӯсо ва Исо фиристода шуда ва он чӣ бар паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон омадааст, имон овардаем.

    Миёни ҳеҷ як аз паёмбарон фарқе намениҳем ва ҳама дар баробари Худо таслим ҳастем».

    Сураи Бақара 136

    Дар Қуръони карим оёти зиёде дар мавриди ташриҳи ин усули кулли омадааст ва ин усулро ба тафсил баён кардааст. Ҳамчунин асмо ва сифоти Худованди муттаъол, Афъолу неъматҳои Ӯ, аҳвол ва чигунагии рӯзи қиёмат, ҳисобу китоб ва адлу бузургии Ӯ, подошу муҷозот, авзоъу аҳволи соири паёмбарон, хусусиятҳо ва ҳидоятҳояшон ва ончи ба он даъват мекарданд ва китобҳои онон ва ҳақоиқи судманд ва анвоъи ҳидояташонро ба тафсил баён мекунад.

    Худованди муттаъол дар ин оят байни ду масъалаи ишорашудаи ба зоҳиру ботин, ҷамъ намуда, ҳардуро баён медорад: Қавлу сухани зиён ва иқрору эътироф ба он, ва ҳамчунин муҳаққақ сохтани тамоми ин усул дар қалб аз як тараф ва фурутаниву гардан ниҳодан дар зоҳиру ботин ва ихлоси комил барои Худованди муттаъол дар ҳуқуқи дин аз тарафи дигар.

    Ин ақоиди саҳеҳу судманд қалбҳоро аз оромишу имон, нуру яқину ҳидоят, парастиш ва ибодати Худованди муттаъол ва бозгашту тавба ба суйи Ӯ дар ҳама ҳол пур мекунад, Ва боиси паноҳ бурдан ба Ӯ дар воқиъаҳои нозилшуда (балоҳо, мусибатҳо.....) ва корҳои муҳим, оромиш ёфтан ба воситаи шинохти Ӯ таскин ва ороми бо зикру ёди Ӯ ва ҳамду санои Ӯст.

    Имон муҷиби тақвияти таваккал бар Худованд ва эътимоди комил ва кумак хостани банда аз Ӯ дар тамоми амалҳои дини ва дуняви мешавад.

    Ҳаргоҳ ки иродаи банда заъиф шуд ва қудраташ дар бархурд бо умури муҳим суст шуд, имони содиқ ба тақвияти қалб ва сипас ҷавориҳаш ба ӯ кумак мекунад, Ва дар сурате ки хавфу тарс бандаро иҳота кунад, чунин имон мисли қалъаи бисёр муҳкаме хоҳад буд, ки банда метавонад ба он паноҳ барад, ва дар ин ҳолат дилаш оромиш меёбад.

    Худованд мефармояд

    ﴿ٱلَّذِينَ قَالَ لَهُمُ ٱلنَّاسُ إِنَّ ٱلنَّاسَ قَدۡ جَمَعُواْ لَكُمۡ فَٱخۡشَوۡهُمۡ فَزَادَهُمۡ إِيمَٰنٗا وَقَالُواْ حَسۡبُنَا ٱللَّهُ وَنِعۡمَ ٱلۡوَكِيلُ ١٧٣ فَٱنقَلَبُواْ بِنِعۡمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَضۡلٖ لَّمۡ يَمۡسَسۡهُمۡ سُوٓءٞ وَٱتَّبَعُواْ رِضۡوَٰنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ ذُو فَضۡلٍ عَظِيمٍ ١٧٤﴾ [ال عمران: ١٧3، ١٧٤]

    “Касоне, ки мардум (бархе аз мардум) гуфтандашон, ки мардум барои ҷанг бо шумо гирд омадаанд, аз онҳо битарсед ва ин сухан бар имонашон бияфзуд ва гуфтанд: «Худо моро басанда аст ва чӣ некӯ ёварест!»

    Пас аз ҷанг бозгаштанд, дар ҳоле ки неъмату фазли Худоро ба ҳамроҳ доштанд ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасида буд. Инҳо ба роҳи хушнудии Худо рафтанд ва Худоро бахшоише азим аст!

