×

Осонгири ва тасомуҳ дар дини ислом (тоҷикӣ)

Таҳия: Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумед

Description

Дини ислом дар воқеъ сарчашмаи рухсат ва осонгири аст, Ва осонгири яке аз ҳадафҳои он ба шумор меравад, инчунин осони ва тасомуҳ дар ҳама аҳкоми дини Ислом, дар усулу фуруъ ва ақидаву ахлоқ ва ғайра, дида мешавад.

Download Book

Тарҷумаҳои дигар 2

    Осонгири ва тасомуҳ дар дини ислом

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайид

    Таҳия: Абдусаттори Ҳақназарзода

    2014 - 1436

    التسامح في الإسلام

    «باللغة الطاجيكية»

    صالح بن عبد الله بن حميد

    إعداد: عبد الستار حقنظرزاده

    2014 - 1436

    Осонгири ва тасомуҳ дар дини ислом

    Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

    Дини ислом охирин пайғоми осмони аст, ки Худованд онро барои ҳама мардум дар ҳама гушаи олам, барои зану мард, қудратманду нотавон, бой ва камбағал, донову нодон ва солиму бемор фиристода аст. Ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба тавре нозил кард, ки фаҳмидан ва таълими он барои ҳама муяссар мебошад, ва амал кардан ба қонунҳои он осон мебошад. Ва низ дини ислом ҳама мардумро дар худ ҷой медиҳад, ва ҳар инсони мукаллаф метавонад дастури онро анҷом диҳад.

    Дини ислом дар воқеъ мабдаъи рухсат ва осонгири аст, осонгири ва табиъати мулоим ва нарм дорад. Ва дини ислом ҳамеша дар пайи он аст, ки мушкили ва сахтиро аз мардум бардорад.

    Осонгири яке аз ҳадафҳои ин дин ба шумор меравад ва яке аз вижагиҳои умумии он аст, чи дар ҳукмҳои ақидави, ахлоқи ва муъомалот, ва чи дар масоили усул ва фуруъи дин.

    Парвардигори мо бо лутфу марҳамати хеш бандагонашро ба корҳое ки дар он мушкили ва нороҳатии зиёд вуҷуд дорад мукаллаф нанамуда ва ҳеҷвақт нахоста, ки мардумро дар тангно қарор диҳад ва дини худро ба мақсади меҳру муҳаббат ва осонгири нозил карда аст.

    Шариъати Худованд дар тавҳид ва яктопарасти, дорои тавҳиди ҳазрати Иброҳим мебошад ва дар амал дорои вижаги гузашт ва чашмпуши аст.

    Худованди бузург мефармояд:

    ﴿يُرِيدُ ٱللَّهُ بِكُمُ ٱلۡيُسۡرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ ٱلۡعُسۡرَ ١٨٥﴾ [البقرة: ١٨٥]

    “Аллоҳ таъоло барои шумо осони мехоҳад ва барои шумо душвори намехоҳад”.

    Сураи Бақара 85

    Ва инчунин мефармояд:

    ﴿يُرِيدُ ٱللَّهُ أَن يُخَفِّفَ عَنكُمۡۚ وَخُلِقَ ٱلۡإِنسَٰنُ ضَعِيفٗا ٢٨﴾ [النساء : ٢٨]

    “Худованд мехоҳад "Бо гузоштани ҳукмҳои осон ва сода" корро бар шумо осон кунад ва инсон заъиф офарида шудааст”.

    Сураи Нисо 28

    Ва дар сураи Ҳаҷ мефармояд:

    ﴿هُوَ ٱجۡتَبَىٰكُمۡ وَمَا جَعَلَ عَلَيۡكُمۡ فِي ٱلدِّينِ مِنۡ حَرَجٖۚ مِّلَّةَ أَبِيكُمۡ إِبۡرَٰهِيمَۚ هُوَ سَمَّىٰكُمُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ ٧٨﴾ [الحج : ٧٨]

    “Худованд шуморо ихтиёр карда аст, ва дар дин корҳои душвор ва сангинро бар души шумо нагузошта аст "балки таколиф ва вазифаҳое бароятон дастур дода аст, ки бо фитрати солим баробар ва бо тавоноии инсон созгор бошад" ин ҳамон дини падаратон Иброҳим аст. Худованд шуморо қаблан "дар китобҳои пешин" мусалмон номида аст”.

