الوصف
مقالة باللغة الطاجيكية تبين رأي العلماء الأحناف في من يسب الشيخين أبوبكر وعمر - رضي الله عنهما -.
Назари уламои ҳанафӣ оид ба касоне, ки Абӯбакру Умарро дашном медиҳанд
رأي العلماء الأحناف في من يسب الشيخين أبوبكر و عمر رضي الله عنهما
< الطاجيكية >
Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷаби
إعداد: محمد عزيز رجب
Назари уламои ҳанафӣ оид ба касоне, ки Абӯбакру Умарро дашном медиҳанд
Имом Зайниддин Ибни Наҷими Ҳанафӣ дар Баҳрурроиқ, саҳ 136, дар боби Муртаддон, мегӯяд:
Сониян, муртад шудан (аз дин баромадан)-и бо дашноми Шайхон Абӯбакру Умар, (разияллоҳу анҳумо)-ро сареҳан дар Хулоса ва Баззозия гуфтааст (яъне муаллиф), ки агар рофизие Шайхон Абӯбакру Умарро дашном диҳад ва таън занад, кофир аст, аммо агар Алиро аз Абӯбакру Умар беҳтар донад ва дашном надиҳад, пас бидъаткор аст ва бо ӯ сухан гуфта намешавад, то тавба накунад.
الثَّانِيَةُ الرِّدَّةُ بِسَبِّ الشَّيْخَيْنِ أبي بَكْرٍ وَعُمَرَ رضي اللَّهُ عنهما وقد صَرَّحَ في الْخُلَاصَةِ وَالْبَزَّازِيَّةِ بِأَنَّ الرَّافِضِيَّ إذَا سَبَّ الشَّيْخَيْنِ وَطَعَنَ فِيهِمَا كَفَرَ وَإِنْ فَضَّلَ عَلِيًّا عَلَيْهِمَا فَمُبْتَدِعٌ ولم يَتَكَلَّمَا على عَدَمِ قَبُولِ تَوْبَتِهِ
Дар Фатовои Ҳиндия, ки аз тарафи уламои ҳанафии Ҳинд таълиф шудааст, дар боби “Сабабҳои куфр ва навъҳои он мутааллиқ ба имон”, саҳ. 264 омадааст:
Рофизие Шайхон Абӯбакру Умарро дашном диҳад ва лаънат кунад, наузубиллоҳ, пас ӯ кофир аст, аммо агар Али (разияллоҳу анҳу)-ро аз Абӯбакру Умар (разияллоҳу анҳумо) афзал донад, кофир намешавад, аммо ӯ бидъаткор аст.
الرَّافِضِيُّ إذَا كان يَسُبُّ الشَّيْخَيْنِ وَيَلْعَنُهُمَا وَالْعِيَاذُ بِاَللَّهِ فَهُوَ كَافِرٌ وَإِنْ كان يُفَضِّلُ عَلِيًّا كَرَّمَ اللَّهُ تَعَالَى وَجْهَهُ على أبي بَكْرٍ رضي اللَّهُ تَعَالَى عنه لَا يَكُونُ كَافِرًا إلَّا أَنَّهُ مُبْتَدِعٌ
Ҳамчунин ба алфози ба ин монанд дар Дуррулмухтор низ ин қавлҳо омадаанд. Хулоса, уламои мазҳаби ҳанафӣ иҷмоъ бар он доранд, ки дашном ва лаънати Абӯбакру Умар (разияллоҳу анҳумо) куфр аст ва боиси аз ислом хориҷ шудани шахс мешавад, аммо афзал шуморидани Алӣ аз Абӯбакру Умар бидъат аст, ки инро ҳеҷ кас аз саҳобагону тобеъин нагуфтааст.
Абӯюсуф, шогирди Имоми Аъзам гуфтанд: Шаҳодати касеро, ки саҳобагонро дашном медиҳад, қабул намекунам, аммо шаҳодати касеро, ки аз онҳо рӯй гардонд, қабул мекунам, зеро ӯ ба динаш ақида дорад, агарчи дар ботил аст, аммо изҳор накард, аммо касе, ки саҳобагонро дашном медиҳад, фисқашро изҳор кардааст. (Дуррулмухтор, ҷилди 5, саҳ. 27)
Ибни Обидин, олими ҳанафӣ, гуфтанд: Аммо тӯҳмат (қазф) бар Оиша бо иҷмоъ куфр аст ва инкор намудани сӯҳбати Абубакр низ куфр аст, зеро оятро инкор кардааст…аммо дашномдиҳандаи яке аз саҳобагон бо иҷмоъ фосиқ ва бидъаткор мебошад… ақида бар он, ки саҳобагон кофир буданд, бо иҷмоъ куфр аст. Агар касе саҳобагонро дашном диҳад, нигоҳ карда мешавад, ки ягон қаринаи ҳолие аз ин куфриёт бошад, пас кофир аст, аммо агар набошад, пас фосиқ аст ва дар назди уламои мо бояд қатл шавад, то ки фасодаш нигоҳ дошта шавад. (Ҳошияи Раддулмухтор бар Дуррулмухтор, саҳ 162.)