    Сураи Оли Имрон 173-174

    Ин имони ростин ва яқини саҳеҳ соҳиби худро ба тарафи иззату қувват ва шуҷоъати қавли ва амали тела медиҳад. Бинобарин вақте ки банда яқин пайдо кард, ки Худованди муттаъол нафъдиҳанда буда ва дар айни ҳол зарар расидан ба дасти Ӯст, Инчунин Ӯ аст, ки чизеро хоҳад ато мекунад ва монеъи ато кардани ҳарчизе бихоҳад мешавад, Ва ба яқин бидонад, ки ҳаркиро Хуованд иззатманд гардонад, бо иззат аст ва ҳарки ба ғайри Худованд паноҳ бибарад, хору залил аст ва тамоми махлуқот дар баробари Худованд фақиру нотавонанд, ки наметавонанд барои касе фоида ё зараре расонанд. Дар ин ҳангом аст, ки ин имон сабаби боқувват шудани таваккал бар Худованди муттаъол ва паноҳ бурдан ба Ӯ мешавад. Ва дигар аз касе тарс надорад ва ба ғайр аз Худованди муттаъол ба касе умед надорад ва фақат фазлу бузургиро аз Худованди муттаъол мехоҳад.

    Банда бо кумаки чунин имоне аз бандагии махлуқот раҳо меёбад (ва танҳо бандагии Худовандро бар гардан мегирад) ва дили ӯ дар талаби нафъу дури аз зарар мутаваҷиҳи бандагони Ӯ намешавад, балки Худованди муттаъол Мавло ва ёридиҳандаи ӯ мешавад, ва сарпарасти ӯ дар фоида расондан ва дур кардани зарарҳо мешавад. Пас Худованд ӯро кифоят мекунад ва корҳояшро тасҳилу осон мегардонад, ки ингуна осони ва тасҳилро дар баробари касоне ки ингуна имон надоранд, анҷом намедиҳад. Барои ингуна муъмин қуввати қалб ва шуҷоъте ҳосил мегардад, ки барои касе ки имонаш ба ин дараҷа нарасида бошад ҳосил намешавад. Ва инҳо ҳама аз самараҳои имони саҳеҳ ва дуруст мебошад.

    Аз ҷумлаи самараҳои имон оромиши банда дар баробари сахтиҳо, мусибатҳо ва осон шудани мушкилот ва ранҷҳо аст.

    Худованд мефармояд

    ﴿وَمَن يُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ يَهۡدِ قَلۡبَهُۥۚ ١١﴾ [التغابن : ١١]

    “Ва ҳар кас, ки ба Худо имон дошта бошад, Худо дили ӯро (ба устувори ва оромишу хӯшнуди ба қазову қадари Илоҳи мерасонад ва) раҳнамуд мегардонад”.

    Сураи Тағобун 11

    Ва ӯ бандае аст, ки медонад, агар ба мусибате дучор шавад, аз ҷониби Худованд аст, Ва медонад, ончи аз мусибат ба ӯ расидааст, дар ҳар ҳоле ба ӯ мерасид, бинобар ин рози ва таслими тақдирҳои дарднок ва душвор мегардад, ва мусибатҳои таккондиҳанда бар ӯ осон мешавад. Зеро ки ин сахтиҳо ва мусибатҳо аз ҷониби Худованд мебошанд, (ки дар ҳолати сабр бар ин мусибатҳо ва сахтиҳо) Худованд ӯро бар савоб ва подоши неку мерасонад.

    Худованд мефармояд

    ﴿إِن تَكُونُواْ تَأۡلَمُونَ فَإِنَّهُمۡ يَأۡلَمُونَ كَمَا تَأۡلَمُونَۖ وَتَرۡجُونَ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا يَرۡجُونَۗ ١٠٤﴾ [النساء : ١٠٤]

    “Агар шумо озор мебинед, онҳо низ чун шумо озор мебинанд, вале шумо аз Худо чизеро умед доред, ки онон умед надоранд”.