    Сураи Ҳаҷ 78

    Ҳукмҳои шариъат гузашт ва осонгири ва дури ҷустан аз таколифи сахт ва машаққатоварро дар нафси мусалмон ҷой мегузорад ва вобастагии маҳкаме ба раҳмат, бахшоиш ва мағфирати Парвардигор дорад.

    Худованд дар сураи Талоқ мефармояд:

    ﴿لَا يُكَلِّفُ ٱللَّهُ نَفۡسًا إِلَّا مَآ ءَاتَىٰهَاۚ سَيَجۡعَلُ ٱللَّهُ بَعۡدَ عُسۡرٖ يُسۡرٗا ٧﴾ [الطلاق : ٧]

    “Аллоҳ таъоло ҳеҷкаси шуморо ҷуз ба он андозае ки ба ӯ дода аст мукаллаф намесозад, Худованд баъд аз сахти ва нохуши гушоиш ва хуширо пеш меорад”.

    Сураи Талоқ 7

    Юср яъне: Ҳар коре ки нафсро ба заҳмат ва сахти наяндозад ва ба ҷисми инсон фишор наёрад.

    Ъуср яъне: Ҳар коре ки нафсро ба заҳмат ва сахти биандозад ва ба ҷисми инсон фишор биёрад ва зарар расонад.

    Паёмбари Худо дар ҳадиси саҳиҳ мефармояд:

    "إن هذا الدين يسر, فأوغلوا فيه برفق". ( أحمد)

    “Ҳамоно ин дин бар осонгири поя рези шуда аст, пас бо меҳрубони ва ороми дар он дохил шавед”[1]

    Инчунин аз Миҳҷан ибни Адраъ ривоят шуда аст, ки Паёмбари Худо фармуд:

    "إن خير دينكم أيسره, إن خير دينكم أيسره, إن خير دينكم أيسره", و في لفظ "إنكم أمة أريد بكم اليسر" ( أحمد 5/35, البخاري في أدب المفرد 341), ( أحمد 2/35)

    “Беҳтарин дини шумо дини касе аст ки онро осон бигирад) се маротиба такрор карданд ва дар лафзи дигар омада аст: (Шумо уммате ҳастед ки осонгири аз шумо хоста шуда аст).

    Аҳмад 2/35[2]

    Ва ин намунае аст аз мазоҳири осонгири ва тасомуҳ ки дар Қуръон ва ҳатто дар шахсияти худи Паёмбари Худо дида мешуд ва дар усулу фуруъи дин зоҳир мебошад.

    Худованд Қуръонро ба гунае нозил кард, ки хондани он осон, ва фаҳмишаш муяссар, ва тадаббур ва тааммул кардан дар онро барои ҳар касе осон намуд.

    Чуноне ки Худованд мефармояд:

    ﴿وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا ٱلۡقُرۡءَانَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ ٣٢﴾ [القمر: ٣٢]

    “Мо Қуръонро осон сохтаем, оё панд пазиранда ва ибратгирандае ҳаст”.

    Сураи Қамар 40

    Ва дар сураи Марям мефармояд:

    ﴿فَإِنَّمَا يَسَّرۡنَٰهُ بِلِسَانِكَ لِتُبَشِّرَ بِهِ ٱلۡمُتَّقِينَ وَتُنذِرَ بِهِۦ قَوۡمٗا لُّدّٗا ٩٧﴾ [مريم: ٩٧]

    “Мо Қуръонро ба забони ту сода ва осон фароҳам овардаем то ба василаи он парҳезгоронро мужда диҳи ва мардумони сарсахтро бо он битарсони”.

    Сураи Марям 97

    Қуръони карим ба тавре нозил шуда аст, ки ҳифзи он осон аст, ҳар ақле онро мепазирад ва дилҳоро ором мекунад, инсон аз гуш додан бар он лаззат мебарад ва ҳеҷгуна малолатовар нест, агар чи дар он асрори бузурге аст, ки танҳо олимон ва касоне ки аҳли зикр ҳастанд метавонанд ба он даст пайдо кунанд.

    Ва Худованд ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ба унвони раҳмати ҳарду олам фиристода аст, ӯ нисбат ба имондорон меҳрубон аст, Ва чизе ки ононро дар тангно қарор диҳад ва ё машаққате ба пеш биёрад бар ӯ сахт ва гарон меояд, бори вазнини ононро мебардорад ва банду занҷире ки бар онон буд, боз мекунад, паёмбари Худо чунин мефармояд:

    "إن الله لم يبعثني معنتا و لا متعنتا و لكن بعثني معلما و ميسرا" (رواه مسلم في باب الطلاق)

    “Худованд манро нафиристода, ки бар худ сахтгири намоям ва ё дигаронро дар тангно қарор диҳам, балки манро ба унвони як муъаллими осонгир фиристода аст”. [3]

    Ин ҳадисе аст ки бар сиҳати он иттифоқ шуда ва лафзи он аз Муслим аст.

