×
New!

Bayan Al Islam Encyclopedia Mobile Application

Get it now!

Назарияи «Ваҳдатул-вуҷуд»-и Ибни Арабӣ ва ирфону фалсафа (тоҷикӣ)

Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

Description

Ваҳдатул-вуҷуд чист? «Ваҳдатул-вуҷуд» — як назария ва ақидаест, ки пайравонаш ғолибан аз ошкор кардан ва баёни сареҳи он, имтиноъ меварзанд.

Download Book

    Назарияи «Ваҳдатул-вуҷуд»-и Ибни Арабӣ ва ирфону фалсафа

    عقيدة وحدة الوجود الكفرية و زندقة ابن عربي الملحد

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    محمد عزيز رجب

    —™

    Назарияи «Ваҳдатул-вуҷуд»-и Ибни Арабӣ ва ирфону фалсафа

    Муқаддима

    Дар ин мавзӯъ сухан кардан бисёр ҳассос ва мушкил аст, зеро бе далелу бурҳон пайравӣ кардан аз аҷдоду обо ва таъассуб ба одоту русуму муътақадоти онон, равиши аксарият гаштааст. Ва кӯшиш барои ислоҳ ва тағйири ин қолабҳои нодурусти шахшудаи дар азҳон, мутаассифона дар ин рӯзгор ҳамчун хиёнат ва бегонапарастӣ талаққӣ мешавад.

    Гарчанде баёни ин гуна масоил ва матраҳ кардани он барои баъзеҳо нохушоянд бошад ҳам, вазифаи толибилм ва донишмандон аст, ки дар ин мавзуъот ибрози ақида кунад ва норӯшаниҳову ишколотро бо бурҳону далел бартараф созад. Вале одати баде дар ҷомеъа роиҷ шудааст, ки ба пойи нависандагон ва матраҳкунандагони ин гуна масоил садҳо завлонаи дурӯғу бӯҳтонро мебанданд.

    Ва ин равиш (равиши туҳматбандӣ ва муҳрзанӣ)-ро танҳо касоне ба кор мебаранд, ки зуҳури ҳақиқатро таҳаммул надоранд ё пайравӣ аз ҳавову ҳаваси худро аз ифшои ҳақ авлотар медонанд. Вале шахсони ҳақиқатҷӯй ва ҳақиқатгӯй ва ҳақиқатпӯй ҳамвора равиши қуръонӣ доранд, ки «ба сухан гӯш медиҳанд ва аҳсани онро пайравӣ мекунанд»!

    ﴿ٱلَّذِينَ يَسۡتَمِعُونَ ٱلۡقَوۡلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحۡسَنَهُۥٓۚ أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ هَدَىٰهُمُ ٱللَّهُۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمۡ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ ١٨﴾ [الزمر: ١٨]

    «Он касоне, ки ба ҳамаи суханон гӯш фаро медиҳанд, ва аз некӯтарин ва зеботарини онҳо пайравӣ мекунанд. Онҳо касонеанд, ки Аллоҳ ҳидояташон кардааст ва эшон воқеъан ҳам хирадманданд». (Сураи Зумар — 18).

    Дар ин рисола кушиш шуд, ки дар бораи «Ваҳдатул-вуҷуд», сухан кунем. Зеро ки асари инҳирофангези эътиқоди «Ваҳдати вуҷуд» дар ҳама тору пуди адабиёти форсии тоҷикӣ, ба вижа дар ашъори ирфонӣ ба вузуҳ дида мешавад. Ва ин мавзӯъ яке аз умдатарин баҳсҳои ирфонӣ ва фалсафаи ба ном исломӣ қаламдод мешавад.

    Ва аз хонандагоне, ки назари мухолиф доранд, танҳо хоҳишам ин аст, ки ба ин масъала на аз рӯи пешфарзҳо бингаранд, балки бо нигоҳи амиқи илмӣ.

    Ва хидмати хонандаи гиромӣ арз шавад, ки баҳси мо сари назария ва ақидаи «Ваҳдат вуҷуд» ҳаст, на ҳукм бар ашхос ва соҳибони он, зеро ҳукм бар соҳибони ақида баҳсест ҷудогона ва мутафовит.

    1. «Ваҳдатул-вуҷуд» — як назария ва ақидаест, ки пайравонаш ғолибан аз ошкор кардан ва баёни сареҳи он, имтиноъ меварзанд.

    Муътақидони ин назария дар маърази баёни ҳақиқати он ҳеҷ гоҳ возеҳу ошкор ва сароҳатан ин назарияро таъриф накардаанд, балки мегӯянд, ки ин ақида аслан қобили фаҳму маърифат нест, ва гӯё сиррест, ки ҳақиқати онро ҷуз афроди «баҳақрасида» дарк намекунанд.

    Аммо чун ба хилват мераванд, дар ҳалқаи танги пайравони хеш ва дар васати калому ашъорашон ҳақиқати ин ақидаи сарбастаро комилан ҳувайдо мекунанд.

