×
New!

Bayan Al Islam Encyclopedia Mobile Application

Get it now!

Ҳаҷ яке аз аркони панҷгонаи дини ислом аст (тоҷикӣ)

Таҳия: Абдураҳмони. А

Description

Мақола дар бораи яке аз рукнҳои дини Ислом, ки он Ҳаҷ аст, бо зикри ҳадисҳои воридшуда дар бораи ҳаҷ ва фазоили он.

Download Book

    Ҳаҷ яке аз аркони панҷгонаи дини ислом аст

    الحج أحد أركان الإسلام الخمسة

    < الطاجيكية : Тоҷикӣ >

    Абдураҳмон. А

    عبد الرحمن. أ

    —™

    Ҳаҷ яке аз аркони панҷгонаи дини ислом аст

    Аллоҳ таъоло дар китоби покаш бандагонашро барои адо кардани ҳаҷҷи фарзи амр намуда мефармояд:

    ﴿وَلِلَّهِ عَلَى ٱلنَّاسِ حِجُّ ٱلۡبَيۡتِ مَنِ ٱسۡتَطَاعَ إِلَيۡهِ سَبِيلٗاۚ ٩٧﴾ [ال عمران: ٩٧]

    “Барои Худо ҳаҷҷи он хона бар касоне, ки қудрати рафтан ба онро дошта бошанд, воҷиб аст”.

    Сураи Оли Имрон: 97

    Чуноне аз ин ояти карима маълум мешавад ин дастур барои ҳама бандагони Худо нест, балки касонеро дарбар мегирад, ки тавонои роҳ рафтан ва расидан то онҷоро дошта бошанд.

    Мақсад аз тавонои дар ояти карима чунин аст: Аз лиҳози моли бояд масорифи рафту баргашт ва истиқомат дар Маккаро дар рӯзҳои ҳаҷ дошта бошад ва инчунин нафақаи фарзандонашро низ бояд дошта бошад, ки то баргашти ӯ гурусна намонанд, инро тавонои аз лиҳози моли мегуянд. Тавонои дар ин оят тавонои ҷисмониро низ дарбар мегирад, ки аз лиҳози дасту по ва дигар аъзои баданаш маъзур набошад. Чун агар дар яке аз аъзои баданаш узр дошта бошад албатта адо кардани ҳаҷ барояш душвор ва мушкил мебошад ва Аллоҳ таъоло ҳеҷ вақт барои бандагонаш сахти ва мушкилотро намехоҳад.

    Инчунин расидан бар хонаи Худо бо амну амон яке аз ҷузиёти тавонои дар ҳаҷ мебошад. Пас агар роҳи расидан бар хонаи Худо ягон хатаре барои ҷон ва сиҳату саломатии инсон дошта бошад албатта дар ин ҳолат ҳаҷ барояш фарз намегардад.

    Ва чизи дигареро ки тавоноии ҳаҷ дарбар мегирад, хос барои зан аст, ки он будани маҳрам барои ӯст. Пас агар зани мусалмон тавонои пулу мол ва баданро дошта бошад, аммо маҳраме надошта бошад ки дар сафар ӯро ҳамроҳи кунад, барояш адо кардани ҳаҷ фарз намегардад, чун сафар кардани зани мусалмон бе маҳрам аз нигоҳи ислом дуруст нест.

    Ин буд баъзе аз ҷузиёте, ки тавонои ҳаҷ дарбаргирандаи он мебошад ва касе, ки тамоми ин тавоноиҳо дар ӯ бошад албатта барояш адо кардани ҳаҷҷи фарзи лозим ва зарур мебошад ва агар аз адо кардани он қасдан даст каши кунад аз ҷониби Аллоҳ таъоло барояш ваъиди сахте аст. Чуноне Аллоҳ таъоло дар охири ояти боло мефармояд:

    ﴿وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٩٧﴾ [ال عمران: ٩٧]

    “Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад, бидонад, ки Худо аз ҷаҳониён бениёз аст”.

    Сураи Оли Имрон: 97

    Маънои оят чунон аст, ки касе мункири фаризаи ҳаҷ бошад ва онро аз аркони ислом надонад дар доираи куфр дохил мешавад, ба хотири он ки яке аз аркони панҷгонаи исломро инкор карда аст. Ва касе, ки ҳаҷҷро ҳамчун фарз ва яке аз аркони ислом бидонад ва бо вуҷуди тавоноияш фарзии онро адо накунад, уламои ислом мегӯянд, ки он шахс гирифтори амали кофирҳо шуда аст ва ин ояти карима барояш таҳдид ва ваъиди сахте мебошад, чун ки дар ин амалаш худро бо кофирон монанд сохта аст.

    Паёмбари Худо (с) дар ҳадиси шарифе мефармояд:

    عن ابن عمر – رضي الله عنهما – أن رسول الله – صلى الله عليه وسلم – قال : "بني الإسلام على خمس: شهادة أن لا إله إلا الله وأن محمدا رسول الله, وإقام الصلاة, وإيتاء الزكاة, وحج البيت, وصوم رمضان" متفق عليه.

    Аз ибни Умар (р.з) ривоят аст ки расули Худо фармуд: “Ислом бар панҷ бино устувор аст: Гувоҳи додан бар ин, ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ таъоло нест ва ин, ки Муҳаммад (с) Расул ва фиристодаи Худост, ва барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи хонаи Худо, руза гирифтани моҳи рамазон”. (Муттафақун алайҳи)

    Ин ҳадиси шариф далил барои он аст, ки ҳаҷҷ яке аз аркони панҷгонаи дини ислом мебошад, ки дар ҳолати тавонои адо кардани он барои инсон ба монанди дигар аркони ислом фарз ва воҷиб мебошад.

    Аллоҳ таъоло адо кардани онро барои бандагони бо қудтараш як маротиба фарз гардонида аст, чуноне дар ҳадиси шарифе, ки онро ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят карда аст Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    عن أبي هريرة – رضي الله عنه – قال: خطبنا رسول الله – صلى الله عليه وسلم – فقال:" يا أيها الناس, قد فرض الله عليكم الحج فحجوا" فقال رجل: أكل عام يا رسول الله؟ فسكت, حتى قالها ثلاثا؟ فقال رسول الله:" ذروني ما تركتكم, فإنما هلك من كان قبلكم بكثرة سؤالهم, واختلافهم على أنبيائهم, فإذا أمرتكم بشيء فأتوا منه ما استطعتم, وإذا نهيتكم عن شيء فدعوه" رواه مسلم.

    Аз Абуҳурайра (р.з) ривоят шуда ки расули Худо (с) барои мо хутба хонда фармуд: “Эй мардум! Ҳамоно Худованд ҳаҷро барои шумо фарз гардонида, пас ҳаҷ кунед”. Марде гуфт: оё ҳар сол эй расули Худо? Паёмбари Худо хомуш шуд, то ин ки он мард се бор саволашро такрор намуд. Расули Худо фармуд: “Агар бале мегуфтам бароятон воҷиб мешуд ва онро анҷом дода наметавонистед”. Сипас фармуд: “Манро дар бораи он чӣ ки аз шумо тарк намудам бигузоред зеро касоне, ки пеш аз шумо буданд ба сабаби саволи бисёр ва ихтилофашон бо Паёмбаронашон ҳалок шуданд, пас ҳаргоҳ шуморо ба чизе амр намудам ончиро, ки метавонед анҷом диҳед ва аз ҳар коре, ки шуморо манъ кардам онро тарк намоед”. (Муслим)

    Аз ин ҳадиси шариф мо чанд нуқтаи муҳимеро мефаҳмем, ки яке аз онҳо чунин аст:

    Якум: Ҳаҷҷро Аллоҳ таъоло барои бандагони бо қудраташ як маротиба фарз гардонида аст, чун агар аз як маротиба зиёд фарз мебуд Паёмбари Худо(с) дар ҷавоби савол диҳанда мегуфт: Бале ҳар сол бароятон фарз аст. Пас вақто ки инсон як маротиба ҳаҷҷи фарзиро адо намуд бояд кушиш кунад фурсатро барои дигар бародаронаш бигузорад ва дигар бародарони мусалмонашро дар адо кардани ин фариза ёрдам намояд. Хусусан дар замони ҳозир ки адади мусалмонони ҷаҳон, ки мехоҳанд ин рукни исломро адо намоянд хеле зиёданд, пас мусалмонон ҳоҷат ба ёрдам ва дастгирии ҳамдигар доранд то ин ки фурсат барои дигарон осон гардад.

    Дуюм: Инчунин ин ҳадис далолат бар он мекунад, ки Паёмбари Худо (с) бисёр ҳарис ва меҳрубону раҳмдил барои умматаш буд, ва ҳамеша кушиш мекард ҳар коре, ки барои умматаш сахти меорад аз души онҳо дур кунад ва барояшон осони биёрад.

    Аллоҳ таъоло дар бораи ҳарис будани Паёмбараш ба умматаш мефармояд:

    قال الله تعالى: "لقد جاءكم رسول من أنفسكم عزيز عليه ما عنتم حريص عليكم بالمؤمنين رؤوف رحيم" التوبة 128.

    “Омад назди шумо расуле аз худи шумо душвор аст бар ӯ ончи ба шумо таклиф бирасад, ҳарис аст бар хайри шумо, ва ба муъминон бениҳоят шафиқ ва меҳрубон аст”.

    Сураи Тавба: 127

    Сеюм: Инчунин аз ин ҳадиси шариф фаҳмида мешавад, ки ҳар кореро Паёмбари Худо (с) мо умматашро ба он амр карда аст бояд бидуни саволи бисёр ва ихтилоф дар атрофи он, онро амал кунем ва аз пайравияш дасткаши накунем. Аллоҳ таъоло низ моро бар ин чиз амр намуда мефармояд:

    ﴿وَمَآ ءَاتَىٰكُمُ ٱلرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَىٰكُمۡ عَنۡهُ فَٱنتَهُواْۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ ٧﴾ [الحشر: ٧]

    “Ва ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод биситонед ва аз ҳар чӣ шуморо манъ кард, парҳез кунед. Ва аз Худо битарсед, ки ҳаройна, Худо сахтуқубат аст!”.

    Сураи Ҳашр: 7

    Ва мо мусалмонон бар чунин ақидаем, ки Паёмбари Худо (с) ҳеҷгоҳ умматашро амр намекунад магар бар ончи, ки дар он хуби ва беҳбуди барои умматаш аст.

    Аллоҳ таъоло ҳаҷро барои бандагонаш фарз гардонид ва ба бандагони адокунандаи ин ибодати бузург савоб ва подоши бузург ваъда дода аст, Ва адо кардани ин фаризаро яке аз бузургтарини аъмол шуморида аст, ки касе онро бо шарту шуруташ адо намояд соҳиби савоб ва подоши бузурге аз ҷониби Аллоҳ таъоло мегардад.

    Паёмбари Худо дар бораи фазилати ин фариза мефармояд:

    عن أبي هريرة – رضي الله عنه – قال: سئل النبي – صلى الله عليه وسلم -, أي العمل أفضل؟ قال: "الإيمان بالله ورسوله" قيل: ثم ماذا؟ قال: "الجهاد في سبيل الله" قيل: ثم ماذا؟ قال: "حج مبرور" متفق عليه.

    Аз Абуҳурайра (р.з) ривоят аст, ки аз Паёмбари Худо (с) пурсида шуд: Кадом амал беҳтар аст? Паёмбари Худо (с) фармуд: Имон овардан ба Худо ва расулаш. Гуфта шуд: Боз кадом амал? Паёмбари Худо (с) фармуд: Ҷиҳод дар роҳи Худо. Гуфта шуд: Боз кадом амал? Паёмбари Худо (с) фармуд: Ҳаҷҷи мабрур". (Муттафақун алайҳи)

    Ҳаҷҷи мабрур ҳаҷҷеро мегӯянд, ки соҳибаш дар ҳангоми анҷом додани амалҳои ҳаҷ гирифтори гуноҳе нашавад. Ва касе, ки ҳаҷҷи фарзиро бо тамоми шарту шуруташ ва бидуни аъмоли ношойста анҷом диҳад, подошаш чунин мебошад:

    عن أبي هريرة – رضي الله عنه - قال: سمعت رسول الله – صلى الله عليه وسلم – يقول: "من حج, فلم يرفث ولم يفسق, رجع كيوم ولدته أمه" متفق عليه.

    Ҳазрати Абуҳурайра (р.з) низ ривоят мекунад ки шунидам Паёмбари Худоро (с), ки мегуфт: “Касе барои Худо ҳаҷ кунад ва дар ҳаҷҷи худ муртакиби ҷимоъ ва фаҳш ва кори баде нагардад, тавре аз ҳаҷ (аз гуноҳ пок шуда) бармегардад, ки ба монанди рӯзе аз модараш таваллуд шудааст”. (Муттафақун алайҳ)

    Маънои ҳадис чунин аст ки: Касе, ки ҳаҷ кунад ва дар ҳангоми анҷом додани аъмоли ҳаҷ забонашро аз суханони беҳуда ва бад нигоҳ дорад, ва ба ягон коре, ки аз ҷумлаи фисқу фуҷур аст даст назанад, Аллоҳ таъоло ӯро аз гуноҳонаш пок месозад ба монанди рӯзе, ки модараш ӯро таваллуд карда буд ва гуноҳе надошт.

    Уламои аҳли ислом дар маънои "рафас ва фисқ" ки дар ин ҳадис омада аст мегӯянд: Калимаи рафас: Исме аст, ки ҳамагуна сухани бад ва ношоистаро дарбар мегирад, ва инчунин маънои "ҷимоъ ё ҳамхобаги бо занро" дарбар мегирад.

    Аммо калимаи "фисқ" ба маънои хориҷ шудан мебошад, ва мақсад аз он дар ин ҳадис даст ба гуноҳ задан ва дур шудан аз тоъати Аллоҳ таъолост.

    Паёмбари Худо дар ҳадиси дигаре дар бораи касе, ки ҳаҷро бо ваҷҳи пурра анҷом медиҳад мефармояд:

    وعنه أن رسول الله – صلى الله عليه وسلم- قال:"العمرة إلى العمرة كفارة لما بينهما, والحج المبرور ليس له جزاء إلا الجنة" متفق عليه.

    Инчунин ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят карда аст ки Паёмбари Худо (с) фармуд: “Умра то умра маҳвкунанда (пок кунанда) аст барои ончи дар миёни онҳост (аз гуноҳ), Ва ҳаҷҷи мақбул мукофоте ҷуз биҳишт надорад”. (Муттафақун алайҳи)

    Аз ин ҳадис мо чанд нуқтаи муҳиммеро мефаҳмем:

    Якум: Ҳаҷ ва умра гуноҳони хурдро аз инсон дур мекунад.

    Дуюм: Ҳаҷҷи мақбул, ки соҳибаш дар он ба кори гуноҳе даст назанад, ҷазояш биҳишт мебошад, ки дохил шудани биҳишт орзуи ҳар як фарди мусалмон дар ин дунёст.

    Сеюм: Ин ҳадис моро тарғиб ба тарки гуноҳ ва суханони беҳуда дар ҳангоми давом додани аъмоли ҳаҷ мекунад. Албатта мусаламон дар ҳамагуна вақту замон бояд худро аз гуноҳ ва суханони бад нигоҳ дорад, аммо дар ҳангоми анҷом додани ин ибодати бузург бояд кушиши зиёд кунад то ин, ки аз он подоши бузурге, ки барои ҳаҷ кунанда ваъда дода шуда аст, бенасиб намонад.

    Дар ҳадиси дигаре Паёмбари Худо (с) ҳаҷҷи мақбулро беҳтар аз ҷиҳод донист. Чуноне, ки ҳазрати Оиша (р.з) ривоят карда аст:

    عن عائشة – رضي الله عنها قالت: قلت يا رسول الله, نرى الجهاد أفضل العمل, أفلا نجاهد؟ فقال: "لكن أفضل الجهاد حج مبرور" رواه البخاري.

    Ҳазрати Ойша (р.з) ривоят мекунад, ки ба расули Худо гуфтам: Мо ҷиҳодро беҳтарини аъмол мебинем, пас оё ҷиҳод накунем? Фармуд: “Лекин беҳтарини ҷиҳод (барои шумо) ҳаҷҷи мақбул аст”. (Бухорӣ)

    Ҳадисҳои зиёде дар бораи фазилати рӯзҳои ҳаҷ ва ҷойҳое, ки дар онҷо маносики ҳаҷ адо карда мешавада омада аст, аз он ҷумла Паёмбари Худо дар ҳадиси шариф мефармояд:

    عن عائشة – رضي الله عنها – أن رسول الله – صلى الله عليه وسلم – قال: "ما من يوم أكثر من أن يعتق الله فيه عبدا من النار من يوم عرفة" رواه مسلم.

    “Ҳеҷ рӯзе нест, ки дар он Худованд бандаро аз ҷаҳаннам озод кунад, беш аз рӯзи Арафа”. (Муслим)

    Рӯзи Арафа ки яке аз рӯзҳо ҳаҷ аст, Ва беҳтарин рӯзест, ки дар он рӯз Аллоҳ таъоло зиёдтар аз дигар рӯзҳо бандагонашро аз оташи ҷаҳаннам озод мекунад, ва инчунин аз ҷумлаи рӯзҳоест, ки дар он Аллоҳ таъоло дуъои бандагонашро иҷобат мекунад.

    Дар охир аз даргоҳи Аллоҳ таъоло талаби дуъо мекунем, ки адо кардани ин ибодати бузургро барои ҳар як фарди мусалмон насиб ва осон бигардонад.

    معلومات المادة باللغة العربية