    Паёмбари Худо (с) дар бораи худаш мефармояд:

    "أما أني أصوم و أفطر, و أقوم و أرقد, و آكل اللحم و أتزوج النساء, فمن رغب عن سنتي فليس مني" (البخاري)

    “Аммо ман ҳам рӯза мегирам ва ҳам баъзе аз рӯзҳо берӯза ҳастам, ва ҳам шабзиндадори мекунам ва ҳам мехобам, гушт мехурам ва бо занон издивоҷ мекунам, пас ҳар касе аз суннати ман руй гардонад, аз ман нест”. [4]

    Модари муминон ҳазрати Оиша (р.з) мефармояд:

    " كان رسول الله صلى الله عليه و سلم يحب ما خف على الناس" (البخاري)

    “Паёмбари Худо он чизе ки бар мардум осон буд дуст медошт”. [5]

    Аммо мавзӯъи осонгири дар усули дин ва ақида

    Дини ислом дар ин мавзӯъҳо ба тавре аст, ки амрҳояш осогир аст, далелҳои он возеҳ ва равшан мебошад, чи дар робита бо имон ба Худо, номҳои Худо, ва сифоти Худованд, ва ё дар робита бо имон ба малоикаҳо ва китобҳои осмони ва Паёмбарон, ва ё имон ба рӯзи растохез ва ба хуби ва бадии қазо ва қадари Худованд.

    Ва далелҳо дар инбора возеҳу ошкор аст, ва бо нигоҳе дар осмонҳо ва замин ва дигар махлуқот ошкор мешавад ва бо сайри сафар дар замин ва панд гирифтан аз асари миллатҳои гузашта ба содаги ба даст меояд.

    Барои исботи ин роҳ ва равиши асҳоби Паёмбари Худо ва тобиъин ва уламои гузаштаи ислом кофист, ки аз аҳли такаллуф ва сахтгирон набуданд.

    Абдуллоҳ писари Масъуд (р.з) мефармояд:

    "إياكم و التنطع, إياكم و التعمق, و عليكم بالعتيق" ( سنن الدارمي 142- 143)

    “Аз мушкил писанди ва фуру рафтан дар масоил бипарҳезед ва бар масоиле ки Паёмбари Худо ва асҳобаш буданд бичаспед”. [6]

    Ҳукмҳои шаръи низ ҳолати мукаллифинро бо таваҷҷуҳ ба зарфҳои замон ва макон риъоят намуда аст, масалан дар вақти саломати ва бемори, дар мусофират ва ё дар хона ва низ дар ҳолатҳои изтирори дар назар мегирад, бузургтарин ибодат назди Худованд баъд аз тавҳид намозҳои воҷиби аст, ки вақти хондани онҳо аз баромадани офтоб то нишасти офтоб бо ҳам рабт дода шудаанд.

    Ҳамчунин дар ҳангоми таҳорат агар об ба миқдори қуллатайн бирасад хабис намешавад ва агар истиъмоли об мушкил пайдо кунад таяаммум дуруст аст, ва дар ҳангоми намоз агар тавонист истода мехонад вагарна менишинад, ва агар нишастаҳам мушкил буд дароз кашида намозашро баҷой оварад.

    Худованди бузург мефармояд:

    ﴿لَا تُكَلَّفُ نَفۡسٌ إِلَّا وُسۡعَهَاۚ ٢٣٣﴾ [البقرة: ٢٣٣]

    “Худованд ба ҳеҷкас ҷуз ба андозаи товоноияш таклиф намедиҳад”.