    Сураи Нисо 104

    Бинобарин назди муъминони содиқ, ҳангоме ки дар маърази итифоқоти ногувор қарор гирифтанд. Сабру субот ва сукуну оромиш ва дар айни ҳол анҷоми воҷибот ва ҳуқуқи Худованди муттаъол (ҳатто дар он вақт) ба гунае дида мешавад, ки як зарраи он ҳам назди касоне ки ингуна нестанд ёфт намешавад. Ва ин ба хотири неруйи имон ва яқин аст.

    Аз самараҳои дигари имони ростин, зиёд шудани шавқу рағбат дар анҷоми корҳои хайру неку ва зиёд шудани амалҳои солеҳ аст, ки бандаро ба сӯӣ меҳрубони ва дилсӯзи бар бандагон даъват мекунад. Ва ин ба хотири ангезаи имон ва умед ба ҳосил кардани подоши фаровон аз худованди муттаъол аст.

    Аз дигар самараҳои имон ҷилавгири аз амалҳои бад ва ношоиста аст. Чи дар зоҳир намоён ё чи дар ботин махфи бошад. Ва боис мешавад аз ҳар махлуқи разил ва паст дури гузинад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ ٱللَّهُ وَجِلَتۡ قُلُوبُهُمۡ وَإِذَا تُلِيَتۡ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُهُۥ زَادَتۡهُمۡ إِيمَٰنٗا وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ ٢ ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ٣﴾ [الانفال: ٢، ٣]

    “Мӯъминон касоне ҳастанд, ки чун номи Худо бурда шавад, хавф дилҳошонро фаро гирад ва чун оёти Худо бар онон хонда шавад, имонашон афзун гардад ва бар Парвардигорашон таввакул мекунанд,

    ҳамон касон, ки намоз мегузоранд ва аз он чӣ рӯзияшон додаем, садақа мекунанд”.

    Сураи Анфол 2-3

    Ин оят самараҳои имон, аз ҷумла амалҳои қалбӣ ва бадани ва анҷоми ҳуқуқу воҷиботи Худованд ва ҳуқуқи бандагонро зикр мекунад.

    Оё мешавад бидуни имон ба ин ахлоқи писандида расид?

    Оё чизе ғайр аз имон метавонад ахлоқи инсонро аз рафтан ба бероҳа ва ҳалокат ҳифз кунад?

    Чи чизе ҷуз аз даст додани руҳи имон сабаби кашида шудани ахлоқ ба суи моддигарои, шаҳавоти ҳайвони, хулқу хуи дарандаги ва ҳалокат шудан мешавад?

    Оё ғайр аз омили боздорандаи имон (аз каҷрави) чизе ҳаст, ки боиси адои амонатҳо ва анҷоми воҷибот гардад?

    Оё ҷуз ба нерӯйи имон, қалб метавонад дар рӯёрӯйи бо умури таккондиҳанда собиту устувор гардад ва даруни инсон дар муқобили душвориҳо ором гирад?

    Оё дар сурате ки имон набошад, даруни инсон ба ризқи Худованд қонеъ мегардад ва инсон ба зиндагии поку роҳат (аз гуноҳон) дар ин дунё ноил мешавад?

    Ва оё ҷуз ба василаи имон, банда ба дараҷаи сидқ дар ақвол ва афъол ва муомилот мерасад ва назди худованди муттаъол ва бандагони худо ба унвони шахси амонатдор, шариф ва бузургвору муътабар шинохта мешавад?

    Бинобарин ҳар бунён ва асосе ки ин умури ошкор бидуни имон бар он бино гардад, шикаст хурда хоҳад буд ва ҳар пешрафти модди ки имон ҳамроҳаш набошад, соқит ва нобуд аст.

    Огоҳ бошед, ки Имон, сабрро дар баробари қазои илоҳи ва шукрро дар баробари неъматҳояш ба банда мебахшад. Ва боис мешавад, ки фард нисбат ба бандагони худо дилсӯз шавад ва ба тамоми ахлоқи неку ороста ва аз тамоми ахлоқи зишт раҳо гардад.

