×

Маърифати асмо ва сифоти Худованд (тоҷикӣ)

Description

Яке аз муҳимтарин улум ва масоиле ки дар Қуръони маҷид омадааст, ин зикри асмо ва сифот ва афъоли Аллоҳ таъоло ва тақдису танзиҳи Ӯ аз камбуду нуқсонҳо мебошад.

Download Book

    Маърифати асмо ва сифоти Худованд

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2015 - 1436

    معرفة أسماء الله و صفاته

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: محمد عزيز رجب

    2015 - 1436

    Маърифати асмо ва сифоти Худованд

    Яке аз муҳимтарин улум ва масоиле ки дар Қуръони маҷид омадааст, ин зикри асмо ва сифот ва афъоли Аллоҳ таъоло ва тақдису танзиҳи Ӯ аз камбуду нуқсонҳо мебошад. Чӣ тавре ки аллома, шайх Абдураҳмон ибни Носири Саъдӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) дар муқаддимаи тафсири хеш зикр кардааст ва фавоиди ин матлабро баррасӣ намудааст:

    "Дар зикри асмо ва сифот ва афъоли Худованд фавоиди азиме ҳаст":

    Аз ҷумла:

    Ин илм (илму дониши дар робита ба Аллоҳ таъоло) шарифтарин ва волотарин улум аст мутлақан. Ва машғул шудан ба фаҳму омӯзиши он, ин машғул шудан ба олитарин матолиб аст ва даст ёфтан ба ин илму дониш аз бузургтарин неъматҳост.

    Ва ҳамчунин:

    Маърифат ва шинохти Аллоҳ таъоло бандаро ба муҳаббати Ӯ ва тарс аз Ӯ ва хавфу раҷо (умедворӣ аз раҳмати Ӯ), ва ихлоси амал барои Ӯ мехонад. Ва ин, айни саъодат ва хушбахтии банда ҳаст. Ва ҳеҷ роҳе барои шинохту маърифати Худованд нест, магар бо роҳи шинохт ва маърифати ному сифатҳояш ва тафаққуҳ дар маъонии он. Ва қуръон ин мавзуъро беш аз ҳар мавзуъи дигаре зикр кардааст, бо зикри тафсилоташ ва тавзиҳу баёни он

    Ва ҳамчунин:

    Аллоҳ таъоло махлуқотро офаридааст, токи Ӯро бандагӣ намоянд ва бишносанд, ин аст ғоят ва ҳадафи матлуб аз банда. Ва машғул гаштани банда ба он, ин машғул гаштан аст ба он ҳадафе ки барояш офарида шудааст, ва тарку зоеъ кардани ин матлаб, ин саҳлангориву бепарвоӣ ҳаст нисбати ончӣ ки барояш халқ шуда.

    Ва бисёр бад аст, ки банда аз парвардигори хеш ғофил бошад ва аз шинохту маърифати Ӯ рӯйгардон, дар ҳоле ки неъматҳои парвардигор бар сараш фаровон аст ва фазлу раҳмати Ӯ барояш аз ҳар тараф бешумор.

    Ва низ:

    Яке аз асосҳои имон, балки афзалтарини он ва асли он, ин имон ба Аллоҳ мебошад. Ва имон ба Аллоҳ ин танҳо талаффузи холӣ нест: “Имон овардам ба Аллоҳ”. Балки ҳақиқати имон ин аст, ки парвардигори хешро бишносад, ва талош кунад ба шинохту маърифати асмо ва сифоти Ӯ, токи ба дараҷаи яқин бирасад. Дараҷаи имони банда ба андоза ва дараҷаи шинохти Парвардигораш аст, ҳар қадар ки парвардигори худро бештар бишносад, ҳамон қадр имони ӯ бештар хоҳад шуд ва ҳар қадар ки камтар гардад, ҳамон қадар имонаш низ коҳиш меёбад. Ва наздиктарин роҳ барои расидан ба шинохтани Парвардигор, ин тадаббур ва андеша дар маънои ному сифатҳои парвардигор аст дар Қуръон.

    Ва роҳаш ин аст, ки агар номе аз номҳои Худованд бар ӯ гузашт (дар Қуръон), пас маънои онро ва камолу умуми онро ба Худованд исбот кардаву зидди онро аз Худованд радд намояд.

    Ва ҳамчунин аз ҷумлаи фавоид:

    Шинохту маърифати Аллоҳ таъоло асли тамоми ашёст, ҳатто инки ҳар касе ки Худовандро ба дурустӣ бишносад, дар асоси маърифати хеш ба афъоли Худованд ва ташриъоти Худованд истидлол мекунад, зеро ки Аллоҳ таъоло ҷуз ба муқтазои асмо ва сифоти хеш коре намекунад,…

    Ва ин илм (яъне шинохти Аллоҳ таъоло бо асмо ва сифоташ) волотар ва машҳуртар аз он аст, ки касе ба аҳамияти он ишора намояд:

    وكيف يصح في الأذهان شيء

    إذا احتاج النهار إلى دليل

    Тарҷумаи маъно:

    Агар барои исботи рӯзи равшан далел хоста шавад,

    Пас чӣ тавр метавонад, ки чизи дигаре дар зеҳн собит гардад",

    معلومات المادة باللغة العربية