    1) Яке аз тоҷикони мудофеъи ин назария Юнуси Истаравшанӣ чунин мегӯяд:

    «Ин буд, тавзеҳе мухтасар аз “ваҳдати вуҷуд”-е, ки Ибни Арабӣ мӯътақид ба он аст, ки албатта бояд ёдовар шуд, ки ин масъала, масъалае чандон осон ҳам нест, ки бо чанд сатр ва чанд ҷумла битавон онро баён кард, ва асосан, қалам оҷиз аз баёни ин ҳақиқат аст; зеро урафо ин ҳақиқатро аввал бо таҷрубаи шахсӣ ёфта, сипас ба баёни он пардохтаанд ва тасреҳ ҳам кардаанд, ки ин ҳақиқат аслан қобили баён ва тавзеҳ нест, балки танҳо бо таҷрубаи шахсӣ қобили дарк мебошад». (Сайти Кимиёи Саодат)

    2) Муртазо Мутаҳҳарӣ, яке аз донишмандони маъруфи шиъа гуфта: «Ваҳдати вуҷуд меҳвари ҷаҳонбинии ирфонӣ аст. Аслан ваҳдати вуҷуд чист? …Ваҳдати вуҷуд аз он андешаҳое ҳаст, ки камтар касе ба умқи он пай бурдааст ва мебарад. (Инро бояд бидуни таъоруф гуфт). Бисёр бисёр каманд афроде, ки битавонанд тасаввури саҳиҳе аз ваҳдати вуҷуде, ки урафо доранд, дошта бошанд, аз мусташриқин гирифта то ғайримусташриқин».

    (Ирфони Ҳофиз, саҳ. 88-89).

    3) Оятуллоҳ Ҳусайнии Теҳронӣ:

    «Ваҳдати вуҷуд аз бузургтарин ва олитарин ва ғомизтарин ва латифтарин масоили «ҳикмати мутаъолия» аст ва фаҳмиданаш кори осоне нест. Инсон бояд як умр заҳмат бикашад илман ва амалан, оё Худо ба ӯ қисмат кунад, ки асл ва ҳақиқати ваҳдати вуҷудро бифаҳмад ё на?! Ин аз асрор аст…». (Вилояти фақиҳ дар ҳукумати ислом, ҷ. 3 қисмати 3).

    4) Мулло Садро дар «Асфор»:

    هذا من الغوامض الإلهية التي يستصعب ادراكه الاّ على من آتاه اللَّه من لدنه علماً و حكمة

    «Ин (яъне масъалаи ваҳдати вуҷуд) аз ғавомизи илоҳия ҳаст, ки дарки он сахт душвор аст, магар барои касе, ки Худованд илми ладуннӣ ва ҳикмати ладуннӣ ба ӯ дода бошад». (Ал-ҳикматул мутаъолия фил-асфорил арбаъа…, ҷ. 6 фасли 12).

    5) Яке аз боризтарин пайравони мутааххири ин назария, Хумайнӣ дар таълиқоти худ бар шарҳи «Фусусул-ҳикам»-и Ибни Арабӣ мегӯяд:

    وهذا من الأسرار التي لا يمكن افشاء حقيقتها والتصريح بها فالعالم خيال في خيال ووهم في وهم ليس في الدار غيره ديار تأمل تعرف.

    «Ва ин аз ҷумлаи асрорест, ки баёну ифшои ҳақиқати он ва тасриҳи он имкон надорад, пас олам ҳама хаёл дар хаёл ва ваҳм дар ваҳм аст, дар ин диёр (сарои олам) дайёре (мавҷуде) ғайри Ӯ нест, тааммул бикун хоҳӣ донист». (Таълиқот бар шарҳи Фусусул-ҳикам, саҳ. 299)

    6) Сомонаи расмии тариқаи Шозилия дар ин масъала тасриҳ кардааст, ки чунин гуфтор ва эътиқодот бояд пинҳон карда шаванд ва инҳо аз қабили шатаҳот аст, ки баёни он ба ағёр ҷоиз нест:

    قال الشبلي: كنت أنا والحلاج شيئاً واحداً إلا أنه أظهر وكتمت

    «Шиблӣ гӯяд: Ман ва Ҳаллоҷ ҳар ду як чиз будем (ҳам-ақида будем), вале ӯ (ин эътиқоди ваҳдати вуҷудро) ошкор кард ва ман пинҳон доштам». (Шатаҳоти суфия, Абдураҳмони Бадавӣ саҳ. 24).

    http://www.shazellia.com/tasawouf/chosentpc/Shateh.htm

    Шатаҳот — калимоти куфромезест, ки аҳли тасаввуф гӯё дар ҳоли ғалабаи шуҳуди Ҳақ ва бехудиву ваҷд ба забон меронанд.

    7) Ғаззолӣ дар «Эҳёи улуми дин» ва «Мишкотул-анвор» ин эътиқодро аз асрор медонад, ки баён кардани он мушкил аст. Ҳол онки дар васати гуфтораш ҳақиқати ин ақида ошкор баён шудааст. Ва қобили зикр аст, ки дар авохири умр, Ғаззолӣ аз ин гуна эътиқодот даст кашидааст ва қиссаи марги ӯ маъруф аст, ки саҳеҳи Бухорӣ дар дасташ ҷон ба ҷонофораин супурда (раҳмату мағфирати Аллоҳ бар ӯ бод)!

