×

نصيحة لتارك الصلاة (طاجيكي)

إعداد: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

الوصف

مقالة باللغة الطاجيكية، عبارة عن نصيحة مختصرة لتارك الصلاة.

تنزيل الكتاب

    Насиҳате ба тарккунандагони намоз

    نصيحة لتارك الصلاة

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    إعداد: محمد عزيز رجب

    —™

    Насиҳате ба тарккунандагони намоз

    Савол: Саломалекум бародар як суоли мухим, бисер дар рохи шайтон рафтам хич гашта наметонум кушиш мекунум дуруз серуз намоз мехонум боз мепартом намозхонира, як маслихате медодед, илтимос мухимаст.

    Посух: Бародари азиз, дар мавзуъи намоз ва аҳамияти он ва хатари тарки намоз сухани зиёде бароятон намегӯям.

    Балки мухтасар инро бояд бидонед, ки тарки намозро Паёмбарамон (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) куфр мегӯяд.

    (العهد الذي بيننا وبينهم الصلاة؛ فمن تركها فقد كفر)

    «Аҳду паймоне ки байни мо ва онҳост, Намоз аст, Ҳар кас ки онро тарк кунад, пас куфр варзидааст».

    Ҳарчанд ки дар ин мавзуъ аҳли илм ихтилоф карда бошанд ҳам, оё шахси торикус-салот кофир аст ё не.

    Вале ҳамагӣ иттифоқ доранд, ки ин инсон дар хатари азим аст. Ва фосиқу гунаҳкор мебошад.

    Намоз ин сутуни дин аст, ва ҳар гоҳ ин сутун ва асос аз байн биравад, дин аз байн меравад!

    Ҳар касе ки бенамоз аз ин олам меравад, барои ӯ дигар на ҷаноза фоида дорад ва на садақот ва на дуъову истиғфор.

    Зеро инки намоз муҳимтарин аркони дин аст. Ҳар касе ки ба асли дини хеш аҳамият намедиҳад, барои ӯ дигар дуъову истиғфор фоидае намекунад.

    Ва бидонед, ки ислом бидуни тоъату пойбандӣ буда наметавонад. Ислом бар тоъату пойбандӣ ва инқиёду таслим ба амрҳои Аллоҳ барпо ҳаст. Ва ҳар касе ки ба амрҳои Аллоҳ пойбанд набошад, ва дар тоъати Аллоҳ набошад, чӣ тавр мусалмон аст?

    Барои ҳамин ҳам шуморо воҷиб аст, ки тавба кунед, ва аз ин ҳалокат ва хатар худро раҳо кунед.

    Ва Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст.

    معلومات المادة باللغة الأصلية