    Сураи Бақара 284

    Ва дар ҳангоми зарурат ва ҳоҷат метавон намози асру пешин, ва шому хуфтанро боҳам ҷамъ карда ва намозҳои чаҳор ракъатаро қаср кунад,

    Барои Паёмбари Худо гуфтанд ки зане аст ки намозҳои суннатро бисёр мехонад, Паёмбари Худо фармуд:

    "مه عليكم بما تطيقون, فوالله لا يمل الله حتى تملوا" ( البخاري و مسلم)

    “На чунин кунед, балки ончи дар тавон доред анҷом диҳед, ба Худо қасам онгоҳ ки шумо малул ва даилмонда мешавед Худованд низ дилмонда ва нороҳат мешавад”. [7]

    Дар ҳукмҳои шаръи омада аст, ки касе имоматии намози мардумро ба уҳда дорад бояд кушиш кунад, ки дар намозҳояш мардумро риъоят кунад, чун дар миёни мардум касоне аст, ки бемор ва нотавон, ва ё касе аст, ки саросема мебошад. Рӯза барои шахси солим ва муқим воҷиб аст, вале барои шахсе ки дар мусофират басар мебарад ва ё бемор аст, иҷозат дода шуда ки рӯзаашро бихурад. Худованд мефармояд:

    ﴿شَهۡرُ رَمَضَانَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ فِيهِ ٱلۡقُرۡءَانُ هُدٗى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَٰتٖ مِّنَ ٱلۡهُدَىٰ وَٱلۡفُرۡقَانِۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ ٱلشَّهۡرَ فَلۡيَصُمۡهُۖ وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٖ فَعِدَّةٞ مِّنۡ أَيَّامٍ أُخَرَۗ يُرِيدُ ٱللَّهُ بِكُمُ ٱلۡيُسۡرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ ٱلۡعُسۡرَ ١٨٥﴾ [البقرة: ١٨٥]

    “Пас ҳар кас аз шумо ин моҳро дарк кунад бояд онро рӯза бигирад, ва касе ки бемор ва ё дар сафар аст "бояд бар шумораи он" адад аз рӯзҳои дигар "ро рӯза бидорад", Худованд барои шумо осони мехоҳад ва барои шумо душвори ва сахти намехоҳад”.

    Сураи Бақара 185

    Инчунин закот, ҳаҷ, ва ҷиҳод бар касе воҷиб аст, ки тавонои анҷом додани онро дошта бошад, занҳо ҳам ҳукмҳои вобаста бар худ доранд ва тавре аст, ки бо ҳолатҳои онҳо созгор ва муносиб бошад.

    Шахсони девона, кудак, ва касеки дар хоб басар мебаранд мукаллаф ба ҳисобу китоб нестанд, ҳамчунин касоне ки дучори гуноҳ ва хато мешаванд, ва ё фаромушкори, ё инки ба зури ва бе хоҳиши худ маҷбур ба анҷом додани гуноҳе шаванд барои он ҳисобу китоб намешаванд.

    Қоидаи асли ин аст, ки ҳар чизе ки ҳалол ва пок аст, низ осониро металабад.

    Худованди бузург мефармояд:

    ﴿فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغٖ وَلَا عَادٖ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۚ ١٧٣﴾ [البقرة: ١٧٣]

    “Вале касе "ки барои ҳифзи ҷони худ ба хурдани он" ночор шавад, дар сурате ки ситамгар ва мутаҷовиз набошад, бур ӯ гуноҳе нест”.

    Сураи Бақара 173

    Худованд барои касе ки гирифтори гуноҳ шуда аст, танҳо ба андозаи гуноҳе ки гирифтори он шуда ҷазояш медиҳад ё инки шояд ӯро бибахшад, вале барои касе ки кори хубе анҷом медиҳад ҳади ақал дар баробари он савобаш медиҳад ва ин подошро чанд баробар менамояд.

    Ҳадаф аз ибодат ва фармонбардори аз Худованд побарҷо мондани нафс бар роҳ аст ва муҳофизат намудан аз нафс то дучори каҷи ва гуноҳе нашавад. Пас мақсад аз ибодат, зиёд фуру рафтан дар ибодат ва адади зиёди ракаъоти намоз ва ... нест, балки бояд маҳкамкори намуд, Ва наздик шавед ва истиқомат дошта бошед ва ҳеҷвақт ба адад ва миқдор таваҷҷуҳ накунед ва ба андозаи тавонои худ ибодат анҷом диҳед. Зеро истиқомат бо анҷом додани ибодатҳои осонҳам ба даст меояд, анҷоми ибодати кам нафсро огоҳ намуда ва лаззати ибодатро мечашонад.

    Инсон вақто ки дар анҷом додани ибодат дучори мушаққат ва нороҳати шавад лаззати ибодатро аз даст медиҳад ва аз сабабҳо ва нишонаҳои хушуъ дур мешавад.