    Мисдоқи он дар ҳар кас, ки дорои чунин имоне аст, вуҷуд дорад ва касе ки онро надорад ингуна нест. Агар фарде дорои ин сифот бошад, дар ҳоле ки мултазим ислом нест, он сифотро аз дини ислом гирифта аст ва рангу бӯйи ғайри дини ба он додааст. Дар сурате ки касе ин ҳарфро қабул надорад, агар рост мегуяд мисоле берун аз ин асл биёрад, Чаро ки дин ба суйи ҳар ончи хайр буда ва устувортар аст, даъват мекунад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱرۡكَعُواْ وَٱسۡجُدُواْۤ وَٱعۡبُدُواْ رَبَّكُمۡ وَٱفۡعَلُواْ ٱلۡخَيۡرَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ۩ ٧٧﴾ [الحج : ٧٧]

    “Эй касоне, ки имон овардаед, рукӯъ ва саҷда кунед ва Парвардигоратонро бипарастед ва корҳои нек ба ҷой оваред, то, ки наҷот ёбед”.

    Сураи Ҳаҷ 77

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿وَلۡتَكُن مِّنكُمۡ أُمَّةٞ يَدۡعُونَ إِلَى ٱلۡخَيۡرِ وَيَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ١٠٤﴾ [ال عمران: ١٠٤]

    “Бояд, ки аз миёни шумо гурӯҳе бошанд, ки ба хайр даъват кунанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд. Инҳо растагоронанд”.

    Сураи Оли Имрон 104

    Аз самараҳои имон ин аст, ки ба адлу қист дар тамоми муомалаҳо ва адои ҳуқуқи гунгоун байни мардум амр мекунад. Ва аз зулм дар ҷону молу номуси мардум ва тамоми ҳуқуқи онҳо наҳйи мекунад.

    Оё ислоҳи ин корҳо ҷуз бо адлу қисту доде ки руҳу қивоми ин дин аст, созгор аст?

    Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱللَّهَ يَأۡمُرُ بِٱلۡعَدۡلِ وَٱلۡإِحۡسَٰنِ وَإِيتَآيِٕ ذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَيَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِ وَٱلۡبَغۡيِۚ يَعِظُكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ ٩٠﴾ [النحل: ٩٠]

    “Худо бар адлу эҳсон ва бахшиш ба хешовандон, фармон медиҳад. Ва аз фаҳшову зишткорӣ ва ситам, наҳй мекунад. Шуморо панд медиҳад, бошад, ки пазирои панд шавед!”

    Сураи Наҳл 90

    Худованд мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُونُواْ قَوَّٰمِينَ بِٱلۡقِسۡطِ شُهَدَآءَ لِلَّهِ وَلَوۡ عَلَىٰٓ أَنفُسِكُمۡ أَوِ ٱلۡوَٰلِدَيۡنِ وَٱلۡأَقۡرَبِينَۚ إِن يَكُنۡ غَنِيًّا أَوۡ فَقِيرٗا فَٱللَّهُ أَوۡلَىٰ بِهِمَاۖ ١٣٥﴾ [النساء : ١٣٥]

    “Эй касоне, ки имон овардед, барподорандаи адл бошед ва барои Худо шаҳодат диҳед, ҳарчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо, чӣ тавонгар ва чӣтангдаст, бошанд. Зеро Худо бар он ду (фақир ва ғанӣ) сазовортар (меҳрубонтар) аст”.

    Сураи Нисо 135

    Ҳангоме ки адл дар тамоми аҳкоми шаръӣ мутаъалиқ ба қарордодҳо, муъомалот, мубодалот ва ширкатҳо ва ҳуқуқи ирсу мерос байни зану мард ва наздикону касонеки бо онҳо дар таомуланд ба тафсил омадааст, бинобарин ин аҳкомро дар ниҳоят адлу назму ислоҳкунандаи умур ва ҷалбкунандаи манофеъ ва дафъкунандаи зарару зиёнҳо ва мафосид қарор медиҳад.

    Ин имони саҳеҳ, ки шомили усули имон ва ҳақоиқи он аст, мутазамини хузуъи комил барои худованди муттаъол ва тавба ва бозгашт ба сӯи Ӯ дар тамоми ҳолот аст. Ва ин ниҳояти ислоҳи қалбу руҳ аст ва дар он хулус дар ибодат ва анвоъи иҳсону неки ки фақат барои худованди муттаъол аст, ворид мешавад. Дар он имон ба тамоми китобҳое ки худованди муттаъол нозил кардааст ва тамоми расулоне ки фиристода аст ва тамоми ҳақоиқе ки дар китобҳо нозил шудааст ва расулон паёмовари он будаанд. Ва низ фитрати солим ва ақлҳои бо он муттафиқ аст,ворид мешавад.