    Ғаззолӣ мегӯяд:

    أسرار هذا العلم لا يجوز أن تسطر في كتاب

    ***

    وراء هذه الحقائق أسرار لا يجوز الخوض فيها

    ***

    ويترقى الحال إلى درجات يضيق عنها نطاق النطق

    «Асрори ин илмро раво нест, ки дар китобе бинависанд».

    «Дар моварои ин ҳақоиқ асрорест, ки дар он таъаммуқ кардан ҷоиз нест».

    «Ва ҳолат ба дараҷаҳои баланде мерасад, ки маҷоле барои нутқ боқӣ намемонад».

    8) Муҳаммад Ротиб Нобулсӣ яке аз донишмандони муъосир, ки дар маҷмӯъ пойбанд бар усули эътиқоди аҳли суннат аст, дар шарҳи қиссаи Мансури Ҳаллоҷ чунин гӯяд:

    … وهذا معنى دقيق جداً لا يفهمه عامة الناس لذلك دفع حياته ثمن هذه الإشراقة

    «Ва масъалаи (ваҳдати вуҷуд)-ро маънои дақиқест, ки оммаи мардум фаҳми онро надоранд, аз ин рӯ (Мансури Ҳаллоҷ) ҷони хешро дар баҳои ин кашфу ишроқ бибохт…».

    2. Пас назарияи «Ваҳдатул-вуҷуд» чист ва чӣ маъно дорад?!

    Дар фасли нахустини ин мақола баён гашт, ки ба эътирофи худи пайравони ин ақида таърифи ин назария имкон надорад ва он гӯё аз розҳои ирфон ва тасаввуф аст. Вале ба ҳар ҳол кӯшидаанд, ки ба қадри имкон онро маънидод кунанд. Намунае чанд аз таърифу шарҳи онро меорем.

    Юнуси Истаравшанӣ кӯшидааст, ки илоҷе кардаву ин назарияро шарҳ диҳад: «Бар пояи назарияи Ибни Арабӣ, вуҷуди ҳақиқӣ, беш аз яке нест, ва он ҳам вуҷуди Худованд аст ва ғайри Худо ҳарчи ҳаст, сирфан таҷаллиёти ҳамон вуҷуди воҳид аст, ки дар воқеъ ҳамагӣ “намуд” ҳастанд, на “буд”.

    Ба баёни дигар, танҳо вуҷуди ҳақиқӣ дар ин олам, Худост ва дигарон вуҷуди ҳақиқӣ надоранд, балки ҳамагӣ мазоҳир ва сояҳое аз вуҷуди Худоянд, бинобар ин, маҷозан ба онҳо вуҷуд мегӯянд». (Сайти Кимиёи Саодат).

    Муртазо Мутаҳҳарӣ, донишманди шиъамазҳаб дар китоби «Ирфони Ҳофиз» се таъриф аз «Ваҳдати вуҷуд»-ро оварда ва дар фарҷом хулоса мекунад, ки ин мавҷудот мисли мазҳарест, ки дар оина дида мешавад ва дар ҳақиқат вуҷуд надорад… (Ирфони Ҳофиз, саҳ. 102).

    Мавлавӣ дар Маснавӣ мегӯяд:

    Мо адамҳоем ҳастиҳо намо,

    Ту вуҷуди мутлақу ҳастии мо.

    Ин буд чанд намунае, аз таъриф ва шарҳи ақидаи «Ваҳдати вуҷуд», ки худи муътақидони ин назария зоҳиран ҳеҷ мухолифате дар он бо шаръу мантиқ намебинанд. Вале дар ин мақола баён хоҳад шуд, ки ин назария чӣ мухолифате бо шаръу мантиқ дорад?!

    3. Асли мухолифати мо бо назарияи «ваҳдати вуҷуд» чист?!

    Баъд аз онки таъриф ва баёне аз худи муътақидони ин назария нақл кардем, бигзарем ба асли матлаб, ки «ваҳдати вуҷуд» чӣ мушкил дорад?!

    Ва таърифи ин назария дар воқеъ чӣ тавр аст!

    Дар тули торих, аксари имомон ва бузургони аҳли суннат ва ҳамчунин фуқаҳои мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат бо ин назария мухолиф будаанд ва ҳукми залолати ин назария ва пайравони онро эълом кардаанд. Вале мутаассифона аз сабаби дастнорасӣ ба китобҳо ва маҳрум мондан аз таҳсили улуми шаръӣ, имрӯз мардум аз ин ҳақиқатҳо ғофиланд ва барояшон мухолифат бо ин назария як амри гушношунидест.

    Ба назари мо ақидаи «Ваҳдатул-вуҷуд», ки меҳвари аслии таълимоти ирфону тасаввуф ва фалсафаи (ба ном) исломӣ мебошад, ҳодиму барбод-диҳандаи тамоми аркони дин аст.