    Дини ислом тоъатҳо ва ибодатҳое барои мо муайян намуда, ки бо табиъати ҳар инсон созагору муносибат дорад, балки дил ва даруни одами боз шуда ва хуши пайдо мекунад. Ва ба ҳангоми иди фитр ва иди қурбон ё намози ҷумъа эҳсоси мубоҳот мекунад, ва амрҳои исломи дар бораи худ оростан ва риъояти зебоии зоҳири ва хушбуй нигоҳ доштани худ, хона ва масоҷид, риъояти тозаги, хондани Қуръон, азон додан бо овози зебо ва ... аз чизҳое аст, ки инсонро ба хуши меоварад, Бинобарин Ислом барои ин корҳо аҳамияти хоссе медиҳад. Худованди бузург мефармояд:

    ﴿يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ خُذُواْ زِينَتَكُمۡ عِندَ كُلِّ مَسۡجِدٖ وَكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ وَلَا تُسۡرِفُوٓاْۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُسۡرِفِينَ ٣١ قُلۡ مَنۡ حَرَّمَ زِينَةَ ٱللَّهِ ٱلَّتِيٓ أَخۡرَجَ لِعِبَادِهِۦ وَٱلطَّيِّبَٰتِ مِنَ ٱلرِّزۡقِۚ قُلۡ هِيَ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا خَالِصَةٗ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ ٣٢﴾ [الاعراف: ٣١، ٣٢]

    “Эй фарзандони Одам, ба ҳангоми ҳар ибодат либоси худ бипӯшед. Ва низ бихӯреду биёшомед, вале исроф макунед, ки Худо исрофкоронро дӯст намедорад.

    32. Бигӯ: «Чӣ касе либосҳоеро, ки Худо барои бандагонаш падид оварда ва хӯрданиҳои хуштаъмро ҳаром кардааст?» Бигӯ: «Ин чизҳо дар ин дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва дар рӯзи қиёмат низ хосси онҳо бошад». Оёти Худоро барои доноён инчунин ба тафсил баён мекунем”.

    Сураи Аъроф 31-32

    Бинобарин бар мусалмон воҷиб аст, ки дар ҳама чиз роҳу равиши ороми ва осони дар пеш гирад, бар ҳама лозим аст, ки дар таълим ва тарбия ва даъват ба роҳи Худо осонгириро пеши роҳ гиранд ва бо донишомӯзон ва донишҷуён ва касоне ки басуи дин даъват мешаванд бо рифқу меҳрубони бархурд кунанд. Ҳазрати Мусо (ъ) ба абди солиҳ мегуяд:

    ﴿هَلۡ أَتَّبِعُكَ عَلَىٰٓ أَن تُعَلِّمَنِ مِمَّا عُلِّمۡتَ رُشۡدٗا ٦٦﴾ [الكهف: ٦٦]

    “Оё аз ту пайрави кунам ба он шарте ки аз ончи ки сабаби рушд ва салоҳ аст ки ба ту омухта шуда аст ба ман биёмӯзи?”.

    Сураи Каҳф 66

    Сипас мегуяд:

    ﴿قَالَ لَا تُؤَاخِذۡنِي بِمَا نَسِيتُ وَلَا تُرۡهِقۡنِي مِنۡ أَمۡرِي عُسۡرٗا ٧٣﴾ [الكهف: ٧٣]

    Мусо (ъ) гуфт: “Маро бахотири фаромуш кардани "тавсияат" бозхост макун ва дар корам бар ман сахт магир”.

    Сураи Каҳф 73

    Мардумро ба корҳои осон ва сода водор намоед, ононро ба сахти ва нороҳати наяндозед, ба мардум таколиф сахт ва аз тоқат боло бор нанамоед. Мужда ва башорат бидиҳед ва аз нафрат ва безори бипарҳезед, осонгир бошед ва сахтгири накунед. Зеро меҳрубони дар ҳар чизе дохил шавад онро музаян мекунад ва аз ҳарчизе гирифта шавад онро табоҳ ва зоеъ мегардонад.

    Тирмизӣ аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят мекунад ки Паёмбари Худо фармуд:

    "حرم على النار كل هين سهل قريب من الناس" (الترمذي)

    “Ҳаром гардонида шудааст оташи дӯзах бар ҳар кас ки бо мардум ором, нармхуй осонгир ва ба онон наздик бошад”. [8]

    Аҳли илм ва иҷтиҳод бояд дар фатвоҳояшон роҳи осонгириро пеша гиранд ва аҳволи мукаллафинро риъоят намоянд, ва мардумро аз ҷойҳое ки дучори мушкил мешаванд, дур гардонанд, Ва дар айни ҳол бояд ҳамеша аз пушти ҳақ ва савоб бошанд.