    Ин дин, дини поккунандаи дилҳо ва дини ақли саҳеҳ ва нқли сареҳу ошкор аст. Дине ки аз бутпарастиҳо ва илҳоду бедини ва фосид шудани ахлоқ безору мубарро аст.

    Дине ки бо мубоҳ намудани тамоми покиҳову манофеъ ва таҳрими тамоми хабоису нопокиҳо ва зиёнҳо омада аст, бар ҳар амри маъруфу неки ва хубичи аз лиҳози шаръ ва чи аз лиҳози ақл амр мекунад, ва аз ҳар амри мункару зулму ситаме наҳйи мекунад.

    Дине ки ислоҳи қулубу баданҳо ва саъйи барои ҷалби ҳар навъ манфиъати дини ва дунёии кумаккунандаи ба динро дар пай дорад.

    Дине ки аз суйи Худованди азизу ҳамид нозилшуда ва ҳеҷ ботиле на дар қабл ва на баъд ба худ роҳ намедиҳад,Ва аз тарафи худованди ҳаким ва ҳамиде омада аст, ки ҳеҷ ботилкунандае наметавонад асле аз усулашро нақз ва ё (ҳатто) хабар аз каму кости он тавассути ақл диҳад. Балки ақлҳои саҳеҳ ба сиҳати он шаҳодат медиҳанд, Ва ақл (ба танҳои) наметавонад тафсилу шарҳи (комили) онро дар ёбад.

    Ислом дини ҳамаи анбиё ва расулон ва тамоми баргузидагон ва пешвоёни ҳидоятгар ва чароғҳои роҳнамо (ба суи ҳидоят) будааст. Пас тамоми мушрикону инкоркунандгон ва касоне ки ақлашон (ва қалбашон) мариз аст ва ахлоқашон рӯй ба пасти ниҳода ва дунёву моддигари бар онон туғён намуда (ва асири он шудаанд) динашонро аз даст додаанд ва онро раҳо кардаанд.

    Касе ки ҳақиқатан ба Худованди муттаъол имон дорад, бо ибодат кардани Ӯ мутанаъим ва баҳраманд мегардад. Ва бо умед ба подош бар амали худ , аз саҳму насибе ки аз дунё ба ӯ мерасад ба таври комил баҳраманд мешавад. Чаро ки ӯ онро аз роҳи ҳалол ба даст оварда аст ва дар ҷое ки бояд онро қарор диҳад, қарор дода аст, ба ин ният, ки воҷибот ва таколифи худро (битавонад) анҷом диҳад ва аз он дар ибодати парвардигораш кумак бигирад.

    Муъмин, ки хосияти ӯ тавозуъ дар баробари халқ ва ҳақ аст, дар ҳар куҷо ки бошад, аз ҳақ пайрави мекунад, ва машғули насиҳат кардани бандагони худованд бо дар назар гирифтани маротибашон мешавад.

    Аммо инкоркунандаи ҳақ, ки хосияти у такаббур дар баробари ҳақ ва халқ аст, нисбат ба худ мағрур мешавад ва ба насиҳати касе аҳамият намедиҳад.

    Муъмин қалби солим аз ғиллу ғиш ва кина дорад, ва забонаш содиқ, муомалааш неку, хусусияташ ҳилму бурдбори, вақору оромиш, сабру меҳрубони ва суботу вафодори аст, ва ҷуз барои Худованди муттаъол барои касе хору залил намегардад. Қалбу рӯяш аз таваҷҷуҳ ва тазаллулу хор кардани худ барои касе ғайр аз парвардигораш пок ва ҳифзшуда аст. Дар анҷоми корҳои худ ҳам саъйи мекунад, даст ба асбоби муфид гирифта ва аз он кумак бигирад ва ҳам бар худованди маттаъол таваккал мекунад ва Ӯ эътимод дорад, ва дар тамоми умур аз Ӯ кумак мегирад. Худованд низ бо қудрат ва қуввату таваккал ва эътимоду умеди вай ба парвардигораш , анҷоми корҳои хубро барояш осон ва аз анҷоми корҳои нописанд ӯро дур мегардонад.

    Ҳаргоҳ, ки дунё ва неъматҳову хушиҳои он ба ӯ дода мешавад, бо шукргузори онро мегирад ва дар роҳи судманд онро сарф мекунад. Багунае, ки хайру некиаш дубора ба ӯ бармегардад. Ва ҳаргоҳ мусибат ва сахтиҳо ба ӯ мерасад, бо сабру эҳтисоби аҷру подошаш бо он бархурд мекунад. Ва умед ба кушоиш ва фараҷе аз суйи худованди муттаъол барои аз байн рафтани он гирифтори дорад. Пас иваз ва хайру подошу оромише, ки ба даст оварда, бузургтар аст аз ончи ки аз даст дода, ё сахтиҳое аст, ки насибаш шуда аст.

    Пас ин хислатҳои зебо аз ҷумлаи ақоиди ростин ва нармхуйи ва ахлоқи дуруст ва одоби солим, аз тариқи имон ба даст меояд.

    Оё метавон ин сифатҳоро ба касе ғайр аз муъмин дод?

    Ва аз бузургтарин далелҳо бар ҳақ будани дин (Ислом) ин аст, ки ба воситаи ақоид ва ахлоқаш соҳибони ақлу хирад ва афроде ки ба дунболи бурҳон ва далел ҳастанд. Ва касоне ки бо басират ва огоҳ ҳастанд ба суи он мераванд ва касоне ки ҷуз афроди пасте ки гумроҳиро бар ҳидоят ва бадбахтиро бар хӯшбахти тарҷеҳ додаанд, аз он дури намекунанд.

    Орзуманди ва иштиёқ (барои расидан ба хӯшбахти ва неъматҳои ваъда дода шуда) хосияти муъминони баргузида ва пайравони содиқу некукор аст. Касоне ки қалбҳояшон бо маърифату муҳаббати худованди муттаъол зинда аст ва забонашон ба зикри худованд ва ситоиши Ӯ муънису ошност ва вақтҳояшон ба тоъату ибодат ва хидмат дар роҳи худо мегузарад ва бо ин имони ҳақиқи бо мардум бо меҳрубони ва нарми ва насиҳати саҳеҳ рафтор мекунад ва онҳоро аз тамоми ахлоқи паст манъ мекунад ва онҳоро ташвиқ ба ороста шудан ба ахлоқи неку мегардонад.

    Аммо имони саҳеҳ назди риёкорон ва афроди мутамаллиқу чоплус ва дорои нифоқ, куҷост? Имони касе ки ба фисқу гуноҳ ва саркашю бадбахти ташвиқу даъват мекунад, куҷост? Имони касоне ки аз шинохти худованд ва муҳаббати Ӯ рӯй гардонанд ва аз тоъату ибодати Ӯ канорагири мекунанд, куҷост? Имони касе ки қалбаш аз таъаллуқ ва вобастаги (ба ғайри Худо) ва муҳаббату таъзим ва тарсу умед нисбат ба махлуқин пур ва аз таъаллуқ ба парвардигори оламиён холи шудааст, куҷост? Имони таъназанандагону лаънаткунандагон, дуруғгуёну сханчинон, куҷост? Имони рибохурону касоне ки дар муъомилаҳо фиребкори мекунанду аҳли ғиллу ғиш ҳастанд, куҷост?

    Имон, орзу кардан ва таманнои он нест, Балки Имон он аст, ки дар дил ҷой гирад ва рости ва дурустии он дар амалҳои шахс маълум гардад, Ва имтиҳоне аст, ки бо он дуруғгу ва ростгу аз ҳам шинохта мешавад.

    Гирифташуда аз китоби " Тавзеҳоте дар боби имон ва вижагиҳои муъминон" бо тасарруфи андак.

    Таълиф: Абдурраҳмон ибни Носир ал-Саъди

    Тарҷума: Саъид Ҳусайни

    Баргардон ва таҳия: Мусъаби Ҳамза

    معلومات المادة باللغة الأصلية