    Инак дар поён далелҳое бар ин даъво:

    1. Ва аввалин нуктаи баҳс ва мухолифати мо бо ин ақида, худи ҳақиқати ин назария мебошад, ки бар се ваҷҳ аст:

    а) Сухан кардан дар зоти Худованди таъоло бо қавоъиди фалсафӣ ва ихтироъи сифоту истилоҳот.

    б) Сояву хаёл ва ваҳму пуч донистани ин олам (ва дар натиҷа инкори вуҷуди ин олам) дар қиболи вуҷуди Аллоҳ таъоло.

    в) Айни ҳамдигар донистани Холиқу махлуқ.

    Мепардозем ба баррасии вуҷуҳи ихтилоф:

    1). Аввалин ваҷҳи ихтилофи мо бо пайравони ваҳдати вуҷуд ин аст, ки онҳо дар зоти Аллоҳ таъоло дар асоси қавоиди фалсафии Арастуву Афлотун сухан карданд ва Худовандро бо истилоҳоти гуногуни фалсафӣ сифат карданд, амсоли Вуҷуди мутлақ, Зоти номаҳдуд, Номутаноҳӣ, Ваҳдат дар касрату касрат дар ваҳдат, ва ғайраҳо ки дар мақолаи алоҳида (ба унвони «Шинохти Худованд дар партави ваҳйи илоҳӣ, на фалсафаву калом») ба он бармегардем иншоаллоҳ.

    2). Дуввум ваҷҳи ихтилоф он аст, ки назарияи ваҳдати вуҷуд, ин ҳама мавҷудотро хаёлу ваҳм медонад ва ба маънои дигар ҳақиқати вуҷуди ин махлуқотро инкор мекунад. Ва ин гуна назар ба махлуқот (яъне маҷозу хаёл донистани онҳо) мухолифи ваҳй ва ақлу мантиқ аст.

    Мухолифи ваҳй (яъне Қуръону Суннат) буданаш дар он аст, ки ваҳйи илоҳӣ дуто ҳастиро исбот кардааст, ки ҳастии Холиқ ва ҳастии Махлуқ мебошад. Ва тамоми таъолими шариъат низ барои ҳамин мавҷуд (яъне махлуқ) равона шудааст, ки вуҷуди ҳақиқӣ дорад, ва илло ин ҳама фиристодани Паёмбарон ва нозил кардани Китобҳо ва барпо кардани бозори Қиёмат ва Ҳисобу Ҷазо маъное надорад.

    Ва ҳеҷ имоме аз аиммаи муслимин чунин бардоште аз ислом накардааст, ки вуҷуди махлуқ ваҳм асту хаёл, ба ҷуз аз пайравони Ибни Арабӣ, ки дину эътиқоди худро аз Арастуву Афлотун гирифтанд…

    Ва ин ваҳму хаёл ва маҷоз донистани махлуқот мунҷар ба он мешавад, ки аслан маънои бандагӣ ва убудият аз байн меравад ва ҳаққу ботил вуҷуд надорад ва ҳама чиз як чиз аст, (ки Ибни Арабӣ дар ниҳоят ошкор ҳам инро мегӯяд).

    3). Ва саввумин ваҷҳи ихтилофи мо бо назарияи «Ваҳдати вуҷуд» он аст, ки ин назария Холиқу махлуқро айни ҳамдигар ва як чиз медонад. Ва ин нукта (яъне ҳама чизро якӣ донистан) асли ин назария мебошад, ки тамоми инҳирофоти боқимонда, ҳама аз осори ин асл мебошанд.

    Ва ба назари аҳли илм куфру зандақае болотар аз ин вуҷуд надорад, ки ҳатто яҳуду насоро ба ин намуди куфр даст наёзидаанд.

    Албатта асҳоби мутааххири ин назария аз ошкор кардани ин куфру зандақа меҳаросанд, ва ба ҳар роҳе ин ҳақиқатро пинҳон медоранд, вале чӣ тавре, ки Алӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) дар Наҳҷул-Балоға гуфтааст:

    ما أضمر أحد شيئاً إلا ظهر في فلتات لسانه وصفحات وجهه

    «Ҳеҷ касе, чизеро пинҳон накард, магар инки дар фалатоти забонаш ва сафаҳоти чеҳрааш намудор мешавад».(Наҳҷул-балоға, ҷ. 2 саҳ. 148).

    Орифон (мутасаввифа) ба мардум мегӯянд, ки мо «Ваҳдати вуҷуд» мегӯем (яъне таҷаллиёт ва зуҳури зот), ва мардумро бо ин ибора мефиребанд: «Касрат дар айни ваҳдат ва ваҳдат дар айни касрат», мисли насоро, ки мегӯянд: «Се дар як ва як дар се»!

    Вале дар маҷолиси хосси худ «Ваҳдати мавҷудро» бо тариқаи Мансури Ҳаллоҷ ба забон меоранд, ки «Ман Худо ҳастам»! Ва инро аз маротиби баландтарини ирфон медонанд… (Қудватул фуқаҳо вал урафо, Тақии Мусавӣ, саҳ. 235).