    Суфёни саври (р) мегуяд:" Илму огоҳи ба ҳангоми рухсат нишонае аз бовари ва эътибор аст, вагарна ҳар касе тунди ва сахтиро нек мепиндорад". (Ибни Абдулбар дар Тамҳид "147\8" ва ҳамингуна аз Муаммар ривоят намудааст.

    Иброҳими Нахаъи (р) мефармояд: "Ҳаргоҳ миёни интихоби ду масъала ба мушкил афтодед муҳбубтарини онҳо пеши Худованд осонтарини онҳо мебошад".

    Шаъби ҳам мегуяд: "Агар бар сари ду масъала ихтилоф пайдо кардед, осонтарини онҳо назди Худованд беҳтар аст,

    Худованди бузург мефармояд:

    ﴿يُرِيدُ ٱللَّهُ بِكُمُ ٱلۡيُسۡرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ ٱلۡعُسۡرَ وَلِتُكۡمِلُواْ ٱلۡعِدَّةَ ١٨٥﴾ [البقرة: ١٨٥]

    “Аллоҳ таъоло барои шумо осони мехоҳад ва барои шумо душвори намехоҳад”.

    Сураи Бақара 85

    Касоне ки руй минбари амри маъруф менишинанд ва ё дар маҷлисҳо ва шабнишиниҳо риштаи суханро дар даст мегиранд, беҳтар аст бо меҳрубони ва осони суҳбат кунанд ва мардумро ба Худованд умедвор кунанд ва ба ӯ гумони нек дошта бошанд, зеро беҳтарин мусалмон касе аст, ки дар динаш осонгир бошад, ба ҳамин хотир мақсади Паёмбари Худо ки як нафари араби бодия "биёбон нишин" дар масҷиди набави пешоб менамуд ба саҳобагоне ки бо ӯ рубару шуданд дастурашон дод ки ӯро бигузоранд, шумо бояд уммати осонгир бошед.

    Зеро бояд ин уммат дар даъват раҳмдил бошад, ва далелҳои дуруст дошта бошад, ва дар насиҳат кардан нияти ихлосро дошта бошад, ва дар ҳангоми амри маъруф некукор ва хайрхоҳ бошад. Зеро шариъати ислом куллан бар осонгири ва чашмпуши такия менамояд, Ва роҳҳои осонгири ҳеҷгуна маҳдуд намешавад, ҳамонтавре ки мебинем дар мавзӯъҳои муъомалот осонгири яке аз муҳимтарин роҳ мебошад.

    Пас эй мусалмонон биёед дар талабҳои худ осонгир бошем, дар талаботи маҳру нафақа, дар тақозои бозпардохти қарз, ва тангдастонро ёрдам диҳем, чун ҳар касе тангдаст ва нотавонро ёрдам намояд Худованд дар дунё ва охират бар ӯ осони мегирад.

    Ва касе ки дар ин дунё аз мусалмоне сахти ва нороҳатиро бардорад яқинан Худованд сахтиҳои рӯзи қиёмати ӯро бармедорад, Ва касе ки мусалмонеро бипушонад (гуноҳонашро) Худованд дар дунё ва охират вайро мепушонад.

    Бародарон ва хоҳарони имони кушиш кунед нисбат ба коргарони зердастатон осонгир бошед. Онҳоро ба корҳои аз тоқат берун ки дар тавонашон нест маҷбур накунед, ва агар маҷбури кори сахте бошед пас ононро дар корҳои сахт ёрдам кунед.

    Фармонравон ва корбадастон ва ҳамчунин падарону модарон ва мардон бояд мувозиби зердастони худ бошанд ва бо меҳрубони ва дӯсти бархурд намоянд, ва доду гирифт танҳо бахотири ҳақ бошад ва кушиш кунед авфу бахшишро пеша кунед.

    Чуноне ки дар Қуръони карим омадааст:

    ﴿أَلَا تُحِبُّونَ أَن يَغۡفِرَ ٱللَّهُ لَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٌ ٢٢﴾ [النور : ٢٢]

    “Магар дӯст надоред ки Худованд шуморо бибахшад, Ва Худованд ғафуру раҳим аст”.

    Сураи Нур 22

    Кушиш кунед ҳамеша амр ба неки кунед ва агар бихоҳед ки амрҳои шуморо гӯш диҳанд, бояд амрҳое кунед ки қобили амал бошанд, ва ба ҳеҷгуна сахтгир набошед.

