×

Ном ва сифатҳои Аллоҳ таъоло — (Ас-Салом) (тоҷикӣ)

Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

Description

Маънои яке аз номҳои Худованд, ки (Ас-Салом) аст бо зикри осори имон овардан ба Он.

Download Book

    Ном ва сифатҳои Аллоҳ таъоло — (Ас-Салом)

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2014 - 1436

    أسماء الله و صفاته, (السلام)

    «باللغة الطاجيكية»

    محمد عزيز رجب

    2014 - 1436

    Ном ва сифатҳои Аллоҳ таъоло — (Ас-Салом)

    Номи Аллоҳ «Салом»

    (маънои ин ном ва осори имон ба он)

    Ин номи Худованд яъне «Салом» дар Қуръон як бор зикр шудааст.

    ﴿هُوَ ٱللَّهُ ٱلَّذِي لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡمَلِكُ ٱلۡقُدُّوسُ ٱلسَّلَٰمُ ٱلۡمُؤۡمِنُ ٱلۡمُهَيۡمِنُ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡجَبَّارُ ٱلۡمُتَكَبِّرُۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ٢٣﴾ [الحشر: ٢٣]

    «Ӯст Аллоҳ, ки ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуди барҳаққе нест ва Ӯ «Ал-Малик», «Ал-Қуддус», «Ас-Салом», «Ал-Муъмин», «Ал-Муҳаймин», «Ал-Азиз», «Ал-Ҷаббор», «Ал-Мутакаббир» аст. Поку муназзаҳ аст Аллоҳ, аз ончӣ, ки эшон (кофирон) ба Ӯ шарик месозанд».

    Сураи Ҳашр ояи 23

    Инчунин дар ҳадиси набавӣ низ ин ном зикр шудааст. Он ҳам дуъои машҳури баъд аз ҳар намоз:

    «Илоҳо, Ту Салом ҳасти ва Салом аз Ту мебошад. Пурбаракат ва олӣ ҳасти эй соҳиби Ҷалол ва Икром».

    Ва дар қавли Паёмбар омада, ки: «Ба дурустӣ, ки Аллоҳ Салом аст».

    Маънои ин номи Худованд

    Салом ва саломат: ба маънои покӣ ва бароат мебошад.

    АбуБакр ибни Арабӣ (на Муҳйиддин ибни Арабӣ) мегӯяд: Саломат яъне Офият.

    Аммо маънои ин ном дар ҳаққи Худованд, Имом ибни Касир мегӯяд:

    «(Ас-салом) яъне (Поку барӣ) аз тамоми айбу нуқсонҳо. Зеро Ӯ дар зот ва афъолу сифоти худ комил аст».

    Имом Байҳақӣ мегӯяд: «(Ас-салом) Ӯ зотест, ки пок аст аз ҳар айбеву офате ва ин сифат шоистаи зоти Ӯ таъолост».

    Ва Имом ибни Қаййим мегӯяд: «Ва аммо Салом, ки аз номҳои Худованд аст, дар (маънои) он ду қавл аст:

    Якум: Он исми масдар аст ва истифодаи он нисбати Худованд мисли истифодаи «Ал-Адл» мебошад. Яъне соҳиби «Салом» ва соҳиби «Адл».

    Дуввум: Масдар ба маънои фоъил аст, яъне «Солим».

    Ҳамчуноне, ки шаби қадр «Салом» ном дорад (ба маънои Солим аз тамомии бадиҳо, балки он (шаби қадр) ҳамагӣ хайр аст)».

    Пас Ӯ Худованд -Салом аст- аз Ҳамсар ва Фарзанд,

    Салом аст аз Ҳамсону Назир,

    Салом аст аз Ҳамному Масил,

    Салом аст аз Шарик,

    Таваҷҷуҳ кун! Агар тамомии сифоти Худовандро андеша кунӣ, дармеёбӣ ки ҳар яке аз сифатҳои Ӯ салом аст аз зидди камоли он:

    Ҳаёти Ӯ салом аст аз мавт, хобидан ва пинак рафтан. Қайюмийят ва Қудрати Ӯ салом аст аз дармондагиву оҷизӣ ва хастагӣ.

    Илми Ӯ салом аст аз фаромӯшӣ ва ёддошту тафаккур. Иродаву хоҳиши Ӯ салом аст аз он ки хилофи маслаҳат ва ҳикмат бошад.

    Суханони Ӯ таъоло салом аст аз дурӯғ ва зулм.

    Аз ончӣ, ки гуфта шуд ба ин натиҷа мерасем ва ду маънои бузурги ин номи Худовандро ба даст меорем:

    1- Саломат ва покиву бароат аз тамоми айбу нуқсонҳо дар зоту сифот ва ному афъоли Худованд.

    2- Ӯ таъоло масдари Салом ва Амн мебошад. Ҳар касе саломатро аз ғайри Ӯ таъоло талаб кард маҳрум аст (Бор илоҳо, Ту Салом ҳастиву Саломат аз Ту мебошад).

    Барои ҳамин ҳам ҷаннат «Дорус-Салом» ном дорад. Зеро ҳар кас, ки ба он дохил шуд аз тамоми офатҳо, бадиҳо ва мунағғисоту парешониҳо солим мемонад.

    Осор ва нишонаҳои боварӣ ба ин номи Худованд.

    Аввал: Боварӣ ва яқин бар он, ки ҳар кас Амн ва Саломатро мехоҳад (барои нафси хеш ва ё хонадон ва ҷомеъа), пас онро дар Имон ба Худованд ҷустуҷӯ бояд кард. Дар имон ба Аллоҳ, унс бо Ӯ ва итоъати фармон ва шариъати Ӯ. Шариъати Ӯ, ки ҳамагӣ амну салом барои фард, хонавода ва ҷомеъа мебошад. Ҳар қадар, ки мусалмонон ба шариъати Худованд пойбанд гаштанд, ҳамин қадар саломат ва амонро ба даст хоҳанд овард.

    Дуввум: Муҳаббати Аллоҳ таъоло ва таъзиму иҷлоли Ӯ. Зеро Ӯ таъоло соҳиби сифоти комил ва ҷалил аст ва аз айбу нуқсон пок мебошад. Пас ҳар зоте, ки чунин сифоти комилро дорад шоистаи муҳаббат аст ва қалбҳо низ барои муҳаббати Ӯ халқ шудаанд.

    Ин муҳаббат ва таъзими Худованд, ҳаловат ва лаззате ба дилҳо мебахшад ва синаҳоро нуронӣ месозад. Ва ин неъмати ҳақиқии дунявӣ ҳаст, ки дар муқобили он ҳеҷ неъмати дигар қадре надорад.

    Саввум: Поку барӣ ва солиму муназзаҳ донистани Худованд аз тамомии айбу нуқсонҳо, дар Зоту Сифот ва Номҳову Афъол ва Ақвол.

    Ва парастишу тақарруб ба сӯи Худованд бо ин боварӣ.

    Чаҳорум: Саъйу талоши муъмин барои паҳн кардани салом ва саломатӣ дар байни мусалмонон. Бо ошкор кардани суннати «Салом додан» ва даст кашидан аз озори муъминон. Чӣ тавре, ки Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфта: (Мусалмон касе ҳаст, ки дигар мусалмонон аз дасту забони ӯ дар амон (саломат) бошанд).

    Панҷум: Кӯшишу ҷиҳод барои паҳн кардани дини Ислом, ки дини салом аст.

    معلومات المادة باللغة العربية