    Инак дар ин фасли мақола он суханони Ибни Арабӣ ва дигар аз пайравони ин назарияро меорем, ки сароҳатан Холиқу Махлуқро айни ҳамдигар ва як чиз медонанд (Поку муназзаҳ аст Аллоҳ аз ин куфру зандақа).

    1) Ибни Арабӣ гӯяд:

    فما وصفناه بوصف الاّ کنّا نحن ذلک الوصف، فوجودنا وجوده، ونحن مفتقر إلیه من حیث وجودنا، وهو مفتقر إلینا من حیث ظهوره لنفسه

    «Мо ҳар чизе, ки дар бораи Ӯ бигӯем, дар ҳақиқат худро васф кардаем ва дар бораи худ гуфтаем, зеро ҳастии мо ҳастии Ӯст. Мо барои ҳаст шудан ба Ӯ мӯҳтоҷем ва Ӯ барои зоҳир шуданаш ба мо ифтиқор дорад ва муҳтоҷ аст».(Фусусул-ҳикам, саҳ. 164).

    Дар инҷо аз назари Ибни Арабӣ, Худову халқ як чизанд ва ба ҳам ниёз доранд, зеро сурати як ҳақиқатанд, пас махлуқот ҷуз асмо ва сифоти Ҳақ чизи дигаре нестанд.

    2) Ибни Арабӣ дар ҷойи дигар бо сароҳат мегӯяд:

    فهذا الفرق بين حيرة أهل الله و حيرة أهل النظر فصاحب العقل ينشد:

    و في كل شي‏ء له آية

    تدل على أنه واحد

    و صاحب التجلي ينشد قولنا في ذلك:

    و في كل شي‏ء له آية

    تدل على أنه عينه‏

    فما في الوجود إلا الله و لا يعرف الله إلا الله و من هذه الحقيقة قال من قال أنا الله كأبي يزيد وسبحاني كغيره من رجال الله المتقدمين…

    «Фарқ миёни ҳайрати «Аҳлул-лоҳ» ва «аҳли назар» ин аст, ки соҳиби ақл мегӯяд:

    Дар ҳама чиз Ӯро нишонаест,

    Ки далел аст бар онки Ӯ ягона аст.

    ***

    Вале соҳиби таҷаллӣ ин қавли моро месарояд:

    Дар ҳама чиз Ӯро нишонаест,

    Далолат мекунад, ки он айни Ӯст.

    ***

    Пас дар дори вуҷуд ҷуз Худованд чизе нест ва Худовандро ҷуз худаш касеву чизе намешиносад. Пас дар асоси ҳамин ҳақиқат аст, ки шахсе «Ман Аллоҳ ҳастам» мегӯяд, мисли Боязид ва ё ки мегӯяд «Субҳонӣ (мо аъзама шаънӣ)», мисли дигар аз мутақаддимин».

    (Футуҳоти маккия, ҷ.1 саҳ. 272, боби 50).

    3) Ва билохира дар ҷойи дигари Футуҳот боз ҳам сариҳтар эълон кардааст, ки Худованд айни ашё ҳаст:

    فسبحان من اظهر الأشیاء و هو عینها

    «Поку муназзаҳ ҳаст, оне ки ашёро зоҳир кард ва Ӯ айни он ашё ҳаст». (Футуҳоти маккия, ҷ. 2 саҳ. 459)

    4) Маҳмуди Шабистарӣ яке аз урафои қарни ҳаштум низ сурудааст:

    «Ҷаноби ҳазрати Ҳақро «дуӣ» нест,

    Дар он ҳазрат ману мову туӣ нест.

    Ману мову туву ӯ ҳаст як чиз,

    Ки дар «ваҳдат» набошад ҳеҷ тамйиз.

    Шавад бо ваҷҳ боқӣ, ғайр ҳолик,

    Яке гардад сулуку сайру солик».

    (Маҳмуди Шабистарӣ, Гулшани Роз).

    5) Хумайнӣ дар таълиқоти худ бар шарҳи «Фусусул-ҳикам»-и Ибни Арабӣ мегӯяд:

    وهذا من الأسرار التي لا يمكن افشاء حقيقتها والتصريح بها فالعالم خيال في خيال ووهم في وهم ليس في الدار غيره ديار تأمل تعرف.

    «Ва ин аз ҷумлаи асрорест, ки баёну ифшои ҳақиқати он ва тасриҳи он имкон надорад, пас олам ҳама хаёл дар хаёл ва ваҳм дар ваҳм аст, дар ин диёр (сарои олам) дайёре (мавҷуде) ғайри Ӯ нест, тааммул бикун хоҳӣ донист». (Таълиқот бар шарҳи Фусусул-ҳикам, саҳ. 299)

    Хумайнӣ дар ҷойи дигар дар тафсири сураи Ҳамд ҳама махлуқотро мисли амвоҷи баҳр медонад, ки дар асл ҳамон баҳр мебошанд:

    «Аслан ба ҳасби воқеъ, ғайри Ҳақ таъоло чизе нест. Ҳарчӣ ҳаст Ӯст, ҷилва ҳам ҷилваи Ӯст… Наметавонем як мисоли мунтабиқ пайдо бикунем, шояд наздиктар аз ҳама мисолҳо мавҷи дарё бошад, мавҷ нисбат ба дарё. Мавҷ аз дарё хориҷ нест. Мавҷ дарёст…

    Ин мавҷҳое, ки ҳосил мешавад, тасаввур мекунем, кааннаҳу ба назари мо меояд, ки дарёву мавҷ ду чизанд, дар ҳоле ки ғайри дарё чизе нест, мавҷи дарё ҳамон дарёст. Олам як мавҷе ҳаст.

    Албатта мисол боз ҳам ҳамон тавр аст, ки қоил гуфтааст, ки: «Хок бар фарқи ману тамсили ман», мисол надорад».(Дуруси тафсири сураи Ҳамд, ҷаласаи чаҳорум).

    6) Мулло Садро, ки аз бузургони асҳоби ин назария баъд аз Ибни Арабӣ мебошад ва китоби «Ҳикмати мутаъолия дар асфори арбаъа»-и худро дар ин мавзӯъ нигоштааст, ки меҳвари аслии баҳсаш ҳам «Ваҳдати вуҷуд» аст, мегӯяд:

    فكذلك‌ هداني‌ ربّي‌ بالبرهان‌ النّير العرشي‌ الي‌ صراط‌ مستقيم‌ من‌ كون‌ الموجود و الوجود منحصراً في‌ حقيقة‌ واحدة‌ شخصية‌ لا شريك‌ له‌ في‌ الموجودية‌ الحقيقية‌ و لا ثاني‌ له‌ في‌ العين‌، و ليس‌ في‌ دار الوجود غيره‌ ديّار، و كلّما يترا آي‌ في‌ عالم‌ الوجود إنّه‌ غير الواجب‌ المعبود فانّما هو من‌ ظهورات‌ ذاته‌ و تجليات‌ صفاته‌ الّتي‌ هي‌ في‌ الحقيقة‌ عين‌ ذاته‌

    «…Ҳамон гуна, парвардигорам бо бурҳони тобноки аршӣ ба роҳи мустақим ҳидоятам намуд ва он (яъне ҳидоят) инки «Мавҷуд» ва «Вуҷуд» мунҳасир дар ҳақиқати воҳиди шахсӣ ҳаст, ки ҳеҷ шарике барои Ӯ дар мавҷудияти ҳақиқӣ ва ҳеҷ дуввумӣ барои Ӯ дар хориҷ нест ва дар ҷаҳони ҳастӣ ғайри Ӯ касе нест. Ва ҳарчӣ дар ҷаҳон ҳастӣ ба назар меояд, ки ғайри «Воҷиби Маъбуд (яъне Худованд)» аст, чизе нест ҷуз партаве аз зуҳуроти зоти Ӯ ва таҷаллиёти сифоти Ӯ, ки онҳам дар воқеъ айни зоти Ӯст». (Асфори арбаъа, ҷ.2 саҳ. 291-292).

    http://www.mullasadra.org/new_site/persian/Paper%20Bank/hekmat%20motaliyeh/A.shirvani.htm

    Ва ин китоби «Асфор» яке аз кутуби аслӣ дар ҳавзаҳои илмии Эрон мебошад, ки бар асоси он, фанни ирфону фалсафа тадрис мешавад…

    7) Дар «Ваҳдати вуҷуд» кор ба ҷойе мерасад, ки дар ниҳоят ҳама мисли Ҳаллоҷ даъвои улуҳийят хоҳанд кард. Маноқибул-Орифин нақл мекунад:

    «Як бор Мавлавӣ ба ходими худ (шайх Муҳаммад) гуфт: Фалон корро ба итмом бирасон. Шайх Муҳаммад дар ҷавоб гуфт: Ин-шоаллоҳ!

    Мавлоно бонг барвай зад, ки: Эй аблаҳ! Пас гӯянда кист?». (Мавлоно Ҷалолуддин саҳ. 312).

    Дар мавриди дигар Шамс муддаъӣ мешавад, ки фармудаҳои ӯ айни ҳаққ аст ва ниёз ба бурҳону далел надорад ва касонеро, ки аз вай дархости далел кардаанд мавриди сарзаниш қарор медиҳад:

    «…مرا نمي شناسند در اين عالم. پس كه را مي پرستند؟! مرا گويي برهان بنما. از من برهان خواهند!از برهان حق خواهند، اما از حق برهان نخواهند!»

    «Маро намешиносанд дар ин олам. Пас киро мепарастанд?!

    Маро гӯӣ бурҳон бинмо. Аз ман бурҳон хоҳанд!

    Аз бурҳон ҳақ хоҳанд, аммо аз ҳаққ бурҳон нахоҳанд!».(Мавлоно Ҷалолуддин саҳ. 109).

    8) Ва аз ин ҳам шаниътар ва бадтар гуфтори Шамс аст дар васфи Мавлоно, ки тамомии сифатҳои илоҳиро ба Мавлоно нисбат медиҳад:

    «اگر از تو پرسند مولانا را چون شناختي؟

    بگو از قولش مي پرسي: اِنَّما اَمْرُهُ اِذا اَرادَ شَيْئاً اَنْ يَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ…

    اگر از صفتش مي پرسي: قٌلْ هُوَ اللهُ اَحَدٌ،…

    و اگر از نامش مي پرسي: هُوَ اللهُ الَّذي لا اِلهَ اِلّا هُوَ…

    و اگر از ذاتش مي پرسي: لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْئٌ…»

    «Агар аз ту пурсанд Мавлоноро чун шинохтӣ?

    Бигӯ, аз қавлу суханаш мепурсӣ: Чун амреро ирода кунад, мегӯяд бишав, пас мешавад…

    Агар аз сифаташ мепурсӣ: Бигӯ: Ӯ Аллоҳи ягона аст…

    Агар аз номаш мепурсӣ: Ӯст Аллоҳе, ки нест маъбуде ҷуз Ӯ…

    Агар аз зоташ мепурсӣ: Нест монанди Ӯ чизе…».(Мақолоти Шамс, саҳ. 203 ва дар нусхаи Интишороти Хоразмӣ, соли 1377, саҳ. 789).

    9) Иқтибоси дигареро ҳам аз китоби Ибни Арабӣ меорем, ки дар қуллаи илҳод ва имонситезӣ мебошад, ки аз хондани он қалби инсони муваҳҳидро даҳшате фаро мегирад, ки чӣ тавр инсоне ба ин ҳадд гумроҳ мешавад, ва низ дар ҳайрат меафтад, ки бо чӣ далеле соҳиби чунин ақида ва суханонро имрӯз Имоми Акбар мегӯянд?!

    Ибни Арабӣ дар китоби «Фусусул-ҳикам»гуфтааст:

    فإذا شاهد الرجل الحقّ في المرأة كان شهوده في منفعل، و إذا شاهده في نفسه- من حيث ظهور المرأة عنه- شاهده في فاعل و إذا شاهده من [في‏] نفسه من غير استحضار صورة ما تكوّن عنه كان شهوده في منفعل عن الحقّ بلا واسطة.

    فشهوده للحقّ في المرأة أتمّ و أكمل، لأنّه يشاهد الحقّ من حيث هو فاعل و منفعل، و من نفسه من حيث هو منفعل خاصة.

    «Пас чун раҷул (яъне мард) Ҳақро дар маръа (яъне зан) мушоҳида кард, шуҳуд дар мунфаъил кардааст (мурод аз мунфаъил зан аст, ки аз мард мунфаъил мешавад, яъне маҳалли феъли мард аст). Ва чун мард Ҳақро дар нафси худ мушоҳада кунад – аз ҷиҳати зуҳури маръа аз ӯ (яъне мард) -, пас Ҳақро дар фоъил (яъне мард) мушоҳада кардааст…

    Пас шуҳуди мард Ҳақ таъолоро дар зан (яъне дар ҳини мувоқаъа) атамм ва акмал аст. Зеро мард Ҳақро дар зан мушоҳада мекунад аз он ҷиҳат, ки Ҳақ фоъил ва мунфаъил аст».

    Соҳиби «Мумиддул-ҳимам», яъне Ҳасан Ҳасанзодаи Омилӣ дар шарҳи ин ибораи Ибни Арабӣ мегӯяд:

    «Ин сухани шайх мисли дигар матолиби ин китоб, мубтанӣ бар ваҳдати шахсияи вуҷуди манзур дар мазоҳир ва мароёст. Худост, ки дорад худоӣ мекунад…».

    Дар идома Ибни Арабӣ мегӯяд:

    فلهذا أحبّ- ص- النساء لكمال شهود الحقّ فيهنّ، إذ لا يشاهد الحقّ مجردا عن المواد أبدا، فإن الله بالذات غني عن العالمين فإذا كان الأمر من هذا الوجه ممتنعا، و لم تكن الشهادة إلّا في مادة، فشهود الحقّ في النساء أعظم الشهود و أكمله

    «Пас, аз ин ҷиҳат Расулуллоҳ муҳибби нисо (хонумҳо) буд, ки камоли шуҳуди Ҳақ дар нисо аст. Чунки Ҳақ таъоло ҳеҷ гоҳ муҷаррад аз мавод (ҷамъи модда) мушоҳада намешавад, зеро Ҳақ таъоло ба ҳасби зот ғанӣ аз оламиён аст. Инак чун амр аз ин ваҷҳ мумтаниъ аст ва шуҳуд имкон надорад магар дар модда, пас шуҳуди Ҳақ дар хонумҳо (дар ҳоли мувоқаъа) азимтарин шуҳуд ва акмали он аст».

    (Мумиддул-ҳимам дар шарҳи Фусусил-ҳикам. Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ, нашриёти «Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ»-Теҳрон, саҳ. 609).

    http://islamicdoc.org/Multimedia/fbook/1281/index.htm

    Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ!

    Ин аст натиҷа ва интиҳои назарияи «Ваҳдати вуҷуд»-и Ибни Арабӣ, ки бадтарин бадзабониро нисбати Аллоҳ таъоло раво мебинад ва бадтар аз ин ҳам он аст, ки чунин суханҳои илҳодии ӯ шарҳу тавзеҳ додашуда ва чопу нашр карда мешавад!

    10) Шарҳи машҳуртарин ва мақбултарини «Фусусул-ҳикам», шарҳи Қайсарӣ мебошад, ки назди ҳама аз урафо ва фалосифа машҳур аст. Онҷо омадааст, ки:

    إنها [الذات الالهية] هي الظاهر بصور الحمار والحيوان.

    ***

    إن لكل شي‏ء، جماداً كان أو حيواناً، حياة وعلماً ونطقاً وإرادة، وغيرها مما يلزم الذات الالهية، لأنها هي الظاهرة بصور الجماد والحيوان

    «Он (яъне зоти илоҳӣ) зоҳир мешавад дар сурати ҳимор (улоғ) ва ҳайвонҳо…».

    ***

    «Ҳама чизҳо, хоҳ ҷамодот бошад ва хоҳ ҳайвонот, дорои ҳаёт, илму нутқ ва ирода ва ғайра аз лавозими зоти илоҳӣ мебошад. Зеро ки он (яъне зоти илоҳӣ) ҳаст, ки дар сурати ҷамодот ва ҳайвонот зоҳир шудааст».

    (Шарҳи Қайсарӣ бар Фусусул-ҳикам, саҳ. 252 ва дар нусхаи дигар саҳ. 726).

    Поку муназзаҳ ҳаст Аллоҳ аз ончӣ, ки ин мулҳидон ба Ӯ нисбат додаанд!

    سبحان ربك رب العزة عما يصفون

    Ин буд қатрае аз баҳри суханони асҳоби «Ваҳдати вуҷуд», ки дар ниҳоят ба бадтарин шева Худовандро сифат мекунанд ва Худованди таъоло аз ин васфу ташбеҳи онҳо поку муназзаҳ аст. «Ва мо қадарул-лоҳа ҳаққа қадриҳи…»!

    4. Хулосаи матлаби ин мақола.

    Дар ин мақола танҳо як нукта баррасӣ карда шуд ва онҳам танҳо маънои «Ваҳдати вуҷуд» ва ҳақиқати он дар назди мутасаввифа ва урафо. Ин назарияи «Ваҳдати вуҷуд» асли ҷаҳонбинӣ ва таълимоти ирфон ва тасаввуф аст ва тамоми эътиқодот ва истилоҳоти боқимонда аз шохаҳои ин назария баромадааст. Ва агар ҳақиқати ин назария дарк карда шавад ва куфру илҳод будани ошкор гардад, пас чӣ будани боқимонда аз таъолими ин ирфони музайяф маълуму возеҳ аст ва фаҳми бутлони он низ саҳлу осон аст!

    Ва чӣ тавре, ки дар оғози баҳсамон баён кардем, ин назарияи «Ваҳдати вуҷуд» барбод-диҳандаи тамоми аркони дин мебошад ва куфру илҳодаш аз куфри яҳуд ва насоро низ бадтар аст. Зеро ки дар ниҳоят, ин ақида байни Холиқ ва махлуқ фарқе намегузорад, ва балки ҳардуро як чиз медонад! Ва махлуқ ҳам мисли Мансури Ҳаллоҷ фарёд хоҳад зад, ки Худо ҳаст (Анал-Ҳақ).

    Ва тибқи ақидаи «Ваҳдати вуҷуд», Худованди таъоло бо махлуқоти худ, мисли дарёест бо мавҷҳои худ, ки дар воқеъ як чизанд, яъне дарё…

    Зоти муқаддаси Аллоҳ таъолоро бо зоти ин махлуқи пурайбу пур аз нуқсон яке медонанд ва дар ниҳоят Худвандро дар сурати ҳайвонот зоҳиршуда мепиндоранд. (Ъиёзан биллоҳ!)

    Оё куфре бузургтар аз ин аст?!

    Агар ин сухан куфр набошад, пас куфр чист?!

    Магар ҳамин назария нест, ки ҳатто бутро низ Худо медонанд ва ибодати бутро айни ибодати Аллоҳ таъоло гуфтаанд?!

    Чу куфру дин бувад, қоим ба ҳастӣ,

    Шавад тавҳид айни бутпарастӣ

    Чу ашё ҳаст ҳастиро мазоҳир,

    Аз он ҷумла яке бут бошад охир

    Мусалмон гар бидонистӣ, ки бут чист,

    Бидонистӣ, ки дин дар бутпарастист!

    (Маҳмуди Шабистарӣ, Гулшани Роз).

    http://ganjoor.net/shabestari/golshaneraz/sh59/

    Албатта мо дар ин мақола нуктаҳои дигари баҳсро дар инҳирофи ин назария баён накардаем ва аз сабаби тулонӣ нагаштани ин мақола онро барои мақолаҳои дигар гузоштаем, ки бо унвони «Назарияи «Ваҳдатул-вуҷуд» чӣ осор ва натоиҷе дорад?!», пешкаши хонандагон хоҳад гашт биизниллоҳ…

    معلومات المادة باللغة العربية