    Худованд бар Пайғамбараш (с) мефармояд:

    ﴿وَلَوۡ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ ٱلۡقَلۡبِ لَٱنفَضُّواْ مِنۡ حَوۡلِكَۖ فَٱعۡفُ عَنۡهُمۡ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ وَشَاوِرۡهُمۡ فِي ٱلۡأَمۡرِۖ ١٥٩﴾ [ال عمران: ١٥٩]

    “Агар дуруштхуй ва сангин мебуди аз пиромуни ту пароканда мешуданд, пас аз онон даргузар ва барояшон талаби омурзиш намо ва дар корҳо бо онон машварат кун”.

    Оли Имрон 159

    Пас аз лағжиш ва иштибоҳ бипарзеҳед, ва узрҳои мардумро қабул кунед, ва аз гуноҳон чашмпуши намоед ва мардумро ба роҳи дуруст ва солим роҳнамои кунед ва дар охир маҳкамкор ва мужда диҳанда бошед ва ба ҳам наздик шавед.

    Аллоҳ таъоло дар қуръони карим мефармояд:

    ﴿لَا يُكَلِّفُ ٱللَّهُ نَفۡسًا إِلَّا وُسۡعَهَاۚ لَهَا مَا كَسَبَتۡ وَعَلَيۡهَا مَا ٱكۡتَسَبَتۡۗ رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذۡنَآ إِن نَّسِينَآ أَوۡ أَخۡطَأۡنَاۚ رَبَّنَا وَلَا تَحۡمِلۡ عَلَيۡنَآ إِصۡرٗا كَمَا حَمَلۡتَهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِنَاۚ رَبَّنَا وَلَا تُحَمِّلۡنَا مَا لَا طَاقَةَ لَنَا بِهِۦۖ وَٱعۡفُ عَنَّا وَٱغۡفِرۡ لَنَا وَٱرۡحَمۡنَآۚ أَنتَ مَوۡلَىٰنَا فَٱنصُرۡنَا عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٢٨٦﴾ [البقرة: ٢٨٦]

    “Худо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ амр намекунад. Некиҳои ҳар кас аз они худи ӯст ва бадиҳояш аз они худи ӯст. «Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш кардаем ё хатое кардаем, моро бозхост макун! Эй Парвардигори мо, он гуна ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи гарон ниҳодӣ, таклифи гарон бар мо манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо таклиф макун! Гуноҳи мо бубахш ва моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар! Ту мавлои мо ҳастӣ. Пас моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон!»

    Сураи Бақара 286

    Яке аз корҳое ки сабаби тундрави ва сахтгири мешавад, ноогоҳи ва ҷаҳл ба дин, ва ноогоҳи ба мақосиди шариъат ва дар як калима, заъфи илм мебошад, ва чи басо баъзе вақтҳо орзуҳои нафсони сабаби чунин бархурдҳо мешавад.

    Дар ҳадиси саҳеҳ омада аст, ки Паёмбари Худо мефармояд:

    "و لن يشاد الدين أحد إلا غلبه, فأوغلوا فيه برفق" (البخاري)

    “Хар кас дар дин сахтгири ва тундрави ба пеш гирад шикаст мехурад, пас бо рифқ ва меҳрубони дар он фуру равед” [9]

    Ибни Мунир мегуяд:" Ин ҳадис яке аз нишонаҳои Паёмбари аст, зеро ҳамаи мо дидаем ва инчунин касоне ки пеш аз мо буданд дидаанд, ки ҳар сахтгир ва тундрав шикаст хурда аст.

    Мақсади мо дар инҷо манъи камол ва талаби ибодат дар дин нест. Балки чунин чизи писандидае аст. Балки мақсади мо мубориза бо ифротгарои аст, ки ба сусти ва мулоими руй биёрад, ва зиёдарави дар мустаҳаботе аст, ки сабаби тарки воҷиб мешавад.

    Ноогоҳи ва ва нодони сабаб шуда аст, ки баъзе аз мардумҳо дар баъзе ҷойҳо дар амрҳои фаръии дин ғулув ва зиёдарави карда ва дар муқобил нисбат ба бисёре аз гуноҳони калон гузашт мекунанд!.

    Монанди ғайбат, гап чини, ҳасад, ҷустуҷуй айби дигарон ва айбҷуй аз бегуноҳ, ҳила ва найранг нисбат ба бародарони динии худ ки ҳамфикрашон намебошанд! Ва ошкори гуноҳони мардум, ва дуздиву ғорати молҳои мардум ба ноҳақ.

    Дар инҷо бояд ёдовар шуд ва тазакур дод, ки вақте мегуем осонгир бошем ва аз тундрави бипарҳезем, набояд чунин натиҷа гирифт, ки дар масъалаҳои дин аз масъалаҳои ақидавиҳам муҳимтар дорем. Дар роҳи нусрати дини Худо кутоҳи мекунем! Зеро раҳо кардани тарбияти кудакон ва гузоштани онҳо дар миёни ақидаҳои куфр, осонгири нест! Ва ба баҳонаи пешрафти замона гирифтори гуноҳон ва корҳои ҳаром нашавем.

    Ҳамчунин ин аз осонгири нест, ки баъзе аз мардум ки худро ба равшанфикри зада ва дар баробари душманони ислом сухан аз тасомуҳ ва озодманишинии дин мезананд ва аз аҳком ва таъолими дин ақибнишини менамоянд, сипас вақте дар баробари инсонҳои ҳақ талаб ва некукор қарор мегиранд, сахтарин рафтор менамоянд, ва шиъори осонгирии динро василаи қамъи доъиёни дин қарор медиҳанд. Ва ба баҳонаи тағаюроти замонави ба шиканҷаҳои гуногун ва озордиҳи рӯй меоваранд.

    Боро Худоё моро дар динамон устувор, ва

    ба роҳи ҳақ ҳидоятамон кун.

    [1] - Имом Аҳмад аз тариқи Халаф ибни Рабиъ аз Анас ин ҳадисро бо ин лафз оварда аст: "إن هذا الدين متين فأوغلوا فيه برفق"3/198, Ҳайсами дар Маҷмуъ (1\42) мегуяд: Имом Аҳмад ин ҳадисро ривоят мекунад ва ровиёни он муътабар ва сиқа ҳастанд баҷуз Халаф ибни Меҳрон ки Анасро надида аст. Валлоҳу аълам.

    Албони дар саҳиҳи ҷомиъи худаш (2244) онро ҳасан медонад.

    [2]- Имом аҳмад онро тахриҷ намуда (32\5) ва низ Бухорӣ дар адаби муфрад (341) ва Таброни дар кабир (294\20) ва Ҳайсами дар Маҷмуъ (308\3) мегуяд: ровиёни ин ҳадис ҳамаги саҳиҳ мебошанд ба ҷуз Раҷо ибни Абираҷо ки ибни Ҳаббон ӯро сиқа медонад. Ва Албони дар саҳиҳи адаби худ (240) онро ҳасан медонад. Муснади имом Аҳмад (32\5).

    1) Муслим дар боби талоқ (1478) ин ҳадисро аз Ҷобир тахриҷ намуда,

    2) Имом Бухори дар боби никоҳ (5043) ва Муслим низ дар боби никоҳ (1401) ин ҳадисро оварданд, ва он ҷумлаи ҳадисҳое аст ки ҳазрати Анас (р) онро ривоят карда ва назди Бухори ва Муслим ҷумлаи«و آکل اللحم» вуҷуд надорад .

    Имом Аҳмад (148\4) ва Абд ибни Ҳамид (1478) аз Абдураззоқ аз Муаммар аз Зуҳри аз Арво ва аз Оиша ривоят намуда аст.

    1) Дорими дар муқадимаи сунани худ ин ҳадисро овардааст (142 \143)

    1) Имом Бухори дар мабҳаси имон (43) ва Муслим дар боби намози мусофирин (785), ин ҳадисро аз ҳазрати Ойша (р) нақл намуда аст .

    1) Сунани Тирмизи дар китоби сифоти рӯзи қиёмат (2488) ба ҳамон гуна онро овардааст, ва низ имом Аҳмад (415\1) ба ҳамон гуна онро овардааст, ва ибни Ҳаббон (эҳсон 469) дар Таброни дар Алкабир (321\10), Вуҷудул Мунзир дар Тарғиб (354\2) исноди Таброни, Албони ҳам дар саҳеҳи Тарғиб (1744) онро саҳиҳ медонад, ва ба силсилаи саҳиҳ (938) бинигаред.

    1) Имом Бухорӣ дар мабҳаси имон (39) ин ҳадисро аз Абуҳурайра (р.з) ривоят карда вале ҷумлаи «فاوغلوا فیه برفق»-ро надорад.

    معلومات المادة باللغة العربية