×
New!

Bayan Al Islam Encyclopedia Mobile Application

Get it now!

Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми аввал: Масъулияти тарбия (тоҷикӣ)

Таҳия: Муҳаммад Нур ибни Абдулҳафиз Свед

Description

Мақола дар мавзӯъи масъулияти тарбия, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

Download Book

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми аввал: Масъулияти тарбия

    سلسلة تربية الأولاد,

    القسم الأول: مسؤولية التربية

    < الطاجيكية >

    Ҳақназаров Тоҳир

    حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми аввал: Масъулияти тарбия

    Эй касе, ки сарпарстии хонаву хонаводаро бар ӯҳда до­рӣ, вақте ба масъулияти хеш дар баробари тарбия ва пар­ва­риши дурусти кӯдак таваҷҷӯҳ нанамоӣ ва ӯро дар муҳити носозгоре ба ҳоли худ бигузорӣ, бими он меравад, ки ду ба­робар азоб биниву ба иллати бо зишту бад омехта намудани он ҷавҳари мукарраму шариф мавриди азоби сахте қарор гирӣ ва саҳми муайяне аз он ҷинояти фарогирро насиби худ созӣ. Ба ҳамин сабаб аст, ки Расули Худо (с) масъулияти ко­мили тарбияи кӯдаконро бар дӯши волидайн гузошта, эшон­ро бар ин кор ташвиқ намудааст, чунонки аз Ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфтааст, аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд:

    «Ҳамаи шумо сарпараст ҳастед ва нисбат ба зердастони худ масъул мебошед, ба ин маъно, ки пешво сарпарасти ум­мат ва масъули афроди зерфармони худ мебошад. Ва мард сарпарасти хонаву хонаводаи худ мебошад ва дар баробари онон масъул аст. Зан дар хонаи шавҳараш сарпараст ва нис­бат ба хонаву афроди хона (фарзандон) масъул аст. Хид­мат­гор сарпарасти молҳои мавло ва корфармои худ мебошад ва дар баробари он масъул аст. Ба таври куллӣҳамаи шумо, чӣ дар баробари худ ва чӣ дар баробари дигарон масъул мебошед».[1]

    Масъулияти падару модар ва соири сарпарастон нисбат ба фарзандон ба ҳадде аст, ки Пайғамбари акрам (с) як қои­даи асосӣ барои он вазъ намуда, ифодаи он ин аст: Фарзанд бар дини падару модараш парвариш меёбад ва ба ҳадди булуғу ҷавонӣ мерасад. Пас падару модар барои ӯ ду василаи бисёр муассир ва нерӯманд мебошанд. Чунонки Абӯҳурайра (р) аз Пайғамбари Худо (с) ривоят намуда, ки мефармуданд:

    «Ҳар навзоде бар фитрати пок таваллуд мешавад ва ин падару модари ӯ ҳастанд, ки ӯро яҳудӣ, ё насронӣ, ё маҷусӣ мегардонанд, ҳамон гуна ки чаҳорпо ба сурати ҳайвоне комил ва солим ба дунё меояд. Оё ҳангоми таваллуд шуданаш онро ноқис ва гӯшбурида мебинед?» Албатта не.

    Абуҳурайра мегуфт: «Агар бихоҳед, ин оятро бихонед[2]:

    ﴿فِطۡرَتَ ٱللَّهِ ٱلَّتِي فَطَرَ ٱلنَّاسَ عَلَيۡهَاۚ لَا تَبۡدِيلَ لِخَلۡقِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ ٱلدِّينُ ٱلۡقَيِّمُ ٣٠﴾ [الروم: ٣٠]

    «Ин сириште аст, ки Худованд мардумро бар он си­риш­тааст, ҳеҷ тағйир ва табдиле барои офариниши Худо нест, ин аст дину ойини собиту устувор».[3]

    Бинобар ин, Худованд тарбияи дурусти исломиро ба во­лидайн дастур додааст ва масъулияти онро мутаваҷҷеҳи эшон гардонидааст, ки мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَأَهۡلِيكُمۡ نَارٗا وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُ عَلَيۡهَا مَلَٰٓئِكَةٌ غِلَاظٞ شِدَادٞ لَّا يَعۡصُونَ ٱللَّهَ مَآ أَمَرَهُمۡ وَيَفۡعَلُونَ مَا يُؤۡمَرُونَ ٦﴾ [التحريم: ٦]

    «Эй касоне, ки имон овардаед, хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташафрӯзи он мардум ва сангҳо мебо­шанд, нигаҳ доред! Фариштагоне бар он гуморида шудаанд, ки дурушту сахтгиранд, Худоро дар он чӣ ба онҳо фарму­да­аст, нофармонӣ намекунанд ва ҳамон чизеро анҷом меди­ҳанд, ки ба он маъмур мешаванд».[4]

    Алӣ ибни Абутолиб (р) дар тафсири ин оят мегӯяд: «Яъ­не, хайру некиро ба худ ва хонаводаи худ биомӯзед».[5]

    Аммо Фахри Розӣ дар тафсири ин оят мегӯяд: «Яъне, даст бикашед ва бас кунед аз он чӣ, ки Худованд шуморо аз анҷоми он наҳй кардааст».

    Муқотил мегӯяд: «Мурод аз он ин аст, ки шахси мусал­мон худ ва хонаводаашро тарбия кунад, пас бояд хайру неки­ро ба хонаводаи худ дастур диҳад ва эшонро аз шарру фасод боздорад».

    Соҳиби «Кашшоф» мегӯяд: «Дар ояти боло мурод аз «хештанро нигаҳ доред» ин аст, ки гуноҳҳоро тарк кунед ва тоату ибодатро анҷом диҳед ва мурод аз «аҳли хонаи худ­ро…» ин аст, ки шумо дар он чӣ хештанро мавриди бозхост қарор медиҳед, хонаводаи худро низ мавриди бозхост қарор диҳед».

    Бинобар ин, лозим аст дар ислоҳи кӯдакон ва аз байн бурдани хатоҳову иштибоҳоти онон кору кӯшиши доимӣ карда шавад ва пайваста ба анҷоми корҳои нек одат дода шаванд, чунки ин ҳамон роҳу равиши пайғамбарону расу­лон мебошад. Чунонки Нӯҳ (а) писарашро ба сӯи имони ба Худо фаро хонд ва Иброҳим (а) низ ду писари худро ба ибо­дати Парвардигораш супориш намуд…

    Имом Нававӣ дар китоби худ «Бӯстону-л-орифин» аз имом Шофеъӣ (р) аз Фузайл нақл кардааст, ки Довуд (а) гуфт: «Худоё! Ҳамон тавре, ки барои ман ҳастӣ, барои писа­рам низ бош!». Худованд ба ӯ ваҳй кард:

    «Эй Довуд! Ба писарат бигӯ: «Он тавре, ки ту барои Ман ҳастӣ, ӯ низ чунон бошад, Ман ҳам барои ӯ он гуна хоҳам буд, ки барои ту ҳастам».[6]

    Имом Ғаззолӣ (р) дар рисолаи худ «Айюҳа-л-валад» гуф­тааст: «Дарвоқеъ, маъно ва мафҳуми тарбия ба амали шах­си кишоварзе мемонад, ки хорҳову гиёҳони нодаркорро аз миёни кишту зироати худ решакан ва дур месозад то ин ки рушду нумӯи он хуб ва беҳтар шавад ва ҳосили бештар диҳад».

    Ибни Қайим дар бораи масъулияти волидайн нисбат ба фарзандони худ таъкид кардааст ва дар ин робита гуфтаи бисёр муфиде дорад, ки мегӯяд:

    «Баъзе аз аҳли илм гуфтаанд: «Худованд дар рӯзи қиёмат аз падар дар бораи фарзандаш савол мекунад пеш аз он ки аз фарзанд дар бораи падараш бипурсад, пас ҳамчуноне ки барои падар бар фарзандаш ҳаққе аст, барои фарзанд низ бар пада­раш ҳаққе аст».

    Чунонки Худованд мефармояд:

    ﴿وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حُسۡنٗاۖ وَإِن جَٰهَدَاكَ لِتُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَآۚ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٨﴾ [العنكبوت: ٨]

    «Мо ба инсон тавсия мекунем, ки ба падару модари худ комилан некӣ кунад».[7]

    Боз Худованд Мефармояд:

    ﴿قُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَأَهۡلِيكُمۡ نَارٗا وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُ عَلَيۡهَا مَلَٰٓئِكَةٌ غِلَاظٞ شِدَادٞ لَّا يَعۡصُونَ ٱللَّهَ مَآ أَمَرَهُمۡ وَيَفۡعَلُونَ مَا يُؤۡمَرُونَ ٦﴾ [التحريم: ٦]

    «…хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташафрӯзи он мардум ва сангҳо мебошанд, нигоҳ доред…».[8]

    Алӣ ибни Абутолиб (р) мегӯяд: «Фарзандони худро боса­воду огоҳ ва боадаб кунед, чунки Худованд мефармояд:

    ﴿وَٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡ‍ٔٗاۖ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنٗا وَبِذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱلۡجَارِ ذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡجَارِ ٱلۡجُنُبِ وَٱلصَّاحِبِ بِٱلۡجَنۢبِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِ وَمَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ مَن كَانَ مُخۡتَالٗا فَخُورًا ٣٦﴾ [النساء : ٣٦]

    «Худовандро ибодат кунед ва (ҳеҷ кас) ва ҳеҷ чизеро ша­рики Ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар ва хешовандон не­кӣ кунед!..».[9]

    Расули акрам (с) мефармояд:

    «Дар миёни фарзандони худ адолат ва баробариро барқа­рор кунед!».

    Худованд супориш ба волидайнро нисбат ба фарзандо­ни худ, бар супориши фарзандон нисбат ба волидайни хеш муқаддам шумурдааст ва мефармояд:

    ﴿وَلَا تَقۡتُلُوٓاْ أَوۡلَٰدَكُمۡ خَشۡيَةَ إِمۡلَٰقٖۖ نَّحۡنُ نَرۡزُقُهُمۡ وَإِيَّاكُمۡۚ إِنَّ قَتۡلَهُمۡ كَانَ خِطۡ‍ٔٗا كَبِيرٗا ٣١﴾ [الاسراء: ٣١]

    «Ва фарзандонатонро аз тарси фақру тангдастӣ накушед, Мо онон ва шуморо рӯзӣ медиҳем. Бегумон куштани эшон гуноҳи бузурге аст».[10]

    Ибни Қайим дар ин робита мегӯяд: «Ҳар падару модаре нисбат ба омӯхтани он чӣ, ки ба фарзандонашон суд мерасо­над ва ононро аз бадӣ бозмедорад, сустӣ кунад, ба эшон ниҳо­ят бадӣ ва хиёнат кардааст, чун бештари фарзандоне, ки мунҳарифу табаҳкор мешаванд, бар асари наомӯхтани фаро­изу суннатҳои дин ба эшон ва беаҳамиятиву бетаваҷҷӯҳии волидайнашон дар ин робита ва дар соири умури тарбиятӣ будааст. Зеро волидайн аз ҳамон даврони кӯдакӣ фарзандони худро зоеъ ва фосид мегардонанд, ки дар натиҷа дар даврони бузургӣ на барои худ, на барои волидайн ва на барои ҷомеаи худ афроди муфид воқеъ намешаванд. Ҳамчунон дида меша­вад, ки баъзе аз фарзандон волидайни худро мавриди итоб ва сарзаниш қарор медиҳанд ва мегӯянд: «Эй падар ва ё модар! Шумо дар даврони кӯдакӣ дар мавриди огоҳӣ ва тарбияи ду­русти ман кӯтоҳӣ намудед ва ба ман зулм кардед. Пас ман низ дар даврони бузургӣ шуморо мавриди зулму бадрафторӣ қарор медиҳам, шумо маро фарзанди зоеъ ва фосид гардони­дед. Акнун ман низ шуморо дар пирӣ азияту озор медиҳам ва нисбат ба шумо беэҳтиромӣ мекунам».

    Бояд донист, издивоҷи номуносиб парешон намудан вазъи тарбияву парвариши саҳеҳи кӯдакон масъулияти бу­зурге аст, ки дар рӯзи қиёмат шахс дар баробари он маврид муҳосибаву бозхост қарор хоҳад гирифт. Чунонки Расули Худо (с) фармудааст:

    «Дар рӯзи қиёмат Худованд бандаи худро ҳозир мекунад ва ба ӯ мегӯяд: «Оё Ман (дар дунё) гӯшу чашм ва молу фар­занд ба ту надодам,ҳайвоноту замини зироатеро дар ихтиё­ри ту қарор надодам? Оё туро ба ҳоли худ нагузоштам, то дар рӯи замин раёсат ва худнамоӣ кунӣ? Оё намедонистӣ, ки ба чунин рӯзе хоҳӣ расид?» Он мард мегӯяд: «Не, намедо­нистам». Худованд ба ӯ мегӯяд: «Имрӯз Ман туро фаромӯш мекунам (мавриди лутфу мағфирати Худ қарор намедиҳам) ҳамон тавре, ки ту дар дунё Маро фаромӯш кардӣ».[11]

    Дар ривояти дигар ин ҷумла низ омадааст: «Оё магар Ман ҳамсаре насиби ту накарда будам?».

    Барои сабуксарӣ ва камақлии шахс чӣ далеле бузургтар ва беҳтар аз ин, ки фарзанди ӯ дар оянда ба ҳадди булуғи комил мерасад, дар пеши чашмаш ошкор ва муҷассам мебо­шад ва ҳамчунин даврони баъд аз булуғаш, ки дар миёни ҷомеа бояд чӣ гуна ва дорои чӣ шахсияте бошад, дар хаё­лаш сурати зиндаи он таҷассум меёбад, аммо бо вуҷуди ин, ӯ намекӯшад, то фарзанди худро чунон тарбияи саҳеҳ ва парвариши хубе намояд, ки битавонад дар оянда фарди фо­зил ва бузургвор гардад.[12]

    Бояд донист, чунин тарбия на бахшиш аст ва на ҳадя, балки ҳаққе аст барои фарзанд бар гардани падару мода­раш ва ин чизе аст, ки Расули Худо (с) бар он таъкид на­муда, мефармояд:

    «Худованд аз ин ҷиҳат эшонро афроди некӯ номидааст, чун онон ба волидайн ва фарзандон некӣ ва муҳаббат варзи­данд, зеро ҳамчунон ки падару модарат бар ту ҳаққе доранд, фарзанд низ бар ту ҳаққе дорад (яъне ҳамчунон, ки падару модар бар фарзандон ҳаққе доранд, фарзандон низ бар эшон ҳаққе доранд)».[13]

    Дар ривояте омадааст:

    «(Дар рӯзи қиёмат) Худованд аз ҳар сарпараст роҷеъ ба афроди зерфармон ва вазифадори ӯ савол мекунад, ки оё ҳаққи ононро риоя намуда ва ё зоеъ гардонидааст? Ҳатто аз мард дар бораи хонаводааш низ савол мекунад».[14]

    Гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзадон" таълифи Муҳаммаднур Сувайд.

    [1]. Ба ривояти Бухорӣ.

    [2]. Ба ривояти Бухорӣ аз Абӯҳурайра (р).

    [3]. Сураи Рум, 30: 30.

    [4]. Сураи Таҳрим, 66: 6.

    [5]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак».

    [6]. «Бӯстону-л-орифин».. – С. 45.

    [7]. Сураи Анкабут, 29: 8.

    [8]. Сураи Таҳрим, 66: 6.

    [9]. Сураи Нисо, 4: 36.

    [10]. Сураи Исро, 17: 31.

    [11]. Ба ривояти Тирмизӣ аз АбӯСаъиди Худрӣ (р) ва Абӯҳурайра (р).

    [12]. Нақл аз «Ассаодату-л-узмо».. – С. 90, (Муҳаммад Хизри Ҳусайн).

    [13]. Ба ривояти Табаронӣ.

    [14]. Ба ривояти Насоӣ ва Ибни Ҳиббон дар Саҳеҳ.

    معلومات المادة